Зеҳн

Обёрии қатрагӣ

ЗЕ
Зеҳн8 августи 2026 · 3 дақиқа хондан

Обёрии қатрагӣ– чунин тарзи обёрии зироатҳои кишоварзӣ мебошад, ки об ба воситаи шабакаи лӯлаҳои обёрикунанда зич ҷойгир кардашуда аст, ки дар онҳо таҷҳизоти махсус – чакрарезҳо мустаҳкам карда шудаанд, об бевосита ба минтақаи решаронии растаниҳо бо сарфи камтарин дода мешавад ва дар тамоми давраи нашъунамои растанӣ намнокии хок ба намнокии оптималӣ наздик нигоҳ дошта мешавад.

Обёрии қатрагӣ барои обёрии зироатҳои кишоварзӣ асосан дар минтақаҳои релефашон мураккаб (заминҳои наздикӯҳию кӯҳӣ) ба монанди дар хокҳои обгузарониашон зиёд, яъне хокҳое, ки таркиби механикиашон суст аст (регзаминҳо, қумзаминҳо, санглохзаминҳо ва ғ.) ва дар ноҳияҳое, ки танқисии об ба мушоҳида мерасад, тавсия дода мешавад.

Ба таркиби системаи обёрии қатрагӣ гиреҳҳои обтайёркунанда ва обтақсимкунанда (ҳавзи обтаҳшинкунандаю танзимкунанда, агрегатҳои насосӣ, воситаҳои идоракунии худкоронида шуда, обполоҳо ва ғалақаҳо), обронлӯлаҳои магистралию тақсимкунанда, қитъагӣ ва обёрикунанда, инчунин таҷҳизоти дохилкунандаи нурӣ, хатҳои алоқа ва системаи худкор дохил мешаванд.

Обронлӯлаҳои магистралӣ, тақсимкунанда ва қитъагиро одатан аз лӯлаҳои полиэтиленӣ месозанд ва дар чуқурии 60–70 см аз сатҳи замин ҷойгир мекунанд. Одатан обронлӯлаҳои магистралӣ ва қитъагӣ бо нишебии минималӣ ва обронлӯлаҳои тақсимкунандаю обёрикунанда бо нишебии зиёдтарини маҳал ҷойгир карда мешавад.

Обронлӯлаҳои обёрикунандаро қад-қади қатори растаниҳо ҷойгир мекунанд. Ҳар кадом обронлӯла барои обёрии як ё ду қатор растанӣ ҳисоб карда мешавад. Масофаи байни онҳо аз масофаи байни қаторҳо вобаста буда, дарозиашон то 200 м ва қутри обронлӯлаҳо аз 6 то 20 мм барои системаҳои баландфишор ва аз 16 то 32 мм барои системаҳои пасттазйиқ қабул карда мешавад.

Обронлӯлаҳои обёрикунандаро вобаста ба сохти чакрарезҳо дар болои замин, дар чуқурии 20–30 см, ҷойгир мекунанд ва инчунин онҳоро дар сими (шпалерҳои) хавозаҳои қаторҳои токзорҳо низ дар баландии 50–60 см аз сатҳи замин меовезанд.

Қутри сӯрохии шартии чакрарезҳо камтар аз 1 мм-ро ташкил медиҳад ва аз ин сабаб барои обёрӣ оби аз обполоҳо гузаронидашуда ва хуб тоза кардашударо талаб мекунанд. Сарфи миёнаи чакрарезҳо дар ҳудуди аз 3...4 то 6...10 л/с тағйир меёбад.

Нархи ин гуна системаҳо аз 4 то ба 8–10 ҳазор долл. ИМА мерасад.

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани эътимоднокии кори системаҳои обёрии чакрагӣ ва паст намудани арзиши онҳо зиёд намудани қутри чакрарезҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳолат зарурияти сохтани дастгоҳҳои насосии иловагӣ барои ба амал овардани фишори корӣ дар шабака ва ҷойгиркунии обполоҳои гаронарзиш, барои тайёр намудани об аз байн меравад ва ҳамин тариқ арзиши система то 2-3 маротиба паст мегардад.

Яке аз ин системаҳо системаҳои обёрии чакрагии намуди Тоҷикистон мебошад. Хусусияти асосии ин система аз он иборат аст, ки обронлӯлаҳои тақсимкунанда, қитъагӣ ва обёрикунанда дар ҷойи обтақсимкунӣ шакли П-ро мегиранд ва об зери тазйиқи 0,2...0,5 м аз обронлӯлаи як дараҷа баланд ба обронлӯлаи як дараҷа паст дохил мешавад. Обронлӯлаи обёрикунанда бошад дар ҷойҳои обдиҳӣ шакли Л-ро мегиранд, ки дар қисми болоравии он чакрарез ҷойгир карда шудааст ва об зери тазйиқи 0,05–0,2 м барои обёрӣ бо сарфи 4...10 л/с дода мешавад. Қутри сӯрохии чакрарез бо зиёд шудани тазйиқ аз 3 мм то 1,25 мм хурд мешавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2