Ҳар ҳафта як китоб бихонем
“Ҳатто агар дар ҳолати ғарқ шудан ҳам бошӣ, китоб бихон!".
Бо ин гуфта дар давлати Финляндия муҷассамае насб шудааст, ки дар он марде дар даст китоб хонда ба об ғарқ шудаистодааст. Инсоният аз замони пайдоиш то ба имрӯз бо хондани китоб ба қуллаҳои баландтарини кашфиёти коинот ноил гардидааст. Маҳз китобхонӣ сабаб гардид, ки имрӯз ҷомеаро технологияҳои рақамӣ иҳота кардааст.
Паёмбари ислом (с) гуфтаанд, ки аз гаҳвора то ба гӯр илм омӯзед, ки ин ҷо мурод аз омӯхтани илм хондани китоб аст. То ҳадде шахс бештар китоб мутолиа кунад, ҳамон қадар дарку идрок, фаҳмишу ҷаҳонбинӣ ва ояндабиниаш васеъ мешавад. Хондани китобҳои муфид барои изҳори назар ва андешаронӣ дар дилхоҳ мавзӯъ дасти ёрӣ дароз мекунад. Бинобар ин, шахсони сермутолиа суханҳои ҳикматомез мезананд. Нависандаи араб Абуусмони Ҷоҳиз мегӯяд: “Ман дарахтеро аз китоб дида, умраш дарозтар, мевааш ширинтар, ҳосилаш наздиктар надидаам”. Хонанда бо хондани мунтазам ва муназзами адабиёти бадеӣ, чи адабиёти миллӣ ва чи ҷаҳонӣ завқи худро парвариш медиҳад, дар интихоби китоб барои хондан сахтгиру серталаб мешавад, ҳар гуна китобро намехарад ва нахоҳад хонд ва нависандаро ба рушди ҳунараш, ҳарчи бештар омӯхтан, ҷустан ва пайдо кардани сабк, шеваи навиштор ва василаҳои навтару тозатари тасвир, ки дигар барои хонандаи огоҳ ва хушмутолиа ва бозавқ такрорию обшуста нестанд, водор мекунад.
Агар шахси китобхонда ба вазифа таъйин шавад, мутмаинан ҷаҳонбиниаш васеътар, одамдӯстиаш бештар, масъулиятшиносиаш амиқтар хоҳад буд. Мутолиаи адабиёт ба инсон уфуқҳои гуногун ва тозаи дид медиҳад, ҷаҳонашро на танҳо умқ, балки паҳноӣ низ мебахшад; адабиёт ба инсон озодии интихоб медиҳад. Дар баробари ин адабиёт аст, ки инсонхоро на фасл, балки ба ҳам васл мекунад. Адабиёти бадеӣ ба хонандааш озодии андеша ва озодии амал медиҳад, аммо озодие, дар канораш масъулият дорад, бо масъулият ёр аст; хонандаи ботаании адабиёти бадеӣ, ҳеч гоҳ ба ифроту тафрит дар андешаю амал роҳ нахоҳад дод. Аз нигоҳи таъсир ба одамиён низ ҳеч кадоми ҷаҳоншиносиҳо таъсиреро ки адабиёт ба мағзу дили мардум мегузорад, надорад.
Ҷомеае, ки дар он рӯйи мизашон, тоқҳояшон, рафи ҷевонҳояшон ва, умуман, хонаашон аз китоб холӣ аст, ҷавонҳои он гумроҳ ва пиронашон бехирад мешаванд. Бинобар ин, хондан сирри пешрафти миллатҳои дунёст. Ҳар миллате то китобро аз зарурати рӯзгораш нашуморад, ба пешрафт даст намеёбад. Метавон гуфт, ки меъёри шинохти миллатҳои мутараққӣ ё миллатҳои дар роҳ ба сӯйи тараққӣ ин китобдории кишвар ва китобхонии ҷамъияти он аст. Миллати тоҷик аз шумули халқҳоест, ки дар таърихи мавҷудияти худ то ба имрӯз осори пурғановатеро ба аҳли башар мерос гузоштаанд. Аз Рӯдакиву Фирдавсиву Сино то Айниву Турсунзодаву Лоиқ ҳама бузургнависони тоҷик тавонистаанд бо осори арзишнокашон миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд. Китоби бадеӣ, китоби бадеие, ки сӯйи муаллифи тоҷик нигошта шуда ва ба забони тоҷикӣ аст, аз як сӯ барои амиқтар фаро гирифтани ҷаҳони маънавии халқ ва таърихи гузашта ва аз сӯйи дигар барои беҳтар омӯхтани забони модарӣ ёрӣ мерасонад. Тавре худи бузургон гуфтаанд, китоб фишурдаи ақлу хиради оқилон ва хулосаи таҷрибаҳои рӯзгордидагон аст.
Нависандаи номии амрикоӣ Дейл Карнеги гуфтааст: "Ҳар нафаре, ки ба дунболи рушд ва шукуфоии худ аст, мебояд мураттаб зеҳнашро бо китобхонӣ шустушӯ кунад". Ҷавонони кишвари тозаистиқлоли мо низ барои рушд ва инкишофи донишҳои худ пайвастани худро бо китоб ва китобхонӣ ҳамеша бояд нигоҳ доранд ва барои такмили касбият аз омӯзиши адабиёти тахассусӣ васеъ истифода баранд. Бештар китоб хондан, бештар бинотару тавонотару азизтар шудан аст. Мо бояд китобро дӯсти наздик ва ашёи пурқимати рӯзгор пиндорем ва ақлу дониши худро бо китобхонӣ ғанӣ гардонем. Танҳо бо ин роҳ метавонем дар ҷомеа ҳамчун шахси оқил эътироф шавем.
Хоҳӣ, ки касе туро инсони бад нагуяд аз дилозорӣ ҳазар кун!
Рӯйхатти одатҳои хубе, ки агар ба зиндагӣ изофа кунем, ҳоламонро беҳтар мекунанд:
1- Ҳар ҳафта як китоб бихонем!
2- Ҳар рӯз ним соат варзиш кунем
3- Ҳар шаб листи корҳои фардоямонро бинависем
4- Ҳар шаб чанд дақиқа рӯзонанависӣ кунем
5- Ҳар рӯз бист дақиқа барои омӯзиши як забон вақт ҷудо кунем
6- Ҳар рӯз даҳ дақиқа пиёдагардӣ кунем
7- Ҳар рӯз ғизои хонагӣ ва солим бихӯрем
8- Ҳар рӯз субҳ барвақтар бедор шавем
9- Ҳар рӯз ҳадди ақал ба як нафар кумак кунем ё ҳолашро хубтар кунем
10- Ҳарфҳои номуносибамонро аз суҳбатҳоямон ҳазф кунем ...
Китоб дар давоми умри инсон мисли дӯст аст. Чун муаллим ба мо раҳнамоӣ мекунад. Агар мо дар вақти холӣ монда ё зиқ шуда бошем, китоб хонем, як муддат аз ташвишҳои дунё канор меёбем.
Шахсе, ки бисёртар китобҳои бадеӣ мутолиа мекунад, ҷаҳонбиниаш васеъ мегардад. Мо ҳам ба китоб чун дӯст муносибат бурданамон лозим.... Варақҳояшро надаронда, тоза нигоҳ доштан вазифаи ҳар яки мо аст!!!
Шумо ҳам ба бисёр китоб хондан ҳаракат кунед, китоб дар душвории ҳаёт ҳамроҳу мушкилкушои шумо шуда метавонад.
Китоб дӯсти мост,
Ҳамсафари мост.
Онро бихонем,
Болу пари мост.
Китоб ягона дӯсти шумост, ки хиёнат намекунад, фоида доданро бас намекунад, танҳо дар бораи Шумо фикр мекунад, дар вақти рафтанатон ҳам аз пушти Шумо гап намезанад, аз ҳеҷ чиз хаста намешавад, миннат намекунад ва малоле намегирад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё