Таълими фанни технология
Тасдиқи мақсади мо, ки ҳамчун фарзия пешниҳод шудааст, собит месозад, ки моҳият ва асли таълими фанни технология (таълими меҳнат) дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон ба ҳавасмандгардонии хонандагон ба фаъолияти таҳқиқоти эҷодӣ, азхудкунии мавод тавассути ҳалли муттасили вазифаҳои таълимӣ, ки дар ҷараёни азхудкунии донишҳои нав ба вуқуъ меоянд ва татбиқи фаврии онҳо, ки ба инкишофи маърифат, мустақилият ва фаъолияти эҷодӣ равона шудааст, мусоидат менамояд.
Инчунин, он ба даст овардани малакаи мантиқии алоқаманд сохтан ва муқоисаи маълумоти омӯхташуда бо дигар самтҳои дониш, ташаккули заминаҳои саводнокии технологӣ, фарҳанги технологӣ дар байни хонандагон, тарбияи меҳнатӣ, муносибати эҷодӣ ба ҳалли масъалаҳо, азхудкунии усулҳои гуногуни коркарди мавод ва иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ ва истифодаи онҳо дар рафъи мушкилоти гуногун, афзоиши ҳавасмандии мусбат барои омӯзиши технология, роҳнамоии касбӣ ва муайян намудани потенсиали ҳар як хонандаро дар бар мегирад.
Ошкор карда шуд, ки дар натиҷаҳои омӯзиши фанни технология (таълими меҳнат) дар хонандагон бояд салоҳиятҳои асосӣ ва фаннии зерин ташаккул ёбанд:
- шахсиятӣ, ташаккули ҳавасмандии онҳо ба омӯзиш ва фаъолияти мақсадноки маърифатӣ, низоми муҳими иҷтимоӣ ва байнишахсӣ, муносибатҳои арзишӣ-маъноӣ, мавқеъҳои фаъолият, салоҳиятҳои иҷтимоӣ, ҳисси адолат, қобилият, ҳадафҳо ва таҳияи нақшаҳои ҳаёт, қобилияти фаҳмидани шахс дар ҷомеаи бисёрфарҳангӣ ва ғ.;
- асосӣ ё болоифаннӣ, аз ҷумла танзимкунанда, маърифатӣ, иртиботӣ, қобилияти истифода бурдани онҳо дар таҳияи консепсияҳои байнифаннӣ аз ҷониби хонандагон ва фаъолияти умумии таълимӣ (амалияи таълимӣ, маърифатӣ ва иҷтимоӣ), мустақилият дар банақшагирӣ ва ба амал баровардани чорабиниҳои таълимӣ, ташкили ҳамкории таълимӣ бо омӯзгорон ва ҳамсолон;
- фаннӣ, аз ҷумла аз ҷониби хонандагон дар ҷараёни омӯзиши фанҳои таълимӣ азхуд кардани малакаҳои фаннии ба ин мавзуъ хос, ҷараёни касби дониши тоза дар соҳаи фан, корбасти он дар шароитҳои таълимӣ, таълимӣ-эҷодӣ ва иҷтимоӣ-лоиҳавӣ, ташаккули тарзи тафаккури илмӣ, андешаҳои илмӣ дар бораи назарияҳои бунёдӣ, васила ва шаклҳои муносибат, азхудкунии вожаҳои илмӣ, мафҳумҳои калидӣ, роҳу усулҳо ва технологияҳои навин.
Муайян карда шуд, ки сохтор ва муҳтавои фанни технология ба талаботи муосири зерини таълим мувофиқат мекунад:
-
фарҳанги технологии истеҳсолот;
-
технологияҳои умумии истеҳсолоти муосир;
-
фарҳанг ва эстетикаи меҳнат;
-
фаъолият бо техника ва технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла қабул, таҳия,
ҳифз ва истифодаи онҳо
-
асосҳои расмкашӣ, графика ва дизайн: санъати тасвир, нақш ва офариниши бадеӣ
-
унсурҳои иқтисодиёти хонавода, ҳунарҳои амалӣ ва ҷавҳари соҳибкорӣ;
-
шиносоӣ бо олами рангоранги касбу ҳунар, роҳнамоии касбии хонандагон;
-
таъсири густариши равандҳои технологӣ ба муҳити зист ва саломатии инсон, масъалаи доғи рӯз;
-
усулҳои фаъолияти техникӣ, эҷодӣ ва лоиҳакашӣ: роҳҳое ба сӯйи офариниши новагорона;
-
таърихи пурталотум, дурнамои рангин ва оқибатҳои иҷтимоии рушди техникаву технология: сарнавишти инсоният дар оғӯши дастовардҳо
Муайян карда шуд, ки бо вуҷуди он ки натиҷаи хуби баҳрабардориро аз василаҳои навини таълим аксарияти омӯзгорони пешқадам, хонандагон ва волидон фаҳм кардаанд ва қисми бештари омӯзгорон аз унсурҳои пешқадами таълим кор мегиранд, вале, дар гузаронидани машғулиятҳо ҷустуҷӯҳои эҷодӣ, истифодаи воситаҳои аёнӣ, иттилоотию коммуникатсионӣ, интернет, аудио, диску воситаҳои гуногун аз ҷониби баъзе омӯзгорони фанни технология кам ба мушоҳида мерасад ва вобаста ба ин зарур аст, ки минбаъд маҳорату малакаи омӯзгорони фанни технология (таълими меҳнат) оид ба истифодаи воситаҳои иттилоотию иртиботӣ ва технологияҳои инноватсионии таълим такмил дода шавад.
Таҳлили таҷрибаи таърихии технология таълими меҳнат дар Тоҷикистон ба мо имкон медиҳад, ки хулосаҳои зерин барорем:
- сарнавишти таълими меҳнат барои хонандагон ҳамеша ба равандҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, ниёзҳои ҷомеа ва талаботи истеҳсолот ба низоми таҳсилоти умумӣ ва касбӣ вобаста будааст;
- таълими меҳнат барои насли наврас як зарурати воқеӣ ва ногузир аст, ки ҳамчун шарти муҳим дар татбиқи яке аз ҳадафҳои аслии педагогика зуҳур мекунад: фард ҳамчун шахс пеш аз ҳама дар фаъолияти амалӣ ташаккул меёбад. Дарки ин шарти ҳалкунандаи рушди низоми таълими меҳнати хонандагон ба объективона муайян кардани мақсаду шароитҳои татбиқи он вобаста аст. Рушди низоми таълими технологӣ (таълими меҳнат) бо тағйир ёфтани марҳилаҳои болоравӣ ва пастшавӣ, мувофиқи равандҳои иҷтимоию иқтисодии ҷамъият хусусияти даврагӣ дорад. Ҳар як давраи тараққиёти ҷамъият низоми таълими технологии худро дорад, ки онро вазъияти қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ муайян мекунад;
- низоми таълими меҳнат (технология)-и хонандагон мувофиқи ҳалли масъалаҳои тараққиёти чамъиятӣ ва қонеъ гардондани талаботи субъектҳои фаъолияти таълимӣ бояд такмил дода шавад. Раванди дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ, зарурати рушди объективии низоми таълими технологии хонандагонро муайян мекунад;
- таҷрибаи ислоҳоти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ нишон медиҳад, ки татбиқи мақсаду вазифаҳои таълими меҳнат дар муассиса ба имкониятҳои таъминоти илмӣ, методӣ, моддию техникӣ, кадрӣ ва меъёрии он вобаста аст. Ин аз зарурати рушд додани ҳамкории мутақобила ва истифодаи маҷмуии захираҳои ҳамаи иштирокчиёни раванди таълим шаҳодат медиҳад.
Мушоҳида ва омӯзишҳо собит сохтанд, ки кабинети технология ҳар қадар беҳтар ва гуногунтар таҷҳизонида шавад, азхуд намудани донишҳои назариявӣ ва дар амал татбиқ намудани онҳо ҳамон қадар беҳтар мегардад.
Стандартҳои таълимӣ дар кабинети технология мавҷуд будани маҷмуи пурраи воситаҳои таълимро талаб мекунанд, ки бе онҳо ба хонандагон тамоми дониш ва малакаҳои дар барнома пешбинишударо додан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ҷиҳозонидани устохонаи муассисаро он вақт пурра ҳисобидан лозим меояд, ки дар он василаҳои асосии дарсгузаронӣ муҳаё бошанд.
Собит карда шуд, ки:
- истифодаи технологияҳои инноватсионии педагогӣ ва усулҳои фаъолу интерактивӣ дар раванди таълим, фазои рангину пур аз имкониятро барои шукуфоии истеъдодҳои хонандагон фароҳам месозад.
- технологияи коммуникатсионӣ дар раванди таҳсил ба хонанда имконият фароҳам меорад, ки ба умқи мазмуну мундариҷаи фан бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба ин васила дар ҳаллу фасли мушкилоти пешомади дилхоҳ мавзуъ муваффақ шавад. Афзун бар ин, татбиқи ин унсурҳо дар марҳилаи ибтидоии ҳаёти хонанда ба рушди фаъолияти фикрронӣ ва эҷодӣ, маҳорати зеҳнию технологӣ, маърифатнокии илмию техникии ӯ мусоидат менамояд;
- таълими проблемавӣ воситаи самараноки рушди ҳамаҷонибаи хонандагон буда, онҳо тамоми маводи таълимиро танҳо бо роҳи ҳалли мустақилона ва кашф намудани донишҳои нав меомӯзанд. Дар ин ҷо фаъолияти самараноки хонандагон ва гузоштани вазифаҳо, иҷрои машқҳо чизи асосӣ аст. Дар ташкили раванди таълим принсипи проблемагузорӣ ба роҳ монда шуда, ҳалли муназзами масъалаҳои таълимӣ хусусияти хоси ин навъи таълим мебошад. Азбаски таълими проблемавӣ ба рушди ҳамаҷонибаи хонанда, қобилиятҳои инфиродии ӯ нигаронида шудааст, он таълими воқеан як навъи рушддиҳанда буда, фаъолияти мунтазами ҷустуҷӯйи мустақилонаи хонандагонро бо азхудкунии хулосаҳои тайёри илмӣ муттаҳид мекунад, ки боиси рушди салоҳиятҳои технологӣ ва иҷтимоӣ-меҳнатии хонандагон мегардад;
- истифодаи усули таълими лоиҳавӣ ва супоришҳои мураккаби таълимӣ (аз ҷумла лоиҳаҳо) ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти эҷодии хонандагон дар дарси технология таъсирнокӣ ва самаранокии худро дар ташаккули фаъолияти эҷодӣ ва салоҳиятҳои технологии хонандагон нишон доданд. Таҳлили муқоисавии тағйироти нишондиҳандаҳо дар байни ГН ва озмоишӣ аз он далолат мекунад, ки самаранокии таъсири вазифаҳои маҷмуи таълим ва супоришҳои мураккаби таълимӣ рушди малакаҳои умумитаълимӣ (маҳоратҳои ташкилӣ ва муоширатӣ) ва умумӣ (маҳоратҳои маърифатӣ)-ро ҳамчун ҷузъи муҳимми фаъолияти эҷодӣ таъмин сохтанд.
Дастурамали психологӣ ва педагогӣ оид ба татбиқи технологияҳои нави таълимӣ дар раванди омӯзиши фанни технология (таълими меҳнат) дар мактабҳои миёна аз асосноккунии илмӣ ва педагогии истифодаи ин ё он усулҳои инноватсионии таълим дар ҷараёни таълими фанни зикршуда иборат аст.
Хулоса, ҳадафи тадқиқотро амалӣ намуда, вазифаҳои дар рисолаи диссертатсионӣ пешбинишударо ба анҷом расонидем ва фарзияи таҳқиқотро собит кардем.
Натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсионӣ боис ба таҳия ва ироаи тавсияҳои зерин шуданд:
1. Дар раванди омӯзиши фанни технология (таълими меҳнат) дар МТМУ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа бояд ба рушди фарҳанги технологӣ равона гардад.
2. Тарбияи шахсияти бомаърифат, бофарҳанг эҷодкор ва ташаббускор мароми меҳварӣ дар омӯзиши фанни технология (таълими меҳнат) дар кори мустақилона маҳсуб мешавад.
3. Мундариҷаи ҳадди ақалли таълими фанни технология (таълими меҳнат) дар муассисаи таълимӣ бояд аз ҷузъиёти меҳварии амалиёти воқеии хонанда дар пешрафти кори самарабахши фарҳанги технологӣ, равиши ҳирфаиро дар бар гирад, ки аз ҷиҳати сохторӣ асоси таълимро дар самтҳои анъанавӣ-техникӣ, хизматрасонӣ, равиявӣ (омӯзиши амиқ ва пешазкасбӣ) ё таълими касбӣ ташкил диҳанд.
4. Вобаста ба дараҷаи омодагии технологӣ чаҳорчӯбаи умумии таълими фанни технология (таълими меҳнат) бояд ба бахшҳои асосии (бахш-модулҳои) мазмуни ҳадди ақали таълим дар синфҳои 5-9 дар соҳаҳо ё самтҳо, ба қисми махсуси технологӣ (бахши ҷудошуда), мазмуни умумии таълим дар соҳаи муайяни кор, бахшҳо мувофиқи равияи таълимии интихобшуда муайян карда шаванд. Масалан, бахши «Саноат» ва дар он равияҳои «коркарди фулузот», «коркарди чӯб», «муҳандиси барқ» ва ғ.
5. Самти таълими фанни технология (таълими меҳнат) ҳамчун соҳаи бештар ба фаъолияти амалии хонандагон алоқаманд (фарз карда мешавад, ки 70% вақти таҳсил ба корҳои амалӣ бахшида мешавад) бояд ба омода намудани иштироки фаъолонаи хонандагон дар ҳаёти ҷомеа, дар кори коллективҳои меҳнатӣ ва дар оила ҳамчун ҳалқаҳои асосии ҷамъият мусоидат намояд.
Ин талабот дар назар дорад:
- рушди эҷодӣ ва эстетикии хонандагон, аз ҷумла дар ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо ва коркарди бадеии мавод;
- рушди маҳорат ва истеъдодҳои умумии меҳнатии хонандагон, аз ҷумла тарбияи фарҳанги меҳнат, муносибатҳои байнишахсӣ ва малакаҳои коммуникатсионӣ, ки барои кор дар гурӯҳ ва зиндагии оилавӣ муҳиманд;
- муҳайё сохтани шароит барои шинохти шахсӣ, кашфи олами касбу кори гуногун, азбар намудани малакаҳои амалӣ дар ҷузъҳои фаъолияти касбӣ бо ҳадафи интихоби дурусти касб;
- технологияи муосир (омӯзиши меҳнат) ҳамчун як қисми муҳими таҳсилоти ҳамагонӣ ҷой дода шудааст, ки ҳадафи он таъмини дониш ва малакаҳои ҳадди ақали техникӣ ва технологӣ барои омодагии хонандагон мебошад, бо назардошти ташкили фазои муттаҳиди таълимӣ; он инчунин, ба ҳифз ва рушди анъанаҳои беҳтарини фарҳанги миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ таъсири мусбат мерасонад ва ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат менамояд;
6. Дар раванди таълими фанни технология (таълими меҳнат) вазифаҳои зерин бояд ҳал карда шаванд:
- ташаккул додани донишҳои политехникӣ дар бораи технологияҳои асосии маъмултарин ва ояндадор ва низоми амалиёти маърифатӣ, сенсорӣ ва ҷисмонӣ;
- ҷорӣ намудани асосҳои истеҳсолот ва хизматрасонии муосир;
- инкишоф додани мустақилият ва қобилияти ҳалли масъалаҳои эҷодӣ ва ихтироъкории хонандагон;
- таъмини амалигардонии худшиносии хонандагон, омӯзиши олами касбу ҳунар, иҷрои имтиҳонҳои касбӣ барои худмуайянкунии касбии муносиб;
- парвариши муҳаббат ба меҳнат, малакаву маҳорат, ҳисси ҷамъиятӣ, инсондӯстӣ ва дилсӯзӣ, вафодорӣ, виҷдони пок, масъулиятнокӣ ва риояи одоб, маданияти муошират ва рафтори бидуни низоъ (тарбияи ахлоқӣ);
- пайдо намудани муносибати солим нисбат ба олами табиат ва захираҳои он, инкишофи мавқеи устувори экологӣ дар ҷараёни корҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ (таълими экологӣ);
- фаҳмиши амиқи консепсияҳои бунёдии иқтисоди бозорӣ, менеҷмент, маркетинг ва маҳорати истифодаи онҳо дар таҳияи маҳсулот ва пешниҳоди хидматҳои худ;
- истифодаи маҳсулоти тайёр ҳамчун воситаи меҳнат, такмил додани онҳо бо назардошти талаботи тарроҳӣ ва санъати бадеӣ ҷиҳати афзоиши қобилияти рақобатии маҳсулот дар бозор ва инкишофи ташаббусҳои эҷодии хонандагон (тарбияи эстетикӣ);
- ташаккули донишу малакаи ибтидоии муҳимми ҳаётӣ оид ба пеш бурдани иқтисоди хонавода ва хоҷагӣ.
7. Дар барномаи таълимии фанни технология (таълими меҳнат) бояд чунин бахшҳои муҳим дохил карда шаванд: технологияи коркарди маводҳои сохтмонӣ, технологияи коркарди матоъ ва маҳсулоти хӯрокворӣ, ҷузъҳои мошинсозӣ, омӯзиши маводҳо, тарҳрезӣ ва моделсозӣ, технологияҳои электронӣ (электротехника, радиоэлектроника, автоматика, электроникаи рақамӣ, технологияҳои пешқадам), технологияҳои иттилоотӣ, графика, фарҳанги хонадорӣ, асбобҳои рӯзгор, корҳои таъмир ва зебосозии биноҳо, коркарди бадеии маводҳо, эҷодиёти техникӣ ё бадеӣ ва ороишӣ, истеҳсолот ва муҳити зист, соҳаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва худмуайянкунии касбӣ, таърих ва оқибатҳои иҷтимоии тараққиёти техника ва технология, асосҳои хоҷагии хонавода ва соҳибкорӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо (аз синфи дуюм шуруъ карда).
Дар рафти тайёрии технологии хонандагон бо дарназардошти талабот ва хусусиятҳои синни рушди онҳо бояд вазифаҳои зерини таълиму тарбия ҳал карда шаванд:
- ташаккули мавқеи ҳаётии фаъоли инсонпарварона, муносибати бомасъулият ба натиҷаҳои меҳнат, тарбияи интизоми технологӣ, мехнатдустӣ ва фарҳанги меҳнат;
- пайдо намудани донишҳои техникӣ, маҳорати корӣ ва ҳифзи бехатарӣ, ки барои иштироки пурсамар дар корҳои бунёдкорӣ ва эҷодкорӣ, аз ҷумла идоракунии хоҷагӣ ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ муҳиманд;
- густариши чаҳорчӯби фанҳои техникӣ ва татбиқи донишҳои касбшуда зимни омӯзиши пояҳои илм;
- ташаккули малакаҳои лоиҳакашӣ, муҳандисӣ ва ҳунармандӣ дар якҷоягӣ бо ташаккули омодагӣ ба фаъолият;
- рушди саводнокии графикӣ;
- ташаккули малакаҳои кори мустақилонаи инфиродӣ ва коллективӣ, рушди малакаҳои муоширати корӣ;
- омӯзиши асосҳои донишҳои иқтисодии татбиқшаванда ва иқдоми фаъолияти соҳибкорӣ;
- ошно сохтан бо ҷаҳони касбу ҳунарҳо, бозори кор, кӯмак дар интихоби касб, ташаккули нақшаҳои зиндагӣ ва касбӣ;
- парвариши ҳисси ватандорӣ аз тариқи огоҳӣ аз дастовардҳои нави ватании эҷодӣ дар соҳаҳои мухталифи техникӣ, технологӣ ва намунаҳои бадеию ҳунарӣ сурат мегирад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё