АВВАЛИН САРМЕЪМОРЗАНИ ПАНҶАКЕНТ
Солҳои 60-70-уми қарни ХХ. Дар он айём духтароне, ки аз навоҳӣ ба пойтахти кишвар барои идомаи таҳсил меомаданд, аксар пешаи омўзгорӣ ё табибиро интихоб менамуданд. Агроному иқтисодчӣ ё муҳандисон ангуштшумор буданд, меъморӣ бошад, ба қавли баъзеҳо, касби мардона ба ҳисоб мерафт.
Вале бар рағми чунин андешаҳои барғалат духтараки хушсурату хушсирати панҷакентӣ Зебунисо Бобомуллоева бо азму иродаи қавӣ ба факултаи меъмории Донишгоҳи политехникии пойтахт дохил шуд. Дар соли 1970 баъди хатми бомуффақияти ин муассисаи олии таълимӣ вай ба ҳайси сармеъмор ба Кумитаи иҷроияи шаҳри Панҷакент роҳхат гирифт ва бо тамоми кўшишу ғайрати ҷавонӣ ба кор оғоз намуд. Зебунисо бо маслиҳати падари омўзгораш, ки марде худогоҳу ватандўст буд, дар рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмони босифати биноҳои панҷакентшаҳр тавассути донишу фаъолияти пурсамараш саҳми назаррас мегузошт. Ҳамин тавр, Зебунисо Бобомуллоева дар Панҷакент ҳамчун аввалин зан-сармеъмор шинохта шуд ва сазовори боварию эҳтироми роҳбарияти шаҳр ва ҳамкасбонаш гашт. Ин зани заҳматқарин 17 соли ҳаёташро сарфи вазифаи пурмасъулияти меъморӣ намудааст. Лоиҳаҳои таҳиянамудаи ў бомуваффақият дар амал татбиқ гаштаанд. Аз ҷумла, пуле, ки ду соҳили дарёи Зарафшонро мепайвандад, якчанд биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва дарвозаи ғарбии Панҷакент бадошту мустаҳкам буда, аз самараи донишу маҳорат ва кордонии Зебунисо шаҳодат медиҳанд.
Зебунисо Бобомуллоева дар тўли фаъолияти касбиаш шогирдони зиёдро тарбия намудааст, ки аксарияташон дар сохтмонҳои ҷумҳурӣ саҳмгузоранд. Чунончи, яке аз шогирдонаш собиқ сармеъмори шаҳри Панҷакент Зафар Рофиев мебошад, ки ўро модари маънавии худ шуморида, дар арафаи Рўзи модар ва дигар ҷашнҳо ҳатман ба ҳолпурсиву табрики устоди азизаш мерафт.
Хизматҳои бисёрсолаи Зебунисо Бобомуллоева бо чандин ифтихорномаву сипосномаҳои раиси вилояти Суғд ва ҳукумати маҳаллии шаҳри Панҷакент қадрдонӣ карда шудааст.
Дар баробари иҷрои вазифаи касбӣ ва такмили донишу ихтисос ин зани қавиирода тамоми кўшишу ғайрати худро баҳри баланд бардоштани савияи донишандўзии фарзандон ба харҷ медод. Ҳамин аст, ки фарзандонаш дар соҳаҳои бонкдорӣ, муҳандисӣ ва тиб касб интихоб намуда, мудом дар хизмати халқу диёр мебошанд. Зебунисо Бобомуллоева ба фарзандону наберагонаш пайваста таъкид менамуд, ки шукронаи зиндагӣ ва соҳибистиқлолии Ватан ку-
нанд, шукрона аз он намоянд, ки мақоми зан дар Тоҷикистони азиз баланд аст, бонувон бо ғамхориҳои доимии Давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифта шудаанд.
Ва худ Зебунисо Бобомуллоева як умр ифтихор дошт аз зани тоҷик буданаш, ки ба шарофати дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ба мақому манзалати баланд соҳиб гаштааст.
Оре, рўзгори бонуи нексиришту равшанзамир Зебунисо Бобомуллоева барои насли имрўзу ояндаи кишвар ибратбахш буда, хотираи неки ў ҷовидон дар замири ёру дўстон ва шогирдонаш ҷой гирифтааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё