Зеҳн

КИТОБ ЧӢ ТАВР ПАЙДО ШУД?

БА
Барномасоз10 августи 2026 · 1 дақиқа хондан

Дар замонҳои қадим одамон хонда ва навишта наметавонистанд. Онҳо андешаҳои худро шифоҳӣ баён мекарданд. Бо гузашти замон одамон фаҳмиданд, ки фикрашонро бояд нависанд. Аввал онҳо дар сангҳо ва деворҳои ғорҳо расм мекашиданд.

Баъдтар ҳарфҳоро ихтироъ карданд. Акнун одамон дар тахтачаҳои гилин (лойӣ), сангу чӯб ва пӯсти ҳайвонот менавиштанд. Тасаввур кунед, ин ашё чӣ қадар вазн доштанд! Нигаҳдории чунин китобҳо мушкил буд. Коғаз аввалин бор дар Чин ихтироъ шуд. Чиниҳо коғазро аз нахи дарахти тут ва бамбук омода мекарданд. Аммо ин коғаз дурушт буд.

Тоҷикон якуним ҳазор сол пеш китобҳои босифат омода мекарданд.

Чӣ гуна? Ниёгони мо ба таркиби коғаз нахи пахта илова карданд. Ин коғаз пурҷило, нарм ва мустаҳкам буд. Дертар дастгоҳи чопиро ихтироъ карданд. Акнун китобҳо зудтар ва зиёдтар чоп мешуданд. Ҳоло шумо китобҳои зиёд доред. Китобҳои шумо расм, чистон, афсона ва ҳикояҳои аҷоиб доранд. Китобҳои ҳозира хеле гуногунанд: ғафсу тунук, сабук, бо расмҳои ҷилодору рангоранг. Ҳоло китобҳои электронию овозӣ ҳам пайдо шуданд.

Ҳар китоб як ҷаҳонест, ки шумо онро барои худ кашф карда метавонед.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2