Эҳтироми падар
Ба пири хидмати модар, падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун!
Ки парвардаст модар дар канорат,
Падар буд солҳо тимордорат.
Ҳар фарзанди солиму солеҳ, ҳар фарзанди мӯъмину мусалмон, ҳар фарзанди болиғу қобили меҳнат бояд ҳамеша дастёру мададгори волидон бошад. Ба хусус замоне, ки онҳо пиру нотавону дардманд мегарданд, фарзанд бояд хидмати эшонро ба ваҷҳе накӯ ва шоиста анҷом бидиҳад. Набояд фаромуш кунем, ки модар моро бо сад ормону орзу, бо нозу муҳаббату меҳрабонӣ дар канори муаттару оғӯши гарми хеш парвардаву падар ҳамеша ғамхору дуогуи фарзанд буда соябони мо фарзандон мебошанд.
Аз ин лихоз даъват менамоям , ки будани волидонро кадр намуда хизмати онхоро содикона ва софдилона ичро намоем.
Эҳтироми падару модар қарзи фарзанд ва киматтарин неъмати бебахо ба хисоб меравад.
Мабош, ҷони падар, ғофил аз мақоми падар,
Ки воҷиб аст ба фарзанд эҳтироми падар.
Агар замона ба номи ту ифтихор кунад,
Ту дар замона макун фахр ҷуз ба номи падар.
Аз ашки 3 кас битарс:*
1 - ашки ятим
2 - ашки мазлум
3 - ашки падар ва модар
ПАДАР
Мисли сутуне ҳаст, ки муҳим нест чиқадар заиф шуда бошӣ, ҳамеша пуштат меистад ва боиси дилгармиат мешавад ...
Аз пирмарде пурсидам хушбахтӣ чист?
Гуфт: Агар мехоҳи "саломат" бошӣ, ҳангоми бемории падару модарат дар канорашон бош...
Агар мехоҳи "сарватманд" шавӣ, ба падару модарат кумаки молӣ кун...
Агар мехоҳи хушбахт бошӣ, бо падару модарат "меҳрубон" бош...
ОДОБИ МУОМИЛА БО ПАДАРУ МОДАР
Одоби муомила ва муносибат бо падару модар:
- ба онҳо овоз баланд макун;
- ба таом пеш аз онҳо даст дароз макун;
- ба онҳо дағал манигар;
- бо онҳо фахр намо, гарчанд онҳо шоистаи ифтихор коре накарда бошанд ҳам;
- дар наздашон пой дароз макун ва ҳаргиз қафои худро магардон;
- боиси танбеҳу дашноми онҳо машав.
Падар гардӣ, падарро ту ба ёд ор,
Замоне буд барои ту мададгор.
Ба тифли хеш мадад кардиву аммо,
Чаро имруз падарро гаштӣ безор.
Падар буду ту гаштӣ одам имрӯз,
Чаро имруз ба лутфи ту падар зор.
Агарчанде падар бошад гунаҳкор,
Намон то, кӣ падарҷонат шавад хор.
Падар ҳасту туро ному насаб ҳаст,
Ту номашро азизу муътабар дор.
Падар аз ту агар норозӣ гардад,
Бидон аз ту ризо нест Офаридгор.
Агар хоҳӣ шавӣ сарвар, дуо гир аз падар, модар,
Биёбӣ ному бому дар, дуо гир аз падар, модар!
Сияҳабри ҳама ғамҳо, парешон мешавад ҳар сӯ,
Бихандад бахти ту яксар, дуо гир аз падар, модар!
Зи ҳамдардиву дилсӯзӣ ба мақсад мерасӣ рӯзе,
Кафи хокат шавад гавҳар, дуо гир аз падар, модар!
Барад боди фано ҳар нақшаву азми рақибонат,
Ба мисли чанги хокистар, дуо гир аз падар, модар!
Ба асли худ парасторӣ намо, к-ин расми аҷдодӣ,
Нишони мардуми Ховар, дуо гир аз падар, модар!
Сарафрозӣ намоӣ чун маҳу хуршед, бар гардун,
Дурахшон гардӣ чун ахтар, дуо гир аз падар, модар!
Агар дарди диле дорӣ, гиреҳи мушкиле дорӣ,
Бигардад ҳоли ту беҳтар, дуо гир аз падар, модар!
Агар некӯсияр ҳастӣ, давоми нек роҳатро,
Ки раҳҷӯ мешавад, раҳбар, дуо гир аз падар, модар!
Агар мисли шарора тобад уммеди ту, эй Дӯст,
Аланга хезад аз ахгар, дуо гир аз падар, модар!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё