Зеҳн

ТОҶ ВА ТОҶИК

БА
Барномасоз1 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Парвардигори ҳаждаҳ ҳазори олам пардаи қабати осмони ҳафтумро бишкофт ва ба замин нигарист. Сарзамини беканоре дид: биҳиштосову мардумоне ҳурлиқо, заминрону ғал- лакору боғпарвар, некгуфтору неккирдору некпиндор, ростоину рост- қавлу босидқу вафою накукор, меҳмондору меҳмоннавоз, нарму ҳалиму меҳрубон, илмпарвару фарҳангдӯсту ҳунарманд, бунёдкору хушбину хушбовар. Гуфт: инҳоянд бандагони ман-парастандагони замину оростагони ботин ва зоҳири худ, инҳоянд сазовори тоҷи каёнӣ. Фариштагонро бифармуд, то тоҷе бисозанд аз тилло, нурпош бошад чун Офтоб. Он тоҷро бар сари аввалин шоҳи мардумони нексиришт, ки худро ориёӣ меномиданд, ниҳоданд. Аз ҳамон вақт Ҷамшед соҳиби лақаби Хшатра- ҳукмрони тоҷи нурдор, рӯшноидор, фурӯғдор гардид. Албатта, қисме аз ин гуфтаҳо ривояте беш нестанд, аммо ривояте, ки асоси заминӣ дорад. Тоҷ хоҳ аз осмон омада бошаду хоҳ дар заминаш сохта бошанд, мансуби тоҷикон аст. Ба андешаи мо, шояд бо мурури замон мақом ва нуфузи тоҷу тоҷгузорӣ афзуда ва дар бисёр чизҳо пайдо шудан мегирад.

Луғати ориёӣ ҳам ба тоҷу тоҷдорон мубаддал мегардад, ки решаи калимаи «тоҷик»-ро ташкил медиҳад. Дар ибтидо ориёӣ, ориён, ориёнҳо, баъдтар тоҷ, тоҷдор, тоҷварз, тоҷик, тоҷикон. Ин ду калима-ориёӣ ва тоҷик ҳаммаъно буда, номи умумии ҳамон як халқ-ориёӣ (тоҷик) аст, ки бо мурури замон ба шохаҳои гуногун тақсим мешавад.Чӣ тавре ки тоҷ муқаддас аст ва аз зари хос- тилло ва нуқра сохта мешавад, маънои калимаи ориёӣ ҳам хос, пок, наҷиб, ҷаноб, асилзода, озода, меҳмоннавоз мебошад. Хдмаи калимаҳое, ки дар забони мо аз решаи «тоҷ»-и тоҷикию пайвандҳо ё решаҳои худию калимаҳои дигар (масалан, арабӣ) сохта шудаанд (сохта ё мураккаб), арҷманд, зебо ва дилписанд мебошанд: тоҷик, тоҷвар. тоҷдор, хуштоҷ, соҳибтоҷ, тоҷгул, Тоҷикистон, Тоҷикобод, Тоҷмаҳал, Тоҷиддин, Тоҷинисо ва ғайра. Хдмчунин, калимаҳои зиёде дар забони модарии мо пурмаъно, равон ва хушбаёнанд, ки бо ҳарфҳои калимаи «тоҷик» оғоз меёбанд.

Т-тоҷик, Тоҷикистон, Тоҷикобод, тоҷикшинос...

О-ориф, оқил, офтоб, об, обрӯ, омӯзгор, оғӯш...

Ҷ-ҷаноб, ҷавон, ҷамол, ҷомеа, ҷаҳон, ҷустуҷӯ...

И-имон, ибрат, ибтидо, инсон, инсоф, идона...

К-кабир, кабк, кабӯтар, китоб, комил, кулоҳ, кӯҳ...

М. Лутфуллоев

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2