ТАНЗИМИ АНДОЗБАНДИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ
Дар мақолаи мазкур намудҳои таъсиси МОИ ва вазъи кунунии онҳо мавриди таҳлил қарор гирифта барои бозҳам рушд ва равнақ додани онҳо якчанд пешниҳодҳо оварда шудааст.
Калидвожаҳо: минтақа, саноат, инноватсия, имтиёз, воридотивазкунанда, андоз, гумрук, соҳибкор, сармоягузорӣ, ҷолибнокӣ.
Минтақаи озоди иқтисодӣ қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраркардашуда, ки дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст мебошад.
Низоми махсуси ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодӣ маҷмўи меъёрҳои ҳуқуқие, ки тартиби фаъолият кардан, шартҳои махсуси андозбандӣ ва муомилоти асъорӣ, гумрукӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайраро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар менамоянд.
Мақсадҳои таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин таъсис дода мешаванд:
- рушди иқтидори иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақаҳо ва маҳалҳои алоҳидаи он;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт;
- нигоҳдории ҷойҳои кории мавҷуда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ;
- ҷалби техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ;
- ташкил ва рушди инфрасохтори муосири нақлиётӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ;
- беҳтар кардани сифати идоракунӣ, таъмини самараноки истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир;
- баланд бардоштани иқтидори содирот ва рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот;
- ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ;
- фаъолгардонии муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ ва минтақаҳо;
- азхудкунии мавзеъҳои нав ва таъмини рушди шаҳрсозӣ;
- нигаҳдорӣ ва истифодаи самарабахши захираҳои табиии барқароршаванда ва барқарорнашаванда.
Минтақаҳои озоди иқтисодиро дар чунин намудҳо таъсис додан мумкин аст:
- саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ);
- савдо ва тиҷоратӣ;
- хизматрасонӣ;
- инноватсионӣ, илмӣ - таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда.
Минтақаи озоди иқтисодии саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ) минтақае мебошад, ки ба ҳавасмандгардонии рушди соҳаи саноат равона карда шудааст. Ин намуди минтақаҳо бо роҳи ба низоми махсуси ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодӣ гузаронидани ташкилотҳои мавҷудаи алоҳида ва субъектҳои хоҷагидорӣ барпо карда мешаванд. Дар ин намуди минтақаҳо таҷдиди сохтор, азнавсозӣ, тағйир додани самти фаъолияти корхонаҳо бо мақсади ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки саноатӣ, самти инноватсионӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосир амалӣ карда мешаванд.
Минтақаи озоди иқтисодии савдо ва тиҷоратӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки ҳудуди он барои такмилдиҳӣ, коркард, ба навъҳо ҷудокунӣ, борбандӣ, тамғагузорӣ ва нигоҳдории молҳои ба минтақа воридшаванда бо мақсади минбаъд ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ё аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудан истифода мегардад. Минтақаҳои озоди иқтисодии савдо ва тиҷоратӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, нуқтаҳои бо ҳам пайвастшавандаи магистралҳои нақлиёти автомобилгард, маҳалҳои наздисарҳадӣ ва дар қитъаҳои дигари маҳдудкардаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, ки аз тариқи онҳо интиқоли байналмилалии молу маҳсулот мунтазам сурат мегирад.
Минтақаи озоди иқтисодии хизматрасонӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки дар ҳудуди он корхонаю ташкилотҳои хўроки умумӣ, хизматрасонии сайёҳӣ, табобатӣ ва муолиҷавӣ, машваратӣ, муҳандисӣ- техникӣ, миёнаравӣ, молиявӣ ва қарзӣ, аудиторӣ, суғуртавӣ ва дигар хизматрасониҳо ҷойгир шудаанд.
Минтақаи озоди иқтисодии инноватсионӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки дар ҳудуди он фаъолияти корхонаву ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, илмию таълимӣ, таҷрибавию конструкторӣ, такмили ихтисос, истеҳсолоти таҷрибавӣ дар соҳаи технологияи муосири истеҳсоли молу маҳсулот ва кашфиётҳои нави самараноки техникӣ (ноу-хау) ба роҳ монда мешавад.
Таъсиси минтақаҳои инноватсионӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда дар қитъаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо марказҳои илмию таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, марказҳои истеҳсолӣ, инноватсионӣ, таълимӣ ва технопаркҳо ҷамъ оварда шудааст, иҷозат дода мешавад.
Кафолатҳои давлатӣ ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ
Давлат ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодиро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, кафолат медиҳад.
Маҷмўи кафолатҳои давлатӣ оид ба ҳифзи моликият, сармоягузорӣ ва истифодаи қитъаи замин, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ татбиқ мегардад.
Моликияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди милликунонӣ, реквизитсия ва ё мусодира қарор мегирад.
Ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқи ба хориҷа интиқол додани маблағи даромади онҳо ва дигар маблағҳо бо асъори хориҷие, ки ба таври қонунӣ дар натиҷаи фаъолияти онҳо дар минтақаи озоди иқтисодӣ ба даст омадааст, кафолат дода мешавад.
Давлат ҳимояи пурра ва бечунучарои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ низ кафолат медиҳад.
Дар сурати пеш аз мўҳлат барҳамхўрии минтақаи озоди иқтисодӣ ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқи давом додани фаъолият тибқи қайду шартҳои аз лаҳзаи гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ доштаашон кафолат дода мешавад.
Зарар, фоидаи аздастдода ва зарари маънавие, ки ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ё шахсони мансабдор дар натиҷаи дахолати беасос ба фаъолияти онҳо расонида мешаванд, бо тартиби судӣ ҷуброн карда мешаванд.
Давлат нисбати ўҳдадориҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ, ҳамчунин субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ нисбати ўҳдадориҳои давлат ҷавобгар намебошанд.
Фондҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ
Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, онро Шўрои Фонд идора менамояд.
Манбаъҳои ташаккулёбӣ ва самти харҷи маблағи Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо низомнома дар бораи Фонд муайян карда мешавад.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонад Фонди рушди минтақаи озоди иқтисодиро тибқи низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил намояд.
Манбаъҳои ташаккулёбӣ ва самти харҷи маблағи Фонди рушди минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ муайян карда мешавад.
Хусусиятҳои танзими андозбандӣ ва гумрукӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ Низоми имтиёзноки андозбандии пешбининамудаи Кодекси андози ҶТ танҳо нисбат ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дар қитъаи маҳдуди бо девор иҳоташуда ва муҳофизатшавандаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгўи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, татбиқ карда мешавад.
Молҳои хориҷӣ ва ватанӣ ба минтақаи озоди иқтисодӣ бо пурра озод будан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо зери назорати мақомоти гумрук бо шартҳои муайяннамудаи низоми гумрукии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ворид карда мешаванд.
Интиқоли молҳо аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба минтақаи дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати мақомоти гумрук бо шартҳои муайяннамудаи низоми гумрукии иҷозатбарои муомилоти озод амалӣ карда мешавад.
Интиқоли молҳо аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳтиназорати мақомоти гумрук бо пардохт ва (ё) бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо бо шартҳои муайяннамудаи низомҳои гумрукӣ амалӣ карда мешавад.
Андозсупорандагон - шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, филиалҳои шахсони ҳуқуқии хориҷие, ки дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба сифати субъектҳои он фаъолият мекунанд, ўҳдадоранд дар айни замон ба чунин шартҳо ҷавобгў бошанд:
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи гузаштан аз қайди давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва дар нозироти андози ноҳияи (шаҳри) дахлдор ба ҳисоб гирифта шудан, дошта бошанд;
-берун аз қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ воҳидҳои алоҳида надошта бошанд;
-намудҳои фаъолиятеро амалӣ намоянд, ки низомномаи минтақаи озоди иқтисодии дахлдор манъ накардааст.
Ба соҳиби объекти молу мулки ғайриманқули дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ қарордошта дар давоми 3 (се) сол баъд аз таъсис додани минтақаи озоди иқтисодӣ мўҳлат дода мешавад, ки мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодии мазкурро соҳиб шавад ё дар асоси шартҳои низомҳои андозии муқаррарнамудаи Кодекси андози ҶТ ҳамчун шахсе фаъолият кунад, ки субъекти минтақаи озоди иқтисодии мазкур намебошад.
Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар доираи фаъолияти дар минтақаи озоди иқтисодӣ амалишаванда ва молу мулки истифодашаванда аз пардохти ҳамаи намудҳои андози муқаррарнамудаи Кодекси андози ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои андозҳои дар қисмҳои
2 ва 3 моддаи 325 Кодекси андози ҶТ пешбинигардида озод карда мешаванд.
Ташкилотҳо – субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ агентони андоз оид ба андоз аз даромад ва супорандагони андози иҷтимоӣ нисбат ба шахсони воқеие мебошанд, ки ба онҳо даромадҳо, мукофотпулиҳо, пардохтҳо, фоида ва маблағҳои дигар мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пардохт мешаванд (бояд пардохт шаванд).
Соҳибкорони инфиродие, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият мекунанд- субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ:
- нисбат ба даромадҳои бевосита гирифтаи онҳо – мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози ҶТ супорандагони андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ мебошанд, ки ҳар семоҳа пардохт мешаванд;
- нисбат ба даромад, подош, пардохт, фоида ва дигар пардохтҳои ба манфиати шахси воқеӣ пардохтшуда мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи
Кодекси мазкур супорандагони андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ мебошанд.
Ҳисобкунӣ, тартиб ва мўҳлати пардохти андозҳои барои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ муқарраргардида, инчунин аз ҷониби онҳо пешниҳод намудани эъломияҳо ва ҳисоботи дигари андоз бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ҳар семоҳа на дертар аз санаи 15- уми моҳе, ки баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии худ оид ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва объектҳои андозбандӣ бо шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот медиҳад.
Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ҳисоби алоҳидаи даромадҳо, хароҷот, молу мулк ва фаъолияти хоҷагидории худро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебаранд.
Объектҳои андозбандии дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ қарордоштае, ки ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ мансуб нестанд, мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.
Хусусиятҳои муносибати мутақобилаи мақомоти андоз бо маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонанд дар созишномаи байни онҳо басташуда муайян карда шаванд.
Назорати пардохти андозҳо аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодиро мақомоти андоз ва гумрук амалӣ менамоянд.
Ба мақсади расидан ба афзалиятҳои миллӣ тавассути рушди минтақаҳои кишвар, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва дар ин раванд ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ба ҶумҳурииТоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст.
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо мақсади таъмини шароити мусоид барои суръатбахшии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои мақсадҳои таъмини аҳолӣ бо ҷои кор, рушди бемайлони иқтисодиёт дар асоси технологияи инноватсионӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, муттаҳидсозӣ ва истифодаи маҷмўии сармояи давлатӣ, тиҷоратӣ ва хориҷӣ, санҷиши усулҳои нави хоҷагидорӣ, ки ба омезиши шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтаанд, дар иқтисодиёт ҷорӣ намудани ихтироот ва коркарди илмию техникии ватаниву хориҷӣ бо истифодаи минбаъдаи онҳо дар дигар ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ: густариши истеҳсоли молҳои истеъмолӣ ва хизматрасониҳо, афзун намудани содироти маҳсулот ва ҳалли дигар вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ такшкил шудаанд.
Минтақаҳои мусоиди ҷойгиркунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, асосан, чун анъана дар мавзеҳои наздисарҳадӣ, мавзеъҳои аз назари мавҷудияти инфрасохтори коммуникатсонӣ ва иҷтимоӣ тараққиёфта ташкил карда шудааст.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда оиди Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла:
1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисоди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17.05.2004, №24;
2.Низомнома «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 05.12.2005, № 191;
3.Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 05.03.2008, №103;
4.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд» аз 02.05.2008, №227;
5.Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ» бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1146 ва №1147 аз 29.10.2008;
6.Қарори Ҳукумати чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» №74 аз 20.02.2009;
7.Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №2010 ва №1545 аз 20.01.2010;
8.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон №700 аз 25.03.2011.
9.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» №565 аз 8 октябри соли 2012;
10.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Шўрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» №664, 30 декабри соли 2014 мебошанд.
Аз ин хотир барои минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар масоҳати 320 гектар замин ҷудо карда шуд, ки бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд №462 аз 20.06.с.2008 ва бо қарори раиси вилояти Суғд аз 7.07.с.2008 №225 тасдиқ гардидааст.
Ҳамин тавр, дар соли 2008 бо тасвиби қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд» аз 02.05.08, №227 ду минтақаи озоди иқтисодӣ –“Панҷ” ва “Суғд” таъсис дода шуд.
Ҳамзамон Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ» бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1146 ва №1147 аз 29.10.08 тасдиқ гардиданд.
Дар соли 2007 масъалаи таъсиси минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шуруъ гардид, ки дар ҳамон давра масоҳати он бо қарори раиси ноҳияи Данғара дар масоҳати 98 гектар замин пешбинӣ гардид. Инчунин аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо гўруҳи корӣ таъсис дода шуд, ки таҳияи лоиҳаи оиннома, низомнома ва асоснокунии таъсиси минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аз рўи масоҳати 242,31 гектар омода карда шуд.
Бо назардошти имкониятҳои мавҷуда барои боз ҳам васеъ намудани ҳудуди минтақа ва ҳарчи бештар ташкил намудани корхонаҳо ва сехҳои истеҳсолии саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба кор ҷалбкунии захираҳои меҳнатӣ, рушди иқтисодиёти минтақа масоҳати он 521 гектар васеъ гардид.
Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» соли 2009 таъсис дода шуда бошад ҳам фаъолияти кории худро соли 2012 оғоз намуд. Мушкилоти асосии таъсисёбии минтақа ин ба танзимдарории ҳуҷҷатгузорӣ оид ба ҷудо намудани қитъаи замин гардид.
Бояд қайд намуд, ки заминҳое, ки барои таъсиси минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ҷудо гардида буданд, дар ҳудуди фурудгоҳи ноҳия Ишкошим қарор дошта, дар тавозуни КВД «Тоҷикаэронавигатсия» буд.
Ҳамзамон, масъалаи мазкур тайи чанд сол тўл кашида, баъд аз баҳсу музокираҳои зиёд қитъаи замини ҷудогардида ба тавозуни минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» гузаронида шуд.
Вобаста ба ин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара” №74 аз 20.02.09 ба тасвиб расид.
Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ҳудуди ноҳияи Данғара бо масоҳати умумии 521 гектар қитъаи замин ва Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим бо масоҳати умумии 200 гектар қитъаи замин таъсис дода шуд.
Дар соли 2016 дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 63 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла дар МОИ “Суғд” 23, МОИ “Данғара” 27, МОИ “Панҷ” 11 ва “Ишкошим” 2. Аз миқдори умумии субъектҳои бақайдгирифташуда айни замон 16 ширкат, аз ҷумла дар МОИ “Суғд” 13 ва дар МОИ “Данғара” 3 ширкат фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва фаъолияти содиротию воридотиро ба роҳ мондаанд, ширкатҳои боқимонда ба оғоз намудани фаъолият ва ворид намудани таҷҳизотҳои технологӣ машғуланд.
Дар маҷмуъ заминҳои ба минтақаҳои озоди иқтисоди дахлдор 1447 гектарро ташкил медиҳанд, ки ба МОИ “Суғд”- 320 гектар, МОИ “Данғара”-521 гектар, МОИ “Панҷ”- 401,6 гектар ва МОИ “Ишкошим”-200 гектар рост меояд.
Аз оғози фаъолият масоҳати заминҳои азхудшуда то ин давра ба 178 гектар расидааст. (МОИ “Суғд”-24 гектар, МОИ “Данғара”- 143 гектар, МОИ “Панҷ ”-11 гектар ва МОИ “Ишкошим”- 0 гектар).
Бояд тазаккур дод, ки масоҳати заминҳои азхудшудаи минтақаҳои озоди иқтисоди қаноатбахш арзёби намегардад, зеро ки аз оғози фаъолияти МОИ, яъне аз соли 2010-2011 то ин давра 27% заминҳои МОИ “Данғара” азхуд карда бошанд, дар МОИ “Суғд” ва МОИ “Панҷ” ин нишондод 7,6 ва 2,7 баробар аст.
Самти асосии фаъолияти маъмурияти минтақа дар марҳилаи аввал аз бунёди инфрасохтори он иборат мебошад. Аз оғози таъсисёбии минтақаҳои озоди иқтисодӣ то ҳамин давра (2010 -2016) бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди инфрасохтори фаъолият ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони инфрасохтори аввалиндараҷа ва нигаҳдорӣ беш аз 32 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аз ин ба МОИ «Суғд» - 4,8 млн. сомонӣ, МОИ «Данғара» - 12,8 млн. сомонӣ, МОИ «Панҷ» - 6,8 млн. сомонӣ, ва МОИ «Ишкошим» - 7,6 млн. сомонӣ рост меояд, ки ин маблағҳо, асосан барои иҷрои корҳо ба монанди таҳияи лоиҳаҳои сметавӣ, гузаронидани хати қувваи барқ ва қубурҳои обгузаронӣ, сохтмони иншооти иҳотавӣ, сохтмони бинои дидбонгоҳи гумрукӣ ва ҷиҳозонидан он бо таҷҳизотҳои муҳандисӣ– техникӣ, сохтмони бинои маъмурӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгарди ҳудуди минтақа сарф гардидаанд.
То ин давра дар МОИ кишвар ба маблағи беш аз 197,3 млн сомонӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хизматрасонӣ ва фаъолияти содиротию воридотӣ, аз ҷумла дар МОИ “Суғд” 194 млн. сомонӣ ва МОИ “Данғара 3.3 млн. сомонӣ анҷом дода шуд. Бояд зикр намуд, ки молҳои дар МОИ «Суғд» тавлидшуда аллакай ба хориҷи кишвар содир шуда истодаанд.
Айни ҳол дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» якчанд ширкатҳои азим, лоиҳаҳои сармоягузории беш аз 800 млн. доллари ИМА -ро амали намуда истодаанд, ки мўҳлати анҷомёбии онҳо 2016-2018 мебошад.
Дар байни хусусиятҳои ҷолибнокӣ барои сармоягузорони хориҷӣ ба тавсифи иқтисодиёти Тоҷикистон бо меъёрҳои ҷаҳонӣ мавҷуд будани кадрҳои баландихтисоси арзон мебошад. Аз ин рў, дар шароити муносиб дар бозори сармоягузории Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ яке аз роҳҳои ҷалкунанда мавҷудияти қувваи кории арзон ба шумор меравад.
Дар минтақаҳои озоди иқтисоди шумораи умуми ҷойҳои корӣ ташкил гардидааст, ки он ба 1674 нафар расидааст. Дар МОИ «Суғд» ташкили ҷои кор - 400 нафар, дар МОИ «Данғара» - 1197 нафар, дар МОИ «Панҷ» 60 нафар ва дар МОИ «Ишкошим»-17 нафарро ташкил медиҳад.
Таҳилилҳои гузаронидашуда имкон дод, ки якчанд тавсияҳо оид ба такмили фаъолиятҳои МОИ пешниҳод намоем. Ин пешниҳодҳо барои рушди минбаъдаи МОИ камеҳам бошад таъсири худро хоҳад расонд.
1. Аҳамияти асоси барои фароҳам овардани муҳити мусоид ва фаъолияти пурсамари МОИ ва ҷалби мутахассисони пуртаҷриба ба корхонаҳои МОИ барои истеҳсоли маъсулоти рақобатпазир дар дохил ва хориҷи кишвар. Ин амал имкон медиҳад, ки молу маҳсулотҳои истеҳсолшуда бахориҷи кишвар содир шуда ва ивазкунандаи молҳои воридоти мегарданд. Беҳтар намудани шароити зист ва мусоидати ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва ташкили фаъолияти онҳо дар МОИ Тоҷикистон.
2. Минтақаҳои озоди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ташаккулёби қарор дорад ва барои рушди минбаъдаи онҳо бояд ба кӯшишҳои ташкилу идоракунӣ барои беҳтар намудани фаъолияти механизми МОИ андешида шавад. Дар ин маврид бояд қайд кард, ки дар вазифаҳои минбаъдаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ бояд дар самти таҳкими нақши он дар рушди инноватсионии иқтисодиёти кишвар тағйирот ворид намудан лозим аст.
3. Фаъолияти самараноки МОИ талаб мекунад, ки як қатор шароитҳои мусоид барои афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо, инчунин таъмини кафолатҳо ба сармоягузорон бо роҳи беҳтар намудани ҳолати қонунгузори дар соҳаи сармоягузорӣ ва дастгирии сармоягузорон имконпазир аст. Ин чунин шароит барои баланд бардоштани имиҷи сармоягузорӣ дар асоси таҳия ва паҳн кардани каталогҳои корхонаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ рушд додани инфрасохтори сармоягузорӣ аз эҳтимол дур нест.
4. Ташаккули МОИ бо назардошти маҳаллӣ табиӣ, ашёи хом ва захираҳои меҳнатӣ, имкониятҳои иқтисодии минтақаҳо бо истифодаи усули кластери метавонад барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва рушди тамоми қаламрави кишвар нуқтаи ибтидоӣ гузорад.
5. Самтҳои инноватсионӣ дар фаъолияти себъектони МОИ яке аз афзалиятҳои стратегии сиёсати иқтисодии ҳукумат мебошад. МОИ ба инноватсия нигаронидашуда дар саноат барои афзоиши назарраси ҷалби сармоя ва навсозии фаъолияти истеҳсоливу соҳибкории корхонаҳо ва дигар субъектҳои иқтисодии МОИ имконият фароҳам меорад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё