Зеҳн

Системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ

ЗЕ
Зеҳн8 августи 2026 · 5 дақиқа хондан

Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар минтақаи иқлими хушк ҷойгир буда, рушди соҳаи кишоварзии он асосан ба обёрии заминҳо такя карда шуда, таъмини устувории истифодабарии заминҳои обёрӣ, парвариши зироатҳо дар ин заминҳо, хусусан ба истифодабарии заминҳои доманакӯҳҳо ва чаргоҳҳо вобаста аст. Яке аз самтҳои рушди кишоварзӣ ин беҳтарнамоии ҳолати чарогоҳҳо бо роҳи обёрии онҳо ба ҳисоб меравад. Ин масъаларо метавон бо истифодабарии системаҳои барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ ҳал намуда, бо ин васила дар оянда онро васеъ истифода бурдан мумкин аст.

Нигоҳдории СБОО (Системаи барқи офтобии обёрӣ ва обтаъминкунӣ) донишу малакаи зиёдеро талаб намекунад. Талаботи умумии СБОО назар ба аксар технологияҳои дигар оид ба истифодабарӣ нисбатан кам аст. Бо вуҷуди ин, истифодабарии СБОО мониторинги хуб ва мунтазамро барои сари вақт пешгӯйи кардани мушкилот ва таъминоти баъзе эҳтиёҷоти хизаматрасониро талаб мекунанд. Бо назардошти сармоягузории ибтидоии нисбатан баланд дар СБОО, нигоҳ доштани ҳар як ҷузъ муҳим аст. Ғайр аз он, назорат кардани тағйирёбии дигар омилҳое, ки ба кори система таъсир мерасонанд ба монанди дастрасии об, ҳолати хок ва ғайра муҳим аст.
Тартиби нигоҳдории техникӣ ба самаранокии кор ва инчунин ба муҳлати истифодабарии СБОО таъсири мусбӣ мерасонад. Нақшаи тартиби нигоҳдориро истеҳсолкунанда бо кӯмаки таъминотгари (провайдери) хидматрасонии касбӣ тартиб дода метавонад. Ин дастури таълимӣ намунаҳои рӯйхати тафтишотии нигоҳубинро пешниҳод намуда, назорати фаъолияти нигоҳубин ва ҳуҷҷатгузории дақиқро танзим ва таъмин менамояд.

Пас аз муҷаҳҳаз намудани система, таъмингари технология ё хизматрасон бояд ба истеҳсолкунанда дастури истифодабарӣ пешниҳод кунад. Дастурамали вазифаҳо оид ба истифодабарӣ масъалаи хизматрасонӣ, ҳалли мушкилот ва маълумот барои тамос бо провайдери хизматрасонро дар бар мегирад. Дар асоси ин, провайдери хизматрасон ва истеҳсолкунанда бояд нақшаи хизматрасониро таҳия кунанд. Истеҳсолкунанда ва мушовири кишоварзӣ бояд мунтазам нақшаи таъмирро баррасӣ кунанд.

Рӯйхати санҷишӣ – ин маводҳои (олотҳои) асосӣ мебошанд, ки ба он мунтазам дуруст иҷро кардани хизматрасонии технологӣ шомил мебошад. Бо ин мақсад, СБОО барои нигоҳдории дурустии генератори фотоэлектрикӣ ва системаи обёрӣ, коркарди олотҳоро бо рӯйхати назоратӣ таҳия карда мешавад. Ҷанбаҳои дигар бошад барои ҳар як ҷузъи асосии СБОО муҳим мебошанд.

Манбаи об ва насос: насосҳои офтобӣ одатан ба нигоҳубини зиёд ниёз надоранд, агар онҳо дар оби тоза истифода шаванд. Барои ҳамин дар обҳои истифодашаванда рег, таҳшинии ҳаргуна омехтаҳо ва растаниҳоӣ дар об афзоишёфта набошанд ва манбаи об бояд ҳамеша тоза нигоҳ дошта шавад. Дар чунин шароити истифодабарии насосҳо, онҳо метавонанд то 10 сол кор кунанд.

Лавҳаҳои (панел) офтобӣ ва ҷузъҳои васлшаванда: Лавҳаҳои (панел) офтобӣ ва ҷузъҳои васлшавандаи онҳо одатан нигоҳубини хеле камро талаб мекунанд, зеро онҳо қисмҳои ҳаракаткунанда надоранд. Аммо, панелҳо бояд дар ҷойҳои тоза нигоҳ дошта шаванд ва конструксияҳои васлшавандаашон устувор бошанд. Бештари фотоэлектрикии онҳо бояд аз ҳайвонот ва ашёи афтанда муҳофизат карда шавад.

Лавҳаҳои (панел) офтобӣ ва иншооти васлшаванда дар сурати дар ҳолати муносиб ва хуб истифода шудан то 20 сол хизмат мекунанд.

Электроника ва воситаҳои идоракунӣ: Азбаски танзимкунакҳо / инверторҳо ба гармшавии шадид ҳассосанд, онҳо бояд дар ҷое насб карда шаванд, ки кори онҳо бе мушкилот кафолат дода шаванд. Омилҳое, ки бояд бештар ба назар гирифта шаванд, инҳо ҳарорати ҳаво, иқтидори паҳншавии гармӣ (вентилятсия) ва намии нисбӣ мебошад. Танзимкунак бояд барои хизматрасонӣ ва таъмир ба осонӣ дастрас бошад. Ғайр аз он, бояд дар байни генератори фотоэлектрикӣ ва танзимкунак асбоби хомӯшкунак ҷойгир карда шавад. Ҳашаротҳо ва ҳайвонҳои хурд, ба монанди калтакалосҳо, ки дар қуттиҳои пайвастшавӣ лона гузоштанро дӯст медоранд ва метавонанд ҷузъҳои электрониро нобуд кунанд (масалан, кислотаи формикӣ). Бастани ҳама сӯрохиҳо бо ғилофҳои кабелӣ ва дигар материал муҳим аст.

Системаи обёрӣ: Агар обёрии қатрагӣ истифода шавад, обро бояд полоиш кард, зеро асбобҳои қатрапош метавонанд ба осонӣ аз кор монанд. Дар як рӯз то якчанд маротиба обполоҳоро бояд вобаста ба миқдори таҳшин дар об мунтазам тоза карда шавад. Ин сатҳи муайяни дониш ва малакаи техникиро талаб мекунад. Ғайр аз он, хатҳои қатрагӣ бояд мунтазам шуста шаванд ва унсурҳои қатрагӣ барои басташавӣ тафтиш карда шаванд ва дар ҳолати зарурӣ, иваз карда шаванд. Раванди озмоишӣ як қисми қабули система буда, инчунин қисми тасдиқи муқаррарӣ низ ба ҳисоб меравад. Инчунин бояд дар назар дошт, ки барои обҳои вазнин (обёрӣ бо консентратсияи зиёди оҳаки ҳалшуда) ташаккулёбии миқёс ва баста шудани қубурҳо ҳангоми дучор шудани онҳо ба ҳарорати баланд (аз шуоҳои офтоб) ба амал меояд.

Гарчанде, ки насбкунанда барои рӯйпӯшкунии ноқилҳо аз тасмаи резинӣ истифода карда шуда бошад ҳам, аммо пайвасти кабелӣ дар рӯи замин аст. Бехатарии барқ шубҳанок аст, алалхусус ҳангоми обёрӣ ё боришоти шадид. Чунин амал дар талаботи техникаи бехатарӣ манъ мебошад.

Бо мурури замон ашёҳои металлӣ ба занг ва зангзанӣ дучор мешаванд. Зангзанӣ одатан бо металлҳои ғайриқиматбаҳо, ба монанди пӯлод, руҳ ва алюминий алоқаманд аст. Ин металлҳо дар мавҷуд будани ҳаво, об ё намак зуд занг мезананд ва онҳоро бо герметики муҳофизатӣ рӯйпӯш кардан зарур аст.

Танаи (корпуси) металлии асбоби идоракунии насос хеле занг задааст.
Ғайр аз он, дар тана ҳавотозакунии табиӣ мавҷуд нест ва пас аз бастани даричаи пеш боиси аз ҳад гарм шудани асбоби идоракунии насос мегардад.

Бо вуҷуди он, ки танҳо як қисми хурди лавҳа (панел) бо ифлосӣ (лой) пӯшонида шуда бошад ҳам, он ба самаранокии панел таъсири манфии калон мерасонад. Дар ин ҳолат бояд онро бо исфанҷ (губка), матоъ ё асбоби махсуси тозакунандаи нарм (щетка) бо истифода аз оби тоза ба осонӣ бартараф кардан мумкин аст.

Одатан лавҳаҳои (панел) офтобӣ ҳангоми дар соягӣ будан, камтар энергия истеҳсол мекунанд, бинобар ҳамин, онҳо бояд дар ҷойе гузошта шаванд, ки сояафканӣ набошад. Сояе, ки ба як қисми хурди лавҳа меафтад, метавонад ба натиҷаи ҳайратовар таъсири калони манфӣ расонад, зеро одатан ҳамаи чашмакҳои дохили лавҳа (панел) пай дар пай пайваст буда, чашмакҳои зери соямонда ба ҷараёни барқи ҷорӣ дар тамоми лавҳа таъсир мерасонанд.

Дар мавриди лавҳаҳои (панелҳо) офтобӣ, кафолат маънои кафолати маҳсулнокиро дорад, ки одатан дар тӯли солҳо коҳиш меёбад (масалан, маҳсулнокӣ 90 фоиз пас аз 10 сол, 80 фоиз пас аз 20 сол).

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба