БЕҲТАРИН ҶОЙИ ДУНЁ
Меҳрафзун аз садои парандаҳо бедор шуд. Офтобаки хандонрӯ нав баромада, оламро равшан мекард. Вай суруру шодии парандагонро шунида, хушҳол шуд:
– Хуш омадед, эй мурғакони зебо!
Падараш гуфт:
– Баҳор омад. Парастуҳо ба Ватан баргаштанд.
– Падарҷон, парастуҳо дар куҷо буданд?
– Барои зимистонгузаронӣ ба ҷойҳои гарм рафта буданд, акнун ба Ватан баргаштанд,
– гуфт падар.
Меҳрафзун ҳайрон шуд. «Ватан чӣ бошад?» – фикр кард ӯ.
Дар рӯйи ҳавлӣ сагчааш Ҳушёр давутоз мекард. Меҳрафзун назди сагча омаду пурсид:
– Ҳушёр, Ватани ту куҷост?
Ҳушёр ҷавоб дод:
Бобоҷонам дар саҳро
Дастёри чӯпон буд.
Падарҷонам дар ин ҷо
Як саги хонабон буд.
Пас, Ватани ман ин ҷост,
Беҳтарин ҷойи дунёст.
Чашми Меҳрафзун ба мӯрчае афтид, ки донаи гандум кашида мебурд.
Наздаш рафту пурсид:
– Бигӯ, Мӯрчаяк, Ватани ту куҷост?
Мӯрча ҷавоб дод:
Бобои ман замоне
Дар ҳамин ҷо макон дошт.
Зиндагии шоҳона
Аз ҳамин обу дон дошт.
Пас, Ватани ман ин ҷост,
Беҳтарин ҷойи дунёст.
Меҳрафзун назди падараш рафт.
–Падарҷон,
– гуфт ӯ, – Ватани шумо куҷост?
Ман аз ҳамин кӯҳистон,
Кӯҳистони дилситон.
Зодаи ин диёрам,
Аз он ифтихор дорам.
Пас, Ватани ман ин ҷост,
Беҳтарин ҷойи дунёст!
Меҳрафзун қаноатмандона гуфт:
–
Акнун донистам, ки Ватани ман куҷост. Хонаи мо, ҳавлии мо, деҳаи мо, кӯҳу саҳрои мо, диёри мо Ватани ман аст. Тамоми Тоҷикистони азиз Ватани ман аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё