Зеҳн

Табобати бемориҳои камхунӣ ва заифшавии масуният.

КИ
Китобдор14 ноябри 2024 · 4 дақиқа хондан

МУОЛИҶАИ КАМХУНӢ.

Хўрдани ревоҷ (чукрӣ) ё нўшидани оби он камхуниро рафъ мекунад.

Гул ва барги себаргаро хушк намуда, як қошуқи онро дар як истакон об дам карда нўшанд, камхуниро ба ибро меорад.

Рўзе се маротиба шира ёобҷўши газна (алафи газанда, крапива)- ро як қошуқӣ бинўшанд, камхуниро рафъ месозад.Муҳлати муолиҷа ду ҳафта.

Истеъмоли сабзӣ ё як пиёла шарбати он (ҳар рўз) камхунии баъди ҷарроҳӣ ва оқибатҳои дигари хунравиро нест мекунад. Муҳлати табобат 15 рўз.

Истеъмоли як пиёла шарбати тару тозаи лаблабу барои бартараф кардани камхунӣ давои хубест.

Нўшидани ҷўшобаи решаи ширинбия (рўзе як пиёлагӣ) барои рафъи камхунӣ давост. Муҳлати табобат 15 рўз. Хўрдани олуболу ва нўшидани шарбати он давои камхунист.

Агар аз барги ангат (облепиха) чой дам карда нўшанд, камхуниро ба ибро меорад.

Ҳамарўза истеъмол кардани 3- 5 дона себ ба рафъи камхунӣ мусоидат менамояд.

Истеъмоли як қошуқ шарбати сабр (алоэ) ҳамроҳ бо асал камхуниро бартараф мекунад.

Рўзе хўрдани 3,5 грамм кашниз ва ё меваи кавар камхуниро ислоҳ менамояд.

Истеъмоли ғизоҳои аз нахўд тайёршуда давои камхунист.

Давоми ду ҳафта ҳар рўз ним пиёла сулӣ (бомус, овёс)- ро ҷўшонида, обашро нўшидан барои рафъи камхунӣ муфид аст.

Нўшидани шираи лаблабу ё қоқу барои бартараф кардани камхунӣ муфид аст.

Обҷўши шулха ё шираи онро истеъмол намудан барои рафъи камхунӣ фоидабахшанд.

Истеъмоли ғўлинг ё зардолуи тару тоза барои камхунӣ давоянд. Аз болои онҳо нўшидани об манъ аст.

Хўрдани харбуза давои камхунию лоғарӣ аст.

Нўшидани шираи ангат ба бемории камхунӣ шифо мебахшад.

Меваи қот (смородина) ва обҷўши барги он барои бартараф кардани камхунӣ давои хуб аст.

Давоми ду ҳафта ҳамарўза истеъмол кардани як коса тут камхуниро ба ибро меорад.

Хўрдани олуболуи тару тоза ва ё нўшидани хушоб (компот)- и он давои камхунӣ мебошад.

Истеъмоли мураббои гулбарги гули сурх давои камхунист.

МУОЛИҶАИ ЗАИФИИ МАСУНИЯТ (ИММУНИТЕТ)

Ду қошуқ барги майдакардаи чормағзро дар ним литр оби ҷўш андохта, шаб дар термос нигоҳ доред. Сипас, рўзе се маротиба чоряк истаконӣ нўши ҷон кунед. Ба ҷои ин метавонед дар давоми як моҳ рўзе 5-6 дона чормағз бихўред.

Истеъмоли чой аз решаи ширинбия дар мустаҳкам кардани масунияти бадан нақши муҳим мебозад.

Як қошуқӣ гули бобуна, липа (аз дорухона), меваинастаран (ҳулул, хуч)- ро дар чойнике андохта, аз болояш як истакон оби ҷўш резед. Болояшро гарм пўшонда 15- 20 дақиқа дам диҳед. Сипас аз дока гузаронед. Рўзе се маротиба сеяки истакон аз ин даво (пеш аз ғизо) истеъмол кунед.

250 грамм пиёзро майда реза карда, ба он 200 грамм шакар ҳамроҳ кунед. Ба болояш ним литр об ҳамроҳ намуда, дар оташи паст якуним соат ҷўшонед.Баъди хунук шуданаш ба он ду қошуқ асал илова кунед. Сипас даворо аз дока гузаронида, дар бонка нигоҳ

доред.

Барои мустаҳкам кардани масуният рўзе 3- 5маротиба як қошуқӣ давои мазкурро нўши ҷон кунед.

Ду қошуқ ҷалғўзаи арчаро дар оби хунук шуста, ба зарфи даҳонпўшидае андозед ва аз болояш як истакон оби ҷўш андохта, 20 дақиқа ҷўшонед.Баъди 30 дақиқа дам додан аз дока гузаронед. Пеш аз истеъмол каме асал ҳамроҳ намоед. Сеяки истакон рўзе се маротиба ин даворо нўши ҷон кунед. Муҳлати муолиҷа 10 рўз.

Ним истаконӣ шарбати сабзӣ ва лаблабуро омехта карда, ба он як қошуқ асал ҳамроҳ намоед.

Ин даворо ним истаконӣ субҳу шом истеъмол кунед.

Ҳар субҳ истеъмолкардани як истакон ҷурғот ё кефир дар пурқувват шудани масуният кумак мекунад.

Бо ҳиссаи баробар нозбў, пудина, иван-чой ва гулҳои каштан (аз дорухона) гиред. Аз ин омехтаи гулу гиёҳҳо 5 қошуқро дар як литр об андозед. Болои чойникро хуб пўшонда, ду соат дам диҳед. Рўзе се маротиба як истаконӣ аз ин даво истеъмол намоед.

Ду қошуқ шохчаҳои майда резакардаи тамашк (малина)- ро ба зарфи сирнок андохта, аз болояш як истакон оби ҷўш резед ва 7- 10 дақиқа ҷўшонед. Сипас ду соат дам диҳед. Дар давоми рўз баъди ҳар як соат як- ду қултӣ аз ин даво бинўшед.

Ду қошуқ настаранро хуб кўфта, дар ним литр об 15 дақиқа дар оташи паст ҷўшонед. Шабона дам диҳед. Ба он каме асал ҳамроҳ намуда, дар давоми рўз мисли чой истеъмол кунед.

Як қошуқӣ мавизи сиёҳ, чормағз ва зардолуқоқи бедонаро майда карда, аралаш кунед.Ба он як қошуқ асал ва шарбати ними лимуро илова намоед. Хуб омехта, сипас аз ин даво рўзе се маротиба як қошуқӣ истеъмол кунед.

Яккилоӣ сабзӣ ва себро аз турбтарошак гузаронед. Ним кило зардолуқоқи бедона, 300 грамм мавизи сиёҳ ва ду дона лимуро аз гўштқиммакунак гузаронед. Ҳамаро омехта карда, ба он 5 қошуқ асал ҳамроҳ кунед. Рўзе се маротиба 1-2 қошуқӣ аз ин даво истеъмол кардан боиси тақвияти масуният ва пешгирии бисёрбемориҳо мешавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба