ВАТАНАМ - ИФТИХОРАМ
Ту зинда бош, Ватан—хонаи умеди халқ,
Ки бе ту нест дилу ҷони шодмон уаргиз.
Даме, ки мешумурам пурбауо сухануоро,
Баландтар зи Ватан нест дар забон уаргиз.
«Чӣ медиҳӣ ба Ватан?» Ҳар касе, ки пурсидам,
Ҷавоб дод: «Надорам дарег ҷон ҳаргиз».
Мирзо Турсунзода
Ватан азизтарин ва ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ чиз наметавон иваз кард. Ватан ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори мост. Ватанро интихоб ва ё хариду фурӯш намекунанд. Ватан сарнавишту қисмати ҳар фарзанд аст, ки аз ибтидо ба бошандагонаш ба мерос гузошта мешавад. Дар луғатҳо Ватанро чун ҷойи истиқомат, маконе, ки шахс таваллуд шуда, камол ёфтааст ва мақому маскан дорад, маънидод кардаанд. Ҳамзабонони мо гоҳе ба ҷойи калимаи «Ватан» «Меҳан»-ро низ истифода мебаранд.
Агар модар моро зодаву бо шири сафед парварда, нахустин ҳарфу ҳиҷои забонро ёд додаю роҳрав карда бошад, пас Ватан ба сарамон дасти пурмеҳру навозиш гузошта, чун фарзанди дилбанд тарбия мекунад.
Ватандӯсти ҳақиқӣ будан на дар суханҳои зебою ботантана, ваъдаҳои хушку холӣ, балки дар кору фаъолияти ҳамарӯзаи амалӣ, дар гуфтору кирдор ва қавлу вафо, дар кору заҳмати софдилона, дар интизоми намунавию ахлоқи ҳамидаву хониши аъло, дар кӯшишу талошҳои пайваста баҳри манфиати Ватани маҳбуб ва халқу давлат зоҳир мегардад.
Ҳар яки мо бояд Ватани азизи хешро дӯст дорем. Муҳаббат ва садоқати бепоён ба Меҳан, сарафрозӣ аз гузаштаи пурифтихор дошта бошем, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истикдолияти давлатиро ҳифз намоем, дар бунёди ҷомеаи шаҳрванди ва давлати милли саҳмгузор бошем.
Ба ҷуз меҳри Ватан ишқи дигар нест
Ба фарзандони бонангу вафодор.
Чу шахсе бекафан мирад, ғаме нест,
Худо, аз беватан будан нигаҳ дор!
Меҳру муҳаббат ба Ватани азиз, обу хок, ҳар гулу гиёҳи он дар ашъори адибони гузаштаву имрӯзаи мо он қадар васф шудааст, ки беҳадду беҳамтост. Адибони пешин Ватанро хурд ва бузург номидаанд. Ватани умумии мо Тоҷикистон аст, вале Ватани хурд асосан маънии зодгоҳ, маҳалли зист ва мавзеи камолоти инсонро дорад.
Устод Абулқосим Лоҳутӣ дар васфи Ватан-Модар барҳақ фармуда:
Маҳбуби ҳама халқи ҷаҳон шуд Ватани мо,
Уммеди ҳама беватанон шуд Ватани мо.
Чун сар нафарозему тафохур нанамоем,
Шаъну шарафи одамиён шуд Ватани мо.
Садсола кас ин ҷо накунад шикваи пирӣ,
Бо умри куҳан тозаҷавон шуд Ватани мо.
Хидмат бикунем аз дилу ҷонаш, ки баробар
Бар нархи дилу қимати ҷон шуд Ватани мо.
Бачаҳои азиз, дар ҳақиқат, шумо ҳуқуқи комил доред, ки бо Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азиз, бо миллати соҳибфарҳанги тоҷик, бо забони ширини модарӣ, бо таърихи ғановатманди ниёгонамон ифтихор намоед. Х,ифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, амнияту ягонагии Тоҷикистон бояд мақсаду мароми зиндагӣ ва ормонҳои мову шумо бошад.
Боз ҳам аз он сарфароз бошем, ки зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҳастем. Таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатем. Ба кор, манзил, таҳсил, истироҳат ва ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорем. Ҷавобан ба ин имтиёзҳо ҳифзи Ватан, ҳифзи табиат ва комёбиҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
БА ПОЙИ БЕСУТУН
На сар гуфтам, на по гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Хазорон бор “мо” гуфтам, касе ҳамдил нашуд, аммо
Ҷахоне зидди ман шӯрид, агар як бор “ман” гуфтам.
Ба оён дил ниходам, дидаву дил бар аён бастам,
Ба ғурбат аз Ватан гуфтам, ба хилват анҷуман гуфтам.
Сапедихои чашми интизоронро саҳар дидам,
Насим ар бӯйи хун овард, бӯйи пираҳан гуфтам.
Ҷунунамро чу Мачнун нозиши саҳро надонистам,
Ба пойи Бесутун истодаму аз Кӯҳкан гуфтам.
Забони шамъи табъам гоҳ-гаҳ домони дил гирад,
Мабодо. ки пушаймон гардам аз он, ки сухан гуфтам.
Пушаймон нестам харгиз. сухан чун аз Ватан гуфтам.
Рустам Ваҳҳобзода
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё