Зеҳн

Гиёҳдармонии узвҳои такягоҳу ҳаракат ва чашм.

ВА
Валиев Султон14 ноябри 2024 · 5 дақиқа хондан

— Агар буғумдард аз ғалабаи хун бошад, яъне дар ҷои дард варами калони сурх дида шавад, хўрдани сирпиёз фоида мерасонад.

— Як грамм пўки сафедорро бо сиркоасал бихўранд, буғумдардро ба ибро меорад.

— Якуним грамм мўмиёро бо ду- се дона зардии тухми мурғ бихўранд, буғумдардро бартараф мекунад.

— Талхшувоқ (тахач)- ро дар об ҷўшонда, он обро бо сирко омехта бимоланд, дарди буғумҳоро таскин мебахшад.

— Равғани хирсро ба буғуми дардманд молида бубанданд, дарди буғумҳоро нест мекунад.

— Барги лаблабуро кўфта банданд, барои рафъи буғумдард мусоидат мекунад.

— Ба ҷои дардманд молидани равғани мурғобӣ фоидабахш аст.

— Сабўси гандумро бо сирко хамир карда банданд, дарди буғумҳоро рафъ мекунад.

— Агар бо сабаби дарди буғумҳо бадан ҳаракат карда натавонад, орди боқилоро бо равғани хук ва решаи гули хайрӣ хамира карда банданд, дардро рафъ мекунад.

— Ба буғумҳои дардманд бастани кўфтаи тухми шибит ва испанд муфид аст.

— Панири хушки намакини кўҳнашудро бо равғани зайтун соида банданд, дарди буғумҳо таскин меёбад.

Муолиҷаи ниқрис (подагра)

— Сирпиёзро бо сирко ва кавар хўрдан дар муолиҷаи ниқрис муфид аст.

— Хўрдани хокистари барги бед дарди буғумҳои панҷаҳои дасту поро таскин мебахшад.

— Хўрдани меваи кавар ба танҳоӣ дарди ниқрисро бартараф мекунад.

— Анҷирро бо хардал кўфта хамира карда моланд, дарди ниқрисро рафъ менамояд.

— Саргини говро гармогарм бо хокистар ва равғани зайтун омехта банданд, дардро таскин медиҳад.

Муолиҷаи зонудард

— Гулсанги сурхро дар об ҷўшонда, он обро бинўшанд.

— Саргини говро гармогарм ба зону банданд, дарди онро таскин мебахшад.

— Меваи арчаро кўфта, бо асал ё равғани зард моланд, дарди зонуҳо таскин меёбанд.

Муолиҷаи мушаки дарида

— Самари арчаро кўфта, бо об ё чой бинўшанд.

— Испандро ҷўшонида, бо обаш шустушў кунанд, мушаки даридаро давост.

— Ширинбияи бепўстро як шабонарўз дар об тар карда, он обро бинўшанд, ба мушаки дарида фоида мерасонад.

Муолиҷаи мушаки даридаи кўҳнашуда

— Самари хушки арчаро ос карда, пошида ба решаи чиркзада бибанданд.

— Барги тар ё хушки санҷидро бубанданд.

— Пўчоқи тухми мурғро соида, ба решҳо пошанд, ҷароҳатро хушк мекунад.

— Кашничро кўфта банданд.

— Мағзи кўҳнаи чормағзро хоида, ба мушаки рагкашида банданд, дардро таскин мебахшад.

— Пиёзро зери хокистари гарм пухта, бо корд пора карда, ба ҷои мушаки дардманд банданд ва аз болояш грелка гузоранд.

Муолиҷаи дарди соқи пой

— Ҳар рўз чор граммӣ испандро кўфта, бехта, бо об фурў баранд.

— Ду граммӣ тухми сабзию шакарро бихўранд, дарди соқи пой таскин меёбад.

— Гамбўски савриро кўфта, ба захми соқи пой банданд, фоида мерасонад.

Муолиҷаи артрит (газаки буғумҳо)

— Як қошуқ заъфарон ва ҳамин қадар решаи бедро нарм карда, дар оби ҷўш дам диҳанд ва рўзе се бор як-ду қошуқӣ бинўшанд.

— Бо обҷўши пудина ҷои дардмандро бишўянд.

— Агар ба ҷои дардманд заҳраи гов ё гўсфанду бузро моланд, дардро таскин мебахшад.

— Беморони артритро зарур аст, ки аз намаку лўбиёгиҳо, гўшти серравған ва шулха парҳез намоянд.

Муолиҷаи пардаи чашм

-Оби себаргаро фишурдаву дар офтоб хушк карда, ба чашм кашанд, пардаи онро нест мекунад.

— Замчи сафедро бо оби борон омехта чаконанд, дар муолиҷаи пардаи чашм муфид аст.

— Зираро як шабонарўз дар об тар карда, он обро ба чашм чаконанд, пардаро рафъ мекунад.

— Заъфаронро ос карда, ба чашм кашанд, пардаи онро рафъ менамояд.

— Заҳраи кабкро ба чашм чаконанд, пардаро нест мекунад.

— Заҳраи хушки бузро ос карда, ба чашм кашанд, пардаро гум мекунад.

— Талхшувоқи хушкро маҳин соида, чун сурма ба чашм бикашанд, пардаи онро дур месозад.

— Қаранфули гарданро соида, ба чашм кашанд, пардаро нест мекунад.

— Ҷигари бузи кўҳиро соида, ба чашм кашанд, барои рафъи пардаи чашм муфид аст.

— Шири занеро, ки нав таваллуд карда бошад, бо қанди кўфта ба чашм пошанд, пардаи онро гум мекунад.

Муолиҷаи гули чашм

— Пўсти беруни тухми мурғро то мисли оҳак сафед шуданаш сўзонида, бо асал омехта, ба чашм кашанд, гули чашмро рафъ мекунад.

— Асалро ба танҳоӣ ё бо оби пиёз бимоланд.

— Оби чукриро дар офтоб ғафс карда, чун сурма ба чашм кашанд, гули онро рафъ месозад.

— Заҳраи хушки говро нарм карда, ба чашм бикашанд.

— Решаи бепўсти ширинбияро орд карда, ба чашм бикашанд, гули онро рафъ месозад.

— Хокистари чукриро соида ба чашм бикашанд.

— Хокистари зардчўбаро ба чашм бикашанд.

— Заъфаронро бо оби набот ҳал карда, он обро ба чашм чаконанд.

— Шохи гавазнро соида, бо шири зан омехта карда,ба чашм кашанд, гули кўҳнаро рафъ менамояд.

Роҳҳои равшан кардани чашм

— Гарди гули бунафшро ба чашм кашанд, чашмро равшан мекунад.

-Дорчинро ба чашм кашидан, хўрдан ва бўй кардан чашмро равшан мекунад.

— Сурмаро ба чашм кашидан саломатии онро нигоҳ дошта, хирагии чашмро рафъ менамояд.

— Зардчўбаро соида ё хокистари онро ба чашм кашанд, равшании онро зиёд мекунад.

— Қаранфули гарданро маҳин соида, ба чашм кашанд, равшании онро зиёд менамояд.

— Ширинбияи бепўстро маҳин соида, онро ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад.

— Оби барги турбро ба чашм чаконидан, чашмро қувват мебахшад.

— Шилми гелос ё олуболуро ос карда, чун сурма ба чашм кашидан чашмро равшан мекунад.

— Шалғамро бо гўшт пухта хўранд, чашм равшан мешавад.

— Заҳраи хурўс чашмро равшан менамояд.

— Заъфаронро бо набот ба чашм кашанд, чашмро равшан месозад.

— Сафедии тухми мурғро бо равғани холиси гов ба чашм кашанд, чашм равшан мешавад.

— Хўрдани равғани моҳӣ давои шабкўрист.

Одинамамад МИРЗОЕВ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба