Сабзӣ ва фоидаҳои он
Инро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон (зардак, бехи) ҳам меноманд. Ин қисми зеризаминии растанӣ буда, бӯстонӣ, ки зироатӣ ва саҳроӣ, ки ғайри корам аст, мерӯяд. Мо ин ҷо дар навбати аввал дар хусуси сабзии бӯстонӣ сухан меронем.
Беҳтарини он сурх ва ширини он аст. Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар ҳамон дараҷа тар аст. Ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани сабзии бӯстонӣ мулоимкунандаи узвҳои дохилӣ мебошад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, меъдаро қувват медиҳад, дарунро мулоим мекунад, боҳ (пушти камар)-ро қавӣ мегардонад, моддаи маниро зиёда месозад; барои кандани балғам, дафъи сурфа, дарди узвҳои даруни сина, меъда ва ҷигар даво мешавад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, пешобро меронад...
Сабзиро ба ҳар тариқ, ки бихӯранд, барои варами пардаҳои даруни сина, сурфаи кӯҳна шифо мебахшад. Агарчи хомаш душворҳазм аст, вале аз он мураббо тайёр карда бихӯранд, зудҳазм мегардад ва барои иллати истисқо фоидабахш аст; дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад, пешобро меронад, хусусан саҳроии он. Сабзии бӯстониро баргаш ҳам барангезандаи қуввати боҳ аст.
Барги сабзии бӯстониро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд ва тухмашро бихӯранд, душвор зойиданро осон мекунад. Чун барг ва бехрешаи сабзиро дар об ҷӯшонида, бо он об дасту поҳои тифлонро бишӯянд, хуни аз хунукӣ дар ин узвҳои онон шахшударо таҳлил медиҳад...
Сабзиро бо асал мураббо пухта бихӯранд, барои барангехтани қуввати боҳ бағоят фоида дорад, узвҳои даруни шикам ва даруни синаро қувват мебахшад, аз ҷумла бачадонро ҳам қавӣ мегардонад: узвҳои ҳозимаро, ки меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз мебошанд, мустаҳкам мекунад.
Ин мурабборо бо дорчинӣ ё бо занҷабил ва ё бо қаранфули гардан бихӯранд, ҷигари сардмизоҷро қувват медиҳад, рутубатҳои зиёдатии меъдаро нест мекунад, қуввати боҳро зиёда мегардонад...
Сабзиро як шабонарӯз дар сирко тар карда бихӯранд, барои иллати гудохтагии сипурз давои беҳамто мебошад, меъда ва ҷигари сардмизоҷро қувват мебахшад. Сабзиро кӯфта ё бо дигар усул оби онро гирифта, бо шакар ширин карда биёшоманд, таъсираш ҳамчун даво қариб ба мураббои он аст, вале аз он сабуктару латифтар ва қавитар мебошад.
Барги сабзиро кӯфта, ба решҳои хӯранда гузошта банданд, нафъ дорад. Хӯрдани сабзии хом бадҳазм, боднок ва бо одамони гарммизоҷ зарар дорад. Дар ин ҳолат давоҳои сардмизоҷ ва ошҳои суюқи дӯғдор бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад. Сабзиро бо гӯшти бузғола пухта бихӯранд, дар бадан моддаи солим пайдо мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз сабзӣ дар як рӯз то ним килограмм аст, аз мураббои он ба 50 то 100 грамм хӯрдан равост. Хӯрдани тухми сабзӣ қуввати боҳро ба ҳаракат меоварад ва дар ин бобат аз қисми заминии он қавитар аст, занҳои ба душворӣ ҳомилашавандаро нафъ дорад, дарди рӯдаҳоро манъ мекунад. Дар дигар хислатҳо монанди худи сабзӣ мебошад...
Агар як миқдор тухми сабзӣ ва ҳамон миқдор тухми шалғам гирифта, як турбро дарунковок намуда, он тухмҳоро дар ковоки он пур кунанду сӯрохашро бо порчаи турб маҳкам карда ва баъд дар зери оташ бипазанд, сонӣ он тухмҳоро бароварда бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, барои занони ба душворӣ ҳомилашаванда бисёр фоидабахш аст.
3,5 грамм тухми сабзиро кӯфта, бо 3,5 грамм шакар бихӯранд, барои дарди соқи по дармон мешавад. Тухм ва барги сабзиро бо ҳам кӯфта, ба решҳои хӯранда гузошта банданд, шифо мебахшад...
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми сабзӣ то 7 грамм аст. Ба ҷойи ин тухми сабзии саҳроиро истеъмол намоянд, равост.
Сабзии саҳроӣ: Бехрешаи ин дар ғафсӣ ба андозаи ангушти даст ва бориктар аз он низ мебошад. Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст...
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани тухми сабзии саҳроӣ дар ҳама бобат қавитар аз сабзии бӯстонӣ мебошад, барои сурфаи кӯҳна дору мешавад, ахлоти нодаркорро аз узвҳои даруни сина дафъ менамояд; узвҳои ҳозима (меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз) ва боҳро қавӣ мегардонад, маниро зиёда месозад, бодҳоро таҳлил медиҳад, моддаҳои ғализи балғамиро пароканда мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд, пешобро меронад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад; ҳайзи бандшударо равон ва бачадонро пок месозад, инчунин барои ҳомила шудан кӯмак мерасонад, душвор зойиданро осон мекунад, буғумҳои сустро мустаҳкам ва дарди онҳоро дафъ мекунад, дарди рӯдаҳоро барҳам медиҳад, харошида шудани рӯдаҳои кӯдаконро ба ибро меоварад; ба истисқои бодӣ, ки ҳангоми бо даст бар шикам задан садои табл шунида мешавад, шифо мебахшад, газидани каждум ва дигар ҷонварони заҳрнокро дармон мешавад...
Агар тухми сабзии саҳроиро кӯфта, гузошта банданд, варамҳои нармро таҳлил медиҳад. Тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро ба ҷойи каждумгазида бирезанд, нафъ дорад. Вале хӯрдани ин бинобар он, ки мизоҷаш гарм аст, барои боҳи одамони гарммизоҷ зарар дорад. Дар ин ҳолат шилми мисвокро бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд, ба хичак ҳам зиён дорад, дар ин маврид мустако хӯрдан даркор аст. Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз тухми сабзии саҳроӣ 3,5 грамм аст ва агар эҳтиёҷ афтад, то 7 грамм ошомидан мумкин аст...
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё