Зеҳн

Дар зимистон чӣ бояд хӯрд

ЗЕ
зеҳни сунъӣ28 ноябри 2024 · 4 дақиқа хондан

Азбаски дар фасли зимистон меваву сабзиҷоти тарутозаро дастрас кардан кори душвор аст, маҳз дар ҳамин шабу рӯз ҷисми инсон аз норасоии витаминҳо азият мекашад. Аз ҳамин сабаб саломатӣ бад шуда, мо ба пурхӯрӣ роҳ медиҳем. Зеро ҷисми инсон барои дастрас намудани моддаҳои даркорӣ ҳатто аз хӯроки бе витамин низ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аз ҳамин ҷо сар мезанад рӯҳафтодагӣ ва инсон бештар ба гирдоби яъсу ноумедӣ ғӯтавар мегардад.

Оқибати норасоии витаминҳо

Норасоии витаминҳо ба сурат ва саломатии инсон таъсири сахт мерасонад. Хусусан мӯйҳо ҷилои худро гум карда, берангу заиф, нохунҳо зудшикан, пӯст хушку пур аз нарак мегардад. Илова бар ин, ранги пӯст коҳида, пажмурдаву халта мезанад. Дар ҳолати норасоии витаминҳо нури чашм хира ва таги чашмон сиёҳ мешаванд. Вақте дар ҷисм норасоии калсий эҳсос карда мешавад, бо мурури вақт устухонҳо ҳам бе ҷон мешаванд.

Дар зимистон чӣ бояд хӯрд?

Дар рӯзҳои сарди зимистон ҳатман витамини А-ро истеъмол кардан лозим аст. Бар замми он ки витамини А нури чашмро ҳифз менамояд, боз хусусияти зиддиилтиҳобӣ дошта, муқовимати ҷисмро нисбати вирусу бактерияҳо пурзӯр месозад. Миқдори кофии витамини А масунияти баданро баланд бардошта, ҳолати инсонро ба эътидол меорад ва неру мебахшад. Ҳангоми истеъмол намудани помидор, марҷумак (гречневая крупа), гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва тухм дар фасли зимистон ҳолати пӯст беҳтар мегардад. Ин маҳсулот ҷигарро низ тақвият мебахшад.

Нишонаҳои норасоии витамини А халалёбии хоб, рагкашӣ, дарди мушакҳо ва калон шудани гавҳараки чашм мебошад.

Боз як элементи муҳими зимистона витамини С мебошад, ки ҳолати масуниятро муътадил нигоҳ медорад. Дар сурати норасоии витамини мазкур инсон хоболуд, камқувват ва паст шудани масуниятро эҳсос мекунад. Ҳамзамон хастагӣ, заифӣ, рӯҳафтодагӣ, дарди буғумҳо ва ҳатто хунравии вораҳо бо сабаби кам будани витамини мазкур сар зада метавонад.

Барои пур кардани витамини мазкур бештар смородинаи сиёҳ, карам, хуч (шиповник) ва лимӯ истеъмол кардан лозим аст.

Боз як витамини барои ҷисм муҳим дар фасли зимистон витамини D мебошад. Витамини мазкур барои мустаҳкамии устухон ва дандонҳо муҳим аст. Зимнан дар фаслҳои сарди сол одамон бештар ба ин витамин ниёз доранд, зеро хеле кам ба дидани нурҳои офтоб мушарраф мегарданд.

Барои рафъи мушкилоти мазкур ба хӯроки худ бештар моҳиҳои навъи равғанин, тухм, равғани растанӣ ва маска, маҳсулоти баҳрӣ, маҳсулоти турши ширӣ илова кунед.

Витамини Е-ро дар илми тиб витамини зебоӣ мешуморанд ва он барои мубориза бурдан бо стресс лозим аст. Бо шарофати витамини мазкур мағзи сар аз оксиген шодоб гардида, асабҳо мустаҳкам ва ақл равшан мегардад. Миқдори бештари витамини Е-ро аз таркиби карами брокколи, тухм, сабзӣ ва ҷигар дастрас карда метавонед.

Дар фасли зимистон витамини гурӯҳи В-ро фаромӯш насозед. Витамини мазкур мубодилаи карбогидратро ба эътидол оварда, асабро тақвият мебахшад ва рӯҳафтодагиро пешгирӣ менамояд. Барои солимии асаб аҳамияти хоса дошта, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ менамояд.

Норасоии витамини мазкурро аз бад шудани ҳолати пӯст, обравии чашмон ва кафидани лабҳо фаҳмидан мумкин аст. Барои рафъи чунин камбудиҳо бештар марҷумак (гречка), нахӯд, чормағз, лаблабу ва ҷигар истеъмол бояд кард.

Ҳамзамон захира кардани витамини Р-ро фаромӯш насозед. Бо шарофати витамини мазкур рагҳо бақувват, гардиши хун беҳтар ва дил солим мегардад. Сарчашмаи моддаи мазкур карам, хуч, ангур ва ғайраҳо мебошад.

Тухм хотираро беҳтар мекунад!

Бисёриҳо дар субҳона тухм истеъмол мекунанд. Исбот шудааст, ки истеъмоли 2 дона тухм дар давоми рӯз ба саломатӣ боманфиат аст. Зардии тухм дорои модаи холин аст, ин аминокислотаи калидӣ барои интиқоли импулсҳои хурди асаб мусоидат намуда, ба мо кумак мекунад, то ҷузъиётро дар хотир нигоҳ дорем.

Ҳамзамон тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки тухм аз лютеин - витамине бой аст, ки барои нигоҳ доштани биноӣ кумак мекунад. Лютеин табиатан дар чашм пайдо мешавад.

Устухонҳо ва дандонҳо мустаҳкам мешаванд. Тухм аз витамини D бой аст, ки сатҳи калсий ва фосфорро дар хун танзим мекунад. Хӯрдани тухм инчунин организмро бо калсий таъмин мекунад, ки ба устухонҳо қувват мебахшад ва аз остеопороз пешгирӣ мекунад.

Истеъмоли тухм махсусан барои кӯдакон муфид аст, зеро ин одати оддӣ тамаркузи онҳоро беҳтар мекунад ва ба онҳо кумак мекунад, ки беҳтар омӯзанд

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба