Зеҳн

Неъмати бебаҳои табиат

АХ
Ахбор1 октябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояш дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонӣ оид ба ҳифз ва тоза нигоҳ доштани сарватҳои табиӣ, хусусан об баромад намуда, соли 2003–ро «Соли умумиҷаҳонии оби тоза» эълон намуданд. Ва баъдан он дар сессияии 54–уми Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфт. Бо ин мақсад моҳи марти ҳамон сол дар шаҳри Киотои давлати Ҷопон Конфронси байналмилалии «Об манбаи ҳаёт» баргузор гардид. Дар он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки солҳои 2005–2015 амалиёти «Об манбаи ҳаёт» эълон карда шавад. Ин даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 58–уми Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид тасдиқ гардид. Аз 29 то 31–уми августи соли 2003 дар шаҳри Душанбе форуми байналмилалии «Оби тоза» шуда гузашт, ки дар он намояндагони 53 давлат ва зиёда аз 100 ташкилотҳои ғайридавлатӣ иштирок доштанд. Ва ин иқдоми пешгирифтаи Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷонида дастгирӣ намуданд.

Рӯзҳои 8 ва 10–уми июни соли 2010 дар пойтахти ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе доир гардидани конфронси байналмилалии татбиқи даҳсолаи «Об барои ҳаёт» бо ҳузури 192 давлати ҷаҳон, 60 созмони давлатӣ ва ғайридавлатии бонуфузи байналмилалӣ, коршиносон аз ташаббусҳои созандаи Роҳбарияти давлат ба шумор меравад. Зимни суханрониҳои хеш Сарвари давлат борҳо ёдовар гардидаанд, ки қадру қимати об аз қадру қимати нафт, газ, ангишт ва дигар манбаъҳои энергетикӣ кам нест. Бинобар ин, ба ин муъҷизаи бебаҳои табиат эҳтиёткорона, самаранок, сарфакорона муносибат намуда, онро мақсаднок истифода бояд бурд.

19 майи соли 2013 дар Тайланд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором дар мавзӯи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об» масъалаи ноил гаштан ба ҳадафҳо дар соҳаи обро яке аз роҳҳои асосии расидан ба дигар ҳадафҳои рушд ниҳоят муҳим арзёбӣ карда, ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиё, хусусан Осиёи Миёнаро ба ҳамкории созанда дар ин самт даъват намуданд.

Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 22 марти соли 2018 рӯзи байналмилалии захираҳои об оғоз ёфта, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Хушбахтона, ин ташаббусҳо аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, дар иртибот ба онҳо як зумра қатъномаҳо қабул карда шуд. Мақсади Сарвари давлат аз ин пешниҳодот аз як тараф ҷалб намудани диққати ҷомеаи башарӣ ба ҳалли масоили об бошад, аз ҷониби дигар нисбати тақсимоти одилонаи об кишварҳои дунёро ба адлу инсоф даъват менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, ба ҳар сари як нафар бошандаи он дар як сол 12 ҳазор метри мукааб об рост меояд. Ҳол он ки мутобиқи нишондиҳандаҳои оморӣ дар ҷаҳон қариб 1 миллиард одам аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Аз рӯи ҳисоби Созмони Милали Муттаҳид то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии дунё аз норасоии об ранҷ хоҳанд кашид

Ҳифзи захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқлими хушки Осиёи Миёна яке аз мушкилиҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Масъалаи муҳими замони муосир ин муҳофизати об аз ифлосшавист. Табиати Тоҷикистон сарсабзу зебо буда, манбаи зиёди обҳои ошомиданӣ дар дунёст. Пас ҳар яки моро мебояд, ки ба қадри ин неъмати Илоҳӣ расем ва барои тозаю беолоиш ҳифз намудани он камари ҳиммат бандем

Бибираҷаб ФОЙЗАЛИЕВА, омӯзгори Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба