Зеҳн

ПАЙКАРАИ МЕҲР

БА
Барномасоз31 августи 2026 · 3 дақиқа хондан

Ҳамеша серодам аст майдони Ваҳдати миллии шаҳри Душанбе. Коргарону деҳқонони хокпош, олимону шоирон, арӯсону домодон, меҳмонону мизбонон, омӯзгорону хонандагон, устодону донишҷӯён, сарварону роҳбарон, хулоса, ҳазорон одамон ба ин майдон меоянд, ба пояи пайкараи амир Исмоили Сомонӣ гулдастаю гулчанбарҳо мегузоранд, лаҳзае хомӯш меистанд, сари таъзим фуруд меоранд, дар васфаш шеърҳо мехонанд ва суханони нек мегӯянд.

Ҳамин тавр, солҳо мегузаранд, наслҳо меоянд, мисли мо пайкараи Исмоили Сомониро зиёрат мекунанд, гулдастаҳо мегузоранд. Савганди аҳду вафо мехӯранд, ки содиқ мемонанд ба ҳамдигар, ба Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони азиз. Аз омӯзгорон мешунаванд, аз китобҳо- мехонанд, ки ин пайкара бо ин ҳашамату бузургӣ ва бо ин покию зебоӣ кай, чӣ тарз ва дар аҳди кӣ бунёд гардидааст.

Аммо мо хушбахтем, ки сохтмони онро ба чашми сар дидем. Пайкара қомат афрохта, сар ба боло кашида, ба рӯйи хуршед менигарад. Нури ҳаловатбахши офтоб ҷуссаи мисини пайкараро ба оғӯш мегирад, аз рухсора ва ҷабинаш мебӯсад. Гӯё гуфтанист:

- Куҷо будӣ, эй сояи Худованд дар рӯйи замин, куҷо рафтӣ, эй амири одил Исмоили Сомонӣ? Ҳазору сад сол туро кофтам, суроғ кардам аз моҳу ситорагон, аз обу насим пурсидам. Ин замину ин диёр бе ту бегона буд, сард буд, бе рангу бӯ буд. Эй шоҳи тоҷикон, аз баландӣ назар бикун ҷониби кӯҳу пушта, дашту даман. Чӣ мебинӣ? «Лолазорон мебинам ҳама ҷо». Бале, амир Исмоил, лолаҳое, ки мебинӣ, аз хуни авлоду наслҳои туст. Беш аз ҳазор сол бегонагон омаданд, сӯхтанд, куштанд, бурданд. Ту обод кардӣ, онҳо хароб, ту боғ бунёд кардӣ, онҳо - хору хас, ту илму дониш овардӣ, онҳо - ҷаҳлу торикӣ, ту сохтӣ, онҳо сӯхтанд, ту шодию сурур овардӣ, онҳо - ғаму андуҳ, ту будӣ рамзи озодӣ, онҳоянд рамзи бандагию ғуломӣ, ту сулҳ овардӣ, онҳо - ҷанг.

Аммо авлоди ту, тоҷики сарсахти ту, бандаву ғулом нашуд. Мубориза бурд бо илму фарҳангаш, бо ақлу заковаташ, бо забони тавоною гӯёи худ. Дар ҷаҳон кам халқе пайдо мешавад, ки муқобили шамшер китоб, муқобили найза гул, муқобили зоғ кабӯтар, муқобили туфанг нон гузошта бошад. Ифтихор бикун, эй амир Исмоили Сомонӣ, ки гул, китоб, кабӯтару нон рамзи авлоди ту-тоҷикони сарбаланданд.

Нури ҳаловатбахшу форами офтоб, дилу дида ва меҳри гарми ҳазорон нафар одамон ба пайкара ҷон даровард, магар ки пайкараи доҳӣ чашм кушод, назар афканд, муроҷиат намуд:

-Сарвату дороии мо, тоҷикон - китоб, илму фарҳанг, адабиёти ғановатбахш, забони равону ширин, хирад, ақли мунаввар! Мо хоки муқаддас, замин ва Ватанамонро дӯст медорем. Чанд саҳву хатое, ки насли мо содир кард, барои тоҷики форсизабон басо гарон афтод. Бештар аз ҳазор сол давлату давлатдориро аз даст дод. Тоҷик дар Ватанаш беватан буд. Шумо, эй халқи бошарафи ман, аз сабақи таърих ибрат бигиред, саҳву хатоҳои аҷдоди худро такрор накунед. Муваффақияти шумо дар иттиҳоду вахдат ва ягонагӣ аст. Аз табиат омӯзед: ҳама чиз дар пайвастагӣ, сабабу оқибат, вахдат вуҷуд дорад. Ҷомеаи инсонӣ ҳам бояд ҳамин тавр бошад. Агар рӯҳу равони маро шод гардонданӣ бошед, Вахдати комили миллӣ ба даст оред, дар сулҳу сафо, оромию осоиштагӣ зиндагӣ ба сар баред:

Осуда бош, эй доҳии миллат, шоҳ Исмоили Сомонӣ! Халқи тоҷик, авлоди пуршарафи ту ба қадри хизматҳоят мерасад. Хизмати бузурги давлати Сомониён ва амирони адолатпарвари ин сулола дар таърих фаромӯшнашаванда аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2