Нерӯи офтобӣ
Замона ҳамеша дар ҳоли рушд аст. Ҳар падидаву имкониятҳое, ки пайдо мешаванд, барои беҳтар кардани сатҳу сифати кор ва зиндагии мардум истифода мегарданд, аз ҷумла энергияи об, Офтоб, шамол ва атом. Истеҳсоли барқи кофӣ дар мадди аввали фаъолияти ҳар давлату ҳукумат қарор дорад. Дар Тоҷикистон неругоҳҳои зиёди барқи обӣ вуҷуд доранд, вале қатъи назар аз ин, бо фаро расидани фаслҳои тирамоҳ ва зимистон норасоии неруи барқ ба мушоҳида мерасад, ки ин сабабҳои зиёд дорад. Аз ҷумла, афзудани шумораи аҳолӣ, истифодаи васеи таҷҳизоти барқӣ, зиёд гардидани биноҳои баландошёна, ба фаъолият пардохтани корхонаҳо, кам будани боришот боиси ба миён омадани камбуди барқ мешаванд.
Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешидани тадбирҳои оқилонаву саривақтӣ, дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-уми ноябри соли равон супориш доданд, ки масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи онҳо бо шабакаҳои барқии кишвар мавриди омӯзиш қарор дода шуда, фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб гардад.
Панелҳои офтобӣ (фото-электрикӣ) дастгоҳҳое мебошанд, ки энергияи нури офтобро ба неруи барқ табдил медиҳанд. Онҳо яке аз манбаъҳои муҳими «энергияи сабз» ва таҷдидшаванда ба ҳисоб мераванд. Панелҳои офтобӣ аз инвертор (тағйирдиҳандаи ҷараёни барқ), контроллер (танзимгари барқ) ва аккумулятор (таҷҳизоти захираи барқ) иборат буда, нақши қабул ва манбаи неруро иҷро мекунанд. Онҳо равшании Офтобро қабулу коркард карда, ба ҷараёни барқ табдил медиҳанд, ки дар идома он тавассути контроллер ба батареяҳои аккумулятор барои захира интиқол меёбад. Сатҳи ҷараёни барқ бо дастгоҳи махсус назорат мешавад: агар ҷараён хурд (паст) бошад, контроллер панелро ба кор медарорад ва агар баланд бошад, аз ҳаракат бозмедорад.
Панелҳои офтобӣ на танҳо манбаи неруи тозаанд, балки роҳи сарфакорӣ, мустақилияти энергетикӣ ва ҳифзи табиатро таъмин мекунанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари офтобӣ аст, истифодаи онҳо имконияти воқеии тараққиёт мебошад.
Панелҳои офтобӣ технологияи муосир ва ҷавоби дуруст ба ниёзҳои энергетикӣ, экологӣ ва иқтисоди асри XXI мебошанд. Онҳо барои ҳар як давлат, хонавода ва ҳатто шахси алоҳида имкони зиндагии устувор, мустақил ва тозаро фароҳам меоранд. Партов ва садои баланд надоранд, муҳити зистро ифлос намекунанд, барои ҳайвоноту наботот бехатаранд, метавонанд 20-30 сол барқ истеҳсол намоянд ва ба нигоҳубини зиёд ниёз надоранд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё