Минтақаҳои озоди иқтисодӣ – роҳкушои зиндагии шоиста
Соли 2017 духтараке бо донишу малакаҳои хуби ҳуқуқию иқтисодӣ, забондониву фурўтанӣ аз шаҳри Роғун барои ҳимояи дурнамои иқтисодиву иҷтимоии зодбум ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ омад. Ҳозирҷавобӣ, дарки хуби масоили иқтисодӣ ва одоби баланди муошираташро ба инобат гирифта, соли 2018 ўро ба ҳайси сармутахассис дар раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба кор хонданд. Ин навид барояш ғайричашмдошту фараҳбахш буд.
Самти фаъолият
Манижа ҳамчун роҳбалади минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ин ниҳоди давлатӣ фаъолиятро оғоз намуда, дар самти саҳми содирот, ҷалби сармоягузорон, таъсиси ҷойҳои кории нав, иҷрои андозҳо маълумотро ҷамъоварӣ ва таҳлил менамояд.
- Дар ҷумҳурӣ алҳол 4 минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дорад. Тибқи супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 Минтақаи озоди иқтисодии «Кўлоб» таъсис ёфт.
Барои таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ мавзеъҳое интихоб шудаанд, ки аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои ҳамсоя мусоид буда, дорои инфрасохтори зарурии иҷтимоию коммуникатсионианд ва ё инфрасохтори зарурӣ дар оянда бунёд мегардад. Илова бар ин, барзиёдии ашёи хоми ватанӣ, наздикӣ ба манбаъҳои неруи барқ, қувваи корӣ, бозорҳои истеъмолӣ ва дигар омилҳо барои интихоби минтақа асос шуда метавонанд. Дар ин минтақаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ (андозӣ) ва низоми махсуси ҳуқуқӣ муҳайё карда мешаванд. Ҳадафи асосии ин гуна минтақаҳо таъсис додани корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, ғанӣ гардондани бозори дохилӣ ва рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум аст. Мутобиқи банди 2 моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва тибқи бандҳои 1.2 ва 3 моддаи 325 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ новобаста аз шаклҳои моликият, аз ҳама гуна пардохти андозҳо, ба ғайр аз андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ, озод мебошанд, - иброз дошт Манижа.
Маврид ба ёдоварист, ки ба минтақаи озоди иқтисодӣ молҳои хориҷӣ ва ватанӣ бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар муайян шудаанд, ворид карда мешаванд.
- Воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва молҳои зарурӣ барои ташкили инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби субъектҳо ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошанд. Ин минтақаҳо барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии кишвар ва рушди коргоҳҳои нав ва дар маҷмўъ, пешрафти иқтисодиёти кишвар хеле муҳиманд, - гуфт М. Шарифзода.
Равзанаи ошноӣ
Манижа Шарифзода соли 1994 дар шаҳри Роғун ба дунё омадааст. МТМУ № 1 зодбумро соли 2011 хатм намуда, тариқи Квотаи президентӣ ба Донишкадаи молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2015 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос - иқтисоддон хатм намуд. Соли 2015 ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи магистратураи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон супурда, онро соли 2017 бо ихтисоси менеҷер - иқтисодчӣ сомон бахшид.
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба ин сон бесаводӣ
Нахустин устоди ман ту будӣ.
Лоиқ
Андўхти таҷриба
Соли 2019 Манижа бо гурўҳе аз мутахассисону кормандони минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои шиносоӣ ва таҷрибаандўзӣ аз минтақаҳои озоди иқтисодии кишвари Туркия дидан кард. Мақсад аз ин сафар шиносоӣ бо фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шаҳрҳои Измир ва Анқара ва гирифтани таҷриба иборат буд. Зимни он нақшаи стратегӣ бо пешниҳодҳои мушаххас оид ба тарғибу ташвиқи рушди минбаъдаи минтақаҳо ва паркҳои саноатӣ муаррифӣ шуд.
- Дар Туркия минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз солҳои 60 – уми асри ХХ таъсис ёфта, механизми рушди онҳо ҳамчун таҷриба барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурии мо дорои аҳамият аст. Дар Туркия 19 минтақаи озоди иқтисодӣ, 312 минтақаи саноатӣ ва 83 технопарк мавҷуданд. Омили асосии муваффақияти минтақаҳои озод ин мавқеи ҷуғрофии кишвар, баромад ба роҳҳои баҳрӣ, инчунин, шомилшавӣ ба Иттиҳоди гумрукии Аврупо мебошад. Илова бар ин, минтақаҳои озоди иқтисодии Туркия деворбандӣ нагардида, имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар ҳудуди вилоятҳои муайяншуда амалӣ мегарданд, ки ин раванд барои соҳибкорони хориҷӣ ва дохилӣ мусоид мебошад,-иброз дошт мутахассиси ҷавон.
Минтақаи озоди иқтисодии муваффақ
Тибқи маълумоти оморӣ алҳол дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар 75 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст, ки бештари онҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Данғара» рост меоянд. Ҳоло дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 29 субъект, Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 25 субъект, Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 16 субъект ва дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» 5 субъект ба қайд гирифта шудааст.
Дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар сохтмони корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтӣ, истеҳсоли лўлаҳои пластикӣ, маҳсулоти бофандагиву дўзандагӣ, коркарди металл, истеҳсоли маводи рангубор ва андоваҳои декоративӣ, таҷҳизоти барқӣ ва дигар намуди маҳсулот ба нақша гирифта шудааст, ки соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
- Шавқ агар роҳбар бошаду дастгирии наздикон, бахусус падару модар ҳамеша ёр, метавон ба қуллаҳои мурод расид. Аз вақт ва имконият мебояд самаранок истифода бурд. Мутахассиси хубро дар куҷое, ки набошад, ҳатман пайдо ва дастгирӣ менамоянд. Ман ҳамчун мутахассиси ҷавон барои рушду нумўи иқтисодиёти кишвар то умр боқист, хизмат хоҳам кард, - афзуд дар фарҷоми суҳбат Манижабону.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё