Зеҳн

Ин корро фардо мекунам

АХ
Ахбор2 декабри 2024 · 5 дақиқа хондан

Оё шумо боре фикр кардаед, ки чанд лаҳзаи арзишмандро танҳо бо умеди фардо аз даст додаед? Фардо як калимаи сода аст, аммо метавонад садҳо орзу ва ҳадафи моро аз мо дур кунад. Ҳар боре, ки мегӯем: "Ин корро фардо мекунам", мо ба худ ва ҳадафҳоямон камтар бовар мекунем. Ҳар боре, ки имрӯзро сарфи интизори фардо мекунем, аз қудрати эҷоди имрӯз маҳрум мешавем.

Биёед имрӯзро қадр кунем. Ҳар як коре, ки имрӯз мекунем, як пояи устувор барои фардои мо мегардад. Фардо бо амали имрӯз сохта мешавад. Агар имрӯз иқдом накунем, фардо ҳамон орзуву афсона боқӣ мемонад.

Ҳоло вақт аст, ки:

Ҳадафҳои худро рӯйхат кунед.

Яке аз онҳоро интихоб кунед ва ҳоло ба он шурӯъ кунед.

Аз фикри "фардо" даст кашед ва ба "ҳоло" такя кунед.

Ба худ бигӯед:

"Ман ин корро имрӯз анҷом медиҳам, зеро ҳар амале, ки имрӯз анҷом медиҳам, маро ба як қадами дигар ба орзуҳоям наздиктар мекунад!"

Фаромӯш накунед:

Шумо ҳоло зиндагӣ мекунед, на фардо. Ҳоло қаҳрамони зиндагии худ бошед!

Мақоли машҳури “Кори имрӯзро ба фардо магзор”-ро ҳамаи мо медонем. Аммо “Аз фардо шуруъ мекунам”, “Ҳафтаи дигар ин корро сар мекунам”, “Моҳи дигар меравам”, “Фалон китобҳоро баъд мехонам”, “Он корҳоро баъдтар анҷом медиҳам”, “Баъдан мехонам”, “Баъдан мекунам”, “Фардо мешавад”, “Имсол нашуд, соли дигар мешавад”, “Пагоҳ хуб омода мешавам” ва монанди ин даҳҳо ҷумлаву ибораҳоеанд, ки далолат ба таъхири кори имрӯзаи мо ба фардо мекунанд.

Ҳарчанд аксарият медонем, ки “фардо мутааллиқ ба танбалҳост”, аммо худро ба доираи танбалон мезанем. Дар андак мушкилӣ корро ба фардо ва пасфардо мегузорем. Фикр мекунем, ки аз фардо ин кор бароямон саҳл мешавад ё баракс, нерӯ ва қувваамон зиёдтар мегардад.

Мегӯянд, “Танбалҳо фардоро барои худ баҳона мекунанд, то ҳеҷ гоҳ зиндагӣ накунанд”. Дар ҳар амал агар кӯшиш накунем, аз баҳраш гузарем, баҳонаи душворӣ карда онро ба рӯзҳои дигар вогузорем, ин маънои онро дорад, ки имрӯз ва ҳама рӯзи мо ба як ранг мегузарад. Ва вақто ки дар зиндагӣ рангорангӣ набошад, он якмаъно шуда, шахс дучори руҳафтодагӣ мегардад.

Доир ба чи гуна муваффақ гаштан китобу навиштаҳо хеле зиёданд. Инсонҳое ҳам зиёданд, ки дар бораи муваффақият гап заданро дӯст медоранд. Ҳатто ба дигарон дар ин бора тавсияҳо низ медиҳанд. Аммо дар асл худ зиндагии номуваффақ доранд. Чун яқин аст, ки вақте амал нест, хондаҳо донишномае беш нестанд.

Фаъолияти худро мудом ба таъхир андохтан нишон аз танбалист. Ашхосе, ки пайваста ин амалро такрор мекунанд, баҳонаҳои зиёд барои худ сохтаанд. Ба гунае, ки имрӯз рӯзи душвортаринашон аст ва қарор медиҳанд, ки онро пагоҳ ба сомон расонанд. Пагоҳ бошад, ҳеҷ аз роҳ расиданӣ надорад. Чун ҳар пагоҳ ба пагоҳи дигар мегузарад.

Доир ба он ки чаро аксарияти мо кори имрӯзаамонро ба фардо мегузорем, чанд сабабу маврид мавҷуд аст. Аз ҷумла аз шуруъ кардан, хуб амал накардан ва аз иштибоҳ намудан тарсида корҳоямонро ба таъхир меандозем. Аммо “душвортарин қадам қадами авал аст” мегӯянд. Дақиқан, дар ҳама кор танҳо оғоз кардан душвор аст. Зеро оғози ҳар кор ними муваффақият ба ҳисоб меравад. Ба таъбири дигар, сафари ҳазорфарсаха низ бо як қадами аввал шуруъ мешавад.

Ин воқеият аст, ки ҳеҷ як кор бе иштибоҳ намешавад. Ва бояд донист, ки маҳз иштибоҳҳо таҷрибаҳои моро зиёд карда, онҳоро шакл медиҳанд. Танҳо ҷисми беҷон аст, ки ба хато роҳ намедиҳад. Месазад, ки дар ин ҷода мо даврони наврасии худро ба хотир оварда, онро барои худ таҷриба кунем. Чун дар кӯдакӣ то роҳ рафтанро ёд гирифтан пайваста меафтидем, аммо ҳар бор бархоста, роҳ гаштанро меомӯхтем.

Ҳамчунин, анҷом додани коре ба таври бесифат ва камарзиш дар қадами аввал чандин баробар беҳтар аз анҷом надодани он аст. Дар ин раванд метавон аз таҷрибаи бузургон ва донишмандон истифода намуд. Масалан, Томас Эдисон барои кашфи ампула то 200 маротиба таҷриба гузаронидааст. Ҳангоме, ки дӯстонаш аз ӯ пурсиданд, ки ин қадар кӯшиши ту бенатиҷа анҷом ёфт, ҳарчанд таҷриба кардӣ, аммо ампула ҳосил нашуд, аз ин корат даст намекашӣ? Эдисон посух дод, ки “Ман дар 200 маротиба таҷриба кардан инро фаҳмидам, ки бо кадом моддаҳо ампула ҳосил намешавад. Барои ман ин ҳам муваффақият аст”. Аз ин бар меояд, ки муваффақиятҳои бузург ҳосили садҳо муваффақияти кӯчак аст. Ва такрори пайваста баъзе корҳои хаторо барои мо равшан месозад, ки онро дубора анҷом надиҳем.

Баъзан одитарин кор дар назарамон бисёр душвор ва ғайриодӣ менамояд. Ба гуфтаи машҳур “аз пашша фил месозем”. Бо вуҷуди он ки кор саҳлу осон аст, онро дар зеҳнамон бисёр мушкил ва берун аз тавони худ тасаввур мекунем. Дар ҳоле дар сурати амал кардан фақат қадами аввал ва оғози он лозим асту бас.

Ҳамчунин, эътимод ба худ доштан низ яке аз шартҳои асосист, ки “кори имрӯзаро ба фардо нагузор”-ем. Баъзан беэътимодӣ ва худро лоиқи анҷоми ҳар коре надонистан боис мешавад, ки ба иҷрои ягон фаъолият шуруъ накунем. Дар асл, инсон ба бисёр корҳо қодир аст, аммо маҳз беэътимодӣ ба худ ва даст ба кор нашудан сабаб мешавад, ки дар аксар ҳолат аз муваффақият дур мемонем.

Месазад, ки фурсатҳои олиро ба фардо вогузор накарда, ҳамакнун аз паи иҷрои онҳо шавем. Чунки таъхир дар анҷоми кор онро дар зеҳни мо бузург, ваҳшатнок ва ғайримумкин карда, фикру хаёли моро дучори нигаронӣ мекунад. Бояд қадами аввалро бардорем, сипас шоҳид хоҳем буд, ки ҳамаи корҳо ба таври ғайриодӣ ва муъҷизаосо дар паи якдигар анҷом меёбанд. Дар ин ҳол дур нест он рӯзе, ки мо худро муваффақ дарёбем. Бояд донем, ки амали имрӯзаи мо ояндаамонро дурахшон мекунаду зиндагиамонро осуда. Ба гуфтаи шоир:

Зи роҳи шавқ сӯи каъбаи дил рав, тамошо кун,

Бисоз имрӯз кори худ, ки то беғам шавӣ фардо.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба