ҲАҚИҚАТИ РӮЗ
Гурбаи ҳомилае ҷои амн барои зодан мекофт. Ба алафхонаи бою бадавлате даромаду гумон кард ҷои амнро ёфт.
Аммо он бой бо камераи наворбардор гурбаро диду фармон дод ӯро зада пеш кунанд.
Гурба якчанд зарбу лат хӯрда гурехт ва худро дар хонаи раису сиёсатмадоре дид. Макони орому кам одамон. Гурба хурсанд гашту гушаеро барои худ интихоб намуд.
Аммо афсӯс зани соҳибхона гурбаро диду доду фиғонкунон бо ҳамроҳи шавхараш ба сӯи гурба ҳар он чи ба дасташон меафтод, ҳавола медоданд.
Гурба дубора фирор карду ба ҳавлии афсаре дохил шуд, лек ҳамон замон афсар бо кӯдаконаш, гӯйё душмани ашаддиеро дида бошанд, бо овози баланд ба сӯи гурба давиданд.
Бечора гурба ин дафъа аз якчанд кӯчаву чандин хонаҳо дур гурехт ва хонаи камбағали бечораҳолеро дид. Дар аввал гумон кард ки:
- Аз хонаи бою пулдоре, ки пас аз худ ғизои зиёде ба партов мепартоянд, маро зада пеш карданд!
- Аз хонаи раисе, ки худро хубкирдору наку инсон мегуфт, зада пешам карданд.
- Аз хонаи афсаре, ки худро пуштибони одамону хайвонот мегуфт, зада пешам карданд.
Оё ин хонаи камбағалу мискин барои ману гурбачаҳои кӯчакам ҷой ёфт мешуда бошад?
Аммо дигар вақти фикру гумон кардан нашуд, чун гурбаро дарди зодан гирифт. Духтари соҳибхона гурбаро диду аз падараш илтмос кард то ӯро ба хонаашон дарорад.
Барои гурба дар як кунҷи ҳавлӣ зуд кулбачае сохтанд ва зери пояш алафу кӯрпаи кӯҳнае партофтанд ва дар косачае шир гузоштанд.
Саҳари барвақт соҳибхонаву кудакон зиёд хурсандӣ мекарданд, гурба 4 гурбачаи зебое зода буд. Кӯдакон чунон хурсанд буданд, ки хурсандии онҳоро канор набуд.
Гурба ҳам хурсанд буд ва Худоро шукри беандоза мегуфт. Аммо ӯ зиёдтар ҳайрон буд, аз сангдиливу бераҳмии баъзе одамон.
Хонаи фақирро баракату неъматҳои Илоҳӣ он сол болои ҳам омад:
- Писари муҳоҷираш бо пули хубе баргашт ва ба духтари ботақвову Худотарсе оила барпо кард.
Духтари калониашро рӯзи туй ҷавони зебову ҳофизи Куръоне маъкул карду ба ӯ хостгор фиристод. Ӯ низ розигии худро доду онҳо низ оила барпо намуданд.
Аммо аз ҳама зиёдтар соҳибхона аз он хурсанд гашт замоне, ки писари хурдиаш ба сухангӯӣ даромад. Ӯ сесола буду танҳо бо ишора сухан мегуфт ва мардум ӯро "гунг" аст гуфта гумон доштанд.
Баръакси ин он бою пулдорро он сол хонааш сӯхт, оғилу алафхонааш сӯхт. Даҳҳо гову аспаш талаф ёфт. Ӯ рӯю мӯй меканду сабаби ҳамаи ин бадбахтиҳоро меҷӯст.
Раисро дар садамае пояш шикаст ва муддати дарозе дар беморхонаҳо муолиҷа мегирифт.
Дар ин муддат зани бераҳму беимонаш аз ӯ талоқ хост ва баромада рафт. Писари ягонааш бо маводи мухаддир ба даст афтод ва зиндонӣ гашт.
Он афсарро бо пора дастгир карданду аз вазифа озод намуданд ва то 3 сол барои ӯ вазифаҳои давлатӣ ишғол намуданро манъ намуданд.
Хонае, ки мезист, ба давлат тааллуқ доштаасту ӯро аз он берун кардаанд. Акнун ӯ хонаи кӯчаки иҷорае гирифта буду аз сахтии зиндагӣ зиёд шикоят мекард.
"ҲАР КАСЕ КИ БА МАХЛУҚИ ХУДО РАҲМ НАКАРД, АЛЛОҲ БА Ӯ РАҲМ НАХОҲАД КАРД!"
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё