Зеҳн

ЗАН, ЗАМИН, ЗИНДАГӢ

КИ
Китобдор2 декабри 2024 · 4 дақиқа хондан

Тибқи омори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 865 хоҷагии деҳқонии кишварро бонувон роҳбарӣ менамоянд.

Оғози рўз

- Соати 5 сари замин ҳозирем. Кори саҳар файзу баракати худро дорад. Насими фораму хониши мурғакони саҳархез, панҷаҳои нарми офтоби пагоҳӣ ҳузуру ҳаловат доранд. Мекўшам то соати 9 кори саҳроро поён бараму сўи ҷамоат шитобам, то аз аҳволи мардум бохабар шавам, - мегўяд Шамсия Содиқова, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ.

Агарчи мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда бошад ҳам, падар монеи таҳсили минбаъдааш шуд. Ҷодаи меҳнатро ихтиёр намуд. Дар собиқ колхози «50 –солагии Комсомол» ба кор пардохт. Меҳнатдўст ки буд, аз коргари одӣ то ба зинаи котиби ташкилоти комсомолӣ ва баъдан то ба мартабаи вакили мардумӣ расид.

Баъди оиладор шудан бо Боймуҳаммад Содиқов зиндагиаш ранги дигар гирифт. Ҳамсафари ҳаёташ ўро дастгиру мададгор шуд. Ҳарду 6 фарзандро хуб тарбия дода, рисолати хешро ба ҷо оварданд. Боғи мақсудашон ҳосилхез гашту писарон соҳиби маълумоти олӣ ва ҳам ба хизмати Ватан камар бастанд.

Имрўзҳо холаи Шамсия ва амаки Боймуҳаммад ҳамроҳ бо келину набераҳо дар беш аз 1 гектар замини хоҷагии деҳқонӣ заҳмат мекашанд. Помидор, лўбиё, бодиринг, сирпиёз, пиёз ва дигар зироатҳо парвариш намуда, ҳам оиларо таъмин месозанд ва ҳам барзиёдашро ба фурўш мебароранд.

Чор ҳосил

- Тамоми хасу хошоки хонаро ҷам оварда, пору тайёр мекунем ва тирамоҳ онро ба заминҳо мепошем. Замини мо реги зиёд дорад, аз ин рў, онро нигоҳубини махсус мебояд. Ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода мебарем. Масалан, дар як ҷўяки помидор мо лўбиё низ мешинонем. То калон шудани помидор лўбиё аллакай пухта мерасад. Онро чида, боз аз паҳлуи ҷўяк бодиринг мешинонем. Дар замине, ки пиёзи бехӣ киштаем, тухми гашнич, шибит ва ҷорўбак мепошам. Ҳам кабудӣ ва ҳам тухмии онҳоро мечинем. Дар ҷўяки бодиринг ҷуворимакка низ мешинонем. Баргҳои поёнии ҷуворимаккаро мечинам, то ба бодиринг ҳаво хубтар расад. Аз ҷуворимакка ҳам ҳосил, ҳам хўроки чорво ва аз решааш ҳезум мерўёнем. Пас аз даравидани гандум зироаткории мо шурўъ мегардад. Охирин кишти мо охири моҳи август сурат мегирад. Дар ин вақт пиёзи тирамоҳӣ кишт намуда, баҳор ҳосили онро меғундорем, - иброз дошт Шамсия Содиқова.

Атрофи замини хоҷагии деҳқонии ин бонуро дарахтони мевадиҳанда иҳота намудаанд. Дар қатори дигар дарахтон зарбед низ қад афрохтааст. Пояҳои суфташудаи хўшаи гандум низ ҷое хирман зада. Ҷўёи рози ин манзара аён гардид, ки холаи Шамсия ҳунари сабадбофӣ низ дораду аз зарбед ва пояи гандум чанд намуди сабад мебофад. Вақти фориғро бо сабадбофӣ сипарӣ менамояд. Бо ҳидояти ў келину наберагон низ ин шуғлро аз худ намуда, дар намоишҳои ҳунармандӣ сабадҳои зеборо ба фурўш мебароранд. Шамсиябону чун сабадбофи моҳир низ шинохта шуда, узви Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон мебошад. Дар маркази таълими калонсолони шаҳри Ваҳдат ба ташнагони ҳунар аз нозукиҳои ин пеша сабақ медиҳад.

Деҳқониву роҳбарӣ

Шамсия Содиқова дар баробари раиси маҳаллаи Амоншайх -2 буданаш, ҳамчунин роҳбарии бахши занони Ҷамоати деҳоти Чўянгаронро, ки аз 25 маҳалла иборат аст, бар уҳда дорад.

- Барои пароканда нашудани оилаҳо зиёд ҷаҳду талош меварзам. Хушбахтона, пас аз маслиҳату машварат ва ҷустуҷўи роҳи ҳалли мушкилӣ бисёр оилаҳо ба ҳам меоянд. Аз зиндагии худ, аз бурду бохтҳо сухан мегўем. Дар ин росто, пирони рўзгордидаро ба машварат даъват менамоем. Месазад, ки нафарони ботаҷрибаву рўзгордида ва миёни ҳамдеҳагон обрўмандро дар бахши занон ҳамчун ризокор ҷалб созанд, - иқрор меояд Шамсияхола.

Ин бонуи мушкилнописанд ҳам ба кори саҳро, ҳам миёни мардум фаъолият бурдану ба мушкилоти онҳо расидагӣ доштан ва ҳам ба сабадбофӣ ном баровардану дар тамоми чорабиниҳои ҳунармандӣ ширкат варзидан вақт меёбад. Бо табассум мегўяд, ки дили зан баҳри беҳбудии оила ва мардум сўзад, ў ҳатман ба ҳама кор вақт меёбад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар арафаи Иди Модар беҳтарин келину хушдоманҳои ин минтақаро бо сипосномаву туҳфаҳо қадр намуд, ки дар ин саф холаи Шамсия ва келини ў низ ҳузур доштанд.

Мардуми маҳалла саркорбонуро чун бонуи муваффақу машваратгари бебаҳо мешиносанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Дар тамоми тўю маъракаҳо ў ба нонбандӣ мешитобаду чун пазандаи моҳир шинохта гардидааст. Кулчаҳои калон, чапотиву қаламаҳои болаззати ў зеббахши хони ба хурсандӣ густурдаи мардум гаштааст.

Ният

Шамсия Содиқова хоҳони дар маҳалла кушодани коргоҳи ҳунармандии худ аст. Ба ин васила вай бонувони хонашинро ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин карданист.

- Дар тайи 40 соли зиндагӣ мудом бо ҳам­сарам маслиҳату машварат мекунем ва дар ҳалли гиреҳи мушкилиҳо якҷо саҳм мегузорем. Дар як ҳавлӣ 4 оила тифоқ зиндагӣ дорем. Аҳли хонавода эҳтироми мо - калонсолонро ба ҷо меоранд. Мо низ дар навбати худ мекўшем, ки сазовори боварии пайвандон бошем, - мегўяд Шамсиябону.

Ф. ШАЪБОН,

шаҳри Ваҳдат

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба