Зеҳн

ХУСУСИЯТҲОИ ОБЁРИИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФЕ
Фермер19 августи 2026 · 12 дақиқа хондан

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои масоҳати маҳдуд буда, ҳамчун давлати аграрӣ-саноатӣ ҳисобида мешавад, барои бо маҳсулоти худии кишоварзӣ таъмин намудани сокинони мамлакат, рушд бахшидан ба соҳаи кишоварзӣ, бо мақсади истеҳсоли ҳарчӣ бештар маҳсулоти барои ҳаёт муҳим яке аз омилҳои асосии соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад. Чунки, дар ҳолати ҳозира бештар аз 70% аҳолии кишвар дар деҳот умр ба сар бурда, асосан ба кишоварзӣ машғуланд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии онҳо маҳз ба рушди ҳамин соҳа вобаста аст.

Маълум аст, ки соҳаи кишоварзӣ самтҳои гуногун дошта, яке аз муҳимтарини онҳо, ки бо роҳи тараққӣ додани он, дар қиёс бо дигар самтҳо, барои шароити ҷумҳурии мо, роҳ ёфтан ба бозори минтақа ва ҷаҳон, нисбатан қулайтар ва мувофиқтар аст, ин самти боғдорӣ ва токпарварӣ мебошад. Чунки шароити табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан шароитҳои иқлим, хок, релеф ва ғ. барои тараққӣ додани ҳамин самт бисёр мусоид аст.

Рушд бахшидан ба соҳаи кишоварзӣ, аз он ҷумла ба боғдорӣ ва токпарварӣ, аз як тараф барои дар амал татбиқ намудани Барномаи давлатии таъмин намудани амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои страгегии мамлакат ҳисобида мешавад, саҳми зиёд гузорад, аз тарафи дигар содир намудани меваҷоти болаззату аз ҷиҳати экологӣ бехавф ва манфиатноки дар шароити мусоиди иқлим ва обу хок парваридаи боғу токпарварон барои ғанӣ гардонидани иқтисодиёти мамлакат таъсири зиёди мусбат мерасонад.

Дар першафти боғдорӣ ва токпарварӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27.08.2009, № 683 дар бораи бунёди 46901 га боғу токзори нав такони ҷиддӣ бахшид. Мувофиқи Фармони мазкур дар давоми солҳои 2010-2014 зиёда аз 54 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд. Ба ғайр аз ин бо мақсади боз ҳам тараққӣ додани самти боғу токпарварӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии “Рушди боғдорӣ ва токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” -ро қабул намуд, ки мувофиқи он бунёди 20153 га боғ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 502 га боғи интенсивӣ мебошад.

Барои дар амал татбиқ намудани Барномаи мазкур хоҷагидорон ҳамасола масоҳати боғот ва токзорро, махсусан боғу токзори ба содирот нигаронидашударо зиёд намуда истодаанд. Зиёд намудани майдонҳои боғот ва токзор ба пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ, кам шудани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд шудани сатҳу сифати зисту зиндагонии сокинони кишвар, алалхусус мардуми деҳот ва коҳиш додани сатҳи камбизоатии онҳо ва бо ҳамин дар амал татбиқ намудани Барномаи коҳиш додани сатҳи камбизоатии мардуми ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати соли 2018 дар ҷумҳурӣ масоҳати боғот ба 197046 га баробар буда, аз он токзор 38106 гектарро ташкил медод.

Муайян карда шудааст, ки аз боғҳои интенсивӣ, бинобар зич ҷойгир карда шудани ниҳолҳои қадпасту серҳосил, ки дар як гектар миқдоран аз 2,0 то 3,5 ҳазор ададро ташкил медиҳад, нисбат ба боғҳои маъмулӣ парвариши экстенсивӣ то 8-10 маротиба зиёдтар ҳосили меваҷот рӯёнида мешавад. Ба ғайр ин чунин шароити парвариш имконият медиҳад, ки дараҷаи механиконии технологияи коркарди ин навъ боғҳо баланд бардошта шуда, маҳсулнокии кории ҳам мошину механизмҳои кишоварзӣ ва ҳам боғу токпарварон баланд гардад. Дар шароити иқлимаш гарму хушки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ обёрӣ шарти асосии зироаткорӣ ҳисобида мешавад.

Аз ин лиҳоз, дар кишвари мо зиёда аз 90% маҳсулоти растанипарварӣ маҳз аз заминҳои обёришаванда ба даст оварда мешавад. Ба ғайр аз ин обёрӣ яке аз технологияи асосӣ ва муҳим дар парвариши тамоми зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла боғоту токзор ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки барои обёрии зироатҳои кишоварзӣ тарзҳо ва технологияҳои гуногун истифода бурда мешавад. Дар асоси таҳқиҳотҳои дар манотиқи гуногуни дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда, муайян карда шудааст, ки тарзи обёрии аз ҳама самараноктар, обсарфакунанда, заминҳифзкунанда ва аз нуқтаи назари экологӣ манфиатноктар ва ҳозиразамон ин тарзҳои гуногуни микрообёрӣ мебошад.

Аз тарзҳои обсарфакунандаи обёрӣ аҷдодони мо ҳанӯз аз давраҳои қадим истифода мебурданд. Масалан, онҳо дар минтақаҳои камоб бо роҳи дар атрофи ниҳол (дарахт ё бутта) ба қабати решаронии растанӣ дар хок гӯр кардани кӯзаҳои гилини аз об пур кардашуда (ва ҳар гоҳ дар мавриди зарурӣ об кардашаванда), ки об аз он ба воситаи капиллярҳои девори кӯза ба хок дохил мешавад, боғҳо бунёд мекарданд... обёрӣ – мафҳумест, ки муайянкунандаи технология ва воситаҳои нави техникаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ мебошад, ки онҳо зери фишори нисбатан паст ва бо шиддатнокии кам диҳиши доимӣ ё фосилавии обро ё маҳлули ғизоии ғилзатнокиаш (консентратсияаш) пастро ба минтақаи решаронии растанӣ, ба сатҳи замин ё дохили он таъмин менамояд.

Нишонаҳои муайян кардашудаи микрообёрӣ ба воситаи системаҳои обёрии зерин дар амал татбиқ карда мешавад: чакрагӣ, барангезандагӣ (импулсӣ)- чакрагӣ, дохилихокӣ, обпошии фосилавии маъмул, обпошии синхронӣ-импулсӣ ва обпошии резаборонӣ (аэрозолӣ). Дар шароити имрӯза, аз технологияҳо ва воситаҳои нави техникаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ, ки дар дунё аз ҳама бештар васеъ паҳн гардидааст, обёрии чакрагӣ мебошад.

Мувофиқи маълумоти мавҷуд буда дар ҷаҳон дар бист соли охир масоҳати обёрии чакрагӣ 6,5 маротиба зиёд гардида, дар ҳолати ҳозира қариб ба 10,3 млн. га баробар шудааст ва дар назар аст, ки бо чунин суръати рушдёбӣ то соли 2020 масоҳати заминҳои бо тарзи обёрии чакрагӣ обёришаванда қариб ба 28 млн. га мерасад. Принсипи асосии чунин тарзи намкунии сунъӣ аз он иборат аст, ки қабати решаронии растанӣ доим ба миқдори зарурии об ва дар мавриди зарурӣ бо ғизо ба воситаи таҷҳизоти махсус – чакрарезҳо таъмин карда мешавад.

Дар баробари дар қабати решаронии растанӣ таъмин намудани реҷаи беҳтарини обӣ системаҳои обёрии чакрагӣ дорои чунин имконияти техникие мебошад, ки дар рафти ҷараёни обмонӣ ҷараёнҳои аэробӣ, ки дар рафти он ҷараёнҳои биохимиявии бо микроорганизҳо баамаловаранда бо иштироки ҳаво мегузаранд, қатъ намегардад ва аз сабаби он, ки ниҳолҳои боғоту токзор мавқеӣ нам карда мешаванд ва байни қатори онҳо хушк мемонад, сабзиши растаниҳои бегона пешгирӣ карда мешавад ва талафи об аз сатҳи кушоди байни растаниҳо ба амал намеояд, ба ғайр аз ин дар сатҳи хок сафолакҳо пайдо намешаванд ва сохти агрегатии хок вайрон намегардад. Об ва ғизо бе талафёбӣ ба растаниҳо, дар майдони обёрӣ, баробар тақсим карда мешавад ва бинобар ин инкишофи растанӣ ва ҳосилнокии онҳо низ баробар буда, шусташавии ирригатсионии хок пурра пешгирӣ карда мешавад.

Азбаски дар рафти обмонии чакрагӣ об ба хок ба воситаи капиллярҳо ҳаракат мекунад, об ҳаворо тела дода, аз хок берун намекунад. Ковокиҳои аэратсионии хок асосан дорои миқдори зарурии ҳаво мебошанд ва чунин шароит имконият медиҳад, ки нафаскашии решаи растаниҳо хуб таъмин карда шавад. Ҳангоми чунин тарзи обёрӣ ҳарорати хок, нисбат ба тарзи обмонӣ бо ҷӯякҳо баландтар аст ва ин ҳолат ба он мусоидат мекунад, ки ҳосили зироат пештар пухта расад.

Азбаски дар қабати хоки решаронии растанӣ, ҳангоми обмонии чакрагӣ, тамоми шароитҳои беҳтарини нашъунамо (намӣ, ҳаво, ғизо ва ҳарорат) таъмин карда мешавад, ҳосили зироатҳо, аз ҷумла боғоту токзор то 2,0-3,0 маротиба ва дар боғҳои интенсивӣ то 8-10 маротиба меафзояд. Ба ғайр аз афзалиятҳои боло номбар кардашуда, инчунин гуфтан зарур аст, ки тарзи обёрии чакрагӣ имконият медиҳад, ки раванди обмонӣ пурра худкоронида шавад. Дар ҳолати ҳозира, дар давлатҳои тараққикардаи дунё чунин системаҳо бисёр истеҳсол карда ва истифода бурда мешаванд. Вале, гуфтан зарур аст, ки таҷҳизоти онҳо нисбатан нозук ва гаронарзиш буда, барои истифодабарӣ тайёрии хуби касбии мутахассисро талаб мекунад.

Арзиши як адад чунин системаҳои обёрии чакрагӣ, ки барои обёрии қитъаи модулии 5-10 га пешбинӣ карда мешавад, то 15 ҳазор доллари ИМА ва аз ин ҳам бештар меистад. Инчунин ҳастанд системаҳое, ки ба тайёрии касбии истифодабарандагони ин тарзи обёрӣ мувофиқ карда шудааст, масалан, идоракунии таҷҳизоти ин гуна система қисман ё пурра аз тарафи истифодабаранда дастӣ анҷом дода мешавад. Чунин системаи обёрии чакрагии истеҳсоли давлати Испания барои обёрии 10га боғи ҷавони себи интенсивии корхонаи Ситабр-Агро, ки дар ноҳияи Ҳисор воқеъ гардидааст, панҷ сол пештар сохта шуда, ҳозир хоҷагидорон онро бомуваффақият истифода бурда истодаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқот муайян карда шудааст, ки яке аз афзалиятҳои асосии ин система, ки баробар тақсимкунии масрафи чакрарезҳо дар майдони обёрӣ буда, инкишоф ва ҳосилнокии баробари растаниҳо аз он вобаста аст, қаноатбахш мебошад. Бузургии масрафи чакрарезҳо дар тамоми майдони обёрӣ ба 2,36 л/соат бо тағйирот аз +2,9% то -3,2% ва фарқияти максималии сарф аз қимати миёна аз +20,8% то -10,6% баробар аст. Системаи обёрии чакрагии боғи себи интенсивии корхонаи Ситабр-Агро дар ноҳияи Ҳисор (а) ҳавзи обтаҳшинкунанда (б) ва баъзе таҷҳизоти идоракунии системаи обёрӣ ва омехтакунии маҳлули ғизоӣ (в, г ва д).

Барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдонҳои васеъ истифодабарии обёрии чакрагии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла боғоту токзор, бо истифода аз чунин технология ва техникаи инноватсионӣ, ки тамоми ҷузъиёти ин гуна системаҳо дар саноат истеҳсол карда мешаванд, айни ҳол баъзе сабабҳо монеъ мешаванд, ба монанди арзиши гарон доштани системаҳои обёрии чакрагӣ, талабот ба оби соф кардашуда ва фишори кории баланд дар шабака (дар ҳудуди аз 2 то 10 Атм), набудани мутахассисони истифодабарандаи системаи обёрӣ ва ғайра.

Дар ҳақиқат, дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар сабабҳои дар боло номбаршуда, на ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ имконият доранд, ки аз тарзҳо ва технологияҳои ҳозиразамони обёрии зироатҳои кишоварзӣ истифода баранд. Бинобар ин, бо мақсади нисбатан содатар ва арзонтар намудани иншооти системаи микрообёрӣ, аз ҷумла обёрии чакрагӣ, аз тарафи олимони кафедраи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замини Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур системаи универсалии пасттазйиқи микрообёрӣ (СУПМ) ва технологияи нави чакрагӣ-ҷӯякӣ пешниҳод карда шудааст.

Системаи мазкур аз ҷузъиёти сода иборат буда, истифодабариаш осон ва қулай аст. Калонии сӯрохии оббарои чакрарезҳо- микрооббароҳо вобаста ба технологияи қабул кардашудаи обёрӣ (чакрагӣ ё чакрагӣ- ҷӯякӣ) то 3,5-4,0 мм зиёд карда шудааст. Бинобар ин ҳангоми обёрӣ бо технологияҳои чакрагӣ ва чакрагӣ- ҷӯякӣ истифодабарии оби дараҷаи лойолудиаш мувофиқан то 0,5 г/л (калонии заррачаҳои сахт то 0,1-0,2 мм) ва то 2,0 г/л, (калонии заррачаҳои сахт то 0,5 мм) имконпазир аст.

Тазйиқ дар система на бештар аз 2-3 м ва дар аввали лӯлаи обмонӣ на бештар аз 0,5 м баробар аст. Масрафи чакрарез-микрооббаро вобаста ба технологияи обмонӣ аз 4-6 л/с (ҳангоми обёрии чакрагӣ) то 28-30л/с (ҳангоми обёрии чакрагӣ-ҷӯякӣ) тағйир меёбад. Системаи мазкурро барои обёрии зироатҳои гуногуни техникӣ, сабзавоту полезӣ ва обёрии боғоту токзор ва зиротаҳои ситрусӣ ҳам дар ҳавои кушод ва ҳам дар гармхонаҳо истифода бурдан мумкин аст.

Солҳои 2006 – 2010 бо хоҳиш ва ташаббуси хоҷагиҳои деҳқонӣ СУПМ ё баъзе аз ҷуъиёти он дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ш.Шоҳин барои обёрии 2,0 га боғи навбунёди себ ва обёрии картошкаи дар байни қаторҳои боғ кишт карда шуда, дар ноҳияҳои Восеъ ва Мўъминобод дар майдонҳои мувофиқан 1,5 га ва 1,0 га боғҳои себ, дар гармхонаҳои ноҳияҳои Ҷайҳун ва Н.Хисрав барои обёрии помидору бодиринг ва ғ. сохта ва истифода шуда истодааст.

Таҷрибаҳои дар шароити истеҳсолот гузаронидашуда исбот намуданд, ки ҳангоми тарзи микрообёрии чакрагӣ-ҷӯякӣ, бо истифода аз СУПМ, минтақаи намшавии қабати хоки решаронии растанӣ барои боғоту токзор то 38-40 % ва барои зироатҳои дар ҷӯякҳо киштшаванда то 50 % ва аз он ҳам зиёдтар масоҳати замини ба онҳо ҷудо кардашударо ташкил медиҳад.

Дар асоси таҳиқиқотҳо муайян карда шудааст, ки ҳангоми микрообёрии зироатҳои кишоварзӣ чунин миқдор намкунии қабати хок барои хуб инкишофёбии растанӣ ва баланд шудании ҳосилнокии зироатҳо дар шароити гарму хушки Ҷумҳурии Тоҷикистон, кифоя аст. Истифодабарии чунин тарзи микрообёрӣ ва СУПМ имконият медиҳад, ки маҳсулнокии кори оператор-обронҳо то 3-4 маротиба, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ: себзор, навъи Стар-Кримсон ва Голдспур то 1,5-2 маротиба ва пахтаи миёнанах – то 1,55-1,62 маротиба, дар қиёс бо обёрии сатҳизаминӣ ба воситаи ҷӯякҳои муқарарӣ, зиёд гардад.

Ҳамин тариқ, дар шароити торафт сол ба сол шиддатёбии норасоии захираҳои обӣ дар кураи Замин, аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Маказӣ, гузаштан ба тарзҳо ва технологияҳои обсарфакунанда, заминҳифзкунанда ва аз ҷиҳати экологӣ устувори микрообёрии (бештар обёрии чакрагӣ) зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла боғоту токзор, ки беҳуда исрофшавии обро пешгирӣ мекунад ва дар минтақаи решаронии растанӣ, барои таъмин намудани фаровонҳосилии он, шароити беҳтарини намӣ, ҳаво, ғизо ва ҳароратро пайдо мекунонад ва ғ., шарт ва зарур ҳисобида мешавад.

Барои ин аз тарафи олимон вобаста ба шароитҳои табиии маҳал (иқлим, геологӣ ва гидрогеологӣ, хокӣ-мелиоративӣ, топографӣ ва ғ.) ва имкониятҳои иқтисодии хоҷагӣ, технология ва системаҳои гуногуни микрообёрӣ кор карда баромада шудааст.

Хулоса

Маълумоти дар боло овардашударо ҷамъбаст намуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст: - ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ ва алалхусус самти боғу токпарварӣ, барои пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, кам шудани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагонии мардуми кишвар, зиёд намудани истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва бо ҳамин дар амал татбиқ намудани Барномаҳои давлатии амнияти озуқаворӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатии сокинони ҷумҳурӣ саҳми бисёр зиёд мегузорад; - дар шароити гарму хушки Ҷумҳурии Тоҷикистон обёрӣ шарти асосии кишоварзӣ буда, яке аз ҷараёнҳои асосӣ дар технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла боғоту токзор ба ҳисоб меравад. Микрообёрии зироатҳои кишоварзӣ, ки ҳамчун технологияи инноватсионӣ эътироф гардидааст, имконият медиҳад, ки миқдори зиёди об (то 50 % ва аз ин ҳам зиёдтар) сарфа карда шуда, ба растаниҳо дар майдони обёрӣ, бе талафёбӣ баробар тақсим карда шавад; ғизои дар об ҳалшаванда ба намуди маҳлули консентратсияаш муайян бе талафёбӣ бевосита ба минтақаи решаронии растанӣ дода шавад; шусташавии ирригатсионии хок пурра пешгирӣ карда шуда, дар қабати решаронии растанӣ шароити беҳтарини намӣ, ҳаво, ғизо ва ҳарорат таъмин карда шавад, ки дар натиҷа ҳосилнокии зироат то 2-3 маротиба ва аз ин ҳам зиёдтар афзун гардад.

Ба ғайр аз ин чунин тарзи инноватсионии обёрӣ худкоронии раванди обмониро таъмин намуда, технологияи коркарди агротехникии зироат ва боғоту токзорро сода менамояд ва зариби (коэффитсиенти) амали муфиди шабакаи обёрӣ ва маҳсулнокии кори оператор-обмонҳоро баланд мебардорад; - дар ҳолати мавҷуд будани имкониятҳои иқтисодии хоҷагӣ барои истифодабарии тарзҳои микрообёрӣ, аз ҷумла обёрии чакрагии зироатҳои кишоварзӣ ба воситаи системаҳои обёрии чакрагии истеҳсоли саноатӣ дошта, тавсия дода мешавад, ки бо мақсади самаранок истифодабарии об, ҳифз намудани замин аз шусташавии ирригатсионӣ, баробар тақсим намудани об ва баробар намшавии минтақаи решаронии растаниҳо дар майдони обёрӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ва ғ. ҳарчӣ бештар ва зудтар аз он истифода бурда шавад.

Хоҷагиҳое, ки чунин шароитро надоранд, ба онҳо тавсия дода мешавад, ки аз системаи сода кардашудаи универсалии пасттазйиқи микрообёрӣ (СУПМ), ки аз ҷузъиёти сода иборат буда, барои шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр мувофиқ аст ва самаранокии зиёд дошта, нархаш низ дастрас мебошад, истифода намоянд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба