Зеҳн

Дандони ақл

ЗЕ
зеҳни сунъӣ4 декабри 2024 · 6 дақиқа хондан

Чаро дар дандонҳо санг пайдо мешавад?

Санги дандон як қабатест, ки дар болои дандон ҷамъ мешавад ва дар натиҷаи ҷамъшавии бактерияҳо ба вуҷуд меояд.

Таваҷҷӯҳи нокифоя ба гигиенаи даҳон метавонад, боиси шустани нодурусти дандонҳо гардад, ки боиси партовҳои ғизо ва пайдоиши сангҳо дар дандон мегардад. Сангҳо метавонанд ба дандон зарар расонанд ва боиси шикастани эмали дандон шаванд.

Санги дандон боиси бӯи нохуш дар даҳон, сурхӣ ва хунравии милки дандон, дард ҳангоми хӯрдан, зиёд шудани ҳассосияти дандонҳо, намуди нохуши бинобар рангоранг шудани дандонҳо мегардад.

Сангҳои дандонро бо даст ё бо дигар роҳҳо тоза кардан мумкин нест. Барои ин ёрии духтури дандон лозим аст. Барои пешгирӣ тавсия дода мешавад, ки гигиенаи даҳон риоя карда шавад ва дандонҳо мунтазам тоза карда шаванд.

Давои санги дандон

Барои аз сангҳои дар дандон мавҷудбуда халос шудан 40 грамм пӯчоқи чормағзро гирифта, 20 дақиқа дар об ҷӯшонда, баъд аз дока менузаронанд.

Чӯткаи дандонро 10 дақиқа дар он тар карда, сипас бо ин усул ҳар рӯз 3 маҳал дандонҳоро тоза кардан лозим. Дар ду ҳафта натиҷа маълум мегардад.

Дандон яке аз муҳимтарин чизҳое аст, ки Худованд барои инсон ато кардааст. Аммо хуб нигоҳдории онро дар ихтиёри худи инсон қарор додааст...

Дандон бемориҳои зиёде дорад, ки яке аз он пусидагии он мебошад.

Барои рафъ ва пусидагии дандон...

Барги хурфаи тозаро барои пешгирӣ аз пусидагии дандон ба дандон бимолед ки барои он хеле олӣ аст...

Хурфа душмани пӯсидагии дандон мебошад. Дар замонҳои пеш гиёҳи хурфаро монанди кабудӣ истифода мекардард, аммо ин замон аз он бехабаранд ва ҳама ба дармонҳои муосир ба монанди кашидан рӯ овардаанд, ки ин оқилона ба назар намерасад...

Xунук ба дандон зарар мерасонад

Як далели маълум: муҳаққиқони қутбӣ, ки Арктика ва Антарктидаро меомӯхтанд, аксар вақт дандонҳояшон на танҳо аз сардӣ кафида, балки дар даҳони худ метаркиданд. сабаби хеле паст будани харорат аст, ки боиси вайрон шудани сири дандон мегардад.

Албатта, сокинони шаҳрҳои муосир ба чунин ҳарорати шадид дучор намешаванд, аммо сармо воқеан метавонад ба дандонҳо зарар расонад.

Агар шумо одате дошта бошед, ки аз ҳуҷраи гарм ба берун баромада, тамокукашӣ кунед ё мунтазам дар як вақт хӯрокҳои хеле гарм ва хеле хунук истеъмол кунед (масалан, яхмосро бо чойи ҷӯшон бинӯшед), пас дар сирдор тарқишҳо пайдо мешаванд.

Чой касалиҳои дандонро пешгирӣ мекунад.

Чой дорои миқдори зиёди фторид аст, ки онро бомуваффақият ҳамчун воситаи муносиб ва муассири пешгирии пӯсидани дандон ва асосан барои пешгирии пӯсиши дандон истифода бурдан мумкин аст.

Аз ин рӯ, ба онҳое, ки гирифтори кариес ҳастанд, тавсия дода мешавад, ки чойро бе шакар дар консентратсияи баландтар аз маъмулӣ бинӯшанд.

Агар шумо бо пероксиди гидроген (Перекис водород) ғарғара кунед...

1 маротиба дар 10 рӯз.

Баъд аз наҳорӣ даҳонро бо маҳлули обии пероксиди водород шустан мумкин аст.

5 қатра маҳлули пероксиди 3%-аро бо 50 мг оби тозаи ноҷӯшида омехта кунед.

Ин як пешгирии аъло аз кариес, аз бемориҳои дандон ва аз бемориҳои милк мебошад. Бӯи бади даҳон аз байн меравад ва дандонҳо сафед мешаванд!

Усули табиии халосӣ аз дарди дандон!

Агар Шуморо дарди дандон безовта кунад, аз ин тавсия истифода баред:

Барои ин як қошуқи хурд (чойқошуқ) содаи истеъмолӣ, як каме намак ва якчанд қатра йодро дар як стакан об ҳамроҳ кунед ва хуб омехта намоед.

Аз ин маҳлули тайёршуда якчанд маротиба даҳонро чайқонед, дарди дандон бартараф мешавад.

Дандони ақл. Чаро он дард мекунад?

Дандони ақл, бо вуҷуди он ки хеле дер мебарояд, боз барои инсон дарду нороҳатии зиёдеро ба бор меорад. Рафту дандони ақл дард кунад, онро кандан лозим аст ё табобат бояд кард? Ба ин саволи маъмултарини соҳаи дандонпизишкӣ посух меҷӯем.

Нишонаҳои баромадани дандони ақл

Аксаран дандони ақл наздики 20-30 –солагӣ аз худ дарак медиҳад. Дар баъзеҳо бошад, он умуман намебарояд. Рафту шумо ба шумораи чунин нафарони батолеъ ворид нагашта бошед, аз рӯи нишонаҳои зерин аз баромадани он огаҳӣ пайдо карда метавонед:

Варам, сӯзиш ва илтиҳоби вораҳои кунҷи даҳон,

Дарди ҷоғи рӯй, гӯш ва устухони рухсора,

Варам кардани гиреҳҳои лимфавӣ,

Дард ҳангоми фурӯ бурдани хӯрок,

Баландшавии ҳарорати бадан.

Аломатҳои беморӣ аз хусусиятҳои фардии ҳар шахс вобастагӣ дорад. Ҳолатҳое мешавад, ки баромадани дандони ақлро тамоман эҳсос намекунанд ва ин маънои онро дорад, ки дандон дуруст месабзаду ба дандонҳои ҳамсоя халал намерасонад.

Чаро дандони ақл дард мекунад?

Ҳангоми бо душворӣ баромадани дандони ақл вораҳо ба дард меоянд. Сабабҳои он зиёданд:

Дистопия

Дар ин ҳолат дандони ақл бо сабаби кам будани ҷой нодуруст мебарояд. Агар сари вақт дандон канда нашавад, ҷароҳат бардоштани пардаи луобии рухсора ва каҷ шудани дандонҳо ба вуҷуд меояд.

Ретенсия

Ҳолатҳое мешавад, ки дандони ақл бо таъхир мебарояд. Дар ин ҳолат тоҷи дандонро қисман буридан ё пурра дар зери сақф пинҳон кардан мумкин аст. Дер баромадани дандони ақл боиси нороҳатӣ ва худро бад ҳис кардани инсон мегардад.

Перикоронит

Дар сурати нопурра ё бо душворӣ баромадани дандон илтиҳоби вораҳо имкон дорад, ки сабабаш паҳншавии сироят дар зери қисмати болоии дандони ақл аст — ин қисми пардаи луобпардаест, ки ҳангоми тарқиш дандонро мепӯшонад.

Дандони ақлро канем ё табобат кунем?

Аксарият чунин савол медиҳанд: «Дандони ақл барои чӣ лозим аст, чаро ин қадар мушкилӣ ба бор меорад?!» Аслан табиат ҳар чизеро меофарад, аз он нафъе ҳатман мерасад. Дандони ақлро ҳамчун поя барои сохтани протезҳо истифода бурдан мумкин аст. Рафту дандони ақл ҳангоми баромаданаш дард мекарда бошад, ҳатман ба назди дандонпизишк равед. Баъди ташхис табиб хулосаи даркорӣ мебарорад. Агар духтур кандани онро тавсия диҳад, дудила нашавед, балки барои ҷарроҳӣ омода бошеду гуфтаҳои табибро риоя намоед.

Дандони ақлро чӣ гуна бояд канд?

Кандани дандони ақл амалиёти душвор ба шумор меравад, ки аз ҷарроҳ таҷрибаву кордонӣ талаб мекунад. Аслан амалиёти кандани он дар дармонгоҳ бо сӯзандоруи таскинбахш гузаронида мешавад. Қабл аз амалиёт ташхис ва табобати антибактериавӣ гузаронида мешавад.

Дар тамоми синну сол кандани дандони ақл мушкиле надорад, муҳимаш мутахассиси хуберо пайдо намоед, ки амалиётро зуд ва дуруст анҷом диҳад. Рафту баъди чанд рӯзи кандани дандони ақл варам нагашта, вораҳо дард кунанд ё хунравӣ сар шавад, дарҳол ба табиб муроҷиат намоед.

Тавсияҳо баъд аз кандани дандони ақл:

Давраи баъди ҷарроҳӣ чанд ҳафта давом мекунад. Барои рафъ намудани оқибатҳои ногувор табиб ба бемор табобати зиддиилтиҳобӣ, таскинбахш ва парҳези махсусро тавсия медиҳад. Баъди ҷарроҳӣ табиб ҳатман барои нигоҳубини даҳон баъд аз амалиёти кандани дандон тавсияҳо медиҳад, ки чунинанд:

2 соат пас аз ҷарроҳӣ хӯрок истеъмол накунед;

хӯроки аз ҳад зиёд гарм ё сардро муддати чанд рӯз истеъмол накунед;

бештар хӯроки нарму мулоим истеъмол кунед;

хӯрокро кам-кам бо дандони солиматон хоида, баъдан фурӯ баред;

аз хӯроки тунд, шӯр, ширин ва машрубот худдорӣ намоед;

баъди истеъмоли ғизо даҳони худро обгардон кунед.

Риоя намудани тамоми тавсияҳои табибон ҷараёни табобатёбиро тезонида, пайдоиши илтиҳобро пешгирӣ менамояд.

Агар дандони ақлатон дард мекарда бошад, бо худтабобаткунӣ машғул нашавед. Дарҳол ба табиб муроҷиат кунед...

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба