Зеҳн

Барои оғози тарроҳи веб

ЗЕ
Зеҳн25 ноябри 2024 · 6 дақиқа хондан

Бисёре аз донишҷӯён аз мо мепурсанд, ки барои тарроҳии сомона аз кадом забон оғоз кунем ва беҳтарин забони барномасозӣ барои оғоз кадом аст? Қадамҳои омӯзиши тарроҳии сомона чӣ гунаанд ва чӣ тавр бояд дар ин роҳ пеш рафт? Дар воқеъ, нигаронии асосии онҳое, ки мехоҳанд тарроҳии сомонаро сар кунанд, надоштани нақшаи роҳ ва маълумот аст. Бисёрҳо дар оғози кор роҳи худро бо омӯзиши хато сарф мекунанд, ки ин ҳолат боиси аз даст додани вақти зиёд ва саргум шудани онҳо дар ин роҳ мешаванд. Мо дар ин матлаб баррасӣ мекунем, ки бояд чӣ чизҳоро омӯзад ва аз кадом барномаҳо истифода кунад, то ба як мутахассис дар ин самт табдил ёбад.

Барои омӯзиши тарроҳии сомона ба кадом чизҳо ниёз аст?

Солҳои зиёди таҷрибаи омӯзиши барномасозӣ, хусусан барномасозии веб, мо фаҳмиши хубе дар бораи қадамҳои омӯзиши ин соҳа дорем. Мо ба хубӣ эҳтиёҷоти шахсоне, ки ба тарроҳии сомона оғоз мекунанд, дарк мекунем. Бисёре аз одамон намедонанд, ки аз куҷо ва чӣ гуна бояд оғоз кунанд ва ҳамеша саволҳои зиёд доранд.

Саволҳое монанди:

Барои барномасозии веб аз кадом забон бояд оғоз кард?

Беҳтарин забони барномасозии веб барои оғоз кадом аст?

Аз кадом барномаҳо барои тарроҳии сомона бояд истифода кард?

Чӣ гуна метавон ба таври касбӣ ба тарроҳии веб машғул шуд?

Аз ин рӯ, мо дар ин матлаб мехоҳем ба таври марҳила ба марҳила шарҳ диҳем, ки чӣ гуна бояд дар ин роҳ қадам гузошт, то ба як тарроҳи касбӣ табдил ёбед.

Интихоби соҳаи корӣ

Омӯзиши тарроҳии веб роҳе пур аз болоравию пастравӣ аст. Агар дар ин роҳ аз қадамҳои баъдии худ хабар надошта бошед, кор душвор мешавад. Аз ин рӯ, доштани як нақшаи роҳ мисли нақшаи ганҷ аст, ки шуморо то расидан ба ҳадафатон роҳнамоӣ мекунад. Пас беҳтар аст аввал қарори худро гиред ва роҳи худро муайян кунед.

Барномасозии веб ба ду бахш тақсим мешавад: Фронт-энд ва Бек-энд.

Фронт-энд: Ин гурӯҳ ба тарроҳии намуди зоҳирии сомона машғул мешаванд. Ба онҳо барномасозони тарафи корбар (Client-side) мегӯянд.

Бек-энд: Ин афрод мантиқ ва амалиётҳои дохилии сомонаро татбиқ мекунанд ва бо номи барномасозони тарафи сервер (Server-side) маъруфанд.

Баъзе барномасозон ҳамзамон дар ҳар ду бахш фаъолият мекунанд, ки инро Full Stack меноманд. Аммо ин кор дониш ва таҷрибаи зиёдеро талаб мекунад ва вақти зиёдро мегирад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, беҳтар аст вобаста ба истеъдод ва ҳаваси худ қарори дуруст гиред:

Агар тарроҳии қолабу зоҳирро дӯст доред, Фронт-энд барои шумо мувофиқ аст.

Агар мехоҳед амалиётҳои байни корбар ва сомона ва мантиқҳои онро татбиқ кунед, Бек-энд интихоби беҳтарин аст.

Вобаста ба соҳаи интихобкардаатон, шумо бояд забонҳои гуногунро омӯзед.

Беҳтарин забони барномасозии веб барои оғоз дар Фронт-энд

Фронт-энд яке аз муҳимтарин бахшҳои веб аст, зеро корбарон тавассути намуди зоҳирӣ ва интерфейси сомона ба он ҷалб шуда, бо он муошират мекунанд. Барои оғоз дар ин самт, беҳтарин забонҳои барномасозӣ инҳоянд:

HTML (HyperText Markup Language)

HTML асоси ҳар як сомона аст ва барои сохтани сохтори асосии вебсаҳифаҳо истифода мешавад. Бо истифода аз он, шумо метавонед унсурҳои асосӣ, ба монанди сарлавҳаҳо, параграфҳо, тасвирҳо ва истинодҳоро дар саҳифа ҷойгир кунед.

CSS (Cascading Style Sheets)

CSS барои ороиши HTML истифода мешавад. Бо он шумо метавонед намуди зоҳирии сомонаро тавассути илова кардани рангҳо, ҳуруфҳо, тарҳбандӣ ва аниматсия беҳтар кунед. CSS барои сохтани интерфейсҳои зебо ва ҷавобгӯ (responsive) муҳим аст.

JavaScript

Пас аз омӯзиши HTML ва CSS, вақти он мерасад, ки бо JavaScript шурӯъ кунед. JavaScript сомонаро динамикӣ ва интерактивӣ мекунад. Бо истифода аз он, шумо метавонед функсияҳоеро, ба монанди тугмаҳои интерактивӣ, слайдерҳо, менюҳои ҷавобгӯ ва дигар унсурҳои интерактивӣ эҷод кунед.

Бо ин се забони асосӣ, шумо метавонед қадамҳои аввалро дар Фронт-энд бо боварии комил бардоред. Пас аз омӯзиши онҳо, имконоти пешрафта, ба монанди Framework-ҳо (мисли React, Vue ё Angular), метавонанд ба шумо кӯмак кунанд, ки вебсаҳифаҳои пурқувват ва касбӣ созед.

Омӯзиши забони HTML

Агар чанд сол пеш ба ақиб баргардем ва ба аввалин сомонаҳои дар интернет нашршуда назар андозем, мебинем, ки саҳифаҳои онҳо ҳамагӣ аз чанд унсури оддӣ ва асосӣ иборат будаанд. Аз гузашта то имрӯз, технологияҳои гуногун барои ҷолиб сохтани раванди тарроҳии веб таъсиркунанда буданд, аммо HTML аз муҳимтарин қисми веб боқӣ монд. Забони аломатгузории HTML аввалин чизест, ки тарроҳони веб бояд омӯзанд.

Бузургтарин барномасозони кори худро бо HTML оғоз карданд. HTML маънои Hyper Text Markup Language буда, дар тоҷикӣ онро забони аломатгузории гиперматнӣ меноманд. Дар хотир доред, ки HTML забони барномасозӣ нест, балки забони аломатгузорӣ аст.

HTML барои сохтани матни асосӣ ва сохтори умумии саҳифаҳои веб истифода мешавад. Ин забон бо тегҳо кор мекунад ва маҳз ҳамин тегҳо муайян мекунанд, ки дар саҳифаи веб кадом элементҳо истифода мешаванд.

Омӯзиши забони CSS

Бо истифода аз забони HTML, шумо танҳо метавонед сохтори умумӣ ва чаҳорчӯбаи саҳифаи вебро эҷод мекунед, аммо ин саҳифаҳо бешубҳа барои корбарон хеле сода мешавад. Зеро вақте ки шумо танҳо HTML-ро барои сохтани саҳифаҳои веб истифода мебаред, дастрасии шумо бо шумораи маҳдуди унсурҳои дар HTML муайяншуда маҳдуд мешавад. Ҳамин тавр, барои пӯшонидани заъфҳои забони HTML ба шумо асбоб ё ба ибораи дигар забони дигар лозим мешавад. Забоне, ки барои зебо ва шакл додани веб саҳифаҳо истифода мешавад, CSS номида мешавад.

Қадами дуюм барои касе, ки мехоҳад ба тарроҳии веб сар кунад, CSS мебошад. CSS Cascading Style Sheets мебошад. Ин забон мисли HTML як забони аломатгузорӣ мебошад, ки ба шумо имкон медиҳад аз сохтори саҳифаҳои вебро то тағир додани рангҳо ва ҳуруфҳо ёрӣ мерасонад. Бо ёрии CSS шумо метавонед хосиятҳоро ба монанди рангҳо, шрифтҳо, андозаҳо, тарзи ҷойгиркунии элементҳо ва ғайраҳоро дар саҳифаҳо муайян кунед.

Омӯзиши забони JavaScript

Вақте ки шумо HTML ва CSS-ро азхуд мекунед, шумо метавонед веб саҳифаҳои статикиро тарроҳӣ кунед. Зеро корбарон дар ҷустуҷӯи сайтҳои интерактивӣ ва динамикӣ ҳастанд ва мехоҳанд аз хусусиятҳои гуногуни онҳо истифода баранд.

Яке аз маъмултарин забонҳои барномасозӣ, ки барои динамикӣ кардани вебсайтҳо истифода мешавад, JavaScript мебошад. JavaScript забони сатҳи баланд, динамикӣ, ба объект нигаронидашуда ва тафсиршуда мебошад, ки услубҳои гуногуни барномасозиро дастгирӣ мекунад. Барои омӯзиши JavaScript, шумо метавонед ба саҳифаи дахлдор муроҷиат кунед.

Барномаҳои барои омӯзиши тарроҳии вебсайт

Шумо метавонед барномаҳои пешрафтаро барои навиштани кодҳо истифода баред. Албатта, фаромӯш накунед, ки шумо метавонед ҳатто дар барномаи мисли Notepad код нависед, аммо дар бораи хусусиятҳои ҷолибе аз қабили пурракунии автоматии код, ранг кардани калимаи калидӣ, ошкор кардани хатогӣ ва форматкунии код барои инҳоро карда тавонистан барномаҳои махсус даркор аст. Барномаи коднависӣ бо хусусиятҳои гуногуни худ рамзгузориро ҷолиб мегардонанд ва вақти барномасозонро сарфа мекунанд. Дар зер, баъзе аз маъруфтарин барномаҳо:

WebStorm

Visual Studio Code

Notepad++

Adobe Dreamweaver

Zed Editor

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба