Соҳаи кишоварзӣ чӣ хел асоси иқтисодиёти Хитой шуд?
Хитой дар дунё яке аз давлатҳои камшуморест, ки дар муддати кӯтоҳ камбизоатиро бартараф намуда, ба ривоҷёбии барқарор муяссар шуд. Ҳоло бисёр давлатҳо натиҷа ва таҷрибаҳои онҳо муваффақшударо омӯхта, камбизоатиро ихтисор, бекориро бартараф, соҳаи хоҷагии қишлоқро бештар азхуд мекунанд. Аз ҷумла, рӯзҳои 15–20‑уми май ҳайати намояндагони вилояти мо дар провинсия (вилоят)-и Сичуан дар ин соҳа таҷрибаи онҳоро омӯхта баргашт.
Соҳае, ки мавқеи стратегӣ дорад
Сичуан дар ҷанубӣ-ғарбии Хитой, дар қисми болооби дарёи Янтсзи ҷойгир буда, таърихи кишоварзии кӯҳан ва шароити табиии хуб дорад. Дар ин ҷо захираҳои табиии ғанӣ мавҷуд буда, аз қадим бо номи «Диёри фаровон» машҳур аст. Масоҳати Сичуан 486 ҳазор километри мураббаъ мебошад ва 21 шаҳр (профектура) ва 183 округ (шаҳрҳо ва ноҳияҳо)-ро идора мекунад. Соли гузашта буҷети маҳаллии он триллион юан (тахминан 832,9 миллиард доллари ИМА-ро ташкил карда, дар мамлакат соҳиби ҷойи панҷум шуд ва ба вилояти аввалини Хитойи марказӣ ва ғарбӣ табдил ёфт. Афзоиши иқтисодӣ 6 фоизро ташкил карда, он дар байни 10‑то вилояти калони иқтисодии Хитой пешсаф аст. Ҳаҷми маҳсулоти истеъмолии вилоят дар соли 2023 ба 2,6 триллион юан расид.
Аз 83,68 миллион аҳолии провинсия 35 миллиони он дар хоҷагии қишлоқ шуғл варзида, дар инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда дорад. Агар дар миқёси миллӣ гап занем, Сичуан вилояти асосии хоҷагии қишлоқу аҳолӣ ва ресурсҳои ғании Хитой буда, он базаи стратегие аст, ки маҳсулоти бисёр расонда медиҳад.
Шароити ба худ хоси табиӣ-ҷуғрофии ин минтақа захираҳои маҳсулоти ғаниро ба вуҷуд меорад ва дар ин ҷо камаш чорто «саҳроҳои тиллоӣ»-и хоҷагии қишлоқ мавҷуд мебошанд.
Сичуан яке аз 13 вилояти калони истеҳсолкунандаи дон ва 15 вилоятест, ки маҳсулоти алоҳида истеҳсол мекунад, аз ҷумла дар расондани колза ва картошка дар мамлакат пешсаф мебошад.
Дар ошхонаи ин диёр кивии дарунсурхи дар дунё аз ҳама бузург, меваҳои дерпазаки ситрусӣ, мангои дерпазак ва лимони тайёр расонда мешаванд. Маҳсулоти хоҷагии қишлоқи он дар Ғарб дар ҷои аввалин аст. Сичуан байни мухлисони рақсу бозии Хитой низ машҳур буда, аз рӯи деҳаҳои истироҳатӣ дар мамлакат пешсаф аст. Яъне, агросайёҳӣ ба соҳаи алоҳида табдил ёфтааст. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин ҷо дар давоми сол беш аз 26 миллион нафар буда, онҳо дар тамоми мамлакат, дар доираи ташаббуси «Як камар, як роҳ» дар баъзе мамлакатҳо, аз ҷумла дар Ӯзбекистон низ паҳн шудаанд. Боз як объекти муҳими минтақа — Анбори дони Тянфу бехавфии хӯроквориро таъмин мекунад.
роҳҳои рушди Соҳа
Бо муттаҳидӣ ва ҳамкории хоҷагии қишлоқ ва сохторҳои кишоварзӣ дар соли 2023 хоҷагии қишлоқи вилоят барқарор ривоҷ ёфта, даромадҳо пайваста афзуданд ва ин вазъи фермерҳоро беҳтар кард. Ба туфайли пурзӯр намудани ҳифзи заминҳои корам, рекултиватсияи майдонҳои кишти бекорхобида ва мақбул намудани майдонҳои кишт, идораи динамикии заминҳои бекорхобида, 96 миллион гектар майдонҳои ғаллаи солона барқарор карда шуданд.
Барои расондани хизматҳои техникӣ дар шаҳру ноҳияҳо 21‑то гурӯҳи расондани хизмати экспертӣ ташкил гардида, барои дар вилоят ба ҳисоби миёна 24 сентнер зиёд шудани ҳосилдории ғалла кӯмак расонданд.
Ба андоза (стандарт) мос кардани объектҳои занҷири саноат ва ускунаҳо, инчунин назорат кардани онҳо ба дараҷаи назаррас беҳтар шуд. Беҳдошти кори асбобу анҷомҳои илмӣ-техникӣ ва имкониятҳои илмӣ-тадқиқотӣ идома доранд. Ҳукумат барои бартараф намудани норасоиҳо нақшаи дастгирии базаи моддии техникаи хоҷагии қишлоқ ва ускунаҳои онро таҳия кард. Барои ин паркҳои техникаи хоҷагии қишлоқ, дар округҳои қашшоқ майдони таҷрибаи механизатсия кардани ҷараён бунёд гардиданд.
Дар натиҷа, ҳоло дараҷаи механизатсияи комплексии киштҳои асосии вилоят ба 70 дарсад расидааст.
Боз як тарафи ибратбахш ҳамин, ки давлат хароҷоти бо ёрии ускунаи лазерӣ ҳамвор кардани майдонҳои заминро пурра пардохт мекунад. Ба хоҷагиҳое, низ субсидия дода мешавад, ки ба миқдори 70–100 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ мекунанд.
Дар деҳот эътибор ба обёрии электротехникӣ калон аст. Дар се сол 3500‑то стансияи нави ирригатсионӣ сохта шудааст. Ба туфайли бунёди амборҳои нави яхдондор нишондиҳандаи коркарди ибтидоии маҳсулоти хоҷагӣ ба 66 дарсад расидааст. Навъҳои чорводорӣ ва паррандапарварии ба вилоят хос, чун «Хуки сиёҳи Тянфу», «Харгӯши сиёҳи Тянфу», «Мурғобии сергӯшти Тянфу» роҳандозӣ гардидаанд. Инчунин, навъи маҳсулоти «Yutong №1», барқарор намудани деҳаҳои Сичуан, дастгирии сохтмони коллеҷи касбӣ-ҳунарӣ ва барои барқарор намудани деҳа интегратсияи саноат ва таълим базаи миллии намоишгоҳ барпо карда шудааст.
Нақшаи ҳаракатҳо роҷеъ ба офаридани бренди хоҷагии қишлоқи «Tianfu Granary» таҳия шудааст. Бренди ҷамоатии «Tianfu Granary»-и провинсияро ба рӯйхат гирифта, онро ба таври оммавӣ бароварданд ва партияи аввалини 100‑то бренди босифатро расонданд.
Бренди Сичуан барои навъи «Камар ва роҳ»-и маҳсулоти хоҷагии қишлоқи беш аз 210 компания ташкил гардида, онро дар Италия, Британияи Кабир ва Таиланд тарғиб намудаанд. Намоишҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, чой ва ғайраро ташкил кардаанд. Намоишҳои хӯрокворӣ ва ярмаркаҳои хоҷагии қишлоқ, инчунин, барои дар дохил ва хориҷи кишвар пурзӯр шудани фаъолияти тиҷоратии бренди «Tianfu Granary» мусоидат мекунад.
Камбизоатиро чӣ хел барҳам доданд?
Барои ин се сохтори асосӣ роҳандозӣ гардидааст:
Якум, барои пешгирии ба камбизоатӣ баргаштани одамон барпо кардани сохтори мониторинги мунтазам ва кӯмак лозим аст. Барои таъмини алоқаи байни ноҳия ва мавзеъҳои деҳот, ки се дараҷа доранд, бунёди механизми идораи соҳа, мониторинги такмили воситаҳои ёридиҳӣ ва амалӣ кардани идораи «давраи пӯшида»-и кӯмак роҳандозӣ шудааст. Андозаи даромадҳои мониторинг дар соли 2023 аз 6800 юан то 7500 юан муайян гардида буд. Муддати мониторинг ва идентификатсия кардан ба 5 рӯз ихтисор шуд ва барои ҳамаи объектҳое, ки мониторинг муайян шудааст, чораҳои ёрии бомақсад амалӣ гардидааст.
Дуюм, сохторе, ки ба таври доимӣ даромади одамони аз сафи камбизоатон баромадаро зиёд мекунад, ташкил гардидааст.
Сиёсати дахлдори чораҳо роҳандозӣ шуда, аз рӯи тоифаҳо ва шароити маҳаллӣ соҳаҳои дастгирикунанда ривоҷ дода мешаванд. Шахсоне, ки аз рӯи «ихтисосҳои маҳаллӣ» фаъолияти хуб бурдаанд, барои ривоҷдиҳии иқтисодиёти мавзеъҳо рағбатонида мешаванд. Барои сохтмони намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ба сохтмони майдончаҳои савдо, нарм кардани қашшоқӣ ёрдам дода мешавад.
Саввум, барои фаъолтар кардани деҳот дар ноҳия (деҳа)-ҳои асосӣ ташкили сохтори дастгирӣ, мутобиқи захира (ресурс)-ҳо ва интегратсия лозим аст. Дар ин ҷо барои дастгирии 25‑то ноҳияи асосӣ фондҳои марказӣ ва вилоятӣ зиёд ва беш аз 50,54 дарсади маблағ ҷудо карда мешаванд.
Беш аз 1500 нафар соҳибистеъдодҳои касбӣ ва техникӣ аз соҳаҳои ёрии тиббӣ, таълим, фан ва технология барои амалӣ намудани ёрии «услуби гурӯҳӣ» интихоб гардида, ба фаро гирифтани ноҳияҳои асосӣ муяссар мешаванд. Саъю кӯшишҳо роҷеъ ба бартараф кардани камбизоатӣ ва ёрӣ расондан барои зиёд намудани даромади фермерҳо ҳоло низ идома дода мешавад.
Имкониятҳои технологӣ, ҳамкории шарқӣ-ғарбӣ барои баланд бардоштани сифат ва босамарии фаъолияти деҳаҳо ёрӣ мерасонанд. Дар соли 2023 дар вилоят лоиҳаи бунёди деҳаи рақамӣ ва рақамӣ кардани 1161 деҳа амалӣ шудааст. Ин платформаи рақамии идораи қишлоқи «Идораи хуби Сичуан» гардид. Соли гузашта платформа дар 25500‑то деҳа лоиҳа тайёр карда, инчунин ба 6,02 миллион аҳолии деҳот хизмат расонд.
Онҳо «Сето базаи маълумотҳо»-ро офаридаанд. Мисол, аз «базаи маълумотҳои лоиҳаи сармоя (капитал)-и вобаста», «базаи маълумотҳои содирот (экспорт)-и меҳнат барои одамоне, ки аз камбизоатӣ баромадаанд» ва «базаи маълумотҳои разведка роҷеъ ба барқарор кардани деҳаҳо», инчунин аз технологияҳо барои пурзӯр кардани лоиҳаҳои деҳаҳо истифода мебаранд.
Хати сурхи майдонҳои кишт чист?
Мустаҳкам намудани пойдевори ривоҷдиҳии хоҷагии қишлоқ ва қувваи истеҳсолии хоҷагии қишлоқ дар ободонии деҳаҳо идома дорад. Дар барқарор намудани расондан ва афзудани ҳосили ғалла ба хати сурхи майдони кишт ба таври қатъӣ риоя карда шудааст. Дар ҳамворӣ, талу теппа ва кӯҳҳои Ченгду миқдори барои ғаллакорон субсидияҳоро зиёд карданд.
Дар сохтмони лоиҳаҳои истиқоматӣ дар стансияҳои обёрӣ чораҳои расондани кӯмак дида шудаанд. Дар натиҷа, дар вилоят (96 миллион гектар) майдонҳои кишти дон барқарор гардиданд.
Барои кишти зироатҳое, ки талаб калон аст, аксияҳои «се маҳсулот, як стандарт» ва «сабз, ҳосили баланд ва бунёдкории босамар» амалӣ карда мешаванд. Барои барпо намудани хоҷагиҳои чорводорӣ ва гӯсфандпарварӣ дар асоси андозаҳо, барпо кардани «заминҳои ҳосилхез» ёрӣ расонда мешавад. Саноати хоҷагии қишлоқи вилоят пойдевори мустаҳкам дорад. Барои бартараф кардани норасоиҳое, ки дар хоҷагии қишлоқ рӯй додаанд, асбобу ускунаҳои илмӣ ва технологиро истифода мебаранд.
Дар провинсия сохтори механизатсиякунонидаи расондани киштҳои асосӣ ва ҷамъоварии ҳосил мавҷуд аст. Инчунин, лоиҳаҳое аз қабили бо суръат бартараф намудани норасоиҳо дар инфрасохтор ва объектҳои коммуналии деҳа, дар сатҳи вилоят тоза кардани қишлоқҳо, обод намудани ҳавлиҳо, таъмири ҳоҷатхонаҳои деҳот низ амалӣ карда мешаванд.
Барои боақлона идора кардани деҳа лоиҳаи пилотии миқёсан пурра амалӣ гардида, ба сохтмони платформаи рақамии «Идораи хуби Сичуан» барои идораи қишлоқ ва босамар истифода бурдани он, амиқгардонии чораҳои тағйир додани расму оинҳои қишлоқ ва дар даври нав роҳандозӣ кардани тенденсияҳои нав эътибор дода мешавад.
Назорати аз қашшоқӣ баргардонидани фермерон ва устуворона зиёд кардани даромади онҳо яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад. Барои барнагаштани одамон ба камбизоатӣ системаи сезинаи идоракунии шабакаҳо барои ноҳияҳо ва деҳот такмил дода шуд. Барои пешгирии бозгашти камбизоатии деҳот механизми дарозмуддати паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъсис гардидааст. Тадбирҳо ҷиҳати таъмини шуғли хонаводаҳо аз камбизоатӣ ва дастгирии муҳоҷират аз мадди назар дур намондааст.
Амиқтар кардани дастгирии саноат дар минтақа, татбиқи сиёсати маҳаллӣ ва ба нақша гирифтани саноати муосири кишоварзӣ дар ҳудудҳои камбизоат муайян карда шудааст. Дар 39 ноҳияи сусттараққикарда оид ба дастгирии саноати кишоварзӣ 12 тадбир амалӣ карда мешавад. Кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз механизмҳо, монанди ҳамкории Шарқу Ғарб барои дастгирӣ кардани истеъмол ва вусъат додани фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ёрирасон самаранок истифода бурда шавад.
Фермерон ташвиқ карда мешаванд, ки дар сохтмон, идоракунӣ ва нигоҳубини заминҳои хушсифати хоҷагии қишлоқ ва дигар объектҳои инфраструктура ба воситаи усулҳои «Сабукӣ барои кор» иштирок кунанд. Кӯшишҳо барои ҳавасмандгардонии рағбати эндогенӣ дар минтақаҳои камбизоат, кӯмак ба фермерон, зиёд кардани даромади онҳо ва сарватманд шудан доранд.
Дар рафти сафар ба системаи таълим низ мароқ зоҳир намудем. Дар мактабҳо дарахту гиёҳҳо ба ҳар як талабаи синфи боло вобаста карда шудаанд. Онҳо пагоҳӣ пеш аз рафтан ба дарс дарахтро нигоҳубин ва баъд ба машқ шурӯъ мекунанд. Агар нишонаҳои беморӣ эҳсос карда шаванд, мутахассисро даъват мекунанд. Дар баробари ин, дар мактабҳо фаррош нест ва ин вазифаро хонандагон бо навбат иҷро мекунанд. Бо ин онҳо дар дили бача меҳру муҳаббатро нисбат ба табиат мепарваранд, меҳнатдӯстиро меомӯзонанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё