Зеҳн

Зиёдулло Шаҳидӣ

АХ
Ахбор28 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

4 майи соли 1914 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Композитори тоҷик. Артисти халқии Тоҷикистон (1974). Соли 1932 мактаби миёнаро хатм карда, то соли 1939 ҳамчун навозанда дар театрҳо ва студияҳои радиои Тошканд, Самарқанд ва Ста линобод кор кардааст. Солҳои 1939-1952 роҳбари ансамбли тарона ва рақси филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Ў дар студияи назди ИК Тоҷи кистон (1943-1946) аз А.С.Ленский ва С.А.Бала санян дарси композиторӣ меомўзад ва соли 1949 Студияи миллии дусолаи назди Консерваторияи Москва, 1957 шўъбаи миллии консерваторияи мазкурро хатм кардааст. Солҳои 1956-1960 вазифаи раиси Правленияи ИК Тоҷикистонро ба ўҳда дошт.

З. Шаҳидӣ аз аввалин оҳангсозонест, ки барои ташаккули мусиқии муосири тоҷик хизматҳои шоён кардааст. То солҳои 60-ум дар эҷодиёти Шаҳидӣ суруду романҳо мавқеи калон доштанд. Дар байни онҳо таронаҳои «Хонаи мо» (шеъри А.Лоҳутӣ), «Иди зафар» (шеъри Б.Раҳимзода), «Дарвоз» (шеъри А.Деҳотӣ), романсҳои «Зи сўзи сина» (шеъри Ҳилолӣ), «Эй сорбон» (шеъри Саъдӣ) машҳуранд. Ў муаллифи операҳои «Комде ва Мадан» (1960), «Ғуломон» (1948), опереттаи «Духтаре аз Душанбе» (1968) мебошад, ки бо мусиқии халқии тоҷик робитаи зич доранд ва бо шаклу мундариҷа, нафосату латофат ва рангорангии тобишҳои мусиқӣ дар байни алоқамандони ин соҳа маълуму машҳуранд. Асарҳои симфонии З.Ша ҳидӣ аз қабили достонҳои симфонии «Соли 1917», «Ба ёди М.Турсунзода» (1983) мусиқии касбии тоҷикро бою рангин кардааст. Дар достонҳои «Бузрук» ва «Симфонияи мақомҳо» ў кўшидааст, ки навоҳои хуши «Шашамақом»-ро истифода намояд.

З.Шаҳидӣ муаллифи мусиқии якчанд намоишномаҳои мусиқӣ ва драмавӣ мебошад: «Арўси панҷсўма», «Шаҳри ман» ва ғ. Ба қалами ў инчунин чор суита ва якчанд кантата тааллуқ дорад. Ў ба як қатор филмҳо, аз ҷумла «Дўсти ман Наврўзов» (1959), «Вақти зангирии писарам расид» (1960) ва ғ. мусиқӣ эҷод кардааст.

З.Шаҳидӣ Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 1-4) буд. Ў лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (1985) буда, бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Зиёдулло Шаҳидӣ 25 феврали соли 1985 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.

Иди зафар

Омад хабар зи Маскав,

Аз фатҳу нусрати нав,

Халқи далер бишнав,

Ин хушхабар муборак!

Иди зафар муборак!

Имрўз халқи кишвар,

Марду зани диловар,

Ҳар як сухан кунад сар,

Гўяд: - Зафар муборак!

Бахти башар муборак!

Эй кишвари кабирам,

Ҳам лашкари далерам,

Сарбози беназирам,

Ин хушхабар муборак!

Иди зафар муборак!

Эй халқи меҳрубонам,

Урдуи қаҳрамонам,

Васфи туро бихонам,

Гўям: - Зафар муборак!

Бахти башар муборак!

Шоири ширинкалом Боқӣ Раҳимзода шаби 9 майи соли 1945 аз расидани Рўзи Ғалаба бар Германияи фашистӣ, ки ба воситаи радио эълон гардида буд, хушҳол гашта, шеъри «Иди зафар»-ро иншо мекунад ва худи ҳамон шаб ба композитори шинохта Зиёдулло Шаҳидӣ (онҳо дар ҳамсоягӣ мезистанд) занг зада, аз навиштани шеъраш ба ин муносибат, телефонӣ дарак медиҳад.

Устод Шаҳидӣ ҳамон замон Б. Раҳимзодаро ба хонааш даъват мекунад ва ба эҷоди мусиқии он шеър шурўъ мекунад. То чашми шаб равшан шудан З. Шаҳидӣ сурудро эҷод карда, худаш онро ба Б. Раҳимзода иҷро мекунад. Рўзи дигар устод Шаҳидӣ овозхони хушсалиқа Шоиста Муллоҷоноваро ба хонааш таклиф карда, дар муддати кўтоҳ сурудро ба ў ёд медиҳад. Баъди як рўз суруди «Иди зафар» дар фонди радио сабт шуда, ба воситаи радио дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ шунавонида мешавад. Дере нагузашта ин суруд дар байни мардум машҳур мегардад.

Бояд гуфт, ки суруди «Иди зафар» то имрўз дар Рўзи Ғалаба – 9 Май ба воситаи телевизон ва радио шунавонида мешавад ва яке аз сурудҳои беҳтарин ба шумор меравад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2