Зеҳн

Кӯдакон чӣ гуна телефону планшетро истифода кунанд?

КИ
Китобдор26 ноябри 2024 · 7 дақиқа хондан

Оё истифодаи телефони мобилӣ ва дигар воситаҳои техникӣ ба раванди таълим, саломатии ҷисмонӣ ва руҳияи ноболиғон чӣ таъсир мерасонад?

Дар асри рақамӣ, ки истифодаи телефон ва дигар воситаҳои техникиву электронӣ ба таври васеъ маъмул гаштааст, аксарият бар он назаранд, ки истифодаи ин воситаҳо барои хонандагон дар мактаб низ муфид мебошанд. Истифодаи телефон метавонад дар раванди таълим ба хонанда сарчашмаҳои бештари таълимӣ, маълумоти даркорӣ, китобхонаҳои электронӣ, наворҳои омӯзишӣ, ва дигар маводҳои таълимиро таъмин сохта, муҳити васеъи донишомӯзиро фароҳам оварад. Илова бар ин, истифодаи телефонро барои сарфаи вақт дар раванди ҷустуҷӯ ва дастрас кардани маводи таълимӣ муфид медонанд..

Имрӯз наврасон мавҷудияти интернет ва ҷаҳони рақамиро дар ҳаёти ҳаррӯзаи волидонашон мебинанд ва эҳсос мекунанд. Истифодаи хадамоти гуногуни онлайнӣ, пардохт ва харид дар интернет, зангҳои видеоӣ, таълими илмҳои нав дар интернет танҳо ҷанбаҳои оддӣ ва ҳамарӯзаи ҳаёти рақамии мардуми имрӯз аст.

Дар ин росто, масъулияти густариши саводнокии рақамӣ дар байни фарзандони насли нав бар дӯши тамоми аъзои ҷомеа, аз соҳибкорону ҳукумат то омӯзгорону аъзои оила аст. Бозингарони соҳа бояд барои тавлиди мундариҷа ва абзорҳои мувофиқ ва дастрас ташвиқ карда шаванд…

Ҳар рӯз мо дар бораи гигиена ё беҳдошти хеш ғамхорӣ мекунем ва ҳаёти худро аз он вобаста медонем. Дандону даст мешӯем.

Аммо як чизи дигар аст, ки гигиенаи рақамӣ ном бурда мешавад. Албатта, мо телефонҳои худро бо об намешӯем, аммо қоидаҳое ҳастанд, ки бояд ба хотири бехатарии худ ва технологияамон риоя шаванд.

Гигиенаи рақамӣ чист?

Гигиенаи рақамӣ ҳифзи ҷаҳони рақамии шахсии мост.

Ин ҳама дар бораи амниятест, ки мо барои худамон ва махсусан барои кӯдакони худ таъмин мекунем то онҳоро аз ҷаҳони рақамии баъзан бераҳмона муҳофизат кунем.

Волидон вазифадоранд, ки фарзандони худро дар бораи истифодаи дастгоҳҳои рақамӣ таълим диҳанд: эҷоди рамзҳои қавӣ, худдорӣ аз мубодилаи маълумоти шахсӣ, сарфаи вақт.

Модар фарзандашро аз хатарҳои олами маҷозӣ ҳифз мекунад. Акс аз шабакаи интернет

Мо бояд гигиенаи рақамиро ҳамчун реҷаи ҳаррӯза муқаррар кунем, ҳамон тавре ки мо ба гигиенаи шахсии худ ғамхорӣ мекунем.

Кӯдакон бояд фаҳманд, ки гигиенаи рақамӣ мисли шустани дасту дандон муҳим аст.

Агар шумо истифодаи телефонро барои фарзандони худ иҷозат медиҳед, пас аз ин тавсияҳои мутахассисон истифода баред:

— Баро кӯдак телефони арзишманд харидорӣ накунед. Телефони талаботи кӯдакро қонеъ карда тавонад кофист;

— Функсияи «Ҷойгиршавӣ» «Местоположение» — ро да телефони кӯдак фаъол карда, ба куҷо рафтани ӯро назорат кунед;

— Аккаунти телефони кӯдакро ба режими «барои кӯдак» (для ребенок) пайваст карда, раванди истифодаи онро аз телефони назорат кунед;

— Инчунин шумо метавонад як аккаунти оилавӣ сохта ҳама телефонҳоро ба он пайваст кунед ва бо ин роҳ назоратро осонтар намоед;

— Барномаҳои нолозимро дар телефони кӯдак хомӯш ва ё пок созед;

— Рамзи телефонро низ ва изи ангушти худро гузоред;

— Истифодаи сомона ва шабакаҳои иҷтимоиеро ки ба сину соли кӯдак мувофиқ нест, манъ кунед.

— Ҳамарӯза телефони кӯдакро ташхис ва назорат кунед.

— Дар бораи тарзи дурусти истифодаи телефон ба кӯдак машварат диҳед;

— Дар аксар телефонҳо функсияи «назорати волидайн» (родительский контроль) мавҷуд аст, ин реҷаро фаъол созед;

-Агар истифодаи шабакаи YouTube барои кӯдак муҳим набошад, ба ҷои YouTube — и маъмулӣ You Tube Kids , ки барои кӯдакон аст, насб кунед;

— Шабакаи Google барномаеро бо номи Google Family Link тарҳрезӣ кардааст, ки ба он метавонед телефонҳо ҳама аъзои оиларо пайваст карда фаъолияти онҳоро танзим ва назорат кунед.

Мусоҳибони хашмгин дар шабакаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои зараррасон, вирусҳо, контенте, ки барои назари кӯдакон пешбинӣ нашудааст… Дар интернет писарону духтарон метавонанд бо хатарҳои гуногун дучор шаванд. Чӣ тавр аз онҳо канорагирӣ кардан мумкин аст? Мо маслиҳатҳои оддӣ, вале муассирро аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” – провайдери интернети ноқилӣ ва мобилӣ мерасонем.

Бо вирусҳо мубориза мебарем

«Зацени фото!», «Ссылка для тебя», «Лови открытку!» – аз ин гуна паёмакҳои безарар ҳолатҳои ҷиддии ногувор оғоз меёбанд. Кӯдак истинод ё файли ирсолшударо мекушояд ва вирус ба компютер ё дастгоҳи мобилӣ барои дуздидани маълумоти шахсӣ, халал расонидан ба кори барномаҳои зарурӣ, бастани компютер ва телефон ворид мегардад. Ҳамин тавр қаллобон пул талаб мекунанд. Дар баробари ин, истиноди зарарнок аз аккаунти дӯстон ё пайвандон, ки қаллобон онҳоро мекушоянд, низ ворид шуда метавонад.

Чӣ бояд кард? Ҳатман антивирусро аз як таҳиякунандаи маъруф ва боэътимод, аз ҷумла барои смартфонҳо, насб намоед. Инҳо метавонанд, масалан, барномаҳои Kaspersky Internet Security, Avast Mobile Security ё McAfee Security бошанд. Аммо муҳимтар аз ҳама, ба фарзандонатон фаҳмонед, ки чӣ гуна ба суроғаву истинодҳои шубҳанок ва файлҳои нофаҳмо дуруст эътино намоянд ва бидонанд, ки онҳоро кушодан мумкин нест! Дониш ва эҳтиёткорӣ – беҳтарин восита бар зидди қаллобон дар Интернет мебошанд.

Зимнан, шумо метавонед оид ба қоидаҳои рафтор дар интернет дар сомонаи “МегаФон Тоҷикистон” дар қисми махсуси “Муоширати бехатар (Безопасное общение)” маълумоти бештар пайдо кунед. Инчунин, дар он ҷо ҷадвале мавҷуд аст, ки ба ТБ зараррасон ва маслиҳатҳо оид ба муҳофизати дастгоҳи мобилии шумо бахшида шудааст.

Порталҳо ва сомонаҳоро барои кӯдакон интихоб мекунем

Ба кӯдакони хурдсол ҳамон волидайне барои бозӣ дар компютер ё тамошои филми тасвирӣ аз смартфон иҷозат медиҳанд, ки ин вақт дар наздашон қарор доранд. Аммо кӯдакон калон мешаванд ва вақте ки модару падар дар ҷои кор ҳастанд, вориди интернет мегарданд. Оё кафолат дода метавонем, ки онҳо дар шабака ягон маълумоти ба синну солашон номувофиқро пайдо намекунанд?

Як вариант – интихоби порталҳо мебошад, ки дар он аслан ҳеҷ чиз барои кӯдакон хатарнок ё ногувор нест. Масалан, оператори имкониятҳои нави рақамӣ дорои «Mega Kids» бо контенти фароғативу маърифатӣ мебошад. Дар он ҷо ҳамаи манбаъҳое, ки барои рушдёбӣ лозиманд, аз қабили филмҳои тасвирӣ, бозиҳо, афсонаҳо, китобҳо, мусиқӣ, мавҷуд мебошанд. Бо обунашавӣ ба чунин порталҳо, шумо метавонед аз бехатарии кӯдак нигарон набошед.

Илова бар ин, сервисҳои махсусе вуҷуд доранд, ки ба волидайн барои назорати фарзандонашон кӯмак мекунанд. Масалан, онҳо барои фаҳмидани сомонаҳое, ки кӯдак ҳангоми дар хона набудани калонсолон ворид шудааст ва ё чӣ қадар вақт дар Интернет гузаронидааст, имкон медиҳад. Ба ин гуна замимаҳо барои смартфонҳо – Google Family Link ва Kaspersky Safe Kids дохил мешаванд. Онҳоро аз App Store ё Google Play боргирӣ кардан мумкин аст. Дар компютерҳо роҳи дигар, ба монанди танзимоти дилхоҳ дар браузер, вуҷуд дорад. Ҳамин тавр, дар Microsoft Edge бахши махсуси “Бехатарии оилавӣ (Семейная безопасность) ” бо воситаҳои филтркунии контент мавҷуд аст.

Манъи амалҳои таҳқиркунандагон!

Наврасони аз 16-сола боло метавонанд бо ризоияти волидонашон симкорт ва смартфони шахсии худро дошта бошанд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо интернети мобилиро комилан мустақилона истифода мебаранд. Хуб мешавад, агар то ин лаҳза бачаҳо донанд, ки чӣ гуна ҳилаҳои қаллобон ошкор мегарданд, вирусҳо ва дигар барномаҳои зараррасон пешгирӣ карда мешаванд. Вале, муоширати озод дар шабакаҳои иҷтимоӣ хатари навро, ба монанди таъқибу таҳқири эҳтимолӣ аз тарафи корбарони дигар, ба миён меорад.

Дар ин ҳолат ба кӯдакон чунин маслиҳат медиҳем: шахсони бегонаро ба теъдоди дӯстони худ илова накунед! Охир дар паси тасвири (аватари) беозор метавонад на танҳо ҳамсол, балки ҳар гуна шахси дигар низ пинҳон бошад. Шумо бояд танҳо бо онҳое, ки шахсан медонанд, муошират кунед. Ва агар касе дар интернет ба рафтори хашмгин ва номуносиб шурӯъ кунад, шумо бояд фавран ӯро аз рӯйхати дӯстонатон хориҷ кунед, гуфтаҳои ӯро қатъ намоед ба маъмурияти шабакаи иҷтимоӣ шикоят фиристед. Инчунин, ҳатман дар бораи шахси озордиҳанда ба волидонатон бигӯед!

Троллҳо бо он фарқ мекунанд, ки онҳоро ба ҳеҷ чиз бовар кунонида намешавад ё “аз ​​нав тарбия карда наметавонед”, ҳадафи онҳо бо таҳқир хашмгин кардани ҳамсуҳбат аст. Ин худ барои руҳияи ноустувори наврас хатарнок аст. Пас, кӯдакон бояд бидонанд, ки бо “таҳқиркунандагони интернет” баҳс кардан лозим нест. Хуб мешавад, ки фавран аз чунин ҳамсуҳбатон раҳоӣ ёфта, муоширатро дар Интернет бо онҳое, ки сазовор ҳастанд, идома диҳед.

Шумо, инчунин, метавонед дар бораи тарзи рафтор ҳангоми таҳдид дар шабакаҳои иҷтимоӣ, воридшавии вирус ба компютери шумо ё пайдо шудани хабар дар бораи басташавии аккаунт дар сомонаи МегаФон дар қисми “Муоширати бехатар (Безопасное общение)” маълумот гиред. Қоидаҳои рафторро дар Интернет омӯзед ва дар бораи онҳо ба фарзандонатон бигӯед!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба