Зеҳн

ИФТИХОРИ ТОҶИКИИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД

БА
Барномасоз31 августи 2026 · 6 дақиқа хондан

Соли 1992 охири фасли зимистон тани танҳо дар кӯчаҳои Тахор саргардон будам. Ҳамдиле мехостам, ки маро мисли як инсон бо қалби саршор аз муҳаббат ва меҳрубонӣ бипазирад. Шабе волии шаҳри Тахор чанде аз мо тоҷикони муҳоҷирро ба меҳмонии хеш даъват бинмуд. Ба волӣ гуфтам, ки мехоҳам Аҳмадшоҳи Масъудро бибинам ва дар суҳбаташ биншинам. Вай номае навишт, ки дар чархбол ҳаққи нишастро дорам. Чархбол ба ҳаво хест барои парвоз ба самти Кобул. Баъд аз соате чанд чархбол дар майдони ҳавоии Багром фуруд омад. Аз Багром бо мошин ба шаҳри Кобул расидем. Аз як нафар қароргоҳи Аҳмадшоҳи Масъудро суроға гирифтам. Он кас маро то макони Аҳмадшоҳи Масъуд раҳнамоӣ кард. Бо иҷозати посбон вориди бино шудам, вале дар интизорӣ рӯз ба шом расид ва шаб омад, касе ба суроғи ман наёмад. Посе аз шаб гузашта буд, ки сару садо баланд шуд. Овозе шунидам, ки мегуфт: “Омир Соҳиб (яъне Аҳмадшоҳи Масъуд) меояд”. Ба худ гуфтам, ки дар ин шаб дигар намешавад ӯро дид, аммо иштибоҳ кардам. Баъд аз фурсате буд, ки нафаре омад ва маро ба табақаи дуюм бурд. Гуфт, ки ин ҷо бошед. Ҳудуди 10 -15 дақиқа интизор будам ва дар ин фурсат чанд сатри парешонро дар зеҳн омода кардам. Ниҳоят, дар боз шуд ва ман вориди ҳуҷраи начандон бузург гардидам. Он ҷо 10 - 12 нафар нишаста буданд, ки ба ман менигаристанд. Дар он ҷамъ Аҳмадшоҳи Масъуд ва доктор Абдуллоҳро зуд шинохтам. Ба Аҳмадшоҳи Масъуд нигоҳ кардам ва одоби салом ба ҷой овардам. Ӯ бо чеҳраи кушодаву гарм ба саломам ҷавоб гуфт. Дар ин лаҳза бовар надоштам, ки рӯ ба рӯ бо Шери Панҷшер истодаам. Сукутро овози гарми Аҳмадшоҳи Масъуд шикаст: «Хуш омадӣ, бародари тоҷик, бифармоед, дар хидматам». Ҳамон байтеро, ки дар зехд доштам, хондам:

Касе имрӯз агар дорад дили огоҳ,
Ватанро дӯст дорад ҳамчу Аҳмадшоҳ.
Ватанро ҳол вақти буду нобуд аст,
Худо ҳам ёри Аҳмадшоҳи Масъуд аст.

Ёдам аст, Аҳмадшоҳи Масъуд аз ҷой баланд шуд ва дар он замон буд, ки гуфт: «Бале, Ватан дӯстдоштанӣ аст. Ватан барои мо меҳру муҳаббат ва саодатро омӯхт, ин ҳамаро аз Ватан бигрифтаем. Ватан ҳам аз мо муҳаббат, меҳрубонӣ ва садоқат мехоҳад». Ин ҷо буд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд номамро пурсид. Гуфтам: «Номи ман Муҳаммадалии Аҷамӣ». Ширин хандид ва гуфт: «Магар ҳанӯз ҳам аз Аҷам мегӯянд» ва ин байти Ҳаким Фирдавсиро бисёр ҷиддӣ бихонд:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Ба ин тариқ, аввалин суҳбату дидорам бо Аҳмадшоҳи Масъуди сипаҳсолор сурат гирифт. Аҳмадшоҳи Масъуд аз Тоҷикистон, аз мардуми он, аз шеъру ҳунари мардум маро суол мекард, суханамро намешикаст. Аҷиб он буд, ки аз ҷанг ҳарфе набуд. Суҳбат аз шеър буду аз шоирӣ. Дар зеҳнам ин андешаро доштам, ки ин мард бо он, ки солҳо дар пайкор аст, эҳсосу зарофату лутфи шеъру ҷавҳари сухандонӣ дар вуҷуди ӯ зинда аст ва бо он ҳама гирифториҳо аз суҳбати шеър даст барнамедорад.

Дар он шаб Аҳмадшоҳи Масъуд аз ман пурсид, ки шеърҳоямро дар хотир дорам ё на. Гуфтам: «Бархеро ҳифз кардаам ва бархеро пора-пора ёд дорам». Гуфт: «Пас, аз шеърҳои худ барои мо бихон». Он вақт ҳанӯз дар шеър таҷрибаи зиёд надоштам ва аз нигоҳи имрӯз ба ростӣ ба он шеърҳоям раҳмам меояд, намедонистам, ки барои

Аҳмадшоҳи Масъуд чи бихонам. Ин ҷо буд, ки ёд аз миллат ва аз таърих сироятам карду ин шеърро хондам:

Гоҳ-гоҳе пурсам аз худ:
Дар замини Тоҷикистон
Ин қадар санг аз куҷо пайдо шудаст?
Дар дили фарзанди тоҷик
Ин ҳама нанг аз куҷо пайдо шудаст?
Ман диҳам бар худ ҷавоб:
Халқи тоҷикро басе
Сангборон кардаанд,
Х,ам парешон кардаанд,
То накорад донаи худро дигар,
То насозад хонаи худро дигар,
То бихушкад тухми тоҷик дар миёни сангҳо.
Халқи тоҷикро басе
Сангборон кардаанд,
Х,ам парешон кардаанд,
Лек тоҷик бар аду гардан надод,
Баҳри фардои Ватан сарро бидоду тан надод.
Сангҳоро чида-чида
Дар бари ҷар,
Дар сари ҷар
Хонае аз санг кард,
Хонае аз нанг кард,
Хонае аз санги кӯҳистони худ,
Хонае аз нанги аҷдодони худ,
Дар миёни сангҳо ҳам зинда монд.

Аз шеър берун омадаму ҳамаро дар як сукути сангин дидам ва Аҳмадшоҳи Масъудро ашк аз чашм мерехт. Ашк барои як миллат, барои як таърих, барои як сарнавишт. Фикр мекунам, шеъри ман танҳо як баҳона буд дар ин мавзӯъ. Ашки Аҳмадшоҳи Масъуд ашки як марди тавоно буд, ашки як марди бузург буд, ашки як сарлашкаре буд, ки ба сипоҳиён таъсир мегузошт. Доктор Абдуллоҳ нигоҳе сӯйи ман афканд ва бо овози мулоим барои хониши шеър изҳори ташаккур кард. Шаб ба бедорӣ поён ёфт.

Субҳ хостам ба Аҳмадшоҳи Масъуд худоҳофизӣ кунам, иҷозат надод. Гуфт: «Ҳоло ҳамин ҷо бимон». Субҳ зуд худ бирафт ва ман боз он ҷо мондам. Он рӯз суҳбат танҳо аз гиряи Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Генерал Салим он вақт масъули майдони ҳавоии Багром аз ман он шеърро пурсид ва дар коғазе барои худ бинвишт. Ин шеър миёни сарбозон даст ба даст рӯйнавис мешуд. Шаб Аҳмадшоҳи Масъуд боз омад ва суҳбат боз аз шеър буду сухан. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамон шеъри дишабро хоҳиш карданд, ки бихонам ва ман хондам. Чашмони Аҳмадшоҳи Масъудро боз тар дидам. Рӯзи дигар буд, як тан аз муҳофизони Аҳмадшоҳи Масъуд бо номи Исломиддин омад ва гуфт: «Бародари тоҷик, ту бояд фардо аз ин ҷо биравӣ, агар ҳар бор ту ин гуна шеър бихонӣ ва Омир Соҳиби мо гиря бикунад, заиф хоҳад шуд. Дар тамоми набардҳо боре ҳам ашк нарехтааст, ашки ӯро мо надидаем. Ҳоло ту омадӣ, ҳар шаб мехонӣ ва ӯ ашк мерезад. Мо ҳоло ба ӯ ниёзмандем».

Рӯз қасди рафтан гирифтам, вале бо амри Аҳмадшоҳи Масъуд маро дастгир карда, ба қароргоҳ баргардониданд. Мабодо бори дигар фирор накунам, ҳар субҳ Аҳмадшоҳи Масъуд маро бо худ мебурд. Як нафар муҳофиз дар канори ронанда, ман ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар ақиби мошин менишастем. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳар рӯзе як қисмати шаҳрро бароям нишон медод, аз таърихи шаҳр бароям ҳикоят мекард. Як рӯз тамоми шоирони Кобулро даъват намуд ва шаби шеър баргузор кард. Шаб шаби зебо буд, шаби шеър буд. Шоирони афғон дар ҳузури Аҳмадшоҳи Масъуд бо фурӯтанӣ шеър мехонданд ва ман низ дар он шаб шеърҳо хондам. Ду ҳафтаро ҳамроҳи Аҳмадшоҳи Масъуд сипарӣ намудам. Чанд рӯзе, ки бо Аҳмадшоҳи Масъуд будам, ӯ ҳар рӯз аз ман хоҳиш мекард, ки ҳамон шеърро бихонам.

Ҳикояти ду ҳафта бо Аҳмадшоҳи Масъуд дар як дафтар намегунҷад. Марги ӯ баробар аст ба марги як миллат, марги вай барои ман боз марги як бародар аст, зеро ӯ дар ҳузури доктор Абдуллоҳ ва генерал Салим бо ман ахди бародарӣ баста буд. Дар таърих мардони бузурги моро ҳамин гуна ноҷавонмардона куштаанд, вале мо боз зиндаем. Аз лаби таърихи ин миллат хун меравад, аммо ин миллат зинда аст, зеро мардони бузург дорад ва хоҳад дошт, мисли қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд.

Муҳаммадалии Аҷамӣ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2