Зеҳн

ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КЎДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АХ
Ахбор22 августи 2026 · 3 дақиқа хондан

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури ҳифзи ҳуқуқи кўдакон ва тарбияву камолоти дурусти онҳо тадбирҳои судманди давлатӣ ва чораҳои қонунӣ андешида шудаанд. Дар баробари дигар қонунҳо, барномаву консепсияҳои дар ин самт қабулшуда, инчунин, барои беҳтар намудани раванди таълиму тарбия, таҳкими робита дар миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимоя аз ҳама гуна зўровариҳои хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» қабул гардидаанд.

Созмони Милали Муттаҳид 20-уми ноябри соли 1989 санади муҳимми байналмилалӣ Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдакро қабул намуд, ки аз ҷониби 196 давлат эътироф шуд.

Мақсади таҷлили ин рўз ҷалб намудани диққати ҳамагон ба фаъолият оид ба таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кўдакон дар тамоми ҷаҳон мебошад. Конвенсия ҳуқуқи кўдаконро ба таҳсил, сатҳи муносиби зиндагӣ таъмин намуда, онҳоро аз ҳама гуна шаклҳои зўроварӣ ва табъиз ҳифз менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати инсондўстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кўдакро муҳим шумурда, дар соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдакро ба имзо расонд. Тоҷикистон дар он солҳо ҳодисаҳои мудҳишро аз сар мегузаронд. Вале, қатъи назар аз ин, ҳуқуқи кўдаконро дар мадди аввал гузошта, конвенсияро қабул намуд ва тўли 30 сол дар ин самт ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.

Ҳар 5 сол Ҳукумати Тоҷикистон оид ба уҳдадории худ вобаста ба конвенсия ба Комиссияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи кўдак ҳисобот пешниҳод месозад. Ин барнома ҳамаи ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистонро вобаста ба уҳдадориҳои давлатӣ ба кўдакон дар чаҳорчўбаи ҳадафҳои рушди устувор дар бар мегирад.

Мутахассисон, ҳамчунин, ҷузъиёти молиявии татбиқшавии барномаро ба шарикони рушд, намояндагони давлатӣ ва ғайридавлатӣ пешниҳод намуданд. Таҳлили мутахассисон нишон медиҳад, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои худ дар чаҳорчўбаи барнома хароҷоти 234 миллиард сомониро ба нақша гирифтааст. Ин хароҷот метавонад аз ҳисоби буҷети давлатӣ, дастгирии шарикони рушд ва маблағгузории инноватсионӣ бошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳифзи кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма мегирад. Аз ҷумла, дар моддаи 34 и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд... Давлат барои ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд”.

Ин дар ҳолест, ки бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кўдак дар Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шудааст. Ниҳоди мазкур ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кўдакон, мусоидат ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, амалӣ гардондани муқаррароти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кўдак мусоидат мекунад.

Ҳуқуқ ба таҳсил тавассути кафолат додани таҳсилоти умумии миёна ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъмин мешавад. Давлат ба ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории махсус зоҳир менамояд. Ҷиҳати бо ҳаёти пурарзиш, сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кўдакони ятиму бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хўрок, либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин мешаванд. Зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кўдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешаванд.

Қонунгузории амалкунанда кафолатҳои иловагиро вобаста ба меҳнати кўдакон (манъи истифодаи кўдакон дар корҳои вазнин, муоинаи ҳатмии тиббӣ, давомнокии вақти кўтоҳи корӣ, муайян намудани реҷаи махсуси меҳнат ва истироҳат) муқаррар намудааст. Қонун шаклҳои бадтарини меҳнати кўдаконро, ки ба саломатӣ, рушди ҷисмонӣ ва маънавӣ ва таҳсили кўдак таъсир мерасонанд, манъ мекунад. Табиист, ки ин гуна кафолатҳо дар таъмини бехатарӣ, солимии насли наврас ва инкишофи ҳамаҷонибаи кўдакон мусоидат намуда, барои ҳар чи бештар ба таҳсилу омўзиш фаро гирифтанашон мусоидат менамоянд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба