Дарди дандон
Дандон ягона узви бадани инсон аст, ки худашро табобат карда наметавонад.
Тақрибан ҳар як қисми бадани шумо қобилияти шифо додани худро дорад, агар он осеб ё бурида шавад! Аммо дандонҳои шумо ин корро карда наметавонанд!
Банан - дандонҳоро сафед мекунад!
Пас аз хӯрдани банан барои партофтани пӯсти он шитоб накунед. Онро барои сафед кардани дандон истифода бурдан мумкин аст.
Пӯсти бананро ба боло ва поёни дандон молед, то дандонҳо бо пасмондаҳои банан пурра пӯшонида шаванд. Мо дандонҳоро дар ин ҳолат барои 10 дақиқа мемонем. Сипас мо дандонҳоро дар оби гарм мешӯем!
Беморони дарди дандон бояд ба чӣ таваҷҷӯҳ кунанд?
Кандани дандон як раванди ҷарроҳӣ аст, аз ин рӯ мушкилиҳо ба мисли илтиҳоб ва хунравӣ мушоҳида мешавад.
Ба чӣ диққат додан лозим аст:
Тампонеро, ки пас аз кандани дандон гузошта мешавад, дар рӯи зиёда аз 30 дақиқа гузоштан, хӯрокҳои гарм, тунд, дағал истеъмол накардан, чанд рӯз души гарм нагирифтан, ба дандони кандашуда забон ва дигар ашёву ҷисмҳоро расонидан мумкин нест, чок монда шуда бошад, даҳонро набояд калон кушода ё шуста шавад. Инчунин талаб карда мешавад, ки бо он тарафе, ки дандон гирифта шудааст, нахобанд.
Барои он, ки боиси пӯсидаи дандонҳо нашавад: сари вақт табобати кариес ва дигар бемориҳои дандонпизишкӣ, риояи гигиенаи ковокии даҳон, ҳар рӯз тоза кардани дандонҳо бо хамираи дандонпизишкӣ ва шӯтка.
Дарди дандон чаро хатарнок аст?
Бемориҳои дандонпизишкӣ ба ташаккули невралгияи рӯй ва абсцессҳо таҳдид мекунанд ва дар баъзе мавридҳо заҳролудшавии хунро бо оқибатҳои марговар ба вуҷуд меоранд.
Аз ин рӯ, баробари пайдо шудани дарди дандон, зарур аст, ки фавран ба нигоҳубини касбии дандонпизишк муроҷиат кунед.
Дандонҳои худро сафед кунед ва ба онҳо осеб нарасонед.
Ин усул қариб ба ҳама гуна бемориҳои дандон кӯмак мекунад ва дандонҳоро қариб фавран сафед мекунад, захмҳои хурди даҳонро шифо мебахшад.
Компонентҳо:
- 0,5 қошуқи чойӣ содаи нонпазӣ илова кунед...
- 10-20 қатра пероксиди гидроген (аз дорухона пурсед)...
- чанд қатра лимӯ...
Ба сода пероксиди гидроген ва шарбати лимӯ илова кунед.
Мавод тайёр шуд!
Пахтаи тозаро дар ин мавод тар кунед ва дандонҳо ва милки дандонро бо хамира аз берун ва аз дарун молед.
Лимӯ содаро безарар намуда, тароват мебахшад, сода - дандонҳоро аз моддаҳои бегона тоза мекунад ва пероксиди гидроген - дезинфексия ва сафед мекунад.
Пас аз тоза кардани дандонҳоятон бо ин тарз, шумо наметавонед дар давоми даҳ дақиқа дандонро шӯед ё ғизое истеъмол намоед!
Тибқи хулосаи илми тибби муосир, то имрӯз манфиатҳои зерини мисвок муайян шудаанд:
1. Мисвок, ки дар таркибаш фтор дорад, аз пӯсидани дандон (кариес) пешгирӣ мекунад.
2. Мисвок рангҳои гуногун, чирк ва доғҳои дандонҳоро дафъ мекунад, зеро дар таркиби он хлор мавҷуд аст.
3. Дар таркиби он силикат низ ҳаст ва барои ҳамин дандонҳоро хуб сафед мекунад.
4. Моддаи фосфори дар мисвокбуда, дандонҳоро аз бактерияҳои пӯсонанда муҳофизат мекунад.
5. Триметиламин ва дармондоруҳои дар таркиби Мисвокбуда, милки дандонро аз кафидан муҳофизат мекунанд, захмҳояшро шифо мебахшанд ва солимии дандонҳоро таъмин мекунанд.
6. Муҳимтар аз ҳама, он ба онҳое, ки нос ва сигоркаширо тарк карданианд, кӯмак мекунад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё