Зеҳн

ЧАРОҒАКИ РАҲНАМО

АИ
Аиъша2 декабри 2024 · 1 дақиқа хондан

Чароғаки раҳнамо

Дорад ҳар як гузаргоҳ,

Ҳар се ранги банураш

Ба мо нишон диҳад роҳ.

Ранги сабзи чароғак

Мекушояд ба мо роҳ.

То нашавад фурӯзон,

Нагузар аз гузаргоҳ!

Ранги сурхи чароғак

«Гӯяд», ки нашав роҳӣ.

Ранги зардаш аз хатар

Диҳад ба мо огоҳӣ.

Шаҳри мо – шаҳри калон,

Мошинҳояш бешумор,

Вақти гузаштан аз роҳ

Қоидаро нигоҳ дор!

Чароғаки раҳнамо,

Бар сари кӯчаи мо.

Сетоякак чашм дорад,

Чашмони зебо дорад.

Сурхаш гӯё фаҳмонад,

Мошинҳоро ист гӯяд.

Зардаш мегӯяд доим,

Тайёр исто ҳар доим.

Сабзаш доим дар хизмат,

Ба мошинҳо гард гӯяд.

Ҳурмат кунем, эй дӯстон,

Хизмати инҳо доим.

Дидӣ, ки агар чароғаки раҳнамо сурх аст, чи қадар мунтазир мемонӣ, ки сабз шавад ва ҳаракат намоӣ?

Агар он чароғақ дусад дақиқа ҳам сурх бошад, боз ҳам мунтазир мешавӣ.

Медонӣ чаро? Чун медонӣ, ки ҳатман баъди дусад дақиқа сабз мешавад.

Чун умед дорӣ ба ин, ки ҳаракат хоҳӣ кард.

Умед ҳамон чизе аст, ки ману ту ниёз дорем.

Пас лутфан идома бидеҳ!

Чун ҳатман сабз хоҳад шуд.

Ба мактаб равем доим,

Дар кӯчаҳо намоён.

Чароғаки раҳнамо,

Диҳад кӯмак ба моён.

Донем қоидаи роҳ,

Гузарем аз гузаргоҳ.

Ҳамеша хурду калон,

Ҳушёр бошем дар ҷаҳон.

Доно, зукко шавем мо,

Вақти кӯчагузарӣ.

Фаромӯш накунем мо,

Қоидаи роҳгардӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2