Зеҳн

Nokia 1100: мулоқоти дубора бо пурфурӯштарин телефони мобилии таърих (ёдоварӣ)

ЗЕ
Зеҳн7 октябри 2024 · 5 дақиқа хондан

Nokia 1100 номи телефони ҷонсахт ва хотиррасон аст, ки аз тарафи ширкати финландии Nokia истеҳсол мешуд ва тавонист пурфурӯштарин телефони мобилии таъриxро аз они худ кунад.

Ширкати финлондии Nokia замоне таъсис шуд, ки Финландия ҳанӯз як қисми қаламрави Русия ба шумор мерафт. Соли 1865, шахсе бо номи Фредрик Идестам, ки муҳандиси геолог буд, ширкатеро барои истеҳсоли коғаз таъсис кард. Паҳн шудани ин ширкат ва ҷойгиркунии шӯъбаи нав дар канори дарёи Nokianvirta, фикри номгузории ширкат бо илҳом аз номи дарёро ба зеҳни муассиси ширкат расонд, то номгузории Nokia аз он ба баъд оғоз шавад.

Калон шудани корҳои Nokia баъди он сабаб шуд, ки ширкат дар соҳаҳои кабел ва резина низ фаъолият кунад. Дар тӯли солҳои гузашта, Nokia маҳсулоте ба мисли коғаз, шина, пойафзол, кабелҳои иртиботӣ, мошинҳои истеҳсоли барқ, робот, конденсатор, пластик, алюминий ва моддаҳои химиявӣ истеҳсол кардааст.

Ҳамчунин, ширкат барои артиши Финландия дастгоҳҳои иртиботӣ мисли Sanomalaite m/90 ва m/61 истеҳсол кард. Дар 1980, Nokia диққати худро ба технологияи мухобиротӣ равона кард ва дастовардҳои минбаъдаи онҳо, ба гуфти роҳбарони ширкат, таърих сохтанд.

Воридшавии онҳо ба соҳаҳои мухобиротӣ сабаб шуд, ки ширкат ба тарафи технологияи пешрафта ном бардорад ва истеҳсолоти худро танҳо ба ин соҳа маҳдуд созад. Ин қарор сабаб шуд, ки Nokia яке аз аввалин истеҳсолкунандагони телефонҳои мобилӣ дар ҷаҳон шинохта шавад.

Nokia 1100 номи телефони мобилист, ки аз ҷониби Nokia сохта шудааст. Машҳурият ва муваффақияти ин дастгоҳ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба ҳадде расид, ки аз замони муаррифии он соли 2003 то 2009, ки расман истеҳсолаш қатъ шуд, зиёда аз 250 миллион донаи ин телефон фурӯхта шуд. Ин сабаб шуд, ки ба Nokia 1100 унвони серфурӯштарин телефони мобилӣ ва маҳсулоти электронии истеъмолии ҷаҳон дода шавад.

Ин муваффақият ва маъруфият дар ҳоле ба даст омад, ки дар он замон дастгоҳҳои муосиртар ва пешрафтатар низ дар бозор мавҷуд буданд. Аммо, бо назардошти он ки Nokia 1100 асосан ба кишварҳои рӯ ба инкишоф равона шуда буд, харидорон бартарии рақобатии бештарро дар ин дастгоҳ нисбат ба дигар намунаҳо медиданд.

Nokia 1100 арзонтарин телефони мобилии ширкати финландии Nokia буд, барои шахсоне, ки эҳтиёҷоташон аз як дастгоҳи мобилӣ танҳо дар имконияти занг задан, ирсоли паёмак ва танзими ҳушдор хулоса мешуд, Nokia 1100 бо беҳтарин тарз тамоми ин ниёзҳоро қонеъ мекард. Илова бар ин, нархи пасте, ки финҳо барои ин дастгоҳ таъйин карда буданд, амалан рақобати дигар ширкатҳоро душвор мегардонд.

Ҷолиб аст, ки телефоне, ки фурӯши телефонҳои Nokia-ро ба рақами як миллиард расонд, маҳз ҳамин Nokia 1100 буд. Дар асл, телефони якмиллиардуми Nokia аз ҷониби як шахси Нигерия дар соли 2005 харидорӣ кард.

Nokia дар соли 2003 модели Nokia 1100-ро бо нархи байни 100 то 114 доллар ба бозор ворид кард. Вале, бо вуҷуди рақибони қавӣ ба монанди Nokia 6600, ки дорои экрани рангӣ буд, ва Ericsson P900, ки як комбинатсияи компютери PDA ва телефони мобилӣ буд, ин дастгоҳ дар аввал муваффақиятеро ба даст наовард.

Nokia 1100 ҳаргиз дастгоҳе бо хусусиятҳои хос набуд, аммо ҳамон хусусиятҳои содда ба таври хеле мувофиқ ба ниёзҳои он замон ҷавобгӯй буданд. Чизҳое, ки ҳанӯз дар зеҳни истифодабарандагон бо ёдоварии ин дастгоҳ нақш мебанданд, ин гуногунии 36 ранг, қобилияти сохтани рингтон бо имконияти сабти 7 суруд ва бозии машҳури Snake 2 буданд. Ҳамаи ин омилҳо якҷоя сабаб шуданд, ки Nokia 1100 тадриҷан дар дилҳои корбарон ҷой гирад ва бо фурӯши бесобиқаи худ, ба финҳо дар бозори телефонҳо ҳукмронӣ орад.

Аммо қувваи аслии ин телефон на дар хусусиятҳои техникӣ, балки дар устувории баланди ҷисмониаш буд. Nokia 1100 монанди як санги сахт, ҳатто дар шароити сахттарин, ба зарбаҳо тобовар буд. Ин ҳолат, новобаста аз он ки телефон аз баландӣ меафтод ё бо ғазаб ба девор кӯфта мешуд, дар иҷрои дастгоҳ ҳеҷ таъсири манфӣ намегузошт.

Бо вуҷуди тамоми ин хусусиятҳо ва муваффақиятҳо, Nokia 1100 низ беайб набуд. Дар соли 2009, бинобар як камбудии барномавӣ дастгоҳ, ки дар шӯъбаи Бохуми Nokia истеҳсол шуда буданд, ҳакерҳо тавонистанд дар барномаҳои Nokia 1100 паёмҳои SMS-ро ба телефони дигар равона кунанд. Азбаски баъзе паёмакҳо дорои маълумоти муҳими бонкӣ буданд, шахсони суиистифодабаранда метавонистанд аз ин роҳ барои ҳадафҳои ҷиноӣ истифода кунанд.

Баъзе аз хусусиятҳои муҳими Nokia 1100 чунинанд:

- Ҳангоми доштани тугмаи "C" дар клавиатураи телефон, корбарон метавонистанд зуд ба чароғаки дастгоҳ дастрасӣ пайдо кунанд. Инчунин, бо ду бор зер кардани ин тугма телефон ба ҳолати қулф мегузашт.

- Nokia 1100 ва Nokia 1101 танҳо рингтонҳои яксохтро дастгирӣ мекарданд

- Иқтидори нигоҳдории 50 паёмак ва алоқа, таймер, ҳисобкунак, бозиҳои Snake 2 ва +Space Impact, инчунин имконияти сохтани рингтони шахсӣ аз дигар хусусиятҳои ҷолиби ин дастгоҳ ба шумор мерафтанд.

- Nokia 1100 аввалин дастгоҳи ширкати Nokia буд, ки комилан бо нармафзори Series 30 кор мекард.

Ба муҳимтарин ҷанбаи телефонҳои оддӣ, аз ҷумла Nokia 1100, мерасем: батарея! Дар байни мардуми соҳаи технология, мӯҳлати дарозии заряднокии Nokia 1100 машҳур буд. Батареяи истифодашуда дар версияи асосии 1100 назар ба тавоноии кори дастгоҳ хеле бештар зарядро нигоҳ медошт. Ин ба корбарон имкон медод, ки бо як маротиба пуркунии батарея беш аз 400 соат аз телефон истифода баранд; рақаме, ки имрӯз барои насли нав ғайриқобили бовар аст.

Ҳоло аз он замон гузаштаем ва ба даврони телефонҳои ҳушманд ворид шудаем, ки бисёр корҳои рӯзмарраи моро назар ба ҳар вақти дигар осонтар кардаанд. Nokia 1100 яке аз охирин бозмондагони як даврон буд, ки дар он ирсоли паёмакҳои ҳазломез як кори маъмулӣ ба шумор мерафт; паёмакҳое, ки баръакси постҳои ҳазломези шабакаҳои иҷтимоии имрӯза, табассуме аз таҳти дил ба лабони мо меоварданд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба