ПАРАНДАЕ, КИ НАМЕПАРАД
Шутурмурғ парандаи биёбонист.
Басо бузургҷусса мебошад.
Дар бораи ин мурғи аҷиб боз чӣ медонем? Аҳа, тухмаш калон аст – баробари сари як кӯдак! Боз чӣ?
Ба ин савол олими машҳур Набӣ Қодиров ҷавоб додааст. Як ҷавоб не, ҷавоби бисёр, бисёри аҷиб. Ин китобро хонда, шоду мамнун ва, албатта, донотар мешавед, бачаҳои азиз!
Набӣ Қодиров
ГАРДАНДАРОЗОН
Шумо шутурро дидаед? Он асосан дар дашту биёбон зиндагӣ мекунад. Гардани дароз дорад.
Ба фикри шумо, кадом ҷонвар мисли шутур гардандароз аст? Заррофа!
Бале, заррофа мисли шутур гардандароз аст. Вале фарқ миёни онҳо ҳамин аст, ки қомати яке рост ва дигарӣ камон шакл аст.
ШУТУРБАЧАИ ҲАҚИҚӢ
Мо дар бораи мурғе гап мезанем, ки ба шутурбача бисёр монанд аст. Гардани дарозу камоншаклаш ӯро ба шутурбачаи ҳақиқӣ монанд кардааст. Барои ҳамин ҳам ӯро шутурмурғ меноманд.
Ӯ дар миёни парандаҳо аз ҳама калон аст.
Қади баъзе шутурмурғҳо аз қади одамон ҳам баландтар мешавад.
ПАРАНДАЕ, КИ НАМЕПАРАД
Оё парандаеро медонед, ки бо 150 кило вазн дар ҳаво парвоз кунад?
Барои ба осмон бардоштани 100-150 килограмм вазн болҳои бисёр қавӣ даркор аст.
Шутурмурғ бо болҳои кӯтоҳи худ ба ин кор қудрат надорад. Аммо дар замин чунон медавад, ки баъзан мошин ҳам ба ӯ расида наметавонад.
Шутурмурғи африқоӣ то 2 метр, қади баланд то 150 кг вазн дорад.
ГӮЁ АЗ ЯК АВЛОДАНД
Баландии қади шутур аз рӯйи замин то болои сараш тахминан аз 2 метр зиёд аст. Баландии қади шутурмурғ низ ба ҳамин андоза аст. Ҳар ду пойҳои дарозу ғафс ва боқувват доранд. Ҳар ду дар дашту биёбон зиндагӣ мекунанд. Мижгонҳои дарозу ба ҳам монанд доранд. Сохти чашмонашонро дида, гумон мекунед, ки аз як оила бошанд. Аммо шутур чор пой дорад. Шутурмурғ дорои ду пой аст.
ПОЙИ ДАРОЗ БА ШУТУРМУРҒ ЧӢ ЛОЗИМ?
Барои дар як соат 70 километр давидан пойҳои дароз ва пурқувват лозим аст. Ҳар қадами шутурмурғ сеюним-чор метр буда, он метавонад ин фосиларо ба осонӣ тай кунад. Шумо даҳ қадам зада, баъд ба як қадами шутурмурғ расида метавонед. Шутурмурғ аз ҳуҷуми ҳайвонҳои дарранда — шер, юз, кафтор ва паланг ба осонӣ худро халос карда метавонад. Чизе ӯро дошта наметавонад. Шутурмурғ ҳам ба душман ҳамла мекунад. Бо як зарбаи пой душмани худро ба ҳалокат мерасонад. Ана дидед, пойҳои дароз ба ӯ чӣ гуна хидмат мекунанд.
БЕ ДУРБИН МОРО АЗ ДУР МЕБИНАД
Шутурмурғ дурбин надорад.
Дар замини ҳамвор, аз дурии 15-20 километр моро ме би над. Гардани шутур мурғ сари ӯро аз замин хеле баланд нигоҳ медорад. Шумо ҳам агар ба баландӣ бароед, атрофи худ ро то хеле дурӣ мебинед. Ӯ бо гардани дароз метавонад, атрофро дуруст назорат кунад.
Наздик омадани душманашро бинад. Гардан ва пойҳои дароз барои аз душман гурехтани шутурмурғ кумак мекунанд.
ҲАМ ШУТУРУ ҲАМ МУРҒ
Шутур бача таваллуд мекунад. Шутурмурғ тухм мегузорад. Шутур пар надорад, шутурмурғ пар дорад. Шутур минқор надорад, шутурмурғ дорад.
Шутурмурғ аз бисёр ҷиҳат ба мурғ монанд аст. Мисли мурғ тухм мегузорад ва чӯҷа мебарорад.
Ҳам чӯҷаи мурғ ва ҳам чӯҷаи шутурмурғ вақти аз тухм баромадан роҳ мегарданд. Мустақилона ғизо мехӯранд.
Шутурмурғ аз чанд ҷиҳат ба шутур ва аз чанд ҷиҳати дигар ба мурғ монанд аст. Гӯё ҳам шутур асту ҳам мурғ. Барои ҳамин ба он, шутурмурғ ном гузоштаанд.
25 ТУХМИ МУРҒ = ЯК ТУХМИ ШУТУРМУРҒ
Тухми шутурмурғ хеле калон аст. Он аз 1,5 то 2 кг вазн дорад. Яктои он ба 25 тухми мурғ баробар аст. Тухми шутурмурғро шикастан душвор аст. Он пӯсти ғафсу мустаҳкам дорад. Агар ба болояш шинед ҳам, намешиканад. Он ҳатто вазни одами калонсолро мебардорад. Агар мурғ барои чӯҷабарорӣ 10-12 тухм гузорад, шутурмурғ як баробар зиёдтар аз он тухм мегузорад.
ЧӮҶАҲОИ ШУТУРМУРҒ
Ин чӯҷаҳо аз тухм баромадаанд. Онҳоро шутурмурғи нарина аз тухм баровардааст. Шутур мур ғи нарина пеш аз оғози наслдиҳӣ дар рӯйи замин лонаи чуқур меканад. Дар он шутурмурғи модина зиёда аз 12 дона тухм мегузорад. Вақте ки шумораи тухмҳо ба 20-25 дона расид, ба болояшон шутурмурғи нарина хоб мекунад. Баъди
42 рӯз бо ғамхории падар ин чӯҷаҳо аз тухм мебароянд. Онҳо аз тухм баромадан замон роҳ мераванд.
ЧӮҶАҲОИ ДОНО
Чӯҷаҳои нав аз тухмбаромада аз душман гурехта наметавонанд. Онҳоро душман ба осонӣ метавонад дошта гирад. Аммо чӯҷаҳои шутурмурғ сода нестанд. Онҳо барои ба дасти душман наафтодан ҳилаеро ба кор мебаранд, ки ягон ҳайвони дигар чунин рафтор карда наметавонад. Агар онҳо хатарро ҳис кунанд, зуд худро ба замин партофта беҳаракат мешаванд. Даррандаҳо фикр мекунанд, ки чӯҷаҳо мурдаанд ва ба онҳо кордор намешаванд. Аксари даррандаҳо лошахӯр нес танд.
Ин ҳилаи чӯҷаҳо барои зинда мондани онҳо ёрӣ мерасонад.
НАНДУ ВА ЭМУ
Шутурмурғҳо дар қитъаи Африқо зиндагӣ мекунанд. Баъзе намуди онҳоро дар қитъаҳои Амрико ва Австралия низ дучор омадан мумкин аст. Онҳо кишварҳои гармро зиёдтар дӯст медоранд. Шутурмурғе, ки дар қитъаи Амрико зиндагӣ мекунад, Нанду ва шутурмурғи Австралия ном дорад. Онҳо дар заминҳои ҳамвор гурӯҳгурӯҳ зиндагӣ мекунанд. Ҳар як гурӯҳ то 50 шутурмурғро фаро мегирад.
ХӮРОКИ ШУТУРМУРҒ
Шутурмурғҳо ҳам рустанӣ мехӯранду ҳам ҳашарот. Онҳо алафҳои гуногун ва тухму меваи рустаниҳоро истеъмол мекунанд. Аз ҳашарот малах, гамбӯсак, кирмҳоро мехӯранд. Калтакалосу муш ҳам хӯроки онҳост. Мабодо сангпуштҳои хурдакак онҳоро дида, ба зери косаи худ пинҳон шаванд ҳам, халосӣ надоранд. Шутурмурғҳо дар ҳолати гуруснагии сахт сангпушт ро ҳам мехӯранд. Барои осон шудани ҳазми хӯрок сангчаҳои майдаро низ фурӯ мебаранд. Сангчаҳо дар сангдони шутурмурғ барои майда кардани хӯрок ёрӣ мерасонанд.
РАҚСИДАНИ ШУТУРМУРҒРО ДИДАЕД?
Шутурмурғҳо рақсида ҳам метавонанд. Онҳо дар мавсими ҷуфтшавӣ болҳои кӯтоҳи худро кушода, рақсҳои гуногунро иҷро мекунанд. Боз чиро дар бораи шутурмурғ донистан мехоҳед?
Чашмҳои шутурмурғ аз чашми фил калонтаранд. Дар хоктӯдаҳо ғел мезананд, то аз ҳашароти зараррасони пӯст халос шаванд. Агар одам ба гурӯҳи шутур мурғҳои биёбонӣ рӯ ба рӯ шавад, онҳо ба ӯ ҳамла мекунанд. Шутурмурғ дар як пояш ду ангушт дорад, ки якеаш нохун аст. Бо нохуни худ метавонад, душманашро пора кунад.
ШУТУРМУРҒИ ХОНАГӢ
Аввалин фермаҳои шутурмурғпарварӣ 200 сол пеш дар Африқо ба вуҷуд омадаанд. Одамон шу тур мурғро барои гӯшт ва тухми серғизояш парвариш мекунанд. Як тухми он се одамро сер карда метавонад. Барои он ки тухми шутурмурғ дуруст пазад, онро ба муддати ду соат дар ҳарорати баланд ҷӯшонидан лозим аст. Пӯсташ низ хеле гаронарзиш аст. Аз пӯсти ӯ чарм истеҳ сол мекунанд. Аз чарми шутурмурғ барои шумо, бачаҳои азиз, пойафзол ва палточа медӯзанд.
Хонандаи азиз!
Шодем, ки боз як асари тоза мутолиа кардӣ. Офарин! Умедворем, ин китоб ба ту писанд омад. Бовар дорем, ки пас аз хондан нуктаҳои муҳимми китобро баён карда метавонӣ:
1. Муаллифи асар кист?
2. Асар чӣ ном дорад?
3. Асар дар бораи чӣ маълумот медиҳад?
4. Кадом чизҳои муҳимро омӯхтӣ?
5. Кадом маълумот ба ту маъқул шуд?
6. Аз мазмуни асар чӣ хулоса баровардӣ?
Бовар дорем ба ҳамсинфу ҳамсол, шиносу дӯст ва хоҳару бародаронат дар бораи китоби хондаат нақл мекунӣ ё мутолиаи онро тавсия медиҳӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё