НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИЮ ИРТИБОТӢ ДАР ТАШАККУЛИ САЛОҲИЯТИ КАСБИИ ДОНИШҶӮЁН
Мақола ба омӯзиш ва таҳлили нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ташаккули салоҳияти касбии донишҷӯён равона карда шудааст. Дар мақола муаллифон оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ дар замони муосир ва зарурияти вориднамоии он ба ҳама соҳаҳо, аз ҷумла ба соҳаи маориф маълумот додаанд. Яъне, мақсади асосии таълимдиҳӣ ин омоданамоии мутахассисонест, ки ба талаботи бозори рақобатпазири меҳнат ҷавобгӯ бошанд.
Мақола ба ташаккули салоҳияти касбии донишҷӯён равона карда шуда, бо истифодаи технологияҳои компютерӣ баланд бардоштани савияи дониш, малака, мубодилаи иттилоот дар самти технологияҳои иттилоотӣ, такмили омӯзиши таъминоти барномавӣ дар ин самт ва ғайраҳоро дарбар мегирад.
Пешрафти босуръату тунди илму фановариҳои инноватсионӣ, моро водор менамоянд, ки тамоми ҷабҳаҳои зиндагиамонро ба талаботи он мувофиқ намоем.
Бинобар сабаби рӯз аз рӯз афзудани ҳаҷми иттилооти пешниҳодшаванда, инсон қобилияти ба пуррагӣ азхудкунии ҳама гуна иттилоотро надорад. Барои ҳалли ин масоил ба мо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ кӯмакрасонанд. Нақш ва зарурати татбиқи технологияҳои иттилоотиро дар ҳама соҳаи фаъолияти касбии инсоният, ҳамагон медонанд.
Аммо новобаста аз он мо бояд ин гуна технологияҳоро дар системаи маориф нисбат ба дигар низом зудтар ва торафт бештар ҷорӣ намоем. Зеро бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ донишҷӯён имконият ва маҳорати худро тавсеа бахшида, баҳри амалӣ намудани мақсадҳои худ аз шабакаҳои компютерӣ васеъ истифода карда метавонанд.
Таҷдиди доимии технологияҳои иттилоотӣ дар ҷараёни таълим, барои омоданамоии хатмкунандагони донишгоҳ бо истифодаи усулҳои нави ҷустуҷӯ ва дарёфти дониш аҳамияти махсус дорад. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим имкон медиҳад, ки омӯзиши ин ё он мавзӯъ, фан, ташкили баргузорнамоии дарс, усулҳои доир намудани машғулият ва ташкили ҷараёни таълим бо роҳҳои гуногун ҷараён гиранд. Донишҷӯ ҳангоми таҳсил аз рӯи ихтисосҳои дақиқ ва техникӣ бояд малакаи истифодаи технологияҳои иттилоотиро дар фаъолияти таълимӣ ва амалӣ аз худ намоянд.
Ҳамин тариқ, мақсади асосии таълим ин омоданамоии мутахассисоне, ки дар бозори меҳнат дорои қобилияти эҷодӣ, салоҳиятнокӣ, бомасъулият, малакаи касбӣ ва дар шароити ҳозираи тағйирёбанда фаъол бошанд.
Ҳангоми аз худ кардани маводи барнома бо истифода аз фановариҳои иттилоотӣ малакаи ҳамкорӣ, ҳалли вазъияти мушкил, танзими сатҳи фаъолият, ҳамкорӣ устоду донишҷӯ, ташаккули муколама ба вуҷуд меояд.
Таъмини сифати нави касбии хатмкунандагон ба технологияи таълимӣ-инфиродӣ нигаронида шудааст. Яке аз чунин технологияҳо, технологияи таълимии ба модул асосёфта аст, ки оид ба босалоҳият истифода намудан аз технологияҳои иттилоотии компютерӣ мебошад.
Самаранокии таълими касбӣ аз мавқеи (фаъол ё ғайрифаъол) ҷараёни аз худ кардани ихтисос вобаста аст, зеро донишҳои дар шакли тайёр ба даст овардашуда, чун қоида, ҳангоми истифодаи онҳо дар амалисозии мушаххасоти истеҳсолӣ душворӣ мекашанд. Азхудкунии донишу малакаи касбӣ шаклҳои гуногуни фаъолияти таълимро тақозо мекунад.
Салоҳияти иттилоотонии шахс ин фаъолияти пурсамари иттилоотӣ, талабот нисбат ба ҷустуҷӯи мустақилона, коркард ва интихобу интиқоли иттилоот, эҷодкорӣ дар фаъоляти таълимиву касбӣ мебошад.
Дар донишгоҳ марҳилаи ибтидоии омӯзиши дарс бо истифода аз проекторҳои мултимедиявӣ бо рӯнамоҳо (слайд-шоу) доир ба мавзӯъ гузаронида мешавад. Сипас, ҳамчун тасвир, китобҳои дарсии электронии мавҷуда ва барномаҳои таълимии компютериро истифода мебаранд. Дохил кардани маводи видеоӣ ба соатҳои лексионӣ, ки бо услуби анъанавӣ сохта шудааст, гарчанде ки он дарки фаъоли донишҷӯёнро такмил медиҳад, аммо ба ташаккули малакаи онҳо дар соҳаи технологияи иттилоотӣ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, методологияи истифодаи фановари иттилоотӣ дар раванди таълим таҳия карда шудааст. Тибқи ин усул, китобҳои дарсии электронӣ эҷод карда шуда, низоми худкори таълим ва барномаҳои санҷиши дониш бо усулҳои тестӣ таҳия шуда истодааст. Ин усул барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён ҳангоми навиштани вазифаи хонагӣ, кори хаттӣ, кори курсӣ, кори дипломӣ истифода мешавад.
Ҷанбаи дигари татбиқи фановариҳои иттилоотӣ дар раванди таълими дар муассисаҳои олӣ ин истифодаи захираҳои интернет мебошад. Имконияти дастрасӣ ба интернет манбаи иттилоотии воқеии ҷустуҷӯро ба вуҷуд меорад. Воситаҳои телекоммуникатсионии шабакаи интернет на танҳо имконотро тавсеа медиҳад, балки мазмуни таълим низ ҳамчун таҳвили азхудкунии дониш иваз мекунад.
Бояд қайд намуд, ки шабакаи интернет восита ва ё олоти асосии ҷаҳонишавӣ ба ҳисоб меравад ва маҳз бо ҳамин усул иттилоот ба тамоми дунё ҳар лаҳза паҳн мегардад ва он чизе, ки паҳн мегардад хусусиятҳои мусбат ва манфиро дорост. Дар сурате, ки интернет бузургтарин падидаи ҷаҳонӣ ‟ воситаи қулайи сохтани андешаҳост, айни замон дар шабакаи интернет дастрас кардани ин ё он мавод бо забони тоҷикӣ душвор аст. Аз ин рӯ, ташкили сомонаҳои интернетӣ яке аз масоили муҳими ҷомеаи мост.
Технологияҳои таълим пеш аз ҳама бояд ба ташаккули салоҳияти касбии донишҷӯён равона карда шаванд. Аз ин рӯ, нақш ва аҳамияти истифодаи фановариҳои иттилоотӣ дар раванди таълим, барои омӯзиши фанҳои махсус муҳим аст.
Омӯзгорон дар дарсҳои назариявӣ чунин маводро таҳия ва истифода мебаранд:
- рӯнамоҳои мултимедиявӣ;
- маводи тасвирӣ;
- сканеркунӣ аз диаграммаҳои графикӣ ва намудҳои таҷҳизот;
- захираҳои интернет;
Истифодаи технологияҳои компютерии иттилоотӣ чӣ медиҳад?
Барои омӯзгорон:
1. Фаъолсозии хотираи биноии донишҷӯ;
2. Таваҷҷӯҳ ва дараҷаи ҳавасманди муҳассилин зиёд мекунад;
3. Вақти омӯзгорро сарфа мекунад;
4. Муносибатҳои инфиродиро ташкил медиҳад;
5. Қобилияти кор кардан бо ҷараёни иттилоотро инкишоф медиҳад.
6. Қабули қарорҳо мустақилона ба роҳ монда мешавад;
7. Худидоракунии рефлекси фаъолияти донишҷӯён ва омӯзгорон дар ҳамкорӣ такмил дода мешавад.
Барои донишҷӯён:
1. Стресс, ҳолати равонию эҳсосотӣ ва фаъолияти ҷисмониро коҳиш медиҳад;
2. Ба низом овадан ва фишурдаи маводи таълимӣ;
3. Таълими тафриқавӣ такмил дода мешавад;
4. Донишҷӯ ва устод дар раванди ташкили дарс муколама ва ҳамкорӣ мекунанд;
5. Тағйирдиҳии саривақтии (дар ҳолати зарурӣ) мундариҷаи маводи таълим;
6. Донишҷӯёнро ба азхудкунии маводи таълими ҷалб менамояд;
7. Малакаҳои компютериро қувват мебахшад;
8. Сатҳи азхудкунии донишҷӯёнро тавассути истифодаи маълумоти амалӣ баланд мебардорад.
9. Чунин имкониятҳоро ба миён меорад:
- пайгирӣ кардани ҷараёни инфиродии ташаккули малака, тасҳеҳи саривақтӣ;
- баҳои воқеии муваффақияти донишҷӯ;
- фавран гирифтани маълумоти зарурӣ.
Технологияҳои нави иттилоотӣ бо истифода аз компютер имконияти гузариши азхудкуниро аз як сатҳ ба сатҳи нав медиҳад, ки он ба принсипҳои асосии технологияи педагогӣ мувофиқ аст:- балоиҳагирии пешакӣ;
- репродуктивӣ;
- мақсаднокӣ
Онҳо ҳамчун воситаи таҳия ва интиқоли иттилоот ба донишҷӯ хизмат мекунанд.
Низоми ташкилшудаи кор барои баланд бардоштани савияи донишҳои компютерӣ, мубодилаи иттилоот дар самти технологияҳои иттилоотӣ, такмили таъминоти барномавии курс имкон дод, ки шаклҳои мураккаб ва гуногуни баргузории дарсҳо истифода бурда шаванд.
Истифодаи технологияҳои компютерӣ ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки ҳангоми ташкили кори амалӣ ба донишҷӯён дар синф шаклҳои гуногуни фаъолияти таълимиро пешниҳод кунанд.
Ҳар кадоме аз онҳо аз рӯи мундариҷаи маводи таълим, шумораи компютер ва донишҷӯёни гурӯҳ муайян карда мешаванд.
Амалияи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар таълими фанҳои махсус метавонад дар шакли дарсҳои зерин пешниҳод карда шавад.
Дарси аввал омӯзиши маводи нав дар шакли лексия бо истифода аз маводи мултимедиявӣ мебошад.
Дарси дуюм - ҳар як донишҷӯ мустақилона дар компютер як мавзӯи навро аз худ менамояд ва онро бо суръати тез меомӯзад ва баҳои ниҳоии корашро мегирад. Назорат тавассути омӯхтани нақшаи ҷамъбастӣ ва ворид кардани ҷавоб ба саволҳои омӯзгор гузаронида мешавад.Дарси мазкур мавҷудияти компютерҳоеро, ки ба шумораи донишҷӯёни гурӯҳ мувофиқанд, дар назар дорад.
Дарси сеюм - ин як дарси омехта, ки аз рӯи нақли омӯзгор ва кори мустақили гурӯҳии донишҷӯёнро дар синфи компютерӣ аз рӯи саволҳои инфиродии дарс дарбар мегирад. Кор бо якчанд компютер оғоз мегардад, ки дар ҳар яке он 2-3 донишҷӯ ҷойгир шаванд.
Дарси чорум нақшаи дарсест, ки таълими дифференсиалиро дар шароите, ки нисбат ба донишҷӯён шумораи компютерҳо камтар аст, дар назар дорад. Дар ин ҳолат гурӯҳ ба зергурӯҳҳо тақсим карда мешавад (се ва зиёда аз он). Ба ҳар кадоме аз онҳо муаллим барои дарс вазифа тартиб медиҳад, ки 10-12 дақиқа онҳоро мустақилона бо компютер таъмин мекунад. Дар ҳоле, ки як гурӯҳ дар компютер кор мекунанд, боқимонда ба шаклҳои дигари кор, аз ҷумла истифодаи китобҳои дарсии анъанавӣ машғул мегарданд.
Дарси панҷум - дарсест, ки бар асоси кори гурӯҳӣ шакл ёфтааст. Якчанд гурӯҳ мувофиқи дастурҳои пешакии таҳиянамудаи омӯзгор маводи гуногунро аз китоби мултимедиявӣ меомӯзанд. Ҳар як гурӯҳ дар бораи натиҷаи корҳои анҷомдодашудааш рӯнамо (презентация) омода мекунад.
Дарси шашум - ин ташкили бозиҳо дар рафти машғулият (дарси мусобиқа, дарси рақобат) аст, ки асоси он якҷоя фаъолият намудан мебошад. Дар ҷараёни бозӣ гурӯҳ ба ду тақсим мешавад, ки аз марҳилаҳои бозӣ мегузаранд ва бо истифода аз компютер вазифаҳои муайянро иҷро мекунанд.Чунин машғулиятҳо метавонанд дар ҷамъбаст ё такрори мавзӯъҳо низ истифода шаванд.
Дарси ҳафтум истифодаи мавод аз рӯи мавзӯи таҳқиқшаванда дар шабакаи Интернет барои корҳои эҷодии донишҷӯён ҳангоми навиштани эссе ё лоиҳаҳои гурӯҳӣ ниҳоят кӯмарасон аст. Корро метавон дар диски сахт, USB-ғункунанда, хотираи телефон нигоҳ дошт ё худ чоп низ кард. Дар ин гуна машғулият метавон як компютерро истифода намуд.
Дарси ҳаштум - истифодаи мавод аз китобҳои электронӣ барои такрор ва тақвияти курси баргузоргардида ва омодагӣ ба санҷиши ниҳоии дониш. Бо ёрии санҷишҳои тестӣ камбудиҳо дар дониши донишҷӯён ошкор карда мешаванд, ки ба онҳо тавсияи мустақилона пур кардани норасоиҳоро бо истифода аз китоби дарсии электронӣ ва бо ҷустуҷӯи посух ба саволҳои тестӣ: ба роҳ мондан мумкин аст. Дар ин шакли машғулият истифодаи шумораи бештари компютерҳо тавсия дода мешавад.
Таҷрибаи таълими фанҳои махсус зарурати гузарондани дарсҳои шакли анъанавиро аз байн бурда, дар асоси истифодаи технологияи иттилоотӣ гузаронидани машғулиятро тавсия медиҳад.
Таҳқиқи тадбиқи технологияҳои муосири хизматрасонии таълимӣ имкони самарабахш доир намудани машғулият гардидааст. Бинобар ин зарурияти ошкор кардани меъёрҳои ҷамбастгардидаи арзёбии самарабахшии тадбиқи технологияҳои инноватсионии таҳсил ба миён меояд. Дар ҳолати мазкур, агар вариантҳои зиёди мушаххас вуҷуд дошта бошанд, он гоҳ барои интихоби варианти беҳтарини маблағгузорӣ дар татбиқи технологияҳои инноватсионӣ усули бо муқоисаи сармоягузории маблағ ва даромади эҳтимолии ҳар як варианти таҳқиқшаванда асоснок кардашуда, интихоб кардан мумкин аст.
Пӯшида нест, ки имрӯзҳо омӯзгорон ва донишҷӯёне ҳастанд, ки норасоии донишҳои компютерӣ доранд. Аммо барои онҳо низ тавсия дода мешавад, ки ба омӯзиши ин гуна технология рӯй оваранд, зеро он барои фаъолияти минбаъдаашон ниҳоят муҳим, зарурӣ ва фоидабахш аст.
Дар асоси натиҷаҳои таҳлил чунин хулосабарорӣ намудан мумкин аст, ки истифодаи мунтазами технологияҳои иттилоотӣ дар таълими фанҳои махсус ба баланд шудани маданияти иттилоотии донишҷӯён, фаъолнокии онҳо дар корҳои илмию таълимӣ дар раванди машғулият ва самаранокии дарсҳои баргузоргардида, ки он ба баланд бардоштани сифати таълим мусоидат мекунанд, оварда мерасонад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё