ИСТИФОДАБАРИИ ВОСИТАҲОИ МАРКЕТИНГӢ ДАР ИДОРАКУНИИ ЗИДДИБУҲРОНӢ
Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти оламшумули чунин падидаҳои иқтисодиёти ҳозиразамон, ба монанди гуногунсамтии истеҳсолот (диверсификатсия), содироту маркетинг ва логистикаи ҳозиразамон диққати ҷиддӣ дода, оид ба онҳо чунин иброз намуданд: «Соли ҷорӣ аз 20 номгўи молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда афзоиши истеҳсоли 15 номгўи он таъмин гардид. Вале ба рақобат тобовар набудан ва баланд будани арзиши аслии маҳсулоти баъзе корхонаҳо, номукаммал будани роҳҳои ҳифзи манфиатҳои содироткунандагон дар хориҷи кишвар то ҳол ба таъмин намудани гуногунсамтии истеҳсолот ва содирот мусоидат накарда истодааст. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамкории судмандро ҷиҳати васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ ва транзитии мамалакат дар самти интиқоли транзитии молу маҳсулот ва ташкили «долонҳои сабз» бо кишварҳои ҳамсарҳад ба роҳ монад».
Дар давоми суханронии худ боз чунин иброз намуданд, ки «Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии содирот, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазифадоранд, ки фаъолияти худро ҷиҳати муаррифӣ кардани маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, дарёфти бозорҳои содирот, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар хориҷи кишвар тақвият бахшанд».
Баъдан дар ин зермаънӣ ҳолати кишоварзии ҷумҳуриро ба инобат гирифта Ҷаноби Олӣ чунин афзуданд:
«Бо мақсади таъмин намудани пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардид, яъне аз 7,4 миллиард сомонии соли 2000 ба 21,3 миллиард сомонӣ дар соли 2018 расонида шуда, содироти маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Дар баробари ин зарур аст, ки барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар самти рушди соҳа ва таъсиси ҷои корӣ ба масъалаи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ диққати бештар дода шавад. Дар ин ҷо гуфтан ҷоиз аст, ки барои афзоёнидани кафолати ноил гаштан ба мақсадҳои гузошташуда бояд аз ҳисоби самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ, зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимамалкунанда ва шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот оид ба беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ босифати кишоварзӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти он чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешида шавад».
Ба ақидаи мо иҷроиши қатъӣ, фаврӣ ва ба мақсад мувофиқи вазифаву супоришҳои дар боло овардашуда бе андешидани чораҳои бетаъхир, аз он ҷумла истифодаи ҳамаҷонибаи воситаҳои таъсиррасонии маркетингӣ аз имкон берун мебошад.
Чунки хусусиятҳои ҳамбастагонаи воситаҳои таъсиррасонии маркетингӣ зарурияти истифодаи маҷмўии роҳу воситаҳои услубиро дар раванди пешгўикунӣ ва банақшагирӣ, назорат ва баҳодиҳӣ муайян менамояд.
Маҷмуият бо гуногунҷабҳагии муносибатҳо ва ҳавасмандиҳо бо воситаҳои маркетингӣ идорашавандагии одамон вобастагӣ дорад. Низомият бошад аз принсипи пайдарҳамӣ ва робитаи мутақобилаи амалҳои менеҷерон дар сикли маркетингӣ бармеояд.
Тағйирпазирии равандҳои бозоргонӣ ва вазъи бозор истифодаи роҳу усулҳои вазъиятро тақозо менамояд. Дар ин асно истифодаи баҳодиҳии экспертӣ бо ноаёнии ҷараёни равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҷой надоштани иттилоот ё дилпур набудани сифати он алоқаманд мебошад. Ин ва дигар омилҳо дар шароити буҳрон ва ҷустуҷўи роҳи баромадани ташкилот аз вазъу ҳолатҳои сангину мураккабӣ таваккалпазирии қарорҳои қабулшудаи идоравӣ ва инчунин равандҳои бавуҷудоварии механизмҳо ва низоми идораи маркетингро тақозо менамояд.
Хусусиятҳои услубии дида баромадашуда дар идоракунии зиддибуҳронӣ равшан зоҳир мегардад.
Асосноккунии дурнамои маркетингӣ ҳамчун раванди идора маҷмўи васеи восита ва усули идоракуниро дар бар мегирад. Дар расми 1 пайвандҳо ва пайдарҳамии баҳодиҳии омилҳои беруна ва дохилии ба дурнамои маркетингӣ тааллуқ дошта оварда шудаанд. Таъсироти ташкилкунанда ва ҳавасмандкунандаро ҷойдошти барномаи давлатии танзими зиддибуҳронии иқтисодиёт мерасонад. Дар шароити васеъшавии соҳаи таъсири танзимкунакҳои бозоргонӣ намуди афзалиятноки фаъолияти идоравӣ – таъмини ҳамкории фишангҳои бозоргонӣ ва танзимкунакҳои давлатӣ, маҳаки ин ҳамкорӣ – устувории сохтору низом дар муҳити беруна мебошад.
Функсияи танзим ба воситаи маркетинг барои нақшагирӣ асос тайёр намуда, ҳамчун воситаи пиёдасозии нақшаҳо (барномаҳо) хизмат мерасонад. Баҳодиҳии дурнамои маркетинг аз мавқеи мувофиқа ба доираи ҳуқуқии фаъолияти иқтисодиёт ва бозори мушаххас имконияти менеҷери маркетингиро оид ба қабули қарори нисбатан дуруст ва пешбинии ояндаи дурнамо васеъ менамояд. Дар шароити зиддибуҳронӣ сухан метавонад оид ба афзалияти соҳаи иқтисодиёт ва оид ба дастгирии давлатӣ, масалан, соҳаи истеҳсолии иқтисодиёт, бизнеси хурд ва миёна равад. Хусусияти раванди асоснокнамоии дурнамои дар нақша овардашуда дар он мебошад, ки дар марҳилаи якум муқоисаи ҳатмии дурнамо ва мақсадҳои маркетингӣ, инчунин имкониятҳои бозоргонии ташкилот пешбинӣ шудааст. Чунин муқоисаи мувофиқати хусусиятҳои калидии ҳолати ташкилот дар бозори мушаххас барои ҷустуҷўи роҳҳои алтернативӣ – бозоргонии баромадан аз буҳрон асос пайдо менамояд.
Дар марҳилаи дувум дурнамои маркетингӣ аз рўйи мувофиқати он ба мақсадҳо ва дурнамои ташкилот баҳо дода мешавад. Дар ин асно аниқнамоӣ ё бавуҷудоварии дурнамои нав дар мавриди тағйироти тезу тунди бозор, ки дар шароити бухронӣ аз рўйи эҳтимолияти баланд метавонад ба вуқўъ ояд имконият дорад.
Ба сифати бузургиҳои калидии муқоиса ҷойдошти имкониятҳои истифодаи имкониятҳои захиравӣ, инвеститсионӣ, инноватсионӣ ва иқтидори кадрии ташкилот баромад менамоянд.
Дар марҳилаи сеюм маҷмўи чорбиниҳои маркетингӣ оид ба пиёдасозии дурнамои маркетингӣ ба вуҷуд оварда мешаванд. Хулоса, раванди асоснокнамоии дурнамо аз марҳилаҳои коркарди он ва пешомадҳои пиёдасозӣ бо баҳодиҳии самаранокии иҷтимоӣ - иқтисодӣ иборат мебошад.
Дар мавриди тағйироти дурнамо раванди асоснокнамоии мувофиқат ба бузургиҳои калидӣ такрор меёбад. Табиист, ки дар воқеият ҳамаи марҳилаҳои кор бо баҳодиҳии дурнамо дар асоси доимӣ ба амал оварда мешаванд ва натиҷаҳои ин гуна фаъолият дар вазъиятҳои буҳронӣ барои ҳаётпазир мондани ташкилот метавонанд ҳамчун асос хизмат расонанд.
Дар раванди асоснокнамоии дурнамо кори аз ҳама ҷиддиву масъулиятнокро оид ба таҳлил, баҳодиҳӣ ва интихоби афзалиятҳоро дар ҳар як соҳаи фаъолияти маркетингӣ махсус қайд намудан зарур аст. Дар ин асно алоқамандии миёни мақсад ва дурнамоҳо, мувофиқаи вақтӣ, мутобиқатро дар назар доштан зарур мебошад. Маълум аст, ки бо маҷмўи маҳакҳо кордор шудан лозим меояд, бинобар ин кўшиши бунёд намудани модели амали якҷояи маҳакҳоро дар раванди асоснокнамоии дурнамоҳо ба ҷо овардан мумкин аст. Дар адабиёти муосири хориҷӣ оид ба проблемаи додашуда модели матритсавӣ тавсия карда мешавад.
Дар идоракунии зиддибуҳронӣ инчунин амали якҷояи мақсадҳои маркетингии стратегӣ ва тактикӣ муҳим мебошад. Бинобар ин ҳам мақсад ва ҳам дурнамоҳои пиёдасозии онҳо дар тағйирпазирӣ таҳлил карда мешаванд, дар ин асно фосилаи вақти ҳаракат аз мақсадҳои тактикӣ ба мақсадҳои стратегиро дар назар дорад. Дар ҳар як лаҳзаи додашуда бузургии воқеъии натиҷаи тактикӣ бо бузургии эҳтимолии стратегӣ муқоиса карда мешавад. Бузургии фарқияти натиҷаи стратегӣ аз тактикӣ натиҷанокии рушди менеҷментро тавсиф менамояд.
Маркетинг ҳамчун сохтору низоми идора ҷойдошти объект ва субъекти идора, бунёди равандҳои мақсадноки идора, интихоби воситаҳои идора (таъсиррасонӣ ва ҳамкории миёни одамон ва коллективҳо), бунёди низоми муайяни ҳуқуқу ҷавобгарии шахсҳое, ки функсияҳои идораи маркетингро бар дўши худ доранд дар назар дорад. Дар ин асно принсипҳои умумиқабулшуда, маҳакҳо, тарзҳои бунёди (алгоритм) сохтору низоми идора, таъминоти маводӣ-захиравӣ, хусусан кадрӣ ва иттилоотӣ истифода мешаванд. Дар айни замон мазмуни функсияҳои идора, усулҳои пиёдасозии онҳо бо тағйирёбии тамоюлнокии мақсадӣ ва стратегии идора дар марҳилаҳои алоҳидаи рушди менеҷмент фарқ мекунанд.
Дар расми 2 тағйиротҳои воситаҳои идораи маркетинг аз рўйи фосилаҳои рушди менеҷмент оварда шудаанд. Азбаски идораро ҳамчун раванди функсияҳои бо якдигар алоқаманд дида баромадан мумкин аст, дар марҳилаи пешазбуҳронии рушди менеҷмент (шакли амудии расм) ба таҳқиқоти омилҳои вазъияти буҳрониро пешгирикунанда, бизнес-нақшаи дурнамоёнаи маркетингӣ, сохторҳои барнома-нақшавӣ ва иттиҳодиявӣ, водоркунии натиҷаҳои ниҳоии фаъолият, назорати омилҳои таваккалӣ афзалият дода мешавад. Чунин таҳлил, омўзиши тамоюлҳо, ҷамъоварии таҷрибаю малака барои ба тағйиротҳои ояндаи вазъияти бозор эътинои тезу дуруст намудан ва бо ёрии воситаҳои идора ба дурсозии имкониятҳои талафот ва оқибатҳои дигари манфӣ имконият фароҳам меоварад.
Масалан, дар раванди коркарди дурнамоҳо афзалият аз омилҳо, воситаҳо ва усулҳои идоравии вазъиятҳои буҳрониро пешгирикунанда (идораи пешазбуҳронӣ), ба омилу воситаҳои вазъи буҳрониро коҳишдиҳанда ва аз буҳрон баромаданро фаъолнокнамоянда (идораи буҳронӣ) ва баъдан ба дурнамоҳои ба азнавсозии истеҳсолот ва сохтору низоми менеҷмент (идораи баъдибуҳронӣ) дода мешавад. Тамоюли равандҳои водоркунии ҳайати кормандон низ куллан дигаргун мешавад. Афзалият дар идораи пешазбуҳронӣ ба водоркунӣ нисбат ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолият тааллуқ дорад, ки ба ташкилпазирӣ, мақсаднокӣ ва ҳавасманднокии ҳайат ба рушди устувори корхона мусоидат менамояд. Дар идораи буҳронӣ афзалият ба водоркунии ҳолатӣ - ҳамчун амали қобили қабул дар шароити тағйироти тезу тунди вазъи истеҳсолӣ ва бозоргонӣ дода мешавад. Дар идораи пас аз буҳронӣ бошад водоркунии маҷмўӣ бо назардошти гуногунзайлии водориҳо ва ҳавасмандиҳои фаъолияти ҳайат ва истифодаи аз ҳама зиёди имкониятҳои захиравӣ самараноктар мебошад.
Дар ҷодаи водоркунӣ менеҷер он водориҳои имконпазиреро таҳлил менамояд, ки ба онҳо истеъмолгар (харидор) пайравӣ намуда, оид ба хариди мол қарор қабул менамояд. Қадру қимати маҳсулот ва талаботи харидорон аз мавқеи оянда дида баромада мешаванд. Менеҷер кўшиши дар тахаюлоти худ тасаввур намудани симои равонии истеъмолгарро менамояд, ки дар гузаронидани маъракаи таблиғот (реклама) ба эътибор гирифта мешавад.
Иртиботи (коммуникатсия) маркетингӣ ва иттилоот дар идора нақши калидии алоқасозро иҷро менамояд. Аз рўйи маънии васеъаш дар зери мафҳуми иртибот робитаву муносибат дар раванди фаъолият, мубодилаи иттилоот, ғоя ва фикру ақидаро дар назар доранд. Дар бисёр ҳолатҳо хусусияти шахсиятӣ ва иттилоотии иртиботро дар назар доранд. Иртибот ҳамчун таъсири мутақобили миёни одамон он хусусиятҳоеро ба эътибор мегирад, ки ҳар як шахсият ба робитву муносибат дохил менамояд – манфиатҳо, тамоюлҳои қиматӣ, фаросат (интуитсия), эҳсосот (эмотсия). Дар навбати худ ҳар як иртибот аз худ ҳаракати иттилоотиеро мемонад, ки дар натиҷаи иртибот ба вуҷуд меояд, расонида мешавад ва пайдо мегардад.
Иттилоот инчунин воситаи ташкил намудани алоқахо мебошад. Алоқамандии мафҳумҳои додашуда дар фаъолияти маркетингӣ равшан зоҳир мегардад.
Маркетологҳо ва менеҷерони маркетингӣ нисбат ба дигар менеҷерони ширкат иртиботро ба дараҷаи зиёд ҳамчун воситаи дастраснамоӣ ва баҳодиҳии иттилоот истифода менамоянд. Иттилоот дар намуди маҷмўӣ ба сифати яке аз предметҳо, воситаҳо ва натиҷаҳои фаъолияти маркетингӣ баромад менамояд. Дар навбати худ истифодаи иртибот дар маркетинг хусусияти ба худ хосро соҳиб аст, ки дар мавриди идораи корхонаи гирифтори буҳрон шуда бараъло зоҳир мегардад. Намудҳои асосии иртибот – берунаанд, яъне ҳамкорӣ бо субъектҳои бозоргонӣ, органҳои давлатӣ, саҳмиядорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори умум, аҳолӣ.
Бояд қайд намуд, ки дар идоракунии зиддибуҳронӣ иртиботи берунӣ дар муқоиса бо дохилӣ (миёни ҷузъиётҳои истеҳсолӣ ва органҳои идора) бартарӣ дорад. Иртиботҳои бисёрроҳа аз якроҳа бартарӣ доранд, ки бо хусусияти гуногунҷабҳагии проблемаҳои дар маркетинг ҳалшаванда ва алокамандии миёни онҳо муайян карда мешавад. Дар идораи буҳронӣ иртиботҳои расмӣ нисбат ба ғайрирасмӣ бояд бартарӣ дошта бошанд. Ҳамкории онҳо табиатан аз хусусияти тақсимоти вазифа, ҳуқуқ ва масъулияту ҷавобгарӣ вобастагӣ дорад.
Дар иртиботҳои маркетингӣ алоқаҳои хусусияти иҷтимоӣ-равонӣ дошта, дар якҷоягӣ бо алоқаҳои иқтисодӣ ва ташкилӣ истифода шаванда аҳамияти калон доранд. Иртиботҳои маркетингӣ на фақат аз пулу мукофот, балки аз обрўю нуфузи ширкат, шаъну шарафи роҳбарон, фазо дар коллектив низ вобастагӣ доранд.
Дар идораи маркетинг интихоби иттилоот аз рўйи мазмун, таркибот, сифат, пуррагӣ ва боэътимодии манбаъҳои ба дастдарорӣ аҳамияти калон дорад. Самаранокии истифодаи иттилоот бо технология, воситаҳои техникии коркарди он ва истифодаи воситаҳои муосири алоқа муайян карда мешавад.
Таҳқиқотҳои мутахассисони хориҷии соҳаи идора нишон медиҳанд, ки иртибот – қариб, ки проблемаи аз ҳама мураккаби менеҷмент ба ҳисоб меравад. Чунин ақидаро 73% роҳбарони амрикоӣ, 63% инглис ва 85% ҷопонӣ дастгирӣ менамоянд.
Нақши иртиботҳои самаранок дар маркетинги зиддибуҳронӣ махсусан муҳим мегардад, модоме, ки суръатнокӣ ва саривақтии амалиёт ба дараҷаи калон аз дурустӣ ва боэътимодии иттилоот вобастагӣ дошта бошанд. Гуногунҷабҳагии фазои маркетингӣ (байналхалқӣ, макроиқтисодӣ, микроиқтисодӣ, ҳудудӣ), гуногунрангии субъектҳои иртибот, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои муосири алоқа, дар оянда болоравии нақши иртиботро тақозо менамоянд. Дар аснои интихоби воситаҳои иртибот дар идоракунии зиддибуҳронӣ равияи маҷмўии ба вазъияти мушаххаси иқтисодӣ мутобиққардашуда истифода карда мешавад. Аз рўи ақидаи бозоршиносон (маркетологҳо) яке аз воситаҳои аз ҳама таъсирнок ва васеъ паҳншуда – таблиғот (реклама) мебошад.
Таблиғот (реклама) – ин шакли иртиботе мебошад, ки ба бозор хизмат мерасонад, талабот ва пешниҳодоти маҳсулот, хадамот, ғояҳоро ба истеъмолгарон бо роҳи хабардор намудани онҳо оид ба хусусиятҳои истеъмолӣ ва сифатии мол ҳавасманд менамояд. Вазифаи аввалиндараҷаи таблиғот ҳамчун унсури муҳими сохтору низоми идораи маркетингӣ аз бунёд ва таъмини алоқаи иртиботии уҳдабарою боэътимоди миёни истеҳсолгар ва истеъмолгар иборат мебошад. Бинобар ин таблиғотро ҳамчун воситаи идораи рушди истеҳсолот, муносибатҳои бозоргонӣ ва ҷамъият дида баромадан мумкин мешавад. Дар фаъолияти таблиғотӣ воситаву усулҳои васеву гуногуншакл истифода мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи мазмун дараҷаи паҳншавии аз ҳама васеъро таблиғоти молӣ, имиҷӣ ва иҷтимоӣ ишғол менамояд.
Аз рўйи нишони паҳнкунандаи иттилоот таблиғотҳо ба намудхои зерин ҷудо карда мешаванд: дар матбуот, дар радио ва ТВ, варақаҳо ва банерҳои таблиғотӣ. Дар ИДМ аз ҷумла Федератсияи Руссия таблиғот аз рўйи хароҷот ба таври зайл тақсим мешаванд: таблиғот дар матбуот – 50%, дар радио ва ТВ – 25%, таблиғоти беруна ва дигар воситаҳои он – 25%. Таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти таблиғотӣ на ҳамеша дар сатҳи зарурии бадеӣ амалӣ мегардад.
Дар як қатор ҳолатҳо вай бо ноинсофии худ фарқ намуда, ба ҷои эътинои мусбат манфиро бедор менамояд; то ҳол қоидаҳои аниқи рафтори харидорон дар аснои вохўрӣ бо иттилооти бардурўғи зараровар (моддӣ ё маънавӣ) ба миён наомадаанд.
Ёрӣ ба фурўши мол аз худ маҷмўъи чорабиниҳо оид ба таъсиррасонӣ ба харидор, барои «теладиҳӣ»-и ў ба харидкунӣ ва ба истеҳсолгар бо мақсади ҳавасмандкунии фурўшро мемонад. Ба сифати воситаҳои ёрӣ ба фурўш инҳо истифода мешаванд: пасткунии нарх (мавсимӣ ё дар вақтҳои муайяни шабонарўз); қарзи дар шарту шароити имтиёзӣ пешниҳод карда шуда; мукофотҳо ва моли бепули ба моли харида илова кардашуда, мукофоти пулӣ ба харидори миллионум; намунаҳои мукофотӣ, озмоиш, санҷиш; озмунҳо, лотереяҳо.
Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ёрирасонӣ ба фурўш ҳоло ба дараҷаи зиёд ба истеъмолгарон ва манфиати онҳо алоқаманд карда мешаванд. Дар ин ҷо фурўши мустақиман аз ҷониби истеҳсолгар ё дастгоҳи савдоии он барои ҷалбнамоии талабгорони эҳтимолӣ ва воқеӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Ба ғайр аз ин, фурўшҳои мустақим имконияти зиёди хабардории худи истеҳсолгарон оид ба арзандагӣ ва норасоиҳои маҳсулот, оид ба афзалиятҳои харидорон ба хадамотҳои бо фурўш алқамандро фароҳам меоварад. Дар ин асно маълумотдиҳии мунтазам дар реҷаи гуфтугўии истеҳсолгар – истеъмолгари дар кишварҳои дорои иқтисоди бозоргонӣ истифодашаванда, инчунин рушди сохтору низоми бавуҷудоварии талабот ва ҷоннокнамоии фурўш ва ба харидор дар самти истеҳсоли молҳои барои истеҳсолгар мароқовар таъсиркунандаро бояд қайд намуд. Бавуҷудоварии талабот ба воситаи сохтору низоми ёрирасонӣ ба фурўш, бо истеҳсоли молҳои нав ва афзудани ҳиссаи бозор алоқаманд мебошад.
Чорабиниҳо оид ба ҷонноккунии фурўш ба фурўшанда-миёнаравон, агентҳо, паҳнкунандагон (диллерҳо), яъне ба сохтору низоми ба фурўш таъсиррасонанда равона карда шудаанд, ки ҳамчун водоркунӣ ба харидории оянда ва ба мухлисӣ нисбат маҳсулот ва ширкат дида баромада мешаванд.
Дар шароити идоракунии зиддибуҳронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъкунии иртибот дар ҷодаи ёрирасонӣ ва ҳавасмандкунии истеҳсолкунандагон, тезонидани фурўш ва бунёди хадамоти ба фурўш ҳамроҳ, масалан хизматрасонии хадамотии баъдифурўш зарурат дорад.
Алоқа бо омма (public relations – паблик рилейшнз) – ин намуди фаъолияте мебошад, ки ба пайдонамоии ақидаи мусбат оид ба ширкат, маҳсулоти он, оид ба менеҷерон ва фарҳанги корӣ равона карда шудааст. Барои ин то ба самъи омма манфиатҳои он расонида шуда, обрўю нуфузи мусбати вай пайдо карда мешавад.
Таркиботи фаъолияти агентиҳои хориҷӣ оид ба алоқа бо омма инҳоянд: муносибат бо ёрии васоити афкори омма – 35%; бавуҷудории обрўю нуфузи ширкат – 28%; сарпарастӣ ва пуштибонӣ – 37%. Рушди афзалиятноки алоқаву мубодила бо омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сиёсат, ба ташкилотҳои молиявӣ, ба ҷодаи хадамот, савдо, истеҳсолот мансуб мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар замони ҳозира оид ба бозори иртиботҳои маркетингӣ маълумотҳои аниқу возеҳ арзи вуҷуд надоранд. Бо вуҷуди ин маълум аст, ки ҳар як ташкилот барои эътинои саривақтӣ ба тағйиротҳои муҳити беруна, вазъи бозоргонӣ ва таъсиррасонии муайян ба бозор, хусусан дар шароити буҳронӣ бояд дараҷаи рушди ба худ хоси иртиботро дошта бошад.
Дар охир бояд қайд намуд, ки хусусиятҳои ҳамбастагонии воситаҳои таъсиррасонии маркетингӣ зарурияти истифодаи маҷмўии роҳу воситаҳои услубиро дар раванди пешгўикунӣ ва банақшагирӣ, назорат ва баҳодиҳӣ муайян менамояд. Маҷмўият бо гуногунҷабҳагии муносибатҳо ва ҳавасмандиҳо бошад бо воситаҳои маркетингӣ идорашавандагии одамон вобастагӣ дорад. Низомият бошад аз принсипи пайдарҳамӣ ва робитаи мутақобилаи амалҳои менеҷерон дар сикли маркетингӣ бармеояд.
Бинобар ин хусусиятҳои ҳамбастагонаи воситаҳои таъсиррасонии маркетингӣ, маҷмўияту гуногунҷабҳагии муносибатҳо ва ҳавасмандиҳо, низомият аз принсипи пайдарҳамӣ ва робитаи мутақобилаи амалҳои менеҷеронро ба инобат гирифта ба истифодаи комплексии он кўшиш ба харҷ додан лозим меояд. Мадди назар нанамудани ягонтои онҳо натиҷаи фаъолияти зиддибуҳрониро на танҳо барабас менамояд, балки зиён ҳам меоварад. Тазоддҳои зиндагӣ ва фаъолияти иқтисодӣ-истеҳсолиро рушд медиҳад. Инро бояд ҳатман дар назари эътибор гирифт.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё