Футбол
Футбол яке аз бозиҳои варзишии қадим мебошад, ки дар асрҳои миёна пайдо шудааст. Ватани футбол Англия ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои охир дар барномаи Бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон мусобиқаи байни дастаҳои занонаи футбол низ дохил карда шудааст.
Дар миёнаи асри XX таваҷҷӯҳ ба бозии нав - минифутбол зиёд гардид. Бозӣ бо он ҷолиб аст, ки дар толори варзишии мактаб ва дар майдончаҳо имкони гузаронидан дорад.
Қоидаҳои бозӣ. Бозиро яке аз дастаҳо баъди қуръапартоӣ аз маркази майдон шурӯъ мекунанд. Баъди ҳар як тӯби задашуда низ аз маркази майдон шурӯъ мекунанд. Барои вайрон кардани қоидаҳои бозӣ зарба ба ҳариф бо даст ё пой, пешпо додан, ҳамлаи дурушт, аз ақиб тела додан, маъталкунӣ, бозӣ бо даст зарбаи ҷаримавӣ таъин мегардад. Барои вайрон кардани қоидаи бозӣ дар майдончаи ҷаримавӣ зарбаи ҷаримавии 11-метра ба дарвоза муқаррар карда мешавад. Зарбаи озод барои бозии хавфнок, зада гирифтани тӯб аз дасти дарвозабон, кашол додани вақт тайин мегардад.
Аз ҳолати аут тӯб ба майдон бо дастҳо (дар минифутбол бо пойҳо) аз хатҳои паҳлӯӣ партофта мешавад.
Агар тӯб аз ҳимоятгарон ё дарвозабон аз хати назди дарвоза гузарад, зарбаи кунҷӣ тайин мегардад, ки аз кунҷи майдон бо пой зада мешавад.
Ивазкунии бозингарон дар футбол се бор иҷозат дода мешавад, аммо дар мини-футбол номаҳдуд аст.
Барои раҳоӣ аз осебҳо дар машғулиятҳои футбол қоидаҳои зеринро риоя кардан зарур аст:
- Пеш аз бозӣ тамрин бояд кард.
- Аз пойафзоли махсус ё кедҳо истифода баред.
- Ба машқҳо ё бозӣ бо тӯб танҳо пас аз тамрини пешакии бе тӯб шурӯъ бояд кард.
- Бозии хавфнок - бо пойҳои рост карда задан, пешпо додан, бо пой задан аз ақиб манъ аст.
- Бо ҳис кардани дард дар мушакҳо ё буғуми пойҳо, эҳсоси бади нороҳатӣ машғулиятро қатъ карда, дар ин бора ба мураббӣ (волидайн) хабар диҳед.
- Пас аз хатми машғулият шустушӯ карда, сипас либосҳоятонро пӯшед.
Футбол ҳамаи қобилиятҳои ҳаракаткунандагиро инкишоф дода, чунин нишонаҳои хислат чун чолокӣ, чобукӣ, истодагарӣ, бурдборӣ ва қавииродагиро тарбия менамояд. Дар айни замон инкишофи шахсияти бозингар дар футбол дар амалиётҳои дастаҷамъӣ, қобилияти бакорбарии тамоми қувва ва маҳорат баҳри ғалаба зоҳир меёбад.
Қоидаҳои асосии бозӣ
Ҳаракаткунӣ. Воситаи асосии серҳаракатии футболбозон дар бозӣ дав ба ҳисоб меравад. Қадами футболбоз кӯтоҳ ва мулоим аст, аммо ӯ бояд дар вақти зарурӣ тез давида, ба ҷойи холӣ гузашта, ба тӯб ё ҳариф расида тавонад.
Қисмати ҷудонашавандаи маҳорати идоракунии тӯб зарбаҳо ба тӯб бо пойҳо, бурдан ва манъ кардани тӯб мебошад.
Навъҳои асосии зарбаҳо ва манъкуниҳоро азхуд намуда, футболбозон метавонанд дар баъзе бозиҳои тамринӣ иштирок ва мини-футбол бозӣ кунанд.
Зарбаи тарафҳои дохилии кафҳо (расми 49) барои интиқоли тӯб ба фосилаҳои кӯтоҳ ва миёна, инчунин барои зарбазанӣ ба дарвоза аз фосилаи кӯтоҳ истифода мегардад. Зарба аз ҷой ва бо дав иҷро мегардад. Пойи такядоре, ки аз зону каме қат шудааст, ба паҳлуи тӯб, 10-15 см дур аз он, гузошта мешавад.
Кафи пойи зарбазананда тавре ҷойгир мешавад, ки хати аз каф ва панҷа гузаранда нисбат ба самти париши тӯб амудӣ бошад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё