Зеҳн

БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ТАЪМИНИ БАХШИ ХУСУСӢ БО НЕРУИ ЭНЕРГЕТИКӢ

ВА
Валиев Султон18 ноябри 2024 · 56 дақиқа хондан

Соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, рушди соҳаҳои саноат ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ аз рушди ин соҳа вобастагии зич дорад. Имрўзҳо дар саросари ҷаҳон масраф ва истифодабарии нерўи барқ мунтазам афзоиш меёбад. Бино ба маълумоти Агентии байналмилалии энергетика, истифодаи нерӯи барқ дар солҳои 1990 - 2008 ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ 10% зиёд шудааст. Бахусус барои истеҳсоли нерў аз ҳисоби энергияи барқароршаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таваҷҷуҳ бештар мегардад.

Тибқи маълумотҳо то соли 2020, ҳиссаи истеҳсоли қувваи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия 10%-и энергияи умумии тавлидшударо дар ҷаҳон ва қариб 20% - ро дар Аврупо ташкил хоҳад дод. Ба аввали соли 2008 тақрибан 43 давлат нақшаҳоро барои гузаштан ба энергияи барқароршаванда таҳия кардаанд. Аксар кишварҳо мехоҳанд истифодабарии нафт, газ ва ангиштро коҳиш дода, аз 5% то 30% нерӯи барқро бо истифода аз қувваи об, офтоб, шамол, биомасса ва ғайра истеҳсол намоянд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад, ки ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Вобаста ба ин бояд қайд кард, ки солҳои охир дар соҳаи энергетика ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуда, дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо ҷалби беш аз 36 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги энергетикӣ оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта, ба истифода дода шудаанд ва дар оянда бо мақсади комилан ноил шудан ба ин ҳадафи стратегӣ беш аз 30 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Дар замони Истиқлолият низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин робита мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерўгоҳҳои барқию обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», навбати якум ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», сисилаи нерўгоҳҳои барқи обии хурд бо иқтидори умумии зиёда аз 1020 мегаватт аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои соҳа ба шумор мераванд. Бо дастгирии шарикони рушд фаъолияти самараноки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир энерҷӣ» густариш дода шуд.

Бунёди хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон - Афғонистон» ва монанди инҳо ба масофаи умумии зиёда аз 670 километр амалӣ гардиданд.

Дар баробари ин, дар қаламрави кишвар корҳои вобаста ба таҷдиди иқтидорҳои мавҷуда, сохтмони дигар иншооти муҳими тавлид ва хатҳои интиқоли нерўи барқ идома доранд.

Санаи 29 октябри соли равон сохтмони сарбанди Нерўгоҳи барқи обии Роғун оғоз гардида, сохта ва ба истифода додани он бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори нерўгоҳ метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши муассир дошта бошад. Сохтмони хатти интиқоли нерўи барқи КАСА-1000 тибқи нақшаҳо амалӣ хоҳад гардид.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки аз миқёси умумии иқтидорҳои истеҳсолии захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки беш аз 527 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд, айни замон танҳо панҷ фоизи онҳо ба кор бурда мешавад. Дар ин замина, андешидани тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат, бахусус дар соҳаи энергетика, ҷалби бештари сармоягузориҳо барои зиёд намудани иқтидорҳои энергетикӣ ва тавлиди нерўи аз ҷиҳати экологӣ тоза муҳим арзёбӣ мегардад.

Бинобар ин, дар ҷаласаи XV Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ супориш дода шуда буд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо, Котиботи Шуро, бахши хусусӣ ва бо ҷалби шарикони рушд гурўҳи корӣ таъсис дода, оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши энергетика ва таъмини бахши хусусӣ бо нерўи барқ таҳлили ҳамаҷониба гузаронад ва натиҷаи онро бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаи Шуро пешниҳод намояд.

Бо мақсади иҷрои супориши мазкур, Котиботи Шуро якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳлили паҳлуҳои гуногуни рушди соҳаи энергетикаро гузаронида, бо пешниҳодоти аъзои дигари гурўҳи кории мазкур, вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва коршиносон мукаммал карда шудааст. Натиҷаҳои таҳлили гузаронидашуда бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши энергетика ва таъмини бахши хусусӣ бо нерўи барқ ба ҷаласаи XVII Шуро пешниҳод карда шуд.

Қобили қайд аст, ки дар доираи таҳлилҳои гузаронидашуда вобаста ба ислоҳот дар соҳаи энергетика ба як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таҷдиди сохтори танзимкунандаи соҳа, насби технологияҳои каммасрафи нерў ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳо, насби ҳисобкунакҳои муосири баҳисобгирии пурраи нерў ва ҷорӣ намудани технологияи муосири паст кардани талафот, баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли нерўи барқ ва ҷорӣ намудани унсурҳои иқтисоди бозорӣ дар соҳаи энергетика

(Методологияи нави тарифӣ оид ба арзиши нерўи барқ дар марҳилаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти он), соддагардони расмиёти пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ тавассути ташкили низоми «Равзанаи ягона» ва вобаста ба он кам кардани вақт ва хароҷот, баланд бардоштани сифати таъминоти барқ, шаффофияти тарифҳо, ба роҳ мондани механизми ҷуброни талафоти бо қатъшавии қувваи барқ расонидашуда таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.

Мавзўи асосии тавсияҳои пешниҳодшуда - васеъ намудани имконоти иштироки бахши хусусӣ дар соҳаи энергетика, ҷорӣ намудани принсипҳои тиҷоратӣ бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ва истеъдоди соҳибкорӣ ба соҳа мебошад. Ҳамчунин тавсияҳо барои рушди бозори таъмини гармӣ ва самаранокии энергетикӣ пешниҳод карда шудаанд.

Тавсияҳои пешниҳодшуда ба он асос ёфтаанд, ки таъмини мунтазам ва босифати барқ, шаклҳои гуногуни энергия аз иштирок ва рушди бахши хусусӣ дар истеҳсол ва расонидани энергия вобастагӣ дорад.

Дар замимаҳои таҳлил маводҳо оид ба тағйиру иловаҳои меъёрию ҳуқуқӣ, маълумотҳои муфассал дар бораи технологияҳо, шаклҳо ва мисолҳо дарҷ карда шудаанд.

1. Сохтори давлатии танзимкунандаи бахши электроэнергетика ва сиёсати тарофавӣ Реструктуризатсияи ҷории ҶСХК «Барқи Тоҷик» ба муносибатҳои бозорӣ дар соҳаи электроэнергетика роҳ мекушояд. Аммо ҷалби сармоягузориҳо ба соҳа як қатор ислоҳоти иловагиро талаб менамояд, ки дар байни онҳо даромаднокии сармоягузорӣ мавқеи калидӣ дошта, ислоҳоти тарофаҳо ва муосирсозии сохтори танзимкунандаи соҳаи барқ низ муҳим мебошанд.

Барои ташаккули бозори солими энергетикӣ монополияи табиӣ бояд танҳо шабакаҳои барқ бошанд; дар байни истеҳсолкунандагони барқ бояд муҳити рақобат ташаккул дода шуда, аз ҷониби мақомоти давлатӣ бояд танҳо шаффофият, пешбинишавандагӣ ва адолати риояи қоидаҳои бозор таъмин карда шавад. Мақоми калидие, ки ба шаффофият ва ояндабинии бозори соҳа мусоидат менамояд, бояд мақоми танзимгари мустақили соҳа бошад.

Мавзуи калидии ислоҳот ин ташкили бозори муосири соҳаи барқ бо усулҳои мусоиди тарофагузории он ба шумор меравад.

Мақсади ислоҳот:

1. Ҷорӣ намудани мушаххасоти тиҷоратии реҷаи танзимӣ, ояндабинии дарозмуддати тарофавӣ барои ҷалби иштирокчиёни нав ва сармоягузории хусусӣ.

2. Таъмин намудани тавозун байни самаранокӣ ё фоиданокии соҳа ва манфиатҳои истеъмолкунандагон, яъне таъмини шаффофияти тарофагузорӣ, танзими самаранок ва ҳавасмандгардонии истифодаи самараноки энергия.

3. Васеъ намудани дастрасии ширкатҳои шакли моликияташон гуногун ба бозори энергетикӣ ва таъмини рақобат оид ба нарх ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи тавлиди барқ ва хизматрасонӣ ба мизоҷон.

Меъёрҳои баҳогузорӣ:

• тарофаҳо ва тартиби ташаккули онҳо шаффоф ва пешбинишаванда буда, имкон медиҳанд, ки ширкатҳо ҳисоббаробаркуниҳои худро оид ба сармоягузории дарозмуддат ба нақша гиранд.

• таъмин намудани сиёсати нархгузории чандирӣ (тагирёбанда) барои ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ва қонеъ гардонидани ниёзҳои гуногуни истеъмолкунандагон.

• дастрасии баробар доштани ширкатҳои хусусӣ ба бозори истеъмолкунандагон.

Амалҳои тавсияшаванда:

• Сохтори танзимкунанда дар соҳаи электроэнергетика1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори муосир, озод аз бархўрди манфиатҳо ва аз ҳисоби техникӣ пурқувват эҳтиёҷ дорад, ки тавонад муносибатҳои байни иштирокчиёни гуногуни бозори нерўи барқро тибқи қонун ва дар асоси сиёсати давлат дар ин соҳа мустақилона танзим намояд.

Бо мақсади ба даст овардани эътимоди ҳамаи иштирокчиёни бозори эҳтимолӣ ба реҷаи танзимкунӣ ба сохтори танзимкунанда бояд мустақилияти амалиётӣ дода шавад. Ба вуҷуд овардани эътимод байни иштирокчиён талаботи асосӣ барои ноил гардидан ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар бахши энергетика ва устувории минбаъдаи системаи энергетикӣ мебошад.

Мустақилияти амалиётӣ - ин ба ҳадди ниҳоӣ кам кардани бархурди манфиатҳо байни сохтори танзимкунанда ва 1) мақоми муайянкунандаи сиёсати энергетикӣ (масалан, Вазорати энергетика ва захираҳои об) ва 2) иштирокчиёни бозор - операторони энергетикии давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ дар бозори энергетикии Тоҷикистон.

Сохтори танзимкунанда бояд имкон дошта бошад, ки бозори нерўи барқро саривақт ва мустақилона танзим намуда, сиёсати шаффоф ва пешгўишавандаи давлатро таҳия ва амалӣ намояд. Ба сохтори танзимкунанда бояд ваколатҳои мустақилона ҳал кардани масъалаҳои танзимӣ ва маъмурии ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандаҳо ва муносибати якранг бо ҳама иштирокчиёни бозор дода шавад

Тибқи қонунгузорӣ, вазифаҳои танзимкунанда барои таъмини рақобат дар бозори нерўи барқ бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг ва ё ҷудо карда шаванд.

Вазифаҳои тавсиявии сохтори танзимкунанда:

1. Ваколат вобаста ба ташаккули тарофаҳо дар бозори нерўи барқ, бо назардошти сиёсати давлат ва методологияи тарофаи шаффоф ва ба ҳамаи иштирокчиёни бозор маълум; Вазифаи асосии сохтори танзимкунанда таъмини асосноккунӣ ва таносуби тарофаҳо ба хароҷоти истеҳсолӣ ва тақсими қувваи барқ ба шумор меравад.

2. Ваколати ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон: чӣ дар робита ба муқаррар намудани тарифҳои асоснокшуда (роҳ надодан ба сўиистифода аз вазифаи иштирокчиёни бозор) ва чӣ дар таъмини хизматрасонии босифати бозорӣ ва то ҳадди ниҳоӣ кам кардани талафот;

3. Ваколат оид ба ҳавасманд гардонидани самаранокии амалиётӣ дар бозор, ки механизмҳои бозорӣ барои он кифоя нестанд. Ин ваколат – таъмини фоидаи калонтарини ниҳоӣ бо харҷи камтарин ба истеъмолкунанда - имкон медиҳад, ки сохтори танзимкунанда бесамарии системавиро дар бозор ошкор намояд: масалан, бо роҳи қиёс намудани даромаднокии низоми тарифӣ, арзёбии мустақили технологияҳо, баҳисобгирии хароҷоти минбаъдаи иқтисодӣ барои иштирокчиёни бозор ва ғайра

4. Ваколатҳо ҷиҳати гузаронидани тафтишоти дохилӣ-саноатӣ доир ба фаъолияти иштирокчиёни бозор, талаб кардани маълумот ва гузаронидани назорати риояи қоидаҳо барои ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ.

5. Ваколат вобаста ба муқаррар намудани қоидаҳои фаъолият, тартиби ҳамкориҳо ва равандҳои ҳалли баҳсҳо байни иштирокчиёни бозор бо мақсади ҳифзи рақобат дар бозор ва баробар нигоҳ доштани манфиатҳои истеъмолкунандагон ва ширкатҳо дар бозор.

6. Ваколат оид ба муқаррар намудани стандартҳо барои нерўи барқ: сифати қувваи барқ барои истеъмолкунандагони ниҳоӣ, эътимоднокии шабака, бехатарии фаъолият, қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳо, интиқоли барқ тавассути шабакаҳо ва ғайра.

Маблағгузории сохтори танзимкунанда:

Сатҳи маблағгузории сохтори танзимкунанда бояд барои иҷрои самаранок ва мустақили вазифаҳо, ҷалб ва нигоҳдории мутахасисони баландихтисос кофӣ бошад.

Вазифаҳои амалиётии сохтори танзимкунанда, ки салоҳияти техникии худро таъмин мекунанд, воситаҳои молиявии назаррас ва мустақилият дар татбиқро талаб менамоянд: аз ҷумла, тафтишоти дохилисаноатӣ, замонат барои банақшагирии дарозмуддат, таҳлили техникӣ - иқтисодии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, баҳисобгирии таъсири сиёсати тарофавӣ, ҷалби машваратҳои техникии мустақили аз давлат ё операторони хусусӣ новобаста, кирояи корширосони ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ва маблағгузории беғаразонаи тадқиқоти соҳавиро фарогир аст.

Айни замон эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки маблағгузории буҷетии сохтори танзимкунанда барои ҷалби мутахассисони сатҳи зарурӣ ва нигоҳ доштани онҳо дар шароити мураккаби муносибатҳои бозорӣ кофӣ нест. Ҷалби кўмакҳои молиявӣ ва техникии шарикони рушд ва манбаъҳои хориҷӣ вобастагии сохтори танзимкунандаро, аз ҷумла барои қабули қарорҳои саривақтӣ ба вуҷуд меорад.

Барои таъмини сохтори танзимкунанда бо маблағҳои амалиётии кофӣ ва доимӣ, тавсия дода мешавад, ки ба он имкони ба даст овардани даромадҳои иловагӣ вобаста ба танзими бозори нерўи барқ: додани иҷозатнома, ҳаққи бақайдгирии операторон ё андози хурд аз фурўши нерўи барқ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мисол 1/100-ҳиссаи солонаи фурўши барқ ва ғайра дода шавад.

Маблағгузории сохтори танзимкунанда аз ҳисоби фаъолияти иҷозатномадиҳӣ хавфҳои пайдоиши коррупсияро фароҳам меорад.

Маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои ғайримустақим (ҳиссаи фурўш) ё пардохтҳои солона аз операторон ба ташкили муносибатҳои мураккаб байни қарорҳо ва даромади танзимкунанда ба вуҷуд меорад ва аз ин рў хатари коррупсия камтар аст.

Маблағгузории якҷояи мақомоти танзимкунанда аз ҳисоби фаъолнокӣ дар бозори нерўи барқ ба ҳавасмандии иловагии сохтор мусоидат хоҳад кард.

Салоҳияти техникӣ ва касбии мақомоти танзимкунанда:

Ҷиҳати муайян намудани бесамарӣ дар бозори нерўи барқ, дарки сохтори арзиши энергияи аз тарафи операторон додашуда ва чуқур омўхтани дигар масъалаҳои техникӣ, сохтори танзимкунанда бояд дараҷаи фарқкунандаи салоҳияти техникӣ дошта бошад, дар акси ҳол он аз Хадамоти зиддиниҳисорӣ фарқ намекунад.

Бо дарназардошти он, ки нақши сохтори танзимкунанда фароҳам овардани боварӣ ва таъмини баробарӣ ба ҳамаи иштирокчиёни манфиатдори бахши энергетика аст - шахсони ваколатдори сохтори танзимкунанда бояд дар байни аҳолӣ, ҳукумат ва бахши хусусӣ соҳиби эътироф ва эътимод бошанд.

Аз ин нуқтаи назар тавсия дода мешавад, ки дар ҳайати сохтори танзимкунанда (Комиссия), бахшҳои хусусиву ҷамъиятӣ ва ҳимоякунандаи ҷамъиятии манфиатҳои истеъмолкунандагон ворид карда шавад.

Тавсия: а) Ҳукумати мамлакат лоиҳаи сохтори танзимкунандаи бахши энергетикаро таҳия намуда, вазифаю ваколатҳо, маблағгузорӣ, аъзои сохтори танзимкунанда, инчунин тақсими масъулиятҳо дар байни сохтори танзимкунанда ва дигар мақомоти давлатиро муайян намояд. б) Мулоқотҳои ҷамъиятӣ ва дохили корхонавӣ оид ба вазифа ва ваколатҳои сохтори танзимкунанда дар доираи механизми Таҳлили таъсири танзимкунандагӣ (АРВ) гузаронида шавад.

Беҳсозии сиёсати зиддиинҳисорӣ нисбат ба истеҳсолкунандагони мустақили нерўи барқ, ки иқтидори камтар доранд: Сиёсати зиддиинҳисорӣ нисбат ба танзими тарофаҳо барои истеҳсолкунандагони мустақили барқ бояд бештар чандирӣ карда шавад, махсусан дар мавриди расонидани энергия ба мизоҷони тиҷоратӣ.

Дар ҳолатҳое, ки дар асл имкони таъмини нерўи барқ ба истифодабарандагон вуҷуд надорад, танзими тарофавӣ набояд ба норасоии қувваи барқ ба истеъмолкунандагон оварда расонад ва ё интихоби истеъмолкунандаро маҳдуд намояд.

Амалияи ҷорӣ, ки тибқи он тарофаҳо барои истеҳсолкунандагони мустақил муайян карда мешаванд ва он даромаднокии таҳвили онро ифода карда наметавонад, ба он оварда мерасонад, ки иқтидорҳо пурра кор намекунанд ва ҷолибияти сармоягузории соҳа коҳиш меёбад.

Илова бар ин, чунин сиёсат нисбат ба истеҳсолкунандагони мустақил ба он оварда мерасонад, ки зарари ҷиддӣ ҳам ба ҷомеа (мавҷуд набудани манфиатҳои иҷтимоӣ ва кам гаштани фаъолнокии соҳибкорӣ), ва ҳам ба давлат аз ҳисоби даромадҳои эҳтимолии андозӣ мерасад.

Барои кам кардани чунин таъсири манфӣ, тавсия дода мешавад, ки ягонагии тарофа барои категорияҳои гуногуни истеъмолкунандагон бардошта шавад.

Ба кор бурдани ҳудудҳои максималӣ ва минималии тарофа аз арзиши асосноки барқ зарур аст, ки тибқи он истеҳсолкунандагони мустақил тавонанд ба аҳолӣ барқ фурушанд. Бо назардошти он, ки арзиши аслии барқи нерўгоҳҳои хурд баланд аст, онҳо метавонанд аз ҳудуди максималии нархи қувваи барқ истифода баранд.

Барои мисол, сатҳи даромаднокии арзиши қувваи барқ барои нерўгоҳҳои барқи обии хурд 6-7 сенти ИМА/кВт2 аст, аммо қонунгузорӣ бо ин нарх

2 Ассосиатсияи энергетикҳо : мисоли НБРО хурд фурўхтани барқро иҷозат намедиҳад. Ин ҳолат боиси рушд накардани нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар кишвар мешавад.

Гузашта аз ин, арзиши асоснокшудаи нерўи барқ дар нерўгоҳҳои хурди обӣ (то 30 МВт) аз шароити топографӣ, реҷаи гидротехникии ҷараёни об ва макони ҷойгиршавии НБО-и хурд вобаста аст. Аз ин рў, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, фурўши қувваи барқи НБО-и хурд дар ҳадди минималӣ ва ҳадди максималӣ бо назардошти арзиши воқеии қувваи барқ танзим карда мешаванд.

Тавсияҳо: а) Аз нав дида баромадани тарофаҳо барои НБО-и хурд, ки имкони истеҳсол, интиқол ва таъмини боэътимоди нерўи барқ ба истеъмолкунандагонро доранд, аз ҷумла ҳангоме, ки оператори давлатии истеҳсоли барқ маҳдудият ҷорӣ менамоянд. б) Ҷорӣ намудани усули танзими иловагӣ дар сиёсати амалкунандаи тарофавӣ – твассути ҷоринамоии ҳадди минималӣ ва ҳадди максималӣ барои истеҳсолкунандагони мустақили неруи барқ.

• Коркарди тарофаҳои тафриқавӣ: тарифҳои тафриқавӣ ҳавасмандии иқтисодиро барои истеъмоли оқилонаи энергия ба вуҷуд оварда, ҳамчунин сегменти муайяни истеъмолкунандагон ва таъминкунандаи қувваи барқро ба вуҷуд меоранд. Рушди системаҳои электронии баҳисобгирии нерўи барқи истеъмолшуда имкон медиҳад, ки тарофаҳои тафриқашуда аз рўи вақт ва меъёри истеъмол пайдо шаванд.

Дар бозори энергетикии имрўза, фарқияти нарх дар асоси тарофаҳои тафриқавӣ ё низоми тарифӣ, ки дар он арзиши нерўи барқ барои истеъмолкунанда инъикос шудааст, ба вуҷуд меояд. Дар тарифҳои тафриқавӣ арзиши барқ аз мавсим ва вақти рўз ё меъёри истеъмолӣ вобаста аст, ки боиси истифодаи самаранок ва сарфакоронаи энергия аз ҷониби истеъмолкунандагон мегардад.

Тарофаҳои тафриқавӣ ба истеъмоли сарфакоронаи энергия, истифодаи қувваи барқ берун аз вақтҳое, ки талабот ба қувваи барқ максималӣ аст (час пик), аз ҷумла дар фасли зимистон мусоидат мекунад. Ҷорӣ кардани тарофаҳои тафриқавӣ ҳамчунин барои ташаккулли бозор ва хизматрасониҳои нав, аз ҷумла тавассути расонидани иқтидорҳои нисбатан арзишманд барои қонеъ гардонидани талаботи максималӣ (дар ҳолатҳои часпик), маводҳои гаронтар - вале арзишманд барои истеъмолкунанда дар фасли зимистонро ба вуҷуд меорад. Илова бар ин, тарофаҳои тафриқашуда хизматрасониҳои интиқолӣ ва истифодаи самараноки энергияро ҷолибтар менамоянд.

Дар Тоҷикистон шакли бештар мусоиди татбиқи тарофаҳои тафриқавӣ тарофаҳои афзояндаи истеъмолӣ ва тарофаҳои мавсимӣ ба шумор мераванд.

Тарофаҳои афзоянда аз рўи истеъмолот - як шакли нархгузориест, ки дар онҳо тарофаҳои иҷтимоӣ то меъёрҳои тасдиқшуда татбиқ карда мешаванд ва ҳангоми аз меъёри муқаррарӣ зиёд шудани истеъмолот арзиши қувваи барқ бо меъёри муқарраркардаи мақоми танзимкунанда баланд карда мешавад.

Тарофаи афзоянда ба истифодаи сарфакоронаи барқ мусоидат мекунад.

Ҳамзамон тарофаи мазкур ба оилаҳое, ки истеъмоли ками қувваи барқ доранд бори номутаносиб намеорад.

Тарофаҳои мавсимӣ чӣ барои аҳолӣ ва чӣ барои истеъмолкунандагони тиҷоратӣ ва давлатӣ аз истеҳсоли мавсимии қувваи барқ вобастагӣ доранд.

Тарофаи мавсимӣ имкон медиҳад, ки арзиши нерўи барқ, ки дар мавсими тирамоҳ-баҳор аз меъёр боло истеъмол мешавад, боло бурда шуда, даромаднокии истеҳсолкунандагони қувваи барқ афзун гардонида шавад.

Тавсия дода мешавад, ки тарофаҳои мавсимӣ пас аз татбиқи тарифҳои тафриқавӣ ҷорӣ карда шаванд.

Аз нуқтаи назари амалӣ, тарифҳои тафриқавӣ ҳангоми ҷорӣ намудани ҳисобкунакҳои электронии барқӣ ва системаҳои автоматикунонидашудаи баҳисобгирӣ самаранок аст.Чунин система дар шаҳри Хуҷанд амалӣ карда шудааст.

Барои мисол, насби ҳисобкунанкҳои электронӣ ва низоми баҳисобгирии электронӣ дар шаҳри Хуҷанд имкон медиҳад, ки баҳисобгирии истифодаи барқ аз рўи вақти шабонарузӣ ва ҳаҷми барқи истифодашуда ҳисоб карда шавад. Татбиқи давра ба давраи ҳисобкунакҳои электронӣ дар шаҳрҳои асосии ҷумҳурӣ барои ҷорӣ кардани тарофаҳои тафриқавӣ , ки барои дуруст муайян кардани арзиши қувваи барқ дар лаҳзаи истеъмолшуда мусоидат мекунад,мекунад. шароит фароҳам меорад.

Дар натиҷаи навсозии хатҳои баландшиддати барқ аз шаҳри Хуҷанд, ҷорӣ намудани системаҳои электронӣ, ва алоқамандии онҳо бо низоми биллинг дар соли 2015, истеъмоли қувваи барқро аз 58 млн. КВт / соат ба 40 млн КВт / соат расонид, ки 18 млн. КВт / соат ва ё 31% кам аст.

Натиҷаҳои аввали татбиқи низоми ҳисобдории автоматӣ нишон медиҳанд, ки ҳавасмандии иқтисодӣ (интизоми пардохт, возеҳияти истеъмол) ва хусусияти техникӣ (сабти муфассали истеъмол ва кам кардани истеъмоли ғайриқонунӣ) ба истеъмоли сарфакоронаи қувваи барқ ҳангоми истифодаи тарофаҳои тафриқашуда мусоидат хоҳад кард.

Дар давраи миёнамўҳлат, тарифҳои тафриқавӣ аҳолиро гарм нигоҳ доштани хонаҳои истиқоматӣ ҳавасманд менамояд.; истеъмолкунандагони тиҷоратӣ имкон пайдо менамоянд, ки ба пардохти нархи иловагӣ қувваи барқро аз меъёри иҷтимоӣ болотар истифода намоянд.

Тавсияҳо: а) Дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ, реҷаи кунунии истеъмол, инчунин натиҷаи татбиқи таҷрибавии воситаҳои электронии баҳисобгирии нерўи барқ дар шаҳри Хуҷанд реҷа ва нархҳои тафриқавӣ аз рўи меъёри истифодаи неруи барқ таҳия ва пешниҳод карда шавад. б) Ҷорӣ намудани ҳисобкунакҳои электронӣ аз шаҳри Душанбе сар карда, дар шаҳрҳои дигари бузурги ҷумҳурӣ, идома дода шавад.

• Арзиши қувваи барқ тибқи меъёр(Levelized cost of energy LCOE): Танзими самаранок ва одилонаи тарофаҳо стандартикунонии усулҳои баҳисобгирии арзиши ҳақиқии қувваи барқро барои истеъмолкунандагон талаб менамояд.

Ҷорӣ намудани усули паҳнгардидаи " Арзиши қувваи барқ тибқи меъёр» ба иштирокчиёни бозор, мақомоти танзимкунанда ва сармоягузорони ҷиддӣ шаффофияти дастрасии пурра ба маълумотро таъмин менамояд.

Барои шахсони мансабдори давлатӣ, стандартикунонии баҳисобгирии арзиши аслии энергия барои давраи дарозмуддат имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои дар Тоҷикистон амалишаванда нисбатан воқеъбинона интихоб карда шаванд.

Нишондиҳандаи арзиши қувваи барқ тибқи меъёр имкон медиҳад, ки арзиши умумӣ ва воқеии нерўи барқ дар сикли лоиҳа, дар асоси гардиши воситаҳои пулӣ баҳо дода шавад. Ин усул аз ҷониби ширкатҳо ва сармоягузорон барои ҳисоб кардани даромаднокии лоиҳаҳои энергетикӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Усули баҳисобгирии арзиши қувваи барқ тибқи меъёр дар сикли лоиҳа:

It- хароҷоти сармоягузорӣ дар соли т;

Mt - фаъолият хароҷот ва нигоҳдории дар соли т;

Ft - арзиши сўзишворӣ дар соли т;

Еt - истеҳсоли қувваи барқ дар соли т; r - тахфиф; n - сикли самаранокии лоиҳаи иқтисодӣ.

Татбиқи усули арзиши қувваи барқ тибқи меъёр имкон медиҳад, ки фарқияти шарҳ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ пешгирӣ ва хавф барои иштирокчиёни бозор паст карда шавад. Ин усули васеъ эътирофшуда ҳамчунин имкон медиҳад, ки мақоми танзимкунанда хароҷоти воқеии технологияҳои гуногуни энергетикиро шаффоф қиёс намояд ва фоидаи андозӣ ва дигар ҳавасмандиҳои аз ҷониби давлат муқарраршударо нисбатан ба таври шаффоф баҳо диҳад. Чунин хусусият бо рушд намудани НБГ (ТЕЦ) ва НБҲ (ТЕС), инчунин эҳтимоли истифодаи энергияи офтобӣ ва дигар технологияҳо барои давраи миёнамуҳлат аҳамияти хоса пайдо мекунад.

Ҳисоби арзиши нерўи барқ бо усули шаффоф, стандартонидашуда ҳамчунин ба танзими тарофаҳои танзимшаванда ва ғайританзимшаванда мусоидат менамоянд.

Тавсия:

Вазорати энергетика ва захираҳои об якҷо бо Вазорати молия ва Хадамоти зиддиниҳисорӣ масъалаҳои вобаста ба арзиши қувваи барқ тибқи меъёрро ҳамчунстандарти ягонаи усули ҳисобкунии хароҷоти истеҳсоли нерўи барқ ва аз рўи даромаднокии лоиҳаҳои энергетикӣ омўхта, онро қабул намоянд.

• Ҷорӣ намудани моделҳои иловагии танзими тарофавӣ барои сармоягузориҳои хусусӣ - модели RAB (Regulatory Asset Base): Татбиқи модели танзими тарофавӣ «Пойгоҳи танзимшавандаи сармоя» ба шаффоф гардидани сиёсати тарофавӣ, кафолат дар даромаднокии ширкатҳову сармоягузорон ва дар ин асос ба баланд шудани ҷолибияти сармоягузориро дар бахши энергетика мусоидат менамояд. Модели RAB манфиатҳои дарозмуддати сармоягузоронро ҳимоя карда, барои ҷалби сармоя ба соҳа бо шартҳои нисбатан фоиданок имконият медиҳад. Ҳамзамон RAB сохторҳои хизматрасонии барқро барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон ҳавасманд месозад ва ҳамзамон тавассути ҳавасмандсозиҳои иқтисодӣ аз ҷониби давлат назорат карда мешавад.

Пойгоҳи танзимшавандаи сармоя - ин модели нархгузорӣ аст, ки тибқи он давлат меъёри тарофаҳоро бо назардошти кафолати даромад аз сармоягузорӣ, ҳимояи дороиҳои сармоягузорон ва меъёри фоидаи онҳо муқаррар менамояд. Арзиши ибтидоии дороиҳо бо шакли ифодаи махсуси муҳосибот сабт карда мешаванд.

Кафолати давлатии даромад аз сармоягузорӣ имкон медиҳад, ки сармоягузорон сармояи арзонро аз бозори ҷаҳонӣ ҷалб ва ба меъёри пасти фоида(5-10%) бо тавакалҳои пасти фурўши барқ фаъолият намоянд. Дар натиҷа арзиши барқ низ барои истеъмолкунандагон паст мешавад.

Модели RAB имкон медиҳад, ки сармоягузор дороиҳоро нисбатан самараноктар идора намуда, зеро ў пасандозҳои сарфанамудаи худро барои эҳтиёҷоти худ нигоҳ медорад. Дар навбати худ идоракунии бесамар ҳаҷми фоидаи ширкатро коҳиш медиҳад. Сифати пасти хизматрасониҳо аз тарафи мақоми танзимкунанда на бо роҳи маъмурӣ, балки бо роҳи имтиёзҳои иқтисодӣ тавассути паст кардани тарофаҳо ё ҷаримаҳо бартараф карда мешаванд.

Модели пойгоҳи танзимшавандаи сармоя – як ниҳоди танзимкунандаи мустақил ва устувор дар соҳаи нерўи барқ ба ҳисоб рафта, ба лоиҳаҳои нав ва хусусии энергетикӣ, ки ҳангоми сармоягузориҳо баҳогузорӣ намудани арзиши дороиҳо ва ба ҳисоб гирифтани онҳоро осон мекунад, бо диди нав бархурд менамояд. Дар Тоҷикистон модели RAB-ро барои сармоягузории лоиҳаҳои харҷталаби гидроэнергетикӣ ё лоиҳаҳои муштарак ва мустақили сармоягузорони хусусӣ татбиқ намудан мумкин аст.

Модели дар Британияи Кабир қабулшудаи RAB дар бисёре аз кишварҳои Аврупо, Австралия ва Зеландияи Нав ва аз соли 2008 дар Федератсияи Россия ба сифати яке аз моделҳои имконпазири тарофагузорӣ интишор ёфтааст.

Тавсия: а)Дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ, ҳамаҷониба омухтани модели базаи танзимшавандаи сармояи сарфшуда (RAB), вобаста ба он таҳия намудани лоиҳаи зерқонунҳо ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи энергетика» бо мақсади ҷорӣ намудани онҳо дар қонунгузорӣ пас аз анҷоми таҷдиди Барқи Тоҷик ва ташаккули мақоми мустақили танзимкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. б)Бо мақсади тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ доир намудани машваратҳо бо намояндагони соҳаи энергетика, сармоягузорони соҳа ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ оид ба таъсири модели базаи танзимшавандаи сармояи сарфшуда (RAB) ба сармоягузориҳои оянда ва дар маҷмуъ низоми сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон• Индекси ҷолибияти сармоягузории бахши энергетика. Барои ноил шудан ба самаранокии ислоҳот тавсия дода мешавад, ки ҳадафҳои ислоҳот ба нишондиҳандаи байналмилалии ҷолибияти сармоягузорӣ дар бахши энергетика алоқаманд карда шавад. Нишондиҳандаҳои байналмилалӣ ҳамчун роҳнамо барои воқеъбинона инъикос намудани дастовардҳои соҳа ва интихоби мақсадҳои ислоҳот барои сармоягузорони ҷиддӣ, аз ҷумла, сармоягузорони хусусӣ ва хориҷӣ мусоидат мекунад. Намунаи чунин нишондиҳандаи соҳавӣ дар соҳаи энергетика Нишондиҳандаи Миқёси Фазои Блумберг (Bloomberg Climate Scope) мебошад, ки он дар кишварҳои гуногун барои сармоягузорони хусусӣ ва институтсионалӣ ҳамчун нишондиҳандаи шартҳои асосӣ, сатҳи рушди бозори энергетикӣ ва хусусияти танзими он хизмат менамояд. Айни ҳол тибқи нишондиҳандаҳои ин сохтор Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҷаҳон оид ба дастрасии маълумот мавқеи 46-ум ро ишғол менамояд.

Қобили қайд аст, ки тамоюли нишондиҳандаи Миқёси Фазои Блумберг ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика нигаронида шудааст.

Вобаста намудани ислоҳот дар самти ҷалби сармоягузории бахши энергетика ва натиҷаҳои он ба нишондиҳандаҳои созмонҳои соҳавии байналмилалӣ оид ба ҷолибияти сармоягузорӣ, аз қабили индексҳои Bloomberg Climate Scope.

СОДДАГАРДОНИИ РАВАНДИ ИШТИРОКИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ МУСТАҚИЛ ДАР БОЗОРИ НЕРЎИ БАРҚ

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои иқтидори нодири соҳаи гидроэнергетика, бояд беҳтарин низоми сармоягузорӣ ва раванди иҷозатдиҳии соддаро дар минтақа дошта бошад. Осон намудани шароит барои истеҳсолкунандагони мустақили нерўи барқ , ҳамчунин кафолати иштироки баробари онҳо ва дастрасии онҳо ба бозори нерўи барқ пешниҳодоти умумии қувваи барқро ба бахши хусусӣ зиёд менамояд.

Вазифаҳои ислоҳот:

1. Васеъ кардани дастрасии истеҳсолкунандагони тиҷоратӣ ба бозори қувваи барқ

2. Паст кардани хавфҳои танзимӣ ва тезонидани раванди иҷозатдиҳӣ барои сармоягузорон

3. Ташкили бозори идоракунӣ ва хизматрасониҳои миёнаравӣ дар бахши энергетика

Чораҳои пешниҳодшаванда:

• Мустаҳкам кардани эътимоди сармоягузорони мавҷуда дар соҳаи энергетика:

Қаноатманд гардонидани сармоягузорони мавҷудаи соҳаи энергетика ва ҳалли масъалаҳои қарзӣ дар назди онҳо бояд яке аз самтҳои афзалиятнок дар соҳа қарор дода шавад.

Лоиҳаҳои энергетикии муштарак ва хусусии амалишаванда барои сармоягузорони оянда нишондиҳандаҳои хеле ҳассос мебошанд.

Номушаххасӣ ва дарозмуддатии ҳалли мушкилоти ин сармоягузорон нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои сармоягузорони имконпазир, аз ҷумла сармоягузории хусусӣ, ки дастгирии кафолатноки давлатиро соҳиб нестанд, зери хатар мегузорад.

Ҳавфи баланди сармоягузориҳо дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон дар оҷонсиҳои рейтингӣ ва иттилоотӣ ҷаҳонӣ, аз ҷумла BMI research, Economist Intelligence Unit, Bloomberg Finance дарҷ шудаанд. Таҷрибаи манфии сармоягузориҳои хориҷӣ дар бахши энергетика намунаи боз ҳам бештар шудани баҳогузории хавфҳои Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ мешаванд.

Тавсияҳо: а) Додани авлавият ба ҳалли мушкилот ва қарзи сармоягузорони муҳими бахш бо мақсади пешгирии ташаккули симои манфии сармоягузории кишвар дар бахши энергетика. б) Дар машварат бо сармоягузорони муҳими соҳа, баррасии роҳҳои алтернативии қонеъ гардонидани манфиатҳои сармоягузорон, аз ҷумла васеъ кардани имконияти онҳо барои мустақиман фурўхтани барқ ба аҳолии кишвар ва хориҷа. а) Андешидани тадбирҳо ва равона сохтани афзалиятҳо барои ҳалли мушкилот, аз ҷумла пардохти қарзҳои бавуҷудомада дар назди сармоягузорони асосии дар бахши энергетика фаъолияткунанда б) Доир намудани машваратҳо бо сармоягузорони асосӣ, барои баррасии роҳҳои алтернативии қонеъ намудани манфиатҳои сармоягузорон, аз ҷумла бештар намудани имконияти онҳо ҷиҳати мустақиман ба истеъмолкунандагон дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба фурўш баровардани қувваи барқ.

• Хизматрасонӣ барои интиқоли қувваи барқ ба шабакаҳои электрикии давлатӣ. Имконияти истеҳсолкунандагони мустақили нерўи барқ барои ба истеъмолкунандагон расонидани қувваи барқ тавассути хатҳои Барқи Тоҷик (БТ), бе бастани шартномаи хариду фурўши барқ бо БТ, ба истеҳсолкунандагони мустақили қувваи барқ бозори гуногуни истифодабарандагони барқро боз хоҳад кард.

Айни замон, ки истеҳсолкунандагон вазифадоранд то фурўши қувваи барқро тавассути хатҳои БТ амалӣ намоянд, ва дар баробари ин БТ бо сабаби вазъи мушкили молиявӣ имкони хариди қувваи барқи нисбатан қиматтарро надорад Мушкилот эҷод мекунад.Вазъи кунунӣ ба он оварда расонидааст, ки ҳама тарафҳо аз он бохт карда истодаанд: истеҳсолкунандагони мустақил имкони фурўши қувваи барқро ба истеъмолкунандагон бо нархи «фоидаовар» надоранд, барои БТ хариди қувваи барқ бо нархи гарон, махсусан дар давраи тобистона маъно надорад; истеъмолкунанда ҳатто бо доштани имконият барои пардохти нархи баландари қувваи барқ, ба энергия дастрасӣ надорад.

Ҷорӣ намудани хизматрасонии пулакӣ тавассути БТ имкон медиҳад, ки хатҳои барқ бо шартҳои бозор истифода шаванд, рақобати байни истеҳсолкунандагон пайдо шавад ва доираи истеъмолкунандагон барои истеҳсолкунандагони мустақил васеъ карда шавад. Дастрасӣ ба бозор ҷолибияти сармоягузории бахши энергетикаро боло мебарад. Барои оператори шабакаи барқӣ манбаи иловагии даромад - пардохт барои хизматрасонии интиқоли барқ аз истеҳсолкунандагони мустақили энергия пайдо мешавад.

Дар давраи миёнамўҳлат, таъмин намудани шароити бе маҳдуд ва меъёрҳои тарофавӣ барои хизматрасониҳои интиқоли барқ тавассути хатҳои давлатии барқӣ зарур аст.

Мустақилияти молиявӣ ва амалиётии операторони хатҳои интиқоли барқ ва низоми тақсимот аз операторони истеҳсолӣ (масалан воҳидҳои дахлдори Барқи Тоҷик) барои фароҳам овардани шароити баробар ба иштироки истеҳсолкунандагони мустақили барқ мусоидат хоҳад кард.

Тавсияҳо: а) Дар асоси хизматрасонии пулакӣ амалӣ намудани интиқоли нерӯи барқи аз ҷониби истеҳсолкунандагони мустақил тавлидшуда тавассути хатҳои интиқоли барқи БТ. Таъмин намудани мустақилияти муҳосиботӣ ва амалиётии шабакаҳои тақсимоти Барқи Тоҷик б) Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» оид ба фароҳам овардани имкониятҳои фурӯши нерӯи барқ ба муштариёни шабакаҳои тиҷоратӣ дар асоси шартномаи байни истеҳсолкунандагони мустақили нерўи барқ ва БТ. в) Дар сиёсати тарофавӣ, мутаносибан муқаррар намудани қоидаҳои нархгузорӣ дар бораи хизматрасонии энергетикӣ (тибқи иқтидорҳо).

• Таъмир ва идоракунии НБО-ҳои хурд бо роҳи идоракунии қарордодӣ:

Гузаронидани НБО-ҳои хурде, ки дар тавозуни мақомоти маҳаллӣ ва Барқи Тоҷик қарор дорад, ба ширкатҳои идоракунӣ тибқи шартномаи дарозмуддати консессионӣ ва қарордодҳои менеҷменти миёнамуҳлат барои беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ ва барқарор кардани баъзе аз НБО-и ғайрифаъол мусоидат менамояд.

Хароҷоти амалиётӣ барои нигоҳдории НБО-ҳои хурд метавонад ҳар сол 1-4%-и арзиши муқарраршудаи иқтидори онро ташкил диҳад, ки барои аҳолии маҳаллӣ хароҷоти зиёд мебошад ва идоракунии касбии объектро талаб менамояд.

Илова бар ин, НБО-ҳои хурд, ки аз ҳисоби давлат ё шарикони рушд роҳандозӣ шудаанд, аксар вақт идораи минбаъдаи онҳобаъди ба истифода қарор додан, пешбинӣ карда намешаванд.Дар натиҷа, шумораи зиёди ин иншоот ё кор намекунанд ва ё бо иқтидори муқарраршуда кор карда наметавонанд. Қисман барқарор кардан ва муосиргардонии чунин объектҳо дар ҳолати ба идоракунии хусусӣ додани онҳо имконпазир мегардад.

Барои ҳалли масъалаҳои идоракунӣ, ду шакли шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ карда мешавад: идоракунии қарордодӣ (шартномаҳои хизматрасонӣ) ва консессияҳо. Идоракунии қарордодӣ расонидани хизмати техникӣ ва идоракунии тиҷоратии объектро дар бар мегирад, ки дар он ширкати идоракунанда сатҳу сифати хизматрасониро таъмин менамояд.

Консессияҳо бошанд хавфҳои калон ва идоракунии озодро дар бар мегиранд ва бештар ба объектҳое рост меоянд, ки сармоягузории капиталӣ ё муосиргардониро бо сармоягузории ҳаҷман калон тақозо менамоянд.

Тавсияҳо: а) Омода намудани 10 лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои барқи обии хурд, ки ба барқарорсозии техникӣ ва беҳтар намудани идоракунӣ эҳтиёҷ доранд, барои муаррифӣ ва пешниҳод намудан ба ширкатҳои бузург б)Доир намудани машварат бо ширкатҳои идоракунӣ, операторони кунунии нерӯгоҳҳои барқи обии хурд ҷиҳати қабул кардани шартномаи идоракунии стандартӣ ва мутобиқ намудани он бо талаботи Агентии зиддиинҳисорӣ

• Соддагардонии раванди иҷозатдиҳӣ барои НБО-ҳои хурд: Айни замон раванди иҷозат барои ба истифода додани НБО-и хурд (то 30 МВт), инчунин барои НБО-ҳои калон иборат аз 15 марҳила ва иштироки 8 мақомотҳои давлатиро талаб менамояд. Барои объектҳои иқтидори хурд раванди иҷозат бояд осон карда шавад.

Аз арзёбии равандҳои ҳуқуқӣ ва маъмурии КБМ (МФК), инчунин таҷрибаи операторони НБО-и хурд ва мақомоти давлатӣ бармеояд, ки як қатор талабот ва равандҳо ҳангоми таъсиси НБО-ҳои хурд бояд аз байн бардошта шаванд ва ё бо дигар равандҳо якҷо карда шаванд (бе расонидани зарар ба муҳити зист) аз ин рў тавсия дода мешавад, ки:

- Баррасии ду марҳилагии лоиҳа аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об бароиНБО-ҳои хурд бекор карда шавад.

- Иҷозатномадиҳӣ барои истеҳсол ва тақсими микро НБО (то 100 кВт) ва НБО-и хурд (то 1000 кВт) бекор карда шавад.

- Муттаҳид намудани арзёбии таъсир ба муҳити зист (АТМЗ) ва иҷозат барои истифодаи махсуси захираҳои обӣ, зеро АТМЗ масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки иҷозат барои истифодаи махсуси захираҳои обӣ низ онҳоро дар бар мегирад.

- Дар қонун дар бораи манбаъҳои барқароршавандаи энергия вадигар санадҳои меъёрӣ нишон додани муҳлати истифодаи замин барои сохтмони НБО ва инфрасохтори он зарур аст. Набудани мувофиқа байни мақомоти маҳаллӣ ва бо таъхир ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди НБО боиси кам шудани сармоягузориҳо мегардад.

Тавсия:

Ба инобат гирифтани натиҷаҳои таҳлили ҳуқукӣ ва маъмурии раванди иҷозатдиҳӣ ва тавсияҳо барои такмили рўйхати дархосттибқи замима.

Низоми электронии идораи лоиҳаҳои энергетикӣ - Низоми электронии идоракунии лоиҳа имкон медиҳад, ки ҳамаи иштирокчиён фаъолияти бо ҳам мувофиқашуда ва баробар дошта, ҳамзамон хароҷоти вақт ва молиявии худро кам намоянд. Автоматикунонии раванди иҷозатдиҳӣ сарбории кормандони мақомоти давлатӣ ва хавфҳои сармоягузорро паст хоҳад кард.

Таҳия ва татбиқи системаи электрониро бояд барноманависони ватанӣ амалӣ намоянд, зеро он имкон медиҳад, ки низом ба тағйироти қонунгузорӣ ва расмиёти маъмурӣ бо чандирият мутобиқ карда шавад.

Тавсия: Таъсис додани низоми электронии идораи лоиҳаи энергетикӣ бо назардошти таъмини автоматисозии раванди иҷозат барои сохтмони иншооти энергетикӣ, бақайдгирии онҳо ва назорати риояи техникӣ ва бехатарии истифодаи онҳо.

• Муосиргардонии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ (ҲМТ): Муосиргардонии ҲМТ мутобиқ ба стандартҳои пешқадам ва эътирофшудаи байналмилалӣ масъалаҳои баҳснокро дар самти мутобиқати техникӣ байни мақомоти давлатӣ ва сармоягузорон коҳиш медиҳад.

Як қисми ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии амалкунанда дар бахши гидроэнергетика кўҳна шуда, пешрафти техникӣ, малакаи бардошташуда, таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ, бехатарии саноатӣ, системаҳои бехатарии фаъолият ва назорати сифати касбӣ дар объектҳои энергетикиро инъикос карда наметавонанд. Номувофиқатии ҲМТ ба талаботи муосир, аз як тараф дар раванди тарҳрезӣ ва истифодаи иншоот хавф дошта, аз тарафи дигар вазъияти баҳснокеро ба миён оварда, хатарҳои амалиётӣ ва комплексиро барои истеҳсолкунандагони мустақил зиёд мегардонад.

Бо афзудани ширкатҳои хориҷӣ нав кардани ҳуҷҷатҳои техникӣ тибқи стандартҳод ва анъанаҳои техникӣ дар сохтмон ва истифодаи иншооти гидротехникӣ ва дигар лоиҳаҳои энергетикӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим аст.

Тавсия: Аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об , БТ, Хадамоти давлатии назорати энерия ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ комиссияи байниидоравӣ аз ҳисоби вазоратҳо ва ширкатҳои тадқиқотии дохилӣ ва ширкатҳои хориҷии энергетикӣ ва муассисаҳои илмии махсусгардонидашуда: а) гузаронидани таҳлили ҲМТ бо мақсади муайян намудани мутобиқати онҳо бо меъёрҳои байналмилалӣ, амалияи беҳтарини эътирофшуда ва таҷрибаи амалии ширкатҳои энергетикии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда; б) Навсозии ҲМТ дар давоми 24 моҳ аз лаҳзаи анҷоми таҳлили ҲМТ айни замон амалкунанда;

• Де-рискинги сармоягузорӣ: Баҳодиҳии системавии тавакалҳо аз рўи занҷираи сармоягузорӣ ҳалли арзиши пастшавандаи сармояро барои лоиҳаҳои энергетикӣ ошкор менамояд. Ин миқдори лоиҳаҳои даромаднокро (аз рўи тиҷорат маблағузоришаванда) зиёд ва доираи сармоягузорони эҳтимолиро васеъ менамояд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об, НК, КДСИАД, Вазорати молия дар ҳамкорӣ бо БРСММ барои коҳиш додани хавфи сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои энергетикии (ПСИР - ЛКХС) бояд нақша амалӣ дошта бошанд. ЛКХС имкон медиҳад, ки таваккалҳо дар ҳар як марҳилаи сармоягузорӣ ошкор ва арзиши онҳо баҳо дода шавад ва ҳамчун силсилаи хароҷоти иловагӣ аз арзиши лоиҳаи сармоягузорӣ ба инобат гирифта шавад. Ҷудо намудани хавфҳои гуногун барои сармоягузорон ва муайян намудани арзиши пулии онҳо имконият медиҳад, ки монеаҳо – манбаи хавфҳо, воқеъбинона ҷудо ва бартараф карда шаванд.

Де-рискинг ба паст кардани арзиши лоиҳаҳои энергетикӣ ва васеъ намудани доираи сармоягузорони потенсиалӣ, аз ҷумла сармоягузороне, ки аз ҳисоби хавфи баланд дар бозори Тоҷикистон иштирок намекунанд, мусоидат мекунад .

Тавсия:

Ҳангоми роҳбарии методологии мутахассиси сармоягузорӣ де-рискинг дар бахши энергетика, ба нақшаи паст кардани хавфҳо сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои энергетикӣ шурўъ мекунад: а)Гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳо дар доираи амалиёти сармоягузории лоиҳаҳои энергетикӣ б)Муайян кардани хароҷот (арзиши иловагӣ) бо ифодаи пулӣ, ки дар натиҷаи хавфҳои танзимкунанда нисбат ба сармоягузорон ба вуҷуд меоянд в)Қабул кардани қарорҳои дахлдор оид ба тадбирҳои кам кардани хавфҳо барои сармоягузорон

• Дастури ягона барои сармоягузор: Дастури ягона ин маҷмуи қоидаҳо, талаботи ҳуқуқӣ, давраҳо, тартиб ва шартҳои раванди сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, соддагардонии раванди сармоягузорӣ ва ва маҷмўи хавфҳо барои сармоягузор мебошад, ки он бояд тибқи шарти «он чӣ мебинам, ба он ўҳдадор мешавам" таҳия шуда, ба сармоягузор имкон диҳад, ки тамоми фаъолияти худро дар бахши энергетика дар асоси як санади расмӣ ба роҳ монад.

Мутаассифона, айни замон, иштирокчиёни бозор, бояд ба талаботи гуногуни қонунҳо, санадҳои зерқонунӣ ва расмиёти дохилии мақомоти давлатӣ фаъолияти худро мутобиқ намуда, раванди мураккаби иҷозатдиҳиро гузаранд. Миқдори ҳуҷҷатҳои гуногун ва талаботҳои зиёд шароити таъхиркорӣ, баҳсҳо, хатогиҳо ва хавфҳои коррупсиониро ба вуҷуд меорад.

Барои сармоягузорони иншооти энергетикии хурд, хароҷот барои омодашавӣ ва маҷмўи хавфҳо ба сатҳи даромаднокии сармоягузорӣ мутобиқ нест. Бо мақсади ба таври максималӣ таъмин намудани шаффофияти раванди сармоягузорӣ, паст кардани хароҷот ва хавфҳо барои ҳамаи иштирокдорон, масъулият барои саҳеҳӣ ва таъмини рузмаррагии маълумот, талаботи қонунгузорӣ ва равандҳои дигар мақомоти давлатӣ, тафсир ва тавзеҳоти шартҳои номуайян бояд ба зиммаи ВЭЗО гузошта шаванд.

Тавсияҳо: г) Дар асоси муттаҳид намудани талабот ва равандҳои сармоягузорӣ ба ҳуҷҷати ягонаи расмӣ , аз ҷумламарҳилаҳои зина ба зинаи сармоягузорӣ, талаботи ҳуқуқӣ, усул ва тафсири талаботи ҳар як зинаи ҳуқуқӣ барои сармоягузорон ва иштирокчиёни бозори фурўши барқ таҳия намудани - «Дастури Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон дар бахши энергетика». д) Масъулият барои таҳия, таркиб ва дар ҳолати актуалӣ нигоҳ доштани Дастури ягона ба зиммаи муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

Васеъ кардани тиҷорати байналмилалӣ дар барқ.

- Ба ғайр аз хати интиқоли барқи CASA-1000, сохтмони хатҳои иловагии интиқоли барқро барои воридот ва содироти нерўи барқ бо кишварҳои ҳамсоя Эрон ва

Туркманистон бояд маблағгузорӣ карда шавад. Ҷалби сармоягузорони хусусӣ барои сохтмони хатҳои интиқоли барқ имкон медиҳанд, ки хавфҳо ва хароҷоти давлат кам карда шаванд.

Айни замон, Ҷумҳурии Исломии Эрон бахусус дар фасли тобистон норасоии қувваи барқ дорад ва барои сохтмони иқтидорҳои иловагӣ, аз ҷумла нерўгоҳҳои барқи атомӣ ва стансияҳои калони офтобӣ сармояи хориҷӣ ҷалб намуда, воридоти нерўи барқ аз Туркманистон идома дорад. Дар солҳои 2014 ва 2015, Эрон тарофаи нерўи барқро 20% ва 25% мутаносибан барои нигоҳдории болоравии сарборӣ баланд бардошт. Тарофаҳои ҷорӣ барои аҳолӣ дар ҳудуди аз 1,3 - 9 сент / киловатт соат, вобаста аз ҳаҷми истеъмолӣ ташкил медиҳад. Дар соли 2014 арзиши миёнаи истеҳсоли нерўи барқ дар Эрон 2,7 сент/киловаттро ташкил дода, истеъмолот нисбат ба истеҳсолот афзуда истодааст.

Ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ ва давлатӣ, масалан, барои сохтмони хатҳои интиқоли барқ, ки тавассути Мазори-Шариф системаи энергетикии Тоҷикистон ва Эронро пайваст менамояд.

Тавсияҳо: а)Омўзиши масъалаҳои сохтмони хатҳои пайвасткунандаи интиқоли неруи барқ бо системаи энергетикии кишварҳои минтақа тавассути ҷалби сармояи хусусӣ ва амалисозии роҳҳои алтернативии воридот ва содироти нерӯи барқ дар. б) Додани ҳуқуқ ба истеҳсолкунандагони мустақили неруи барқ барои сармоягузории мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо давлат барои сохтмони хатҳои интиқоли зинаи дуюм бо мақсадҳои содироти неруи барқ.

3. Пешбурд ва таъмини сарфаҷўӣ ва самаранокии энергетикӣ тавассути механизмҳои бозорӣ Солҳои 2012-2013 биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ 45% нерўи барқи дар кишвар истеҳсолшударо истифода намудаанд. 50%-и онро аҳолӣ дар фасли зимистон барои бо гармӣ таъмин намудани манзилу биноҳо истифода мекунанд. Хариди давлатӣ, татбиқи қонунгузорӣ ва ҳавасмандгардонии иқтисодӣ метавонад дар самти коҳиш додани сатҳи истифодаи аз ҳад баланди барқ фазои мусоиди хизматрасонии энергетикиро дар асоси механизмҳои тиҷоратӣ фароҳам оварад. Дар доираи ин масъалаҳо таваҷҷуҳи бештар барои аз ибтидо бо ашёву маводҳои гарм бунёд кардани биноҳо ва изолятсияи он, ҳамчунин муосирсозии хизматрасонии энергетикӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Мақсади ислоҳот дар соҳа:

1. Эҷоди/бавуҷудории механизмҳои амалӣ барои тиҷоратикунонӣ ва тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ оид ба самаранокии энергетикӣ ва рушди саноати хизматрасонии энергетикӣ.

2.Ташаккули шароит ва ҷалби бахши хусусӣ дар баланд бардоштани сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар биноҳо;

Тадбирҳои тавсияшаванда:

• Рушди хизматрасонии энергетикӣ ва ширкатҳои махсуси хизматрасонии энергетикӣ: Ҷорӣ намудани механизмҳои мушаххаси баҳисобгирӣ бо назардошти самаранокӣ, ҷуброн ё тақсимоти дарозмуддат и манфиатҳо, ки дар натиҷаи хизматрасониҳои энергетикӣ (сарфаи энергия, баланд бардоштани сифат, эътимоднокӣ ва ғайра) ба вуҷуд меоянд, ба рушди хизматрасонии энергетикӣ мусоидат менамоянд. Шарти асосии хизматрасонии энергетикӣ ин фармоишҳои давлатӣ ва имконияти ҷойгиркунонии хизматрасонӣ барои пудратчиён аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар муддати бозгардонии хароҷотҳо вобаста ба қарорҳои амалишуда ба ҳисоб меравад.

Хизматрасонии энергетикӣ – ин додани шароит ва имконияти ҳалли масъалаҳои техникӣ, ташкилӣ ва молиявии намуди хизматрасонӣ(дар бахши энергетика) ба муштарӣ, ки натиҷаи муайяни иқтисодӣ медиҳад ё масъалаи энергетикии муштариро ҳал менамояд, мебошад. Самти мазкур, ки дар марҳилаи кунунӣ бовусъат рушд карда истодааст, тадбирҳои сарфаи энергия, беҳсозии низоми истифодабарӣ, хизматрасониҳои профилактикӣ ва аудитии энергетикӣ, инчунин татбиқи дигар роҳҳои ҳалли инноватсиониро дар бар мегирад.

Рушди бозори хизматрасонии энергетикӣ соҳибкоронро барои ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ, аз қабили кам кардани истифодаи энергия дар биноҳои маишию иҷтимоӣ, навсозии системаҳои равшансозӣ, кам кардани хароҷоти хизматрасонии коммуналӣ ва ё амалисозии тадбирҳо оид ба навсозӣ намудани корхонаҳои кишвар аз ҷиҳати энергетикӣ ҷалб менамояд. Хусусияти асосии хизматрасонии энергетикӣ – ин амалисозии самаранокии энергетикӣ тавассути механизмҳои бозор мебошад.

Дар муқоиса бо хизматрасониҳои анъанавии пудратчиён, ширкатҳои хизматрасонии энергетикӣ барои сармоягузорӣ ҷониби сеюм ва ҳолати ноу- хау худиро барои ҳалли эҳтиёҷоти гуногуни энергетикии мизоҷон ҷалб менамоянд. Дар баробари ин ширкатҳои хизматрасонии энергетикӣ омодаанд ва метавонанд хавфи лоиҳаҳоро бо муштариён тақсим намоянд ва аз ин рӯ маҳз чунин ширкатҳо барои дар асоси дарозмуддат фаъолият кардан манфиатдор мебошанд.

Хусусияти дигари ширкатҳои хизматрасонии энергетикӣ ин ташаббускории онҳо баҳри кашф ва муайян намудани ҳолати ғайрисамаранокӣ дар иқтисодиёт (соҳа) мебошад. Ангезаи ҳавасмандии соҳибкорӣ дар самти муайян намудани роҳҳои ҳалли масъала дар соҳа ширкатҳои хизматрасонии энергетикиро аз ширкатҳои муҳандисӣ- инжинерингии фаъолияткунанда аз бисёр ҷиҳат, масалан вобаста ба фармоиши устувор фарқ мекунонад.

Шакли бештар маъмули хизматрасонии энергетикӣ ин татбиқи тадбирҳои самаранокии энергетикӣ дар асоси шартнома, бахши даромади аз ҳисоби сарфаҷуиҳо бадастомада, модели кафолати натиҷаҳои сарфаҷуӣ ва ғайра ба ҳисоб меравад.

Мисол: Равшансозии масири - Хуҷанд – Ғафуров дар солҳои 2014-2015 Масири равшансозии Хуҷанд- Ғафуров бо дарозии 7 км таҷдид карда шуда, фурўзонакҳои газозарядӣ ба светодиодӣ иваз карда шуд. Дар натиҷаи таҷдидсозӣ, энергияи сарфакардашуда аз 21% то 60% -ро ташкил дод.Дар баробари он муддати истифодаи фурўзонакҳо аз 3 сол то ба 5 сол зиёд гардид. Фурўзонакҳои нави светодиодӣ дар натиҷаи то 165 волт паст шудани шиддат (ки қаблан 198 волт буд) низ кор мекунанд.

Барои мисол, сарфаи маблағҳои буҷетӣ ва озодшавии иқтидорҳои барқӣ танҳо аз ҳисоби навсозии низоми равшанисозии кучаҳои вилояти Суғд ҳар 5 сол беш аз ду миллион сомониро ташкил медиҳад ва дар сурати амалисозии лоиҳаҳои нав дар ин самт ин нишондиҳандаҳо бештар мегардад.

Таҷдиди равшансозии масири Хуҷанд-Ғафуров аз ҷониби ҶММ «САМО», ки бо беҳсозии системаи равшансозӣ ва масъалаҳои дигар дар бозори ҷумҳурӣ машғул мебошад, татбиқ карда шуд.

Самаранокии истифодаи услуби мазкур дар замима оварда шудааст.

Азбаски давлат манфиатбари асосӣ аз фаъолияти ширкатҳои хизматрасонии энергетикӣ ЭСКО мебошад, тавсия дода мешавад, ки дар мадди аввал бартараф намудани зиддиятҳо ва номуайяниҳои аз ҳисоби сарфаҷуиҳои бадастомада, инчунин аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ амалӣ намудани механизми ҷуброни сармоягузориҳо дар асоси шартномаҳои хизматрасонии энергетикӣ гузошта шавад.

Тавсияҳо:

Мутобиқи Қонун «Дар бораи сарфаи энергия ва самаранокии энергия», механизмҳои ҳамкорӣ, ҷалб ва ҳавасманд намудани ширкатҳои хизматрасонии энергетикӣ ESCO тавассути тадбирҳои зерин амалӣ карда шавад:

- муайян намудани шартҳо ва тартиби расонидани хизматрасонии энергетикӣ ба муассисаҳо ва ширкатҳои давлатӣ;

-омодасозии санадҳои зерқонунӣ ҷиҳати муайян намудани механизми шартҳо ва тартиби бастани қарордодҳо оид ба хизматрасонии энергетикӣ байни давлат ва ширкатҳои хизматрасонии энергетикӣ ESCO, ҳимояи манфиатҳои онҳо ва истифодабарандагони хизматрасонӣ (шартҳои бозгагардонии сармоя, кафолатҳои ноилшавӣ ба самаранокӣ ва сарфаҷуии энергия);

- додани имконият ба ташкилотҳои буҷетӣ барои нигоҳ доштани воситаҳои аз ҳисоби энергия сарфашуда барои ҷуброн намудани хароҷотҳо дар самти тадбирҳои оид ба баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ амалишуда ва ҳавасмандсозии ширкатҳои хизматрасонии энергетикӣ.

Барномаи давлатии гарминигоҳдории биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ: Яке аз роҳҳои дар як муддати кӯтоҳ амалисозии тадбирҳо ҷиҳати сарфа кардани энергия дар фасли зимистон- ин гарм кардани биноҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ва баландошёнаи истиқоматӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумотҳо дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои таҷрибавӣ оид ба гармкунӣ ва изолятсиякунии биноҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе, истифодаи қувваи барқ дар фасли зимистон то 30% ва дар фасли тобистон то 10% кам гардидааст.

Бо назардошти мураккабии ҳосил шудани мувофиқа вобаста ба маҳсулоти молиявии тиҷоратӣ (қарзҳо) ва имконнопазирӣ / хоҳишманд набудани сокинон барои пардохти пурраи хароҷоти гарминигоҳдорӣ дар асоси ҳамшарикӣ пешниҳод карда мешавад, ки гармӣ ва изолятсиякунонии биноҳои истиқоматӣ аз тарафи мақомоти ҳокимиятии ноҳиявию шаҳрӣ амалӣ карда шавад. Пешниҳод мегардад, ки меъёри иштироки давлатӣ/ мақомоти ҳокимиятии ноҳиявию шаҳрӣ дар гармисозии фонди манзилӣ андозаи сарфанамоии энергия дар мавсими таъминсозӣ бо гармӣ дар таносуб ба воҳиди сармояи гузошташуда муайян карда шавад.

Тадбирҳои мутамаркази барои гарминигоҳдории манзилу биноҳо амалишаванда, бо ризоияти сокинон гузаронида, тавассути пудратчиёни барои ин кор дар тендер интихобгардида амалӣ карда мешавад. Маъмурияти шаҳрӣ ҳамчун фармоишгари асосӣ ба ҳисоб меравад. Ин ба мақомот имкон медиҳад, ки маблағгузории тиҷоратӣ ва бебозгашт, аз ҷумла, сарчашмаҳои маблағгузории байналмилалӣ (ба монанди Бунёди иқлими Бонки Ҷаҳонӣ)-ро ҷалб намояд. Ғайр аз ин, мақомоти шаҳрӣ ҳамчун фармоишгари лоиҳа барои дар миқёси калон ҷойгир кунонидани фармоиш ва касбӣ анҷом додани назорати сифати корҳо имконияти воқеӣ дорад. Ба мақомоти шаҳрӣ ва ноҳиявӣ тавсия дода мешавад, ки барои саҳм гирифтан дар сармоягузорӣ ҷиҳати гарминигоҳдории биноҳо бо сокинон созиш намуда, ба онҳо шаклҳои пардохтро (барои хизматрасонӣ) пешниҳод намоянд.

Илова ба кам кардани истифодаи барқ дар мавсими гармидиҳӣ, тадбирҳои вобаста ба гарминигоҳдорӣ барои таъсис додани ҷойҳои кории муваққатӣ ва кам кардани арзиши гарминигоҳдорӣ аз ҳисоби миқёс ва рақобат байни интиқолдиҳандагони барқ мусоидат мекунад.

Барои мисол, дар соли 2015-2016 арзиши гармикунонии қисмати берунии биноҳои баландошёна 128 сомонӣ / м2-ро ташкил дод, дар ҳоле ки арзиши кори он 30-35 сомонӣ / м2 мебошад. Арзиши воқеии гармикунонии қисмати берунии биноҳои баландошёна нисбат ба ҳисобҳои аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ ба таври назаррас камтар гардидааст.

Татбиқи тадбирҳои гарминигоҳдорӣ танҳо дар асоси розигӣ ва иштироки сокинон, ташаккули механизми машваратӣ бо сокинон, баррасии шикоятҳо вобаста ба самтҳои зикршуда.

Тавсияҳо: а)Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об ва рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, институтҳои тадқиқотӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд арзёбии таъсири умумии иқтисодии татбиқи чораҳои гарминигоҳдорӣ дар биноҳои баландошёнаи шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ, ки ба нақшаи азбайнбарӣ ворид нашудаанд ва муҳлати истифодарии тулонӣ доранд, амалӣ намоянд. б) Муроҷиати расмии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Хазинаи глобалии иқлим дар бораи имконияти қисман маблағгузорӣ намудани (тариқи грантӣ) амалисозии тадбирҳои гарминигоҳдории биноҳои истқоматӣ ва ҷамъиятии шаҳрҳои Тоҷикистон. Омода намудани маҷмуи пешниҳодот барои сокинон ва ширкатҳои пудратӣ барои татбиқи чораҳои гарминигоҳдории биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки бо маблағгузории шарикии берунӣ, маблағҳои буҷетӣ ва сокинон амалӣ мегардад. в) Муайян кардани биноҳои афзалиятнок, ба истиснои биноҳои ҷамъиятӣ аз рўи меъёрҳои ҳадди аксари сарфаи нерўи барқ нисбат ба як воҳиди дар ин бахш сармоягузоришуда г) Татбиқи тадбирҳои гарминигоҳдорӣ танҳо дар асоси розигӣ ва иштироки сокинон, ташаккули механизми машваратӣ бо сокинон, баррасии шикоятҳо вобаста ба самтҳои зикршуда.

• Додани ваколат оид ба татбиқи сиёсат дар самти самаранокии энергетикии гарминигоҳдорӣ дар биноҳо ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Айни замон, ваколатҳо оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти самаранокии энергетикӣ дар биноҳои истиқоматӣ дар зиммаи Вазорати энергетика ва захираҳои об мебошад. Ҳолати имрўзаи тақсимоти ваколатҳо барои татбиқи амалии тадбирҳои самаранокии энергетикӣ дар фондҳои манзилӣ мусоид набуда, раванди иҷозатдиҳӣ ва сертификатсиякунонӣ, таҳияи қоидаҳои амалии санадҳои зерқонуниро душвор мегардонад.

Додани ваколатҳо оид ба сиёсати самаранокии энергетикӣ ба мақомоти сохтмонӣ имкон медиҳад, ки раванди иҷозатдиҳӣ дар масъалаҳои назорати энергетикӣ ва татбиқи тадбирҳо оид ба самаранокии энергетикӣ дар Равзанаи ягона дар соҳаи сохтмонӣ бояд муттаҳид карда шавад.

Тавсия:

Додани ваколат оид ба таҳияи тадбирҳои умумии самаранокии энергетикӣ ба Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ваколати татбиқи амалии он (самаранокии энергетикии гарминигоҳдорӣ дар биноҳо) ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

• Маъмулӣ гардонидани чораҳои баландбардории самаранокии энергетикӣ тавассути воситаҳои ахбори омма: пахши наворҳои намоишию аёнӣ ва иттилоотӣ оид ба методҳои сарфаҷуии энергия ва гарминигоҳдории манзилҳо дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба маъмулигардонӣ ва оммавигардонии чораҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ дар байни аҳолӣ мусоидат мекунад.

Баъзе ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ барои таҳияи як қатор наворҳои иттилоотӣ оид ба принсипҳои самаранокии энергетикӣ, гармикунонии манзилҳо ва интихоби таҷҳизотҳои дорои хусусияти самарабахши энергетикии ба шароити Тоҷикистон мутобиқ манфиатдор мебошанд.

Шабакаҳои телевизионии давлатиро лозим аст, ки барои пахши чунин маводи иттилоотӣ ба тариқи ройгон вақти барномавӣ ҷудо намоянд.

Тавсия:

Тариқи ройгон ҷудо кардани вақтҳои барномавӣ аз тарафи шабакаҳои телевизионии давлатӣ барои омўзонидани ҷомеа бо афзалиятҳо ва имкониятҳои истифодаи маводҳои сохтмонӣ-энергетикии самаранок, ҳамчунин амалияи сохтмони биноҳо, манзилҳои истиқоматӣ.

4. Тиҷоратикунонии таъминоти гармӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бозори гармитаъминкунӣ начандон ба талабот ҷавобгу буда, барои иштироки бахши хусусӣ дар соҳа шароити зарурӣ фароҳам оварда нашудааст. Вобаста ба ин ислоҳоти қонунгузорӣ дар самти дастгирии муосиргардонӣ ва тиҷоратикунонии хизматрасонии гармидиҳӣ барои ташаккули бозори таъмини иловагии корхонаҳо ва аҳолӣ бо гармӣ мусоидат мекунад.

Аз ҳам ҷудо кардани талабот ба гармӣ ва истифодаи неруи барқ барои коҳиш додани сарбории аз ҳад зиёди шабакаҳои интиқоли барқ дар давоми мавсими гармидиҳӣ ва ҳамзамон озод кардани иқтидорҳо барои истифодабарандагони барқ мусоидат мекунад.

Мақсади ислоҳот

1.Ташаккули заминаҳои танзимсозӣ барои барқароркунии фаъолияти танзимгарон (операторон)-и давлатии таъминоти гармии давлатӣ дар асоси талаботи комилан тиҷоратӣ ва муосиргардонии хизматрасонии гармидиҳӣ дар шаҳрҳо;

2. Ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди бахши хусусии таъминкунандагони гармӣ.

Тадбирҳои тавсияшаванда:

• Таҳлили техникию иқтисодӣ барои интихоби модели муносиби гармитаъминкунии минтақаҳои маҳаллӣ ва истифодабарандагони инфиродии гармӣ: ислоҳоти қонунгузорӣ бо мақсади фароҳамоварии шароит барои иштироки бахши хусусӣ дар соҳаи гармитаъминкунӣ бояд дар асоси қонунҳои иқтисодию аз ҷиҳати экологӣ безарар ва шароити барои аҳолӣ мувофиқ амалӣ карда шавад. Масъалаи асосии сиёсати давлат ин самт интихоби беҳтарин роҳҳои таъмини аҳолии берун аз шаҳрҳои бузург бо гармӣ аст.

Ҷиҳати ташаккули заминаҳои ҳуқуқии ҷавобгӯ ба воқеияти ояндаи бахши энергетикӣ ва воқеан ҳавасманд гардонидани самти нисбатан даромадноки соҳаи гармитаъминкунӣ лозим аст, ки таҳлили техникӣ ва иқтисодии роҳҳои рушди гармидиҳии маҳалҳои аҳолинишини шаҳр ва берун аз шаҳрҳои калон амалӣ карда шавад. Таҳлилҳо бояд пеш аз ҳама эҳтиёҷоти истифодакунандагон ва талаботро ба таъмини гармӣ арзёбӣ намояд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокии бо манбаи энергия таъмин намуданро ба назар гирад, роҳҳои кам кардани таъсири экологиро ба шаҳрҳо ва саломатии аҳолӣ муайян кунад.

Вобаста ба натиҷаҳои асосноккунии техникию иқтисодӣ лозим аст, ки давлат корҳоро дар самти таъмини ғайримутамаркази гармӣ, нуқтаҳои гармӣ дар заминаи МБГ-ҳои калон, стандартҳои ҳифзи гармӣ дар биноҳои истиқоматӣ дастгирӣ ва ҳавасманд намояд.

Тавсия:

Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷалб намудани коршиносон ва ширкатҳои сатҳи баланди соҳаи гармидиҳӣ барои омўзиши ҳамаҷонибаи роҳҳои таъмин намудан бо гармӣ дар асоси қоидаҳои устувори тиҷоратӣ бо мақсади ташаккули бозори гармитаъминкунӣ, интихоби низоми ҳавасмандкунӣ ва рушди таъминот бо гармӣ дар асоси қоидаҳои устувори тиҷоратӣ.

• Тадбирҳои ҳавасамндгардониҳои ба муштариён нигаронидашуда дар шабакаҳои гармидиҳӣ: Бинобар набудани рақобат дар шароити мутамарказонидашудаи гармитаъминкунӣ лозим аст, ки корхонаҳои гармидиҳӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ниҳоии истифодабарандагони гармӣ ҳавасманд бошанд. Тамоюл ба муштариён ҳадди ақалл маънои зеринро дорад: ҷолибияти иқтисодии хизматрасонӣ, сифат ва мусоид будани хизматрасонӣ барои истифодакунандагони хизматрасонӣ Ҳавасмандгардонии самаранокии иқтисодӣ –тарификатсия ва пардхот аз рўи истифодаи воқеӣ:

Сиёсати нархгузорӣ дар асоси модели анъанавии «хароҷот +», ки дар он таъминкунандагони гармӣ ва операторони системаҳои гармидиҳӣ дар асоси хароҷоти пешниҳодшуда + меъёри фоида ҷойгир карда мешавад, барои ҳисоби воқеии арзиши гармии системаи гармидиҳӣ мусоидат намекунад, зеро талафот қаблан дар тарифи интиқоли гармӣ дохил карда шудааст.

Пардохти маблағ барои хизматрасониӣ бояд дар асоси истифодаи аслии неруи барқ амалӣ гардад. Заро дар талафоти энергетикии системаҳои гармидиҳӣ андозаи маводи энергетикӣ ва ҳарорати он дохил карда намешавад. Ин системаи тарифи корхонаро барои сармоягузорӣ, нигоҳ доштани низоми тақсимоти гармӣ ва дар сатҳи дуруст тақсимот намудани он ҳавасманд мегардонад.

Фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодабарандагони гармӣ:

Як монеаи асосӣ барои барқарорсозии системаи мутамаркази гармидиҳӣ ин манфиатдор набудани истифодабарандагони гармӣ ва аз бисёр ҷиҳат - мусоидӣ, универсиалӣ, содагии истифодабарӣ рақобатпазир набудани низоми мазкур мебошад.

Тадбирҳои таъмин бо гармӣ бояд ба истифодабарандагони гармӣ имконияти аз болои истифодаи гармӣ назорат намудан ва пардохти маблағ аз рўи истифодаи воқеии гармиро диҳад. Чунин ҳолат тавассути интихоби тарзи гузаронидани лўлаҳои гармидиҳӣ дар биноҳои истиқоматӣ, ҳатман насб намудани танзимкунандаи термостатикӣ ва ҳисобкунакҳои хонаҳо/сокинони инфиродӣ барои баҳисобгирии гармӣ таъмин карда мешавад.

Ғайр аз ин, навсозӣ ва роҳандозии низоми ҳисобдорӣ ва пардохти хизматрасониҳо, таъмини шабонарўзии марказҳои хизматрасонии телефонӣ, фаъолияти Хадамоти садамавӣ барои баланд бардоштани сатҳи боварӣ ва мусоид намудани шароит барои истифодабарандагон дар системаи мутамаркази гармидиҳӣ мусоидат хоҳад кард.

Татбиқи техникии баҳисобгирии истифодаи воқеӣ барои насби ҳисобкунакҳои гармӣ ва дастгоҳҳои танзимкунандаи истифодаи гармӣ дар хонаҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Дар робита ба ин, гузариш ба низоми истифодаи воқеӣ бояд дар муддати якчанд сол, тадриҷан бо муосиргардонии гурӯҳҳои ҳудудан ба ҳам муттаҳиди истифодакунандагон амалӣ карда шавад.

Тавсияҳо: а) Тадриҷан гузаштан ба низоми баҳисобгирии истифодаи воқеии энергия бо назардошти ислоҳ намудани меъёри талафоти энергия дар системаҳои гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе б) Ҳавасмандсозии операторони шабакаҳои гармидиҳӣ барои фаъолияти ба муштариён нигаронидашуда тавассути сиёсати тарифӣ, таъмини стандартҳои сифати хизматрасонӣ, ҷорӣ намудани марказҳои хизматрасонии телефонӣ барои мизоҷон ва баррасии мунтазами муроҷиати шаҳрвандон оид ба сифати хизматрасониҳо в) Тадриҷан якҷоя кардани системаи интиқол ва тақсимоти хизматрасонии шабакаҳои гармии шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии шабакаҳои гармидиҳӣ ҷиҳати бештар самаранок ба роҳ мондани интиқоли гармӣ аз истеҳсолкунандагон то истифодабарандагон

• Қонуни махсус «Дар бораи таъминот бо гармӣ»: Дар асоси хусусиятҳои техникии гармӣ ва барқтаъминкунӣ, инчунин бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ лозим аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни махсус «Дар бораи таъминот бо гармӣ»-ро бо инъикос кардани муносибатҳои бозорӣ дар он қабул намояд.

Лозим аст, ки қонунгузории танзимкунандаи соҳаи таъмини гармӣ дар асоси тадқиқоти техникию иқтисодӣ ва таҷрибаи хориҷӣ дар барқарорсозии соҳаи гармитаъминкунӣ таҳия карда шавад. Тавсия дода мешавад, ки дар қонуни нав ва санадҳои меъёрии вобаста ба он ҳолатҳои зерин дар назар дошта шавад:

• Шаклҳои нави моликият, барои таъмини дастрасии хусусӣ ба соҳаи таъмини гармӣ. Дар қонун дар бораи таъмини гармӣ бояд нақши ҳукумат аниқ муайян карда ва объектҳои дорои мақоми монополияи табиӣ мушаххас карда шавад;

Қоидаҳои ташаккули тарифҳо дар асоси принсипҳои тиҷоратӣ, устуворӣ, шаффофият, асоснокии иқтисодӣ;

Дар қонун бояд тарифҳои танзимшаванда (барои гармидиҳии мутамарказӣ дар шаҳрҳо аз тарафи корхонаҳои давлатӣ) ва тарифҳои ғайританзимшаванда, дар асоси шартнома бо дигар иштирокчиёни бозор муайян карда шавад. Тарифҳои ғайританзимшаванда як муқаддимаест барои ташаккули бозори гармитаъминкунӣ ва сармоягузории хусусӣ дар соҳа.

Тарифҳо барои энергияи гармӣ бояд ба ҷузъҳо тақсим карда шавад: арзиши истеҳсоли гармӣ (дар як Гкал), арзиши интиқол, арзиши воситаҳои интиқол, инчунин арзиши пайвастшавии технологӣ аз маркази таъмини гармӣ то ба истифодабарандаи охирин.

Тавсия: а) Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Украина ва Федератсияи Русия дар марҳилаҳои ба муносибатҳои бозорӣ гузаштан, барқарорсозӣ ва азнавсазиҳо дар самти гармитаъминкунӣ. а) Таҳия намудани санадҳои зерқонунӣ дар соҳаи гармидиҳӣ дар асоси натиҷаҳои асосноккунии техникию иқтисодии моделҳои нисбатан самараноки гармидиҳӣ барои гурӯҳҳои муайяни истеъмолкунандагон б)Дар асоси меъёрҳо, санадҳои зерқонуни омодагардида, таҳия намудани лоиҳаи Қонуни нав «Дар бораи таъминот бо гармӣ», ки ба талаботи ояндаи соҳа ҷавобгў буда, иштироки васеи бахши хусусиро дар соҳаи таъминоти гармӣ таъмин намояд.

• Барқарорсозии дегҳои (бухориҳои) гармидиҳӣ ва системаҳои иқтидори паст тавассути ҷалби бахши хусусӣ: Додани дегҳои инфиродӣ ва хурди ғайримутамаркази системаҳои гармидиҳии ба онҳо пайвастшуда ба бахши хусусӣ тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва ё хусусигардонӣ, ки бозори хизматрасонии таъминоти гармиро ба вуҷуд меорад.

Баъд аз таҷдиди заминаи ҳуқуқӣ, тавсия дода мешавад, ки яке аз буғхонаҳои ғайримутамаркази хурди гармидиҳӣ бо мақсади барқарор кардани фаъолияти он тавассути истифодаи механизми ШДБХ интихоб карда шавад.

Модели бештар маъмули истифода аз ШДБХ метавонад шартномаҳои идоракунӣ, шартномаи иҷора, модели «барқароркунӣ-моликият- интиқол» (ROOT) ва консессияҳои дарозмуддат бошад.

Шартномаҳои идоракунӣ, ба муддати 2-5 сол баста мешавад, масъулият ба оператори (танзимгари) хусусӣ барои нигоҳдорӣ, сифати хизматрасонӣ ва кор бо муштариён вогузор мегардад, вале сармоягузории пурраро дар бар намегирад. Хароҷоти амалиётӣ ва иҷрои корҳои оператори хусусӣ (аз рўи сифати хизматрасонии ниҳоӣ) бояд ҷуброн карда шаванд. Ҳамин тариқ, шартномаҳои идоракунӣ барои ҷалби соҳибкории хурд ва миёна дар соҳаи таъминоти гармӣ бештар муносиб мебошанд.

Иҷораи дороиҳои давлатӣ дар Русия ба таври васеъ истифода шуда, он идоракунӣ, харид ва таъминот бо сӯзишворӣ, таъмири/нигоҳдории системаҳо дар сатҳи маҳаллӣ (масалан, аз нуқтаи пайвастшавии гармӣ то ба истифодабарандаи охирин) фаро мегирад.

Модели барқароркунӣ-моликият-амалиёт- интиқол (ROOT) ва модели консессияи созишномавӣ дар асоси дарозмуддат баста мешавад, барои барқарорсозии буғхонаҳо ва гурӯҳҳои хурди системаҳои гармидиҳӣ, ки дар он хавфҳои талабот, хавфҳои технологӣ ва лоиҳаҳое, ки дизайн ва сармоягузории ҷиддиро талаб мекунанд, тавсия дода мешавад. Истифода аз консессияҳо барои маҳаллаҳои хурд, ки системаҳои гармидиҳӣ, истифодабарандагони саноатӣ, надоранд, тавсия дода мешавад.

• Дар ҳолати асоснокии иқтисодӣ, нархҳо барои дегҳои барқии бо иқтидори баланд, ки иншоотҳои аҳолинишин ва тиҷоратиро бо энергияи гармӣ таъмин мекунанд,аз нав дида шаванд. Дегҳои умумии гармидиҳи барқӣ дар биноҳои истиқоматӣ метавонанд нисбат ба гармкунакҳои инфиродии барқии дар хонаводаҳо истифодакунанда самаранокии бештари иқтисодӣ дошта бошанд. Дар чунин маврид сиёсати тарифӣ, шаҳрсозӣ бояд ба ҳавасмандгардониҳои ин самт равона гардад.

Дегҳои умумии гармидиҳии барқӣ метавонанд дар биноҳои баландошёна (ва гурӯҳҳои алоҳидаи биноҳои баландошёна) дар шаҳрҳои хурд ва деҳот, ки дар он бунёди системаи марказии гармидиҳӣ мувофиқи мақсад нест, манфиатнок бошад.

• Якҷоякунии хизматрасониҳои иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи гармитаъминкунӣ бо системаи «Равзанаи ягона» дар соҳаи сохтмон: Дар раванди татбиқи системаи Равзанаи ягона дар соҳаи сохтмон бояд механизми иҷозатдиҳӣ барои пайвастан, ташаккули системаҳои гармидиҳӣ аз тарафи бахши хусусӣ дар назар дошта шавад.

Соддагардонии низоми иҷозатдиҳӣ барои иштироки бахши хусусӣ дар барқарор намудани системаҳои мухтори гармидиҳии мавҷуда, рушди бозори шабакаҳои гармитаъминкунӣ ва фурӯши гармии дуюми иншооти саноатӣ ба истеъмолкунандагон мусоидат хоҳад кард.

Тавсияҳо: а)Барқарорсозии яке аз марказҳои гармидиҳии алоҳида бо иқтидори паст тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ, пас аз навсозӣ ва фароҳам овардан заминаи ҳуқуқӣ дар самти мазкур б)Дар ҳолати асоснокии иқтисодӣ, аз нав дидани нархҳо барои дегҳои барқии бо иқтидори баланд, ки дар асоси иҷозатнома фаъолият намуда, энергияи гармиро ба системаҳои гармидиҳии алоҳида ва ғайримутамарказ таҳвил медиҳанд. в)Дар раванди татбиқи системаи «Равзанаи ягона» дар соҳаи сохтмон амалӣ намудани (дар назар доштани) механизми иҷозатдиҳӣ барои пайвастшавӣ ва муосиргардонии системаҳои гармидиҳӣ аз ҷониби таъминкунандагони хусусии гармидиҳӣ.

5. Рушди навъҳои алтернативии захираҳои энергетикӣ Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар машварат бо коршиносони байналмилалӣ имкониятҳои техникӣ ва иқтисодии истифодаи сӯзишвории алтернативии аз ҷиҳати экологӣ ва энергетикӣ мукаммалкардашударо, ки дар системаҳои гармидиҳӣ, саноат, хизматрасонӣ ва нақлиёт истифода бурда мешавад, баррасӣ намоянд. Иваз намудани манбаъҳои сўзишвории воридотӣ бо истеҳсолоти маҳаллӣ ва истеҳсоли сӯзишворӣ ва ашёи хоми кимиёвии аз захираҳои маҳаллӣ бадастовардашуда интихоби манбаи энергияро барои фаъолияти соҳибкорӣ васеъ менамояд.

Мақсади ислоҳот:

1. Васеъгардонии намудҳои истеҳсолоти маҳаллӣ. манбаъҳои энергетикӣ барои бизнес дар асоси

2. Ҷалби технологияҳои инноватсионӣ барои табдил додани ангишт ва қувваи барқ ба намуди алтернативии сӯзишвории моеъ.

3. Ҳавасмандкунии давлатӣ ҷиҳати рушди сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ барои эҳтиёҷоти системаи гармидиҳӣ мувофиқ, истеҳсолот ва хизматрасонӣ.

Тадбирҳои тавсияшаванда:

• Пешбурди самти саноати сӯзишвории мукаммалкардашуда барои эҳтиёҷоти гармидиҳӣ ва фаъолияти тиҷоратӣ: Ҳавасманд намудани истеҳсоли намудҳои босифати сӯзишворӣ барои эҳтиёҷоти системаҳои гармидиҳӣ барои паст кардани омилҳои манфии экологӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва васеътар кардани қарорҳои техникӣ дар системаи гармидиҳӣ имкон медиҳад.

Тавозуни байни ҷолибияти тиҷоратии соҳаи гармитаъминкунӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳияи тадбирҳоро барои соҳаҳои гармидиҳӣ ва барномаҳои тиҷоратӣ талаб мекунад.

Стандартҳои давлатии оид ба сифати сӯзишворӣ барои таъмини марказҳои барқу гармидиҳии хурду калон ва буғхонаҳои ғайримутамарказ ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар мавриди барқарорсозии кори системаҳои гармидиҳӣ мусоидат мекунад.

Дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони хусусӣ, инчунин истеҳсоли худии корхонаҳои давлатӣ, ангишти амиқан бойгардонидашуда (то ҳадди аксар аз ғализиҳо тозакардашуда), инчунин истеҳсоли кокс бо мақсадҳои энергетикӣ барои дар бозор ба фурўш гузоштани сӯзишвории дорои сифати баланд ва камтар зараровар, инчунин барои системаҳои таъминоти гармӣ мувофиқ мусоидат мекунад.

Производство высококачественного топливо на местах добычи также снизит издержки транспортировки и стоимость энергоносителя, что является важным условием для поставок тепла на коммерческих условиях. К примеру, стоимость доставки угля достигает 60-70% от конечной стоимости угля для потребителя. При 14% - 20% зольности угля21, потребители затрачивают от

$3-5/тонну на транспортировку несгораемого балласта. При средней себестоимости угля на месторождении в 175 сомони или $2222, издержки перемещение балласта достигают 8 до 12% от конечной стоимости тонны топлива.

Более того, современные, автоматизированные котлы и системы управления теплоснабжения не могут экономически оправданно питаться топливом низкого качества, что не допускает развитие предпринимательства в сфере теплоснабжения.

Истеҳсоли сӯзишвории сифати баланд инчунин арзиши хароҷоти интиқол ва энергиярасониро паст мекунад, ки ин як шарти муҳими таъмини гармӣ дар асоси талаботи тиҷоратӣ мебошад. Барои мисол, арзиши интиқоли ангишт

60-70% аз арзиши ниҳоии ангишт то ба истеъмолкунанда расониданро ташкил медиҳад. Дар сурати то 14% - 20% расидани ғализнокӣ

(хокистарнокӣ)-и ангишт, истифодакунандагон барои интиқоли маводи нолозим байни $ 3-5 / тонна масраф мекунанд. Ҳангоми то ба 175 сомонӣ ё 22$ расидани арзиши миёнаи ангишт хароҷоти ҷойивазкунонии он 8 то 12% - ро дар арзиши ниҳоии як тонна сӯзишворӣ ташкил мекунад.

Гузашта аз ин аз ҷиҳати иқтисодӣ номумкин аст, ки дегҳо (бухориҳо)-и муосири автоматикунонидашуда ва низоми идоракунии гармидиҳӣ бо сӯзишвории-сифати паст таъмин гарданд, ки ин барои рушди соҳибкорӣ дар соҳаи таъминоти гармӣ имкон намедиҳад.

Намудҳои гуногуни сӯзишворӣ мавҷуданд, ки барои системаҳои гармидиҳӣ ё таъмини энергияи гармӣ дар корхонаҳо, аз ҷумла корхонаҳои дорои технологияҳои барқароршаванда муқаррар карда шудаанд. Коршиносони соҳа тавсия медиҳанд, ки ҷиҳати нишон додани аз нигоҳи иқтисодию тиҷоратӣ мақсаднокии истифодаи технология ва сӯзишвории нав давлат барои татбиқи лоиҳаҳои таҷрибавӣ «бунёди ниҳоӣ то калид», ширкатҳои махсусро ҷалб намояд. Сиёсати давлат бояд навовариҳоро дар бахши сӯзишворӣ бо назардошти нигоҳ доштани масъулияти тарҳрезӣ, сохтмон ва нигоҳдории иншоотҳои дар ихтиёри ширкат мавҷудбуда фаъолона дастгирӣ намояд.

Дар дурнамои дарозмуддат лозим аст, ки системаи гармидиҳӣ ба истифодаи сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ ҳарчӣ камтар зарарнок гузаронида шавад. а)Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об ва рушди иқтисод ва савдо шарҳи тафсилоти намудҳои алтернативӣ ва махсусгардонидашудаи сўзишворӣ барои таъмини системаҳои хурди гармидиҳӣ ва арзёбии имконияти истифодабарии онҳоро дар истеҳсолоти кишвар амалӣ намоянд. б)Даъват намудани ширкатҳои ватаниву хориҷӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои намоишии бахши гармидиҳӣ, бо истифода аз таҷҳизот ва намудҳои сўзишвории махсусгардонидашудаи замонавӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шабакаҳои гармидиҳии ғайримутамарказ.

• Истеҳсоли метанол ва намудҳои дигари сӯзишвории синтетикӣ аз ангишт.

Захираҳои ангишти Тоҷикистонро метавон коркард намуда, аз он бо технологияи айни замон маҳсулоти аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок исботшудаи (coal-to-methanol) метанол истеҳсол намуд

Метанол бо бензин бо таносуби гуногун (аз 3% то 15%)омехта карда мешавад. Амалӣ намудани бензини рамзи M5 бензини стандартӣ дар кишвар

(5% метанол дар бензин) воридоти бензинро то 10 755 тонна дар як сол коҳиш медиҳад ва ба сарфаи асъори хориҷӣ ба андозаи қариб 7 миллион $ мусоидат мекунад.

Метанол, ки нисбат ба сӯзишвории анъанавӣ сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тоза ба ҳисоб меравад, барои тайёр кардани ғизо (дар корхонаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо ва истеҳсоли озуқаворӣ) ва нақлиёти ҷамъиятӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Метанол ва маҳсулоти аз он ҳосилшудаи формалдегид и олефинҳо, барои саноати химиявӣ, аз ҷумла, барои масолеҳи сохтмонӣ, ширеш, рангҳо ва пластика ашёи хоми асосӣ ба ҳисоб меравад.

Истеҳсоли метанол дар Қазоқистон, Русия, Узбекистон ва Озарбойҷон ба роҳ монда шуда, он дар Чин ба таври васеъ истифода бурда мешавад. То соли 2016 ширкати чинии China CAMC Engineering Co. дар ҷумҳурӣ корхона оид ба истеҳсоли поливинилхлорид ва метанолро бо иқтидори 300 ҳаз. тонна дар як сол бунёд хоҳад кард. Табдилдиҳии метанол ба бензин дар заминаи "Navoiazot", корхонаи муштарак бо «Mitsubishi»-и Ҷопон ва "Haldor Topsoe»-и Дания таъсисдодашуда амалӣ карда мешавад.

Ҷалб намудани технологияи пешрафта: Табдил додани қувваи барқ ва партовҳои саноатӣ ба сӯзишвории синтетикӣ. Барқи изофагӣ дар мавсими баҳор-тобистонаро метавон тавассути омехтакунии водород ва дуоксиди карбон ба метанол ва дигар сӯзишвории синтетикӣ, табдил дод. Ин имкон медиҳад, ки энергияи дар мавсими тобистон истеҳсолшуда дар шакли сўзишвории моеъ барои эҳтиёҷоти давраи тирамоҳу зимистон, инчунин талаботи бизнес нигоҳдорӣ карда шавад.

Синтези сӯзишвории моеъ аз барқи барқароршавандаи энергия бо мақсадҳои нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодаи минбаъдаи он як соҳаи нав ва тадриҷан афзояндаи инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.

Ду технологияи тиҷоратии исботшудаи коркард ва табдили гази карбон ба метанол маъмул аст. Лоиҳаҳои дар якчанд кишварҳо амалигаштаи технологияи Mitsubishi Heavy Industries (MHI) имкон медиҳад, ки газҳои ангидриди карбон аз партовҳои саноатӣ гирифта метанол ҳосил карда шавад. Технологияи дигари аз ҷониби Carbon Recycling International (CRI) дар Исландия истифода мешавад, ки тавассути электролизи об ва анҷом додани аксуламал бо гази карбон ва синтези метанол водород истеҳсол карда мешавад. Агар технологияи MHI бештар санҷидашуда ва дар амал бештар татбиқшаванда бошад, технологияи навтари CRI имкон медиҳад, ки барқи оби барзиёд тавлидшуда ба таври самаранок истифода бурда шавад. Ҳарду технологияҳо ба фарогирии партовҳои газҳои карбон, ки ба миқдори назаррас дар истеҳсоли семент ва алюминий ба вуҷуд меояд,асос меёбад.

Дар муқоиса бо истеҳсоли метанол ва маводи тариқи химиявӣ аз ангишт ҳосилшуда,барои татбиқи раванди синтези партовҳои қиёсии дуоксиди карбон имконияти аз ҷониби муассисаҳои молиявии байналмилалӣ маблағгузорӣ мавҷуд мебошад. Институтҳои молиявии байналмилалӣ, дар лоиҳаҳои вобаста ба ангишт қариб иштирок надошта, аз тарафи дигар ба лоиҳаҳои нобудсозии партовҳои саноатӣ таваҷҷуҳ доранд.

Тавсия

Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об ва рушди иқтисод ва савдо имконияти истифодаи метанол, фоида, хароҷот ва имконияти истеҳсоли онро дар асоси технологияҳои мавҷуда омухта, хулоса пешниҳод намоянд. Дар сурати арзёбии мусбии амалисозии истифодаи метанол дар нақлиёт, меъёри стандартии сӯзишворӣ M5 (5% мавод барои бензин) барои таҷрибагузаронӣ бо иловасозии метанол ба сузишвории автомобилӣ (бензин)таҳия карда шавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба