Зеҳн

МУҚАДДАСОТИ ДАВЛАТ

БА
Барномасоз1 сентябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Тоҷикистон чун давлати мустақил соҳиби Президент, Конститутсия ва рамзҳои давлатӣ аст, ки онҳоро дар маҷмӯъ муқаддасоти давлат мегӯянд.

Муқаддас чист? Ҳар кас ва ҳар чизе, ки олӣ, азиз, пок, гиромӣ, наҷиб, беолоиш, орӣ аз ҳар гуна нуқсу камбудиҳост, албатта, муқаддасу шариф аст. Муқаддасоти давлат, пеш аз ҳама, шаъну шараф, ифтихор, нуфуз, обрӯ ва эътибори давлат, халқу Ватан мебошад. Ҳар давлати соҳибистикдол муқаддасоти худро дорад.

9 сентябри соли 1991 Тоҷикистони азизи мо ҳамчун давлати озод Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд.

Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия буда, аз ҷониби оммаи мардум ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб карда мешавад.

Вазифаҳои Президентро Конститутсияи мамлакат ин тавр нишон додааст:

«Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».

Агар ба моддаи 67-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андозем, чунин сатрҳоро мехонем:

«Президент пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад:

«Ман ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям».

Рӯзи 16 ноябри соли 2006 Президент дар қасамёдкунии навбатиаш суханони зеринро илова намуд, ки ин сана бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил мегардад:

«Савганд ба номи поки Худо, савганд ба шири сафеди модарам, савганд ба дуои неки падарону модарон, савганд ба нону намаки дастархони пиру ҷавон, савганд ба обу хоки муқаддаси Ватан, ки масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро бар дӯш мегирам.

Савганд ба ҷони ҳафт миллион фарзанди Тоҷикистони азиз, ки тамоми ҳастӣ, нерую ғайрат ва таҷрибаву иродаамро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебахшам».

Савганди Президент савганди ҳамаи мову шумо, савганди тамоми фарзандони фарзонаи Тоҷикистон дар раҳи ободӣ ва шукуфоии диёри азизамон мебошад.

РАМЗҲОИ ДАВЛАТӢ

Рамзҳои давлатии мо муқаддасоте мебошанд, ки шаҳрвандони кишварро дар рӯҳи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ, давлату давлатдорӣ, Ватану ватанпарастӣ тарбия менамоянд. «Муҳимтарин рамзҳои истиқлолият ва давлатдории миллӣ - Нишону Парчам ва Суруди миллӣ қабул шудаанд. Пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид» (Эмомалӣ Раҳмон).

Эҳтиром ва азизу маҳбуб донистани рамзҳои давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандон шарт ва зарур аст.

Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ дар чорабиниҳои давлатӣ, сессияву иҷлосияҳо, қабули меҳмонони олиқадри давлатҳои хориҷӣ барафрохта ва суруда мешаванд.

Парчами давлатии миллии мо аз рангҳои сурх, сафед, сабз иборат аст: аз муборизаи халқи мо баҳри озодию истиқлолият, бахту иқболи сафеди мардум ва кӯшиши ӯ барои ободию сарсабзии кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Нишони давлатиамон, ки то солҳои наздик герб мегуфтем, гирд буда, ду тарафашро буттаҳои шукуфони пахта ва хӯшаҳои расидаи заррини гандум оро додаанд. Гандум ва пахта аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми мо асосан зироаткор мебошанд ва бештар ба парвариши гандуму пахта машғуланд. Дар қисмати поёни Нишон китоби боз, қуллаҳои кӯҳҳои сар ба фалак кашида, нурҳои заррини офтоб, тоҷ ва ситораҳо тасвир ёфтаанд.

Китоб ба он далолат мекунад, ки халқи мо аз қадимулайём соҳиби илму дониш, маориф, адабиёт ва фарҳанги ғанӣ буда, худ ва фарзандонаш пайваста машғули мутолиаи китоб будаанд. Тоҷикон пайваста бо қаламу китоб сарукор дошта, мардуми китобдӯсту босаводанд.

Тоҷикистон дар қитъаи Осиё ҷойгир шудааст. Осиё худ пойгоҳи офтоб аст. Дар сарзамини маҳбуби мо офтоб нурҳои ҳароратбахши худро тамоми сол бар сари мардум мепошад. Ширинию лаззати меваю сабзавоти диёри мо ҳам аз нури офтоб аст.

Дар қисмати болои Нишони давлатӣ нурҳои заррини офтоб, тоҷ ва ҳафт ситора ба шакли нимдоира акс ёфтаанд. Худи ҳамин тоҷу ситораҳоро дар байни Парчам, дар болои рахи сафед ҳам мебинем.

Тоҷ баёнгари тоҷу тахти шоҳону пешгузаштагони халқамон аст. Дар тӯли ҳазорсолаҳо садҳо амирону шоҳон ҳукм рондаанд, ки ҳамагӣ бар сар тоҷи шоҳӣ мегузоштанд.

Адади ҳафт дар таъриху адабиёт ва фарҳанги мо ба андозае зиёд истифода шудааст, ки ҳатто корбасти он ба ҳукми анъана даромадааст. Аз қабили ҳафтдодарон, ҳафт ситора, ҳафт қабати осмон, ҳафт қабати замин, ҳафт рӯзи ҳафта, ҳафтсин, ҳафтшин, ҳафт базми Нӯшервони Одил бо Бузургмеҳр, ҳафтхони Рустам, ҳафт девори заррин, ҳафт хатти Ҷоми Ҷамшед, ҳафт тани пок, ҳафт адади таҳрир дар Қуръони карим, ҳафт шарт дар афсонаҳо, ҳафт адвори мусиқӣ, ҳафт бурҷи манора ва ғайра.

СУРУДИ МИЛЛӢ

Суруди миллӣ (гимн) таърихномаи ормонҳои миллист, ки як рукни давлатдориро фаро мегирад, таронаи асосии давлатӣ ва умумихалқии мо аст, ки дар он тамоми орзую омоли сокинони мамлакат ифода ёфтааст. Суруди миллӣ чун қоида мутантан суруда мешавад ва мардумро ба ҳимоя ва ифтихор аз Ватан даъват менамояд. Тоҷикистони маҳбубамон баъди эълон намудани Истиқлолияти давлатӣ Суруди миллии нави худро бар матни Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ қабул намуд, ки оҳанги онро оҳангсоз Сулаймон Юдаков офаридааст. Суруди миллӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 қабул шудааст. Одатан ҳангоми сурудани Суруди миллӣ рост истода гӯш мекунанд, ба ин ё он тараф нигоҳ намекунанд, намеҷунбанд, гап намезананд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки Суруди миллиро аз ёд намояд ва ҳангоми сурудани он ҳамроҳ шавад.

НИШОНИ ДАВЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон иборат аст аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтобӣ аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯйи он ҷой гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардаанд. Болои чанбар бо тасмаи сераха печонида шуда, дар қисми поён рӯйи курсӣ (лавҳ) китоби боз ҷой гирифтааст.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, пахта, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.

Тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зерин гузошта мешавад:

-дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-дар болои биноҳои Маҷлиси намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар болои биноҳои намояндагии дипломатию консулӣ ва муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-дар толорҳои маҷлисҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо (ҳукуматҳо), шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), инчунин, ҳуҷраҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳо ва дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар биноҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва биноҳои бақайдгирии тантанавии таваллуд ва акди никоҳ;

-дар муҳру бланкаҳои ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; маҷлисҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), судҳо ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои давлатии нотариалӣ, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳуқуқи дар муҳру бланкаҳои ҳуҷҷатҳо ҷой додани тасвири Нишон дода шудааст.

Ашхосе, ки дар таҳқир кардани Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

(Аз Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Мацлиси Олии Ҷумҳурии Тоцикистон аз 11 декабри соли 1999, М891 тасдик, шудааст).

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2