Зеҳн

САДО АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ

БА
Барномасоз31 августи 2026 · 4 дақиқа хондан

Таърих гувоҳ аст, ки ниёгони бофарҳангу бохиради тоҷиконро дар дунё ҳамчун намояндагони миллати тамаддунсоз эътироф намудаанд. Ин тамаддун ва ин сохти давлатдорӣ аз даврони асотирии Пешдодиён ибтидо мегирад, ки беш аз 5 ҳазор сол пеш вуҷуд дошт. Аз замони шоҳи аввалини олам Каюмарс то подшоҳи нахустини Пешдодиён-Ҳушанг, ки лақабаш «Пешдоди додвар» буд, 285 солро фаро гирифта, подшоҳони ин сулола 2370 сол ҳукмронӣ мекунанд. Баъди ин давраи сулолаи Каёниён оғоз мешавад, ки сараҷдоди онҳо Кайқубод буд ва то намояндаи охирини онҳо Доро 984 сол идома меёбад, яъне то он даме, ки Доро аз ҷониби Искандари Макдунии ғоратгар соли 331 пеш аз милод кушта ва ин сулола пароканда карда мешавад. Баъди марги Искандар ҳукмронии сулолаи Ашкониён оғоз мегардад. Ин сулола зиёда аз 300 сол ҳукмронӣ мекунад ва сараҷдоди онҳо Ашк ном дошт. Давлатдории Ашкониён дар солҳои дусадуми солшумории милодӣ ба поён мерасад ва ба ҷойи онҳо сулолаи Сосониён ба сари тахт менишинад. Давлатдории ин сулола беш аз 440 сол давом карда, соли 651 милодӣ аз тарафи арабҳо барҳам дода мешавад. Сулолаи Сосониён аз Ардашери Бобак оғоз шуда, бо Яздигурди Шаҳриёр ба охир мерасад.

Анъанаи таърихии давлатдории тоҷиконро баъдтар сулолаҳои Тоҳириён (солҳои 821-873), Саффориён (873- 903) ва Сомониён (солҳои 899-999) идома доданд, ки то асрҳои 1Х-Х милодӣ тӯл мекашад. Баъди ин ҳокимият ва давлатдории тоҷикон ба дасти бегонагон мегузарад. Аз сулолаи Ғазнавиён сар карда, то сулолаи Манғитиён дар Мовароуннаҳру Хуросон асосан туркзабонон ҳукм меронанд. Дар ин миён дар асри XIII истилои муғул даҳшатангезтарин фоҷиаи таърихи тоҷикон аст, зеро лашкари хунхори Чингиз дар аксари шаҳру дехоти тоҷикнишини сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон мардуми бегуноҳро қатли ом намуданд.

Мо, тоҷикон, соли 1924 дар натиҷаи талошу мубориза ва ҷоннисориҳои бузургмардони миллат, ба монанди Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур соҳиби Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ гардидем. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард ва инак, соҳиби давлати миллию мустақил ҳастем ва бо ин дастоварди таърихӣ ифтихор намуда, ин неъмати бебаҳои соҳибистиқлолиро чун гавҳараки чашм ҳифз хоҳем кард.

РУҲИ БЕШИКАСТ

Миллате, ки Худованд ӯро рӯйи замини паҳновар, ҳосилхезу пурфайз дар канори рӯдҳои хурӯшон, чашмасорони зулолу ҷӯшон, дар оғӯши кӯҳсорони пурганҷу дарахтзорони пурмева ҷой дод; миллате, ки хиради кашфи асрор, ҷилои истеъдоди фавқулодаву шоҳкориҳои фарзандҳои бузургаш аз қаъри асрҳо то ҳанӯз оламиёнро дар ҳайрат гузошт; мардуме, ки чун офаранда ва ғизобахши маънӣ дар маснади сарчашмаи тамаддуни башарӣ нишаст; тоҷике, ки ҳазорон сол пеш қасру шаҳрҳо бунёд кард; пойдевори нахустини давлату вазоратҳоро гузошт, бо дили нарм ва пур аз меҳру шафқат бо қавму қабилаҳои кӯчманчию саҳронишин тарзу усули зиндагии инсонвор, фарҳанги истифода аз неъматҳои табиатро омӯзонд; қавме, ки илму адаб, риояи адлу инсоф ва ишқу вафоро парчаму ҳадафи рӯзгори абадӣ донист, саршори фоҷиа, шӯрию талхиҳо гардид. Фарёди талху ҷонхароши устоди шодравон Лоиқ Шералӣ аз нокомиҳои гузаштаи миллат ҳамеша дар гӯш садо медиҳад:

Ҷабри таърих ягон қавм надидаст, ки мо,

Заҳри таърих нажоде начашидаст, ки мо.

Вале. ба ҳар сурат, таърих чун узви пайкар аст ва миллат аз гирудор, пирӯзию нокомиҳои гузаштаи хеш ҳаргиз ҷудо буда наметавонад. Хуб, иқрор мекунем, ки тоҷик даҳ аср пеш давлат, тоҷу тахтро бохт, зиллату хориҳо дид, аммо хеҷ гоҳ ва дар сахттарин даврони зиндагӣ шукӯҳу шаҳомат, фазлу заковат ва ғуруру сарбаландиҳояшро гум накард. Ин ҳам пӯшида нест, ки душманони аҷнабӣ борҳо тоҷикро поймол, саркӯбу нимҷон кардаанд, аммо бо меҳрубонии Худованд маҳв нашуда, ин миллати ҷонсахт эҳё аз байни оташ, баъзан аз зери хокистар ё аз дили дарё, ҳатто аз дами шамшеру тиру сад офати дигар раҳида, қад афрохт. Тоҷик боз бо созандагӣ, эҷодкорӣ ва эъҷозҳои нав ба нави фарзандони бузургаш оламиёнро мафтун сохт.

Аз ҳама муҳим он аст, ки рӯҳу равони миллати азизи мо дар фоҷиабортарин даврони таърихӣ устувор монд ва навдавлатони хомтамаъ ноилоҷ ҳамеша ба роҳнамоӣ, ақлу тамиз ва асокашии тоҷики оқилу доно муҳтоҷ буданд. Ин хам воқеияти таърихӣ аст.

Дигар, боиси шукр ва ифтихори мо ин аст, ки фарзандони соҳибистеъдод бо офаридаҳои ҳайратангез ва осори гаронбаҳо қасри илму адабро пойдор нигоҳ дошта, барои миллати худ шиносномаи ҷовидонӣ офариданд. Ва ҳеҷ гоҳ андешаи истиқлолу озодихоҳиро низ аз сар дур накардаанд.

Абдулҳамид Самад

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2