КОНСТИТУТСИЯ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ
Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат Конститутсия дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам китобе ҳаст, ки мо онро “Қонуни - асосӣ”, “Қонуни бахт”, “Бахтнома” мегӯем, зеро дар ин китоб, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, тамоми қонунҳои зиндагонии сокинони кишвар сабт шудааст. Бояд ҳар як сокини ҷумҳурӣ Конститутсияро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намояд.
Бачаҳои азиз, шумо низ фахр кунед, ки сокини Ҷумҳурии Тоҷикистонед. Вақте ки ба дунё омадед, ба шумо гувоҳнома додаанд, ки он сокини ҷумҳурӣ буданатонро тасдиқ мекунад. Шумо ҳамчун сокини комилҳуқуқи Тоҷикистон бояд ҳуқуқ ва вазифаҳои худро донед. Ҳамаи онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудаанд.
Инро бояд аз хотир набароред, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, июли соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд. Бинобар ин, ҳар сол рӯзи 6 ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Бояд дар хотир дошта бошед, ки:
-Конститутсия рамзи озодӣ ва мустақилияти давлати мо мебошад;
-Конститутсия кафолати озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқи инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Бинобар ин, вақте ки саҳифаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мехонем, қалбамон лабрези фараҳ ва шодӣ мегардад: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми чудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди яаслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОМ МО ДАР КОНСТИТУТСИЯ
Конститутсия санади таърихию муқаддасест, ки тамоми муносибатҳои муҳимтарини ҷомеаро ба танзим дароварда, асоси ҳуқуқии ҳар як давлатро муайян мекунад ва ҳуҷҷати сафарбаркунандаи тамоми мардум баҳри ободии кишвар мебошад.
Конститутсияи Тоҷикистон низ пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат медиҳад ва санади ифодакунандаи мақсаду орзуи тамоми халқи Тоҷикистон мебошад. Конститутсия инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас эълон кардааст. Дар моддаи 5-ум таъкид шудааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ дошта, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дар моддаи 6-уми Қонуни асосӣ қайд гардидааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сар- чашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Тибқи Конститутсия бояд давлат ба ҷомеа ва одамон хизмат намояд ва барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварад.
Конститутсияи Тоҷикистон бори нахуст муайян кард, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа низ таҳти ҳимояи давлат қарор дорад ва ӯро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест.
Дар назди қонун ва суд мувофиқи Кснсгитутсия ҳама, хоҳ зан бошаду хоҳ мард, баробаранд. Давлат ба ҳар кас катъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътикоди динӣ, мавқеи сиёсӣ ва вазъи иҷтимоӣ ҳуқуқ ба таҳсил, молу мулк ва озодиро кафолат медиҳад. Конститутсия ба ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дода, аз номи давлат дахлнопазирии шахсро кафолатнок гардонид. Инчунин, Қонуни асосӣ мукотибаи маҳрамона, суҳбати телефонӣ, ҳуқуқ ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он, мустақилона муайян кардани муносибат ба дин, иштирок дар расму оинҳои динӣ, ширкати бевосита ва бавоситаро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ, иштирок дар раъйпурсӣ, интихоб намудан, интихоб шудан, муттаҳид шудан, иштирок дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, раҳпаймоии осоиштаро мустаҳкам намуд. Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат дода, таъқиб барои танқидро манъ кард.
Конститутсия ба ҳар кас ҳуқуқи соҳибӣ ба моликият ва меросро дода, муайян намуд, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва махдуд кунад ё молу мулки шахсро барои эҳтиёҷи ҷамъият мухолифи қонун ва бе ризояти соҳиби он гирад.
Инчунин, Қонуни асосӣ оила, модару кӯдак, тифлони ятим ва маъюбро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дода, ба ҳар кас ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат, ҳимояи иҷтимоӣ, манзил, истироҳат, ҳифзи саломатӣ, иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, эҷодӣ, бадеӣ, илмӣ, техникӣ, моликияти зеҳнӣ ва таҳсилро дод.
Ҳамзамон Конститутсия дар баробари додани ҳуқуқҳои васеъ шахсро вазифадор менамояд, ки Қонуни асосӣ ва дигар қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Конститутсияи Тоҷикистон шаҳсутун ва шиносномаи давлат буда, санади такдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти мардуми Тоҷикистон аст. Ба мо зарур аст, ки хар як калима ва сатри “Бахтнома”-ро азизу муқаддас донем ва бо истифода аз он дар пойдории давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳиссагузор бошем.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё