Зеҳн

ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

ЗЕ
Зеҳн15 августи 2026 · 5 дақиқа хондан

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати технологияҳои иттилоотӣ иқтисодиёти ҷаҳон ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст, ки онро иқтисоди рақамӣ меноманд. Иқтисоди рақамӣ маҷмуи муносибатҳои иқтисодӣ мебошад, ки тавассути технологиҳои рақамӣ, интернет, барномаҳои компютерӣ ва шабакаҳои электронӣ амалӣ карда мешаванд. Имруз бисёр давлатҳо барои рақамикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисод чораҳои муассир меандешанд, зеро иқтисоди рақамӣ ба баланд гардидани самаранокии истеҳсолот, беҳтар шудани хизматрасонӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи рушди иқтисоди рақамӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат истифодаи технологияҳои муосир дар низоми бонкӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳо васеъ гардида истодааст. Аз ин ру, омузиши иқтисоди рақамӣ ва нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ аҳамияти калон дорад.

Иқтисоди рақамӣ шакли нави иқтисодиёт мебошад, ки дар он технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мавқеи асосӣ доранд. Дар чунин иқтисод маълумот ва иттилоот ҳамчун сарчашмаи асосии рушди иқтисодӣ истифода мешаванд. Интернет, шабакаҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ, технологияҳои абрӣ ва тиҷорати электронӣ аз унсурҳои асосии иқтисоди рақамӣ ба ҳисоб мераванд.

Иқтисоди рақамӣ низоми иқтисодие мебошад, ки дар он технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои истеҳсол, мубодила ва пешниҳоди хизматрасониҳо истифода мешаванд.

Интернет, барномаҳои мобилӣ, савдои электронӣ, пардохтҳои онлайн ва зеҳни сунъӣ бахшҳои муҳими иқтисоди рақамӣ мебошанд.

Нақши иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисоди миллӣ чунин аст:\

  1. Баланд бардоштани самаранокии иқтисод.
    Технологияҳои рақамӣ суръати корро зиёд намуда, хароҷотро кам мекунанд. Корхонаҳо метавонанд бо истифода аз системаҳои электронӣ истеҳсолотро беҳтар идора намоянд.

  2. Рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат.

Иқтисоди рақамӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна имкониятҳои нав фароҳам меорад. Соҳибкорон метавонанд тавассути интернет маҳсулоти худро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод кунанд.

  1. Эҷоди ҷойҳои нави корӣ

Бо рушди технология касбҳои нав ба вуҷуд меоянд, аз ҷумла:

-барномасоз;
-мутахассиси технологияҳои иттилоотӣ;
-дизайнери рақамӣ;
-мутахассиси амнияти киберӣ;

Ин ба паст шудани сатҳи бекорӣ мусоидат мекунад. 4.Беҳтар шудани хизматрасониҳои давлатӣ.

Хизматрасониҳои электронӣ шаффофиятро зиёд намуда, вақти шаҳрвандонро сарфа мекунанд. Масалан, пардохти андоз, гирифтани ҳуҷҷатҳо ва дигар хизматрасониҳо метавонанд онлайн анҷом дода шаванд.

5.Ҷалби сармоягузорӣ

Кишварҳое, ки инфрасохтори рақамии рушдёфта доранд, барои сармоягузорон ҷолибтар мешаванд. Ин ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.

Асоси иқтисоди рақамиро технологияҳои зерин ташкил медиҳанд: - интернет ва шабакаҳои алоқа;\

  • технологияи абрӣ;\
  • Зеҳни сунъӣ;\
  • тиҷорати электронӣ;\
  • пардохтҳои электронӣ;\
  • Маълумоти калон;\
  • Блокчейн;\
  • Автоматизатсия ва робототехника.

Имруз аксарияти давлатҳои пешрафта ба рақамикунонии иктисодиёти худ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, зеро технологияҳои рақамӣ ба баланд шудани ҳосилнокии меҳнат ва кам шудани хароҷот мусоидат мекунанд.

Иқтисоди рақамӣ дорои якчанд хусусиятҳои муҳим мебошад:
1.Суръати баланди мубодилаи иттилоот
Тавассути интернет маълумот дар муддати хеле кутоҳ интиқол дода мешавад. Ин ҳолат имконият медиҳад, ки қарорҳои иқтисодӣ зуд қабул карда шаванд.

2. Кам шудани хароҷот

Технологияҳои рақамӣ хароҷоти истеҳсолот ва хизматрасониро коҳиш медиҳанд. Масалан, истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ хароҷоти қоғаз ва вақтро кам мекунад.

3. Шаффофият

Рақамикунонӣ ба коҳиш ёфтани фасод ва баланд шудани шаффофияти фаъолияти иқтисодӣ мусоидат мекунад.

4. Дастрасии васеъ ба бозор

Тиҷорати электронӣ имконият медиҳад, ки ширкатҳо маҳсулоти худро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар бозори байналмилалй низ пешниҳод намоянд.

5. Инноватсия

Иктисоди рақамӣ барои рушди технологияҳои нав ва ташкили стартапҳо шароити мусоид фароҳам меорад.

Нақши иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисоди миллӣ
1.Баланд бардоштани самаранокии иқтисод
Технологияҳои рақамӣ равандҳои истеҳсолӣ ва идоракуниро содда мегардонанд. Истифодаи барномаҳои электронӣ ва автоматизатсия вақти кориро сарфа намуда, маҳсулнокии меҳнатро зиёд мекунад.

2.Рушди соҳибкорй ва тиҷорати электронӣ

Иқтисоди рақамӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна шароити мусоид фароҳам меорад. Имруз бисёр соҳибкорон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо фаъолияти худро пеш мебаранд.

Тиҷорати электронӣ имконият медиҳад, ки:

-маҳсулот онлайн фурухта шавад;
-мизоҷон зиёд гарданд;
-хароҷоти иҷораи мағоза кам шавад;
-хизматрасонй тезтар амалй гардад.

Ин омилҳо ба рушди иқтисоди миллӣ таъсири мусбат мерасонанд.

3.Таъсиси ҷойҳои нави корӣ
Рушди технологияҳои рақамӣ ба пайдо шудани касбҳои нав оварда мерасонад, аз ҷумла:
-барномасоз;
-таҳлилгари маълумот;
-мутахассиси амнияти киберӣ;
-дизайнери веб;
-маркетологи рақамӣ.

Ин раванд ба паст шудани сатҳи бекорӣ ва баланд шудани даромади аҳолй мусоидат мекунад.

4.Ҷалби сармоягузорӣ

Кишварҳое, ки инфрасохтори рақамии рушдёфта доранд, барои сармоягузорон, ҷолиб мебошанд. Зеро муҳити рақамӣ фаъолияти соҳибкориро осон ва шаффоф мегардонанд.

Сармоягузории хориҷӣ метавонад:

-истеҳсолотро зиёд кунад;
-технологияҳои нав ворид намояд;
-рақобатпазирии иқтисодиётро баланд бардорад.

5.Рушди низоми бонкӣ ва молиявӣ

Имруз хизматрасониҳои бонкӣ бе технологияҳои рақамӣ ғайриимкон мебошанд.

Пардохтҳои электронӣ, бонкдории мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ фаъолияти иқтисодиро осон менамоянд.

Афзалиятҳои хизматрасониҳои молиявии рақамӣ:

-сарфаи вақт;
-дастрасии осон;
-амнияти баланд;
-кам шудани истифодаи пули нақд.

Дар Тоҷикистон истифодаи кортҳои бонкӣ ва пардохтҳои электронӣ сол то сол зиёд шуда истодааст.

6.Беҳтар гардидани идоракунии давлатӣ
-вақти шаҳрвандонро сарфа мекунад;
-фасодро коҳиш медиҳад;
-сифати хизматрасониҳои давлатиро беҳтар менамояд.

Ҷавонон неруи асосии рушди иқтисоди рақамӣ ба ҳисоб мераванд. Азбаски онҳо бо технология бештар ошно ҳастанд, метавонанд барномаҳо, сомонаҳо ва лоиҳаҳои нави инноватсионӣ эҷод намоянд. Омузиши барномасозӣ, дизайн, маркетинги рақамӣ ва амнияти киберӣ барои ҷавонон имкониятҳои нави касбӣ фароҳам меорад.

Бо вуҷуди бартариҳои зиёд, рушди иқтисоди рақамӣ бо баъзе мушкилот ру ба ру мебошад:

1.Норасоии инфрасохтор.

Дар баъзе минтақаҳо суръати интернет паст буда, дастрасӣ ба технологияҳо маҳдуд аст.

2.Камбуди мутахассисон

Барои иқтисоди рақамӣ мутахассисони баландихтисос заруранд

3.Амнияти киберӣ
Ҳангоми истифодаи технлогияҳои рақамӣ хатари ҳамлаҳои киберӣ ва дуздии маълумот вуҷуд дорад.

4.Саводнокии рақамӣ

Қисме аз аҳолӣ малакаи истифодаи технологияҳои рақамиро надоранд. Роҳҳои рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон:
Барои рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон бояд тадбирҳои зерин. амалӣ гарданд:
1.Рушди инфрасохтори интернет ва алоқа;
2.Омода намудани мутахассисони соҳаи lТ
3.Дастгирии соҳибкории рақамӣ ва стартапҳо;
4.Тақвияти амнияти киберӣ;
5.Густариши хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ;
6.Баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ.
Татбиқи чораҳо метавонад ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.
Иқтисоди рақамӣ яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Он ба баланд шудани самаранокии истеҳсолот, рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани хизматрасониҳо мусоидат мекунад.

Дар шароити муосир давлатҳое, ки технологияҳои рақамиро самаранок истифода мебаранд, дар рақобати ҷаҳонӣ мавқеи устувор доранд. Барои Тоҷикистон низ рушди иқтисоди рақамӣ имконияти муҳим барои пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Аз ин ру, рушди инфрасохтори рақамӣ, тайёр намудани мутахассисон ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат бошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба