РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои дорои имконияти васеи истифодаи навгониҳои рақамӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ буда, бозори хизматрасониҳои онлайнӣ яке аз бахшҳои босуръат рушдёбандаи он маҳсуб меёбад, ки сайёҳии байналмилалӣ дар ин ҷо нақши калидӣ дорад. Табиист, ки сайёҳони хориҷӣ ҳангоми банақшагирӣ ва ташкили сафарҳои худ дар саросари Тоҷикистон аз интернет истифода мебаранд, ки ба рушди бозори сайёҳии Тоҷикистон таъсири фаъол мерасонад. Маҳз дар ҳамин замон амиқтар шудани равандҳои рақамикунонии сайёҳии миллӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи сайёҳии кишвар хоҳад буд.
Айни замон, дар кишвар 6 меҳмонхонаи панҷситорадор, 13 меҳмонхонаи чорситорадор, 241 меҳмонхонаи хурду миёна, 4 фурудгоҳи байналмилалӣ, зиёда аз 54 осоишгоҳу фароғатгоҳҳои хушманзара, 70 осорхона, 26 театр ва дигар иншооту объектҳо барои сайёҳон хизматрасонӣ мекунанд, ки бо назардошти рушди босуръати соҳа ин басанда нест.
Вобаста ба ин, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҷолиб дониста шуда, сармоягузорон метавонанд дар самтҳои зерин саҳмгузорӣ намоянд:
-
азнавсозии инфрасохтори нақлиётӣ: ҷалби сармоягузорӣ барои таъмир ва сохтмони роҳҳо, навсозии фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ;
-
таъсиси системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии сайёҳон (e- guest): ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи технологияҳои муосир барои содда кардани раванди бақайдгирӣ ва гирифтани маълумот дар бораи сайёҳон;
-
рушди инфрасохтори будубош: ҷалби сармоягузорӣ барои бунёди меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ;
-
таъсиси кластерҳо дар минтақаҳои асосии сайёҳӣ: ҷалби сармоягузорӣ барои таъсиси кластерҳои лижаронӣ, фароғатӣ ва фарҳангӣ, ки ба рушди соҳибкории маҳаллӣ мусоидат мекунанд;
-
ташкили чорабиниҳо: баргузории форумҳо, симпозиумҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба Тоҷикистон ҳамчун як макони сайёҳӣ;
-
ташаккули лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои кластерҳои соҳавӣ: рушди кластерҳои махсус оид ба сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ ва кӯҳнавардӣ, шикор ва моҳидорӣ.
Таҳлилҳои гуногуни коршиносону олимон нишон медиҳанд, ки бо эҳтимоли зиёд дар ояндаи наздик сатҳи рақамикунонӣ рақобатпазирии соҳаҳои гуногуни тиҷорат, балки кишварҳоро низ муайян мекунад. Дар ҳамин ҳол, бартарии устувори рақобатпазириро танҳо ҳамон кишварҳо ё ширкатҳое ноил мешаванд, ки метавонанд ба зудӣ ба воқеияти замон мутобиқ шуда, ба таври максималӣ аз манфиатҳои рақамисозӣ истифода баранд. Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ бо баёни воқеият ва талаботи замони муосир будани рақамикунонии иқтисоди миллӣ, таъкид доштанд, ки ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккули заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа тақвият бахшида шуда, гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда шавад.
Алҳол барои пурра гузаштани Тоҷикистон ба иқтисодиёти рақамӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ муҳайё буда, заминаи асосии онро ҳукумати электронӣ гузоштааст. Зимнан, дар кишвар кортҳои пардохтии бонкӣ васеъ паҳн шуда, маоши кормандони буҷетӣ ва нафақа чанд сол боз танҳо ба кортҳои бонкӣ ҳисобӣ мешаванд. Ҳамзамон, барои шаҳрвандон ба меҳмонони кишвар дигар воситаҳои пардохтҳои электронӣ ба монанди бонкинги мобилӣ, ҳамёни электронӣ, QR рамз ва ғайраҳо дастрас мебошанд.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои зудинкишофёбандаи иқтисодиёт мебошад. Мусаллам аст, он аз рақамикунонӣ, ки тули ду даҳсолаи охир тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷаҳонро фаро гирифта истодааст, дар канор буда наметавонад. Ҳарчанд соҳа дар марҳалаи пайдоиш ва ташаккули рақамикунонӣ қарор дорад, дар ояндаи наздик сайёҳиро бе истифодаи воситаҳои гуногуни рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, бо мақсади тавсеаи раванди рақамикунонии иқтисодиёт, аз ҷумла дар бахши сайёҳӣ, ҷалби сармоя, муаррифии захираҳои сайёҳии мамлакат ба ҷаҳонгардон, тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешад. Гуфтан ба маврид аст, ки соҳаи сайёҳӣ тайи даҳсолаи охир дастовардҳои бесобиқаро ноил гашт. Аз моҳи январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми раводиди электронии E-Visa барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ гардид. Айни ҳол, мувофиқи маълумоти сомонаи сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, ба воситаи раводиди электронӣ шаҳрвандони 140 давлати ҷаҳон метавонанд ба Тоҷикистон сафар намоянд.
Коршиносон қайд мекунанд, ки имрӯз тиҷорати сайёҳӣ бо рақамикунонӣ робитаи зич дошта, он ба ҷараёни ҷаҳонгардӣ таъсири мустақим мерасонад. Ба гуфтаи коршиносон, тақрибан 80 дарсади сайёҳон ҳангоми омодагӣ ба сафар аз хизматрасониҳои рақамӣ ба монанди брон кардани ҳуҷраҳои меҳмонхонаҳо, чиптаҳо ва ғайраҳо истифода мебаранд. Ҳамаи ин ба воситаи имкониятҳои рақамӣ, махсусан барномаҳои мобилӣ, амалӣ мешаванд, ки дар ташаккул ва рушди маҳсулоти нави сайёҳӣ, пешниҳоди хизматрасониҳо дар бахши меҳмондорӣ ва сайёҳӣ мусоидат намуданд. Имрӯзҳо хизматрасониҳое ба монанди Skyscanner, Booking.com, Airbnb, ки имкони мустақилона ба нақша гирифтани сафарҳоро барои сайёҳон фароҳам оварданд, шумораи ҳарчи бештари ҷаҳонгардонро ба сайрҳои инфиродӣ ҷалб менамоянд. Феълан, дар як платформаи рақамӣ пешниҳодҳои ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ ва дигар
таъминкунандагони хизматрасониҳои сайёҳиро аз назар гузарондан мумкин аст. Рақамикунонӣ ба ҳамаи доираҳои сайёҳӣ таъсир расонда истодааст: биноҳо ба системаҳои рақамӣ мегузаранд; замимаҳои мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо сайёҳӣ ва хизматрасонии меҳмонхонаҳоро осон мекунанд; мессенҷерҳо муоширати байни кормандон ва мизоҷонро суръат мебахшанд; чат-ботҳо фаъолияти инсонро аз байн мебаранд ва монанди инҳо.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рақамикунонии сайёҳӣ қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла роҳнамои онлайн, харитаҳои электронии сайёҳӣ, маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳонро корбарӣ менамояд. Яке аз чунин замимаҳои мобилӣ, ки барои фарохсозии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар шабакаи интернет пешбинӣ шудааст, MGIS мебошад. MGIS феҳристи ройгон бо харитаи муфассал ва ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе буда, аввалин дастури онлайнии интерактивӣ дар Тоҷикистон мебошад. Замимаи mgis.tj дар як лаҳза оид ба ҷойгиршавии дилхоҳ иншооти давлатӣ, ширкатҳо, меҳмонхонаҳо, масири нақлиёт, рақами хонаҳо, номи ширкату ташкилотҳо ва рақами телефонҳо, суроғаҳо ва соатҳои корӣ маълумот пешниҳод мекунад. Ба воситаи он метавон зуд кӯча ё хиёбон, қаҳвахона ё тарабхона, ширкат ё созмон, терминал ё банкомат, дорухона ё беморхона, номгӯйи таом ва нархҳои тарабхонаву қаҳвахонаҳои шаҳр ва бисёр дигар маълумоти заруриро пайдо намуд. Ғайр аз ин, бори нахуст дар ҷумҳурӣ моҳи январи соли ҷорӣ Платформаи рақамии сайёҳии «Tour.tj» таҳия ва пешниҳод шуд, ки низоми ягонаи фармоишдиҳии бастаҳои сайёҳии ширкатҳои сайёҳии ватаниро ба ҳам меорад. Инчунин, марказҳои гуногуни хизматрасонии нақлиётӣ, аз қабили «Рахш Такси», «Эйшн Экспресс», «Олуча Авто», дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар хизматрасониҳои нақлиётиро пешниҳод мекунанд. Инчунин, низоми пардохти электронии ҳаққи хизмати мусофиркашонӣ, хариди молу маҳсулот, хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ ва ғайра паҳн шудаанд. Дар баробари ин, дар минтақаҳои сайёҳӣ ва дурдасти кӯҳӣ алоқаи мобилӣ ва пайвастшавӣ ба интернет имконпазир аст. Ҳамаи ин шароитҳо барои осон намудани дастрасии маълумот вобаста ба хизматрасониҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ ва роҳати сайёҳон ёрии аввалиндараҷа расонда, василаи муҳими сарфаи вақт ба ҳисоб мераванд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё