Зеҳн

ҲОЛАТ ВА РУШДИ ХИЗМАТРАСОНӢ БА АВТОМОБИЛҲО ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

ФЕ
Фермер28 августи 2026 · 10 дақиқа хондан

Шаҳри Хуҷанд дуюмин шаҳри калон дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва маркази вилояти Суғд мебошад, ки дар қисми шимолии Ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст. Аҳолии шаҳри Хуҷанд мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар якуми январи соли 2016 175400 - нафар мебошад. Шумораи умумии автомобилҳо бошад дар ҳамин вақт 18150 – ададро ташкил медиҳад. Аз ин нишондиҳанда 16640 адад автомобилҳои шахсии дар ихтиёри аҳолибуда ва 1475 адад автомобилҳои дар ихтиёри субъектҳои хоҷагидорӣ мавҷудбуда мебошад.

Сол ба сол шумораи автомобилҳо ва аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд зиёд шуда истодааст. Шумораи автомобилҳо ба 1000 нафар, 84 – адад мебошад ва ин нишондиҳанда ру ба афзоиш аст. Бо баробари зиёд шудани автомобилҳо талабот ба нигоҳубини техникӣ, таъмир ва умуман хизматрасонӣ ба автомобилҳо зиёд мешавад.

Хизматрасонӣ ба автомобилҳо ин яке аз қисми такибии инфраструктураи нақлиёти автомобилӣ мебошад, ки ба тамоми соҳаҳо алоқамандии зич дорад. Агар арзиши аслии корҳои нақлиёти автомобилӣ зиёд бошад таъсираш ба тамоми соҳаҳо мерасад ва дар натиҷа нархи ҳама намуди маҳсулот баланд мешавад. Зеро аксарияти корҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилӣ ба амал оварда мешавад.

Барои паст намудани арзиши аслии корҳои нақлиётӣ нархи хизматрасонӣ ба автомобилҳоро пасттар намудан лозим. Барои пасттар намудани нархи хизматрасонӣ ба автомобилҳо бозори хизматрасонӣ ба нақлиёти автомобилиро ташаккул додан лозим аст.

Умуман гирем нақлиёт ва инфраструктураи он ин рагҳои хунгарди мамлакат ба ҳисоб меравад.

Автомобил бошад хуне аст, ки дар дохили он ҳаракат карда оксигенро ба ҳама аъзоҳо таъмин менамояд.

Агар хун ҳаракат накунад ҳама аъзоҳо кор намекунанд. Барои хуб ҳаракат кардани хун дар рагҳо – яъне хуб фаъолият кардани нақлиёти автомобилӣ бояд бозори хизматрасонӣ ба нақлиёти автомобилиро ташаккул додан лозим аст.

Ҳоло автомобилҳое, ки дар шаҳри Хуҷанд мавҷуданд 80 фоизашон куҳна ва истифодабурдашуда мебошанд. Автомобилҳое ки аз хориҷа ворид мешаванд аксарияташон куҳнаву истифодабурдашуда ҳастанд ва аллакай ба ҳисоби миёна на кам аз 300000 км гаштаанд. Дар Тоҷикистон заводи автомобилбарорӣ, заводи қисмҳои эҳтиётӣ ва ё заводи маводҳои истифодашаванда барои автомобил вуҷуд надорад. Ин яке аз камбудиҳои бозори хизматрасонӣ ба автомобилҳо мебошад. Беҳтар мешуд агар дар шаҳри Хуҷанд ягон заводи истеҳсолкунандаи қисмҳои эҳтиётии бисёр истифодашаванда (сайленблок, устуворкунанда, шинаҳо, наконечники рулӣ) сохта шавад, то ки ба бозор маҳсулоти ватанӣ ҳам фурӯхта шавад ва воридот аз хориҷ камтар карда шавад.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ аҳолии шаҳри Хуҷанд зиёд шуда истодааст. Ин ҳам аз ҳисоби афзоиши табии аҳолӣ ва ҳам аз ҳисоби урбанизатсия яъне шаҳришавӣ мебошад. Аҳолии шаҳру ноҳияҳои атрофи он низ ҳамин тавр зиёд шуда истодааст. Зиёдшавии аҳоли яке аз омилҳои зиёдшавии талаботи бозори хизматрасонӣ ба автомобилҳо мебошад. Ноҳияи Б. Ғафуров, шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстон дар атрофи шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудаанд, ки бозори хизматрасонӣ ба автомобилҳои ин шаҳру ноҳияҳо бо ҳамдигар алоқаманд мебошанд. Зеро аҳолии ин шаҳру ноҳияҳо барои таъмири автомобил аз хизматрасониҳои ҳамдигар истифода мебаранд, масалан аз шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстон барои таъмири автомобил ба ноҳияи Б. Ғафуров ё шаҳри Хуҷанд меоянд ва ё баракс. Барои ҳамин ҳам ташаккулёбии бозори хизматрасонӣ ба автомобилҳои шаҳри Хуҷанд аз ин шаҳру ноҳияҳо низ вобастагӣ дорад.

Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Б. Ғафуров хизматрасонӣ ба автомобилҳо дар стасияҳои хизматрасонии техникии автомобилӣ, устохонаҳои шахсӣ ва дигар ҷойҳо гузаронида мешавад.

Марказҳои нисбатан калони хизматрасонӣ ба автомобилҳо ё ин ки нуқтаҳои калони хизматрасонӣ ба автомобилҳо дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он ин “Кооперативи матлуботи гаражи Довудия”, “ҶСК Сорбон”, “Маркази таъмири техникӣ «Автосервис» - и ҶСП Сомонсуғд”, “ҶСК Чархи гардун”, “ҶДММ Сайёр”, “Автобазаи - 33” “МНА – 4”, “ҶСК Баҳромсервис”, “АРЗ - 4” , “Устосевис” (дар шаҳри Бӯстон) ва ғайраҳо.

Ҳамаи автомобилҳо ба шаҳри Хуҷанд ва умуман Тоҷикистон аз хориҷа тавассути роҳи оҳан аз Кореяи ҷанубӣ, Олмон, давлатҳои назди Балтика ва ғайраҳо ворид карда мешаванд. Тайёркунии пеш аз фурӯши автомобилҳо вақте, ки автомобилҳо аз хориҷа ба шаҳри Хуҷанд ворид мешаванд дар назди истгоҳи роҳи оҳан, стансияҳои хизматрасонии техникӣ, дар устохонаҳои шахсӣ ва дигар ҷойҳо гузаронида мешавад.

Баъди он ба бозори гардиши шаҳри Гулистон бурда фурӯхта мешавад, ки ин бозор ягона бозори автомобилфурушӣ дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Аз ин бозор на фақат аҳолии шаҳри Хуҷанд балки аҳолии тамоми вилояти Суғд ва ҳатто баъзан аз ҷануби Тоҷикистон омада харидорӣ менамоянд.

Баъзе автомобилҳои воридшуда аз таъмири пурра гузашта баъд ба бозор бароварда мешаванд, чунки ҳолати техникиашон хело вазнин аст. Дар давоми истифодабарии автомобилҳо коршоямӣ ва барқароркунии онҳо (диагностика, нигоҳубини техникӣ, таъмири пурра), шароити техникии истифодабарии онҳо (шинамонтаж, танзими чархҳо, коркарди зиддиткаррозионӣ), истифодабарии автомобилҳо (насби таҷҳизотҳои иловагӣ, тайёркунии инфиродии автомобил, тозакунии химиявии салон ва шӯстушӯи автомобил), бехатарии экологии онҳо (диагностика ва танзими СО – СН, истифодабарии партовҳои автомобил) дар марказҳо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ба автомобилҳо таъмин ва гузаронида мешавад. Ин корҳо дар асоси шартномаи байни соҳиби автомобил ва челонгар ё ин ки таъмирчӣ гузаронида мешавад.

Фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизотҳо ва маводҳои молидании автомобилҳо яке аз қисми сердаромад дар ин соҳа ба ҳисоб меравад. Аз сабаби он ки автомобилҳо нисбатан кӯҳнатаранд талабот ба қисми эҳтиётӣ зиёдтар мебошад. Дар шаҳри Хуҷанд мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ зиёд мебошанд. Дар як худи Маркази таъмири техникӣ «Автосервис» - и ҶСП Сомонсуғд 80 мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ вуҷуд дорад. Аммо дар ягон мағозҳои шаҳр қисмҳои эҳтиётии сертификати сифатдор фурӯхта намешаванд. Ин яке аз камбудиҳои асосии бозори хизматрасонӣ ба автомобилҳо ба ҳисоб меравад. Сабаб дар он аст, ки қисмҳои эҳтиётии сертификати сифатдор гаронарзиш ҳастанд ва шароити иқтисодии мардум ба хридории онҳо мувофиқат намекунад, барои ҳамин тоҷирон аз хориҷ намеоранд. Қисмҳои эҳтиётӣ асосан аз Чин ворид карда мешаванд ва баъзан қисмҳои эҳтиётии истифодабурдашуда аз давлатҳои Аврупо оварда мешавад.

Партовҳои автомобил ин қисмҳои корношоямшуда, равғанҳои истифодашудаи муҳаррик, ноқилқуттӣ, мости қафо, масолеҳҳои резинӣ, шинаҳои хӯрдашуда ва ғайраҳо мебошанд. Қисмҳои корношоямшудаи металӣ яъне оҳанпораҳо дар заводи шаҳр коркард карда шуда аз онҳо арматура истеҳсол карда мешаванд.

Равғанҳои истифодашударо партовта истодаанд, коркарди ин намуди партов ба роҳ монда нашудааст. Хуб мешуд агар ин намуди партов ҳам мисли дигар давлатҳо коркард карда шуда самаранок истифода бурда шавад. Партовҳои резинӣ коркард карда нашуда истодаанд баъзеҳо месӯзонанд, баъзеҳо барои оҳакпазӣ истифода бурда истодаанд ва беъзеҳо ҷамъ карда ба Чин фиристода истодаанд. Бояд технология ворид намуда партовҳои резиниро коркард карда аз он ягон маҳсулоти резинии барои автомобил истифодашаванда масалан полик ё ягон чизи дигар истеҳсол намудан лозим аст то ки даромаднокӣ зиёд шавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ягон макази диллерии автомобилӣ ва муассисаи хизматрасонии автомобилии шабакавӣ вуҷуд надарад. Танҳо муассисаҳои хизматрасонии автомобилии новобаста ва устохонаҳои шахсӣ фаъолият мекунанд.

Стансияҳои хизматрасонии техникии автомобилҳои (СХТА) дар шаҳр вуҷуддошта аз рӯи таъиноту вазифаашон дохилишаҳрӣ ва роҳӣ (дар шоҳроҳи Хуҷанд – Бӯстон ҷойгиршудаҳо) мебошанд. Аз рӯи дараҷаи махсусгардонӣ бошад якчанд намуди корҳоро иҷромекунанд. СХТА – и махсусгардонидашуда азруи тамғаи автомобил вуҷуд надорад. Дар онҳо ба якчанд намудҳои тамғаи автомобил хизматрасонӣ карда мешавад аммо барои баъзе автомобилҳои нав баъзеашон хизматрасонӣ карда наметавонанд. Дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи шумораи постҳои корӣ СХТА – ҳои хурд, миёна ва калон вуҷуд доранд. СХТА – ҳои калони шаҳр ин “Кооперативи матлуботи гаражи Довудия”, “ҶСК Сорбон” ва “Маркази таъмири техникӣ «Автосервиси» - и ҶСП Сомонсуғд, ” мебошанд, ки шумораи постҳояшон аз 30 то зиёд мебошад. Аз рӯи нишондиҳандаҳои рақобатӣ дар шаҳр СХТА – ҳои фирмавӣ вуҷуд надоранд, СХТА – ҳои мавҷуда ба СХТА – и куҳна (Маркази таъмири техникӣ «Автосервиси» - и ҶСП Сомонсуғд), СХТА – и хусусии навсохташуда, СХТА – ҳо барои муассисаҳои нақлиётии автомобилӣ ва муассисаҳо (ҶСК Сорбон), СХТА – и гараҷӣ (Кооперативи матлуботи гаражи Довудия) дохил мешаванд. Аз рӯи нишондиҳандаҳои талабот ба хизматрасонӣ танҳо СХТА – ҳои маъмулии оддӣ вуҷуд доранд, СХТА – ҳои худхизматрасонӣ ва баргузида (элитарные) вуҷуд надоранд.

Барои автомобилҳои боркашони классашон миёна ва калони замонавӣ ягон СХТА вуҷуд надорад. Ҳамаи ин автомобилҳо асосан дар муассисаи нақлиётии автомобилии “ҶДММ – Сайёр” хизматрасонии техникӣ карда мешаванд. Ин муассиса дастгоҳу таҷҳизотҳои замонавӣ надорад аз ҳамин сабаб сифати таъмир он қадар баланд намебошад. Хуб мешуд агар дар вилояти Суғд якто СХТА – и замонавии махсусгардонидашудаи комплексӣ барои автомобилҳои боркашон ташкил карда шавад ва сифати хизматрасонӣ ба ин намуди автомобилҳо баланд бардошта шавад.

Ҳоло мувофиқи маълумотҳои РКД – и вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд нуқтаҳои хурду калони хизматрасонӣ ба автомобилҳо 11 адад мавҷуд аст, ки дар дохили баъзеи онҳо боз устохонаҳои хусусӣ мавҷуд аст, масалан дар мошинсаройи Довудия 40 устохонаи хусусӣ вуҷуд дорад. Дар ноҳияи Б. Ғафуров низ дар умуман 40 нуқтаҳои хурду калони хизматрасонӣ ба автомобилҳо амал мекунад, дар шаҳри Гулистон 2 адад ва дар шаҳри Бӯстон бошад 4 адад.

Нархи хизматрасонӣ шарномавӣ мебошад, байни муассисаҳо ва устохонаҳои шахсӣ рақобат низ вуҷуд дорад, ки барои ҷалб намудани мизоҷ нархро баланд намекунанд. Нархи миёнаи хизматрасонӣ барои корҳои алоҳида дар ҷадвали 4 оварда шудааст.

Аз нигоҳи мо батанзимдарории нарх дар хизматрасонӣ ба автомобилҳо муносибати махсусро талаб мекунад, вай метавонад аз ҳисоби талаботи бозор ба ин хизматрасониҳо ҷорӣ шавад.

Барои ташаккул додани бозори хизматрасонӣ ба автомобилҳо ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасонӣ ба автомобилҳоро низ мукаммал намудан лозим аст. Зеро харидор ҳамавақт ҳақ аст (клиент всегда прав). Ин бозор бе истифоабарандагони ин намуди хизматрасонӣ ягон хел ташаккул ёфта наметавонад. Чунки агар мизоҷ набошад ба стансияҳои хизматрасонии техникии автомобилӣ кор нест.

Ҳоло дар бозор ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонӣ ба автомобилҳо каме поймол шудааст. Якум ин ки ба хизматрасонӣ кафолат дода намешавад. Масалан мизоҷ автомобилашро аз таъмир мегузаронад пас аз як ҳафта боз автомобилаш таъмирталаб мешавад ва ӯ боз ба таъмир омада боз хароҷот мекунад. Ин аз якчанд сабабҳо ба амал омаданаш мумкин аст.

1. Пастсифат будани қисмҳои эҳтиётӣ.

2. Кӯҳна ё пастсифат будани дастгоҳу таҷҳизотҳо барои таъмир.

3. Набудани таҷҳизоти махсус.

4. Дасти иҷро шудани корҳо.

5. Аз рӯи раванди технологӣ иҷро нашудани таъмир.

6. Малакаи пасти челонгар.

7. Нафаҳмидани технологияи ҳозиразамон ва ғайраҳо.

Дар ҳақиқат ҳамаи ин камбудиҳо дар бозори хизматрасонӣ ба автомобилҳои шаҳри Хуҷанд вуҷуд доранд.

Барои бартараф намудани ин камбудиҳо якчанд корҳоро ба роҳ мондан лозим аст. Мукаммалкунии танзими давлатии бозори хизматрасонӣ ба автомобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз роҳҳои асосии ҳалли ин масъала мебошад. Ҷорӣ кардани талаботҳои иловагӣ барои ташкил кардани стансияи хизматрасонии техникии автомобилҳо ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ва сертификатдиҳӣ ҳам метавонад ин камбудиҳоро бартараф намояд.

Рӯз ба рӯз автомобилҳо, дастгоҳу таҷҳизотҳо, ва технологияҳои нав ба нав истеҳсол шуда истодаанду ҷои автомобилҳо, дастгоҳу таҷҳизотҳо, ва технологияҳои куҳнаро ивазкарда истодаанд. Коргарони ин соҳаро қатъи назар аз коргари маъмурият, коргарони оддӣ ё таъмирчиҳо ва ғайраҳоро бояд барои омӯзиш ба давлатҳои дар ин соҳа пешрафта фиристодан лозим аст, то такмили ихтисос намуда автомобилҳо, дастгоҳу таҷҳизотҳо, ва технологияҳои нав ба нав истеҳсол шударо хубтар омӯзанд. Дигар он ки барои ҳама мизоҷон нархи хизматрасонӣ якхела нест.

Ба сару либоси мизоҷон дида нархгузорӣ мекунанд. Нархи ягона ё ин ки муайян барои кори муайян вуҷуд надорад. Баъзе намуди корҳо хело қиммат мебошанд, чунки ба ин намуди кор рақобат кам аст. Масалан барои ташхиси автомобилҳои замонавӣ ва таъмири ноқилқуттии автоматӣ ва ғайраҳо.

Хулоса роҳҳои ташаккулёбии бозори хизматрасонӣ ба автомобилҳо дар шаҳри Хуҷанд ин ташкили стансияҳои хизматрасонии техникии автомобилии маҷмуавӣ барои тамғаҳои автомобилҳое, ки шумораашон нисбатан камтаранд, ташкили стансияҳои хизматрасонии техникии автомобилии махсусгардонидашуда барои автомобилҳои тамғаи OPEL ва MERCEDES-BENZ ва мукаммалгардонии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасонӣ ба автомобилҳо мебошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба