Курсҳои барномасозӣ
Курсҳои ибтидоии омӯзиши барномасозӣ
Барои ба даст овардани даромад аз барномасозӣ, аввал бояд дар асосҳои коднависӣ ва қоидаҳои асосии он касбӣ шавед. Курсҳои зиёде барои омӯзиши барномасозӣ мавҷуданд, ва интихоби як манбаи омӯзиши мувофиқ барои шурӯъкунандагон хеле муҳим аст.
Интернет бузургтарин манбаест, ки шумо метавонед дар он омӯзишҳои зиёдеро дар мавзӯъҳои гуногуни барномасозӣ, аз қабили тарҳрезии веб, барномаҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва забонҳои гуногуни барномасозӣ, аз ҷумла Python, Java, JavaScript, Go ва ғайра пайдо кунед.
Омӯзиши барномасозӣ тавассути YouTube
Бисёр одамон тавассути худомӯзӣ идома диҳанд ва видеои таълимиеро, ки мехоҳанд аз YouTube мувофиқи эҳтиёҷоти худ пайдо карда ва тамошо кунанд. Дар назари аввал, ин усул нисбат ба усули дар боло зикршуда арзонтар ва осонтар ба назар мерасад, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки агар шумо дар ҳеҷ чизро надонед ва бори аввал аст, ки шумо барномасозӣ мекунед, шумо фарқияти байни манбаъҳои дуруст ва беэътиборро намефаҳмед. Вақти зиёдеро сарф мекунед, аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки ба курсҳои омӯзиши бо муаллим сар кунед.
Агар шумо дар ҷустуҷӯи беҳтарин забони барномасозӣ дар ҷаҳон аз нигоҳи маош ва даромади зиёд ҳастед. Дар қадами аввал муайян кардани эҳтиёҷоти бозор ва дар қадами баъдӣ, ки чӣ ниёзҳо, имкониятҳо ва ояндаи онро фаҳмидан лозим аст, баъдан дар бораи даромади хуб фикр кунед.
Курсҳо
alif.academy, Алиф Академияро баҳри он таъсис доранд, ки шавқу рағбати ҳамватанонро ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бештар намоянд. То имруз бештар аз 2 000 барномасозро барои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷа омода намуданд. Соҳаи IT-ро осон карда, мефаҳмонанд ва барномасозиро аз аввал меомузонанд.
www.softclub.tj, Тӯли чанд сол, Академияи Softclub кӯшиш мекунад, ки курсҳои муфиду дастрасро фароҳам созад. Омоданд таҷрибаву донишҳои худро ба нафароне, ки хоҳиши дар соҳаи IT рушд карданро доранд, диҳад.
«Дар SoftClub мо як гурӯҳи муаллимони ботаҷрибаро ҷамъ оварданд, ки ба шумо дар омӯхтану фаҳмидани ҳама масъалаҳои барномасозӣ кумак мекунанд»
Барои SoftClub хеле муҳим аст, ки ҳангоми омӯзиши курс корҳои амалӣ низ бисёр бошанд. Бинобар ин ҳама муаллимон лоиҳаҳои худро месозанд, ки ба шумо имкон медиҳад, ки на танҳо асосҳои назариявиро омӯзед, балки ҳолатҳои воқеиро дар амал бинед. «Донишҷӯёнамонро то дами кор ёфтанашон дастгирӣ мекунанд.»
ilmhona.org, Илмхона гузаронидани курсҳои барномасозӣ, дизайни графикӣ, гузаронидани лагерҳои IT, ташкили чорабиниҳо барои ҷомеаи технологӣ ва аз ҳама муҳим, омода сохтани истеъдодҳо барои кор мебошад. Илҳом бахшидан ва омода намудани насли ҷавон дар соҳаи технологияҳои олӣ. Инро тавассути омӯзиш ва пешкаш намудани имкониятҳои корӣ дар ширкатҳои пешрафтаи кишвар ва ҷаҳон ба даст меорад.
Чӣ тавр мо таълим медиҳанд
Лексияҳо
Шумо метавонед видео-дарсҳоро ҳар вақт тамошо кунед. Ҳангоми ба итмом расонидани вазифаи хонагӣ, маводи нав кушода мешавад.
Амалия
Маводҳои нав тавассути кори амалӣ мустаҳкам карда шуда, дар муддати 48 соат аз тарафи устодон санҷида мешаванд.
Дастгирӣ
Бо муаллимон ва дигар донишҷӯён дар мессенҷер муошират кунед - ба саволҳои худ зуд посух гиред ва мубодилаи таҷриба кунед.
Форматҳои гуногун
Раванди таълим аз вохӯриҳо, чорабиниҳо ва вебинарҳо иборат аст. Формати мухталиф ба шумо имкон медиҳад, ки таҷрибаи амалӣ гиред ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунед.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё