Зеҳн

Чанд даво аз барги ғор

КИ
Китобдор14 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Чанд даво аз барги ғор.

Барги ғор яке аз кабудиҳои серистеъмол буда, онро дар пухтани шўрбо, соус, гўштбирён, шавла, намакхобонии сабзавот ва ғайра истифода мебаранд. Азбаски ғор дар иқлими субтропикӣ мерўяд, дар барги он энергияи зиёди офтоб захира мешавад. Ҳангоми хушк кардани баргаш низ бисёр хосиятҳои шифобахшии он маҳфуз мемонад. Ин кабудии хушмазза барои чандин дардҳо давост:

МУОЛИҶАИ ДИАБЕТ

Бо ёрии барги ғор сатҳи қанди хунро метавон паст кард. Барои ин ба термос 10 дона барги ғорро андохта, аз болояш 3 истакон оби ҷўш бирезед. Баъди 3 соат он ба истифода тайёр мешавад. Ин даворо ним истаконӣ рўзе 3 бор ним соат пеш аз ғизо истеъмол кунед. Мўҳлати муолиҷа 2 ҳафта. Сипас 2 ҳафта дам гирифта, боз муолиҷаро идома диҳед.

ДАВОИ ХАРОБШАВӢ

5 — 6 барги ғорро майда карда, ба як истакон оби хунук андохта, шаб то саҳар дам диҳед. Субҳгоҳон ин обро 15 дақиқа ҷўшонед. Ҷўшобаро 30 дақиқа монед, то хунук шавад. Аз дока гузаронида, онро рўзе 3 бор ним соатӣ пеш аз хўрок истеъмол кунед. Муддати муолиҷа як ҳафта. Сипас ду ҳафта танаффус кунед. Барои хушхўр шуданаш метавонед ба ин даво каме занҷабил (имбир), қаланфури гардан (гвоздика) ва асал ҳамроҳ намоед.

МУОЛИҶАИ БЕМОРИҲОИ ДАҲОН

Барои муолиҷаи стоматит, гингивит ва парадонтоз як соат пеш ё баъд аз ғизо барги ғорро хоидан лозим. Ин амал бўи даҳонро низ нест мекунад.

ДАВОИ БЕХОБӢ

Бўи барги ғор мисли нардсунбул (валериана) касро ором месозад. Якчанд барги ғорро дар болишт бидўзед, “барра барин” хоб меравед. Ин амал махсусан барои кўдакон муфид буда, боиси хоби бароҳаташон мегардад.

ДАРМОНИ БЕМОРИҲОИ ПЎСТ

Хосиятҳои зиддимикробии барги ғор имконият медиҳанд, ки онро барои муолиҷаи аллергия, хоришак ва захмҳои сиҳатнаёфта истифода баред. Бо ин мақсад барги ғорро дар кофемайдакунак тавре майда кунед, ки 1,5 қошуқи ошхўрӣ орди он ҳосил шавад. Онро ба болои 1 истакон равғани растанӣ андохта, омехта кунед ва 1 ҳафта дар яхдон гузоред. Ҷойҳои иллатёфтаро рўзе 2 бор бо ин марҳам даво кунед. Захму ҳар гуна доначаҳо ба зудӣ сиҳат мешаванд.

ДАВОИ БЕМОРИҲОИ ЗАНБУРЎҒӢ

Барги ғор хосияти зиддизанбурўғӣ дорад. Махсусан пойҳоро аз арақ кардан халос месозад. Даҳ дона барги ғорро ба ним литр оби ҷўш андохта, як соат дам диҳед. Ҳафтае 2-3 маротиба дар ин даво кафи пойҳоро тар намоед. Бўйи пой ва арақкунии он барҳам мехўрад.

ДАРМОНИ БЕМОРИҲОИ ГУРДА

Барги ғор хосияти пешобронӣ дорад. Аз ин рў, барои пешгирию муолиҷаи бемориҳои гурда муфид аст. Дар зарфе ба як қошуқча баргҳои хушки майдакардаи ғор 2 истакон оби ҷўш рехта, 2 соат ҷўшонед. Сипас 3 соат дам диҳед. Рўзе ду бор як қошуқӣ бинўшед.

АГАР ОРУ ГАЗИДА БОШАД

Барги ғорро хойида, зуд ба ҷои нешзадаи занбўр гузошта, бо латтае ё пластир бубандед. Варам ва сўзишу хориши ҷои нешзада тез таскин меёбад.

БАРОИ ХУШБЎЙ КАРДАНИ ХОНА

Барги ғор бо сабаби аз равғани эфир бой буданаш хосияти дезинфексиякунӣ дорад. 10-15 барги ғорро дар зарфи сирдор ҷўшонда, зарфро бо он об дар ҳуҷра гузоред. Бўи хуши барги ғор дар хона паҳн мешавад ва бактерияҳои бемориовар маҳв мегарданд.

ҲУШДОР

Давоҳои барги ғор барои занони ҳомила, кўдаки ширхора, беморони дорои захми меъда ва рўдаи 12-ангушта, шаклҳои вазнини диабет тавсия дода намешавад.

Таҳияи С. НАҶМИДДИНЗОДА

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2