Навъи зардолу
Зардолу дар бештар аз 40 мамлакати дунё дар майдони 488344 га бо истеҳсоли 3,9 миллион тонна парвариш карда мешавад. Ҳосилнокӣ 25 - 30 т/га. Бузургтарин истеҳсолкунандагон дар
Европаи Ғарбӣ кишварҳои Италия, Испания ва Юнон мебошанд. Дар Осиё аз ҳама зиёдтар зардолу дар кишвари Туркия ҷамъоварӣ мегардад, ин бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи зардолу дар ҷаҳон мебошад.
Дар меваҳои диққатҷалбкунанда ва ниҳоят бомазза миқдори зиёди қанд, калий, туршиҳои органикӣ, пектин ва витаминҳо мавҷуданд. Аз ин меваҳо урюк, курага, мураббо, шепталу ва повидло тайёр мекунанд. Аз донакҳо равған тайёр карда мешавад, ки витаминҳои А, Д, С, Е – ро хеле хуб ҳал мекунад.
Дар Ҷумҳури зиёда аз 100 навъи зардолу парвариш карда мешавад ва қариб ҳамаи онҳо селексияи маҳаллӣ – тоҷикӣ мебошанд. Тавассути дар мағзаш мавҷудияти витамини В17, ки бо номи амигдалин машҳур аст, ин маҳсулот талаботи хело калон дорад. Мувофиқи татқиқоти олимон амигдалин метавонад, ҳуҷайраҳои саратонро вайрон кунад, дар вақте ки ба ҳуҷайраҳои солим таъсире надорад
Хусусиятҳои афзоиш ва ҳосилдиҳӣ
Дарахтони зардолуро бо ду усул - тухмӣ ва нашвӣ зиёд мекунанд. Ҳангоми аз тухм афзоиш кардани дарахтони мева, одатан, аломатҳои авлодӣ ва сифатии модарӣ такрор намешаванд ва дар организми авлоди нав хосиятҳои ба авлоди худрўяш хос зоҳир мегардад. Дарахтони аз тухм сабзида хор пайдо мекунанд, меваи онҳо хурд ва белаззат шуда, мўҳлати бороварӣ кашол меёбад.
Усули аз тухм зиёд кардани дарахтони мева барои рўёнидани ниҳоли хасаки пайвандшаванда, инчунин дар корҳои селексионӣ (барои рўёнидани навъҳои нави дарахтони мева бо тарзи дурагакунӣ) кор фармуда мешавад.
Бо таври нашвӣ зиёд кардани дарахтони мева барои рўёнидани ниҳолҳои ҳамаи рустаниҳои мевадеҳ усули ягона мебошад.
Бисёр хусусиятҳои хоси физиологии дарахтони мева ба он вобаста аст, ки бо кадом тарз онҳоро зиёд мекунанд. Аз тухм организми нави пурқуввати қобили ҳаёт - организми ҷавон пайдо мешавад, ки решаи он хеле инкишоф мекунад ва ба омилҳои номусоид, аз ҷумла ба таъсири ҳарорати паст, камнами, касалиҳою ҳашароти зараррасон бештар тобовар мебошад.
Дар аснои афзоиши нашвӣ рустании нав пайдо мешавад, ки узвҳои он кўҳна буда, ба омилҳои номусоиди муҳит камтар устувор мешаванд. Бинобар ин, ҳангоми рўёндани ниҳолҳо дар айни замон ҳар ду тарзро ба кор мебаранд.
Аз тухмӣ аввал пайвандтакҳоро месабзонанд, ки худи ҳамон сол ё баҳор ва тобистони соли оянда ба он пайванддўстҳои аз дарахтони модарии хушзот гирифтаро пайванд мекунанд.
Мирсанҷалӣ
Мева 15 – 22 гр вазн дошта, тухммонанди кулӯла буда, нӯги тез дорад. Мевааш аз ду ҷониб гӯё пачақ карда шудааст. Гӯшти мевааш зарди равшан, зиччиаш миёна. Дорои қанди баланд буда, мулоим, туршиаш паст. Донакаш миёнаандоза буда, аз гӯшташ бо тезӣ ҷудо мегардад. Мева дар шохи дарахт мустаҳкам меистад ва баъди хушк шуданаш ҷамъоварӣ мегардад. Нисбати дигар навъҳо ба сармо тобовар . Ширинӣ ва тамъи меваи тару хушкаш ба худ ҳамто надорад.
Хурмоӣ
Вазни меваи 22 – 30 гр. Рангаш зарди сурхинатоб. Зиччии гӯшташ пурра буда, маззаи ширинча дорад. Қандаш то 14 -16%. Мағзаш бомазза. Мевааш дар шохаи тана дер меистад. Аз меваи он хушкмеваи баландсифати қайса ва баргак тайёр карда мешавад. Меваи хушкаш ниҳоят бозоргир буда, аз ҷиҳати ҳаҷмаш, рангаш ва таъмаш хеле баҳои баланд дорад.
Бинигорӣ
Андозаи мевааш миёна (30х28мм) буда, хати намоёне аз мобайн гӯё онро ба ду ҳиссаи баробар тақсим мекунад. Рангаш норинҷии равшан буда, тарафи офтобрӯяи он ранги пасти сурх дорад. Мева дар шоху навда мустаҳкам меистанд. Мевааш сергӯшт буда, маззаш бо андак туршӣ ширин аст. Дар намуди тару тоза ва хушк истифода мегардад. Донакаш дарози байзашаклу маҳин, бо ранги ҷигарии баланд, мағзаш бомазза мебошад.
Субҳонӣ
Андозаи мевааш хеле калон ва байзавии нӯгтез аст. Ранги дохили гӯшти мевааш зарди норинҷӣ, бо бӯи на онқадар баланд, донакаш бузург, аз гӯшташ хуб ҷудо мегардад. Мева то паҷмурдаву хушк гаштан дар шох меистад. Аз меваи тару тозаи он шириниҳои гуногун тайёр кардан мумкин аст. Асосан барои хушконидан истифода мебаранд. Дар ҳолати нимпаз буданаш, барои содирот хеле қулай аст. Ба хунукӣ он қадар тобовар нест.
Аҳмадӣ
Андозаи мевааш миёна (31х41мм), вазнаш 30 - 35гр аст. Шаклаш доирашакли нобаробар, як қисмаш назар ба қисми дигараш калонтар мебошад. Мевааш дар аввалҳои моҳи июн пухта мерасад. Ранги мева аз як қисмаш баланди норинҷӣ буда, гӯшташ пурра аст.
Мазааш ширин, бӯи хуш дорад. Қанди меваи тару тозааш 18%, андозаи донакаш миёна. Дарахташ доирашакл, хеле устувор буда, барвақт ба ҳосилдиҳӣ оғоз менамояд. Як дарахт дар соли 13 - 14 парвариш 50 – 60 кг ҳосил медиҳад ва ин ба 120 - 140 с/га рост меояд. Истифодабарии мевааш универсалӣ мебошад.
Тоҷибой
Мевааш бо андозаи миёна (36х34х33мм), вазнаш 22 гр, дарозрӯяи аз ду ҷониб пахшхӯрда мебошад. Гӯшти мевааш пурра бо ранги зарди паст, қанди баланд ва андаке туршӣ дорад. Вазни донакаш 1,7 гр буда, на он қадар калон ва аз гӯшташ хуб ҷудо мегардад. Мағзаш ширин. Сифати меваи хушкаш баланд. Дар соли 13 – 16 50 - 60 кг ҳосил медиҳад. Мева дар шоха ҳатто дар ҳолати хушк шудан низ сахт меистад. Мевааш барои аз як ҷо ба ҷои дигар бурдан хеле мувофиқ, истифодашавиаш универсалӣ мебошад.
Қандак
Навъи маҳаллӣ. Мевааш нисбатан хурд, 13 гр вазн дошта, доирашакли аз ду ҷониб андаке фишурда. Пӯсти мевааш хеле нозуку беҷило, мағзаш норинҷии равшан, мазааш бо андак туршӣ хеле ширин аст. Мевааш бӯйи баланд хушу дилкаш дорад. Донакаш на он қадар калон, вазнаш 0.95 - 1.00 гр. Мағзаш хеле ширин. Баъди пухта расидан дар шохи тана на он қадар мустаҳкам меистад.
Ҷамъовари ҳосили дарахтон.
Масъалаи механизасияи ҷамъоварии ҳосили зардолу хеле мураккаб аст. Ҳиссиёти баланди меваҳо ба вайроншавӣ ва афтиши онҳо ба шоху баргҳои дарахтон механизасияи ҷамъоварии ҳосили боғотро душвор мегардонад. Дар замони ҳозира ҷамъоварии ҳосил ба тариқи дастӣ ва мошинӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳангоми ҷамъоварии ҳосил бо роҳи дастӣ, асбобҳои оддии дастиву боғбонӣ (харак норбон ва ғайра) истифода мегарданд.
Ду намуди ғундоштани ҳосил истифода шуда истодааст: инфиродӣ ва ҷамъкунии гурўҳӣ бо механизмҳои гуногун ва ҷамъоварии гурўҳи бо мошинҳои махсус.
Муқаррар кардани вақти ҳосилғундорӣ.
Ҳосилро мунтазам, то пурра пухта расидани зардолу дар дарахтон, ҷамъоварӣ менамоянд.
Расидани зардолу дар аввал дар шохаҳои болоӣ оғоз ёфта, баъдан ба қисми мобайн ва билохира дар қисмати поёнии дарахтон анҷом меёбад. Ҳосил дар се давра ҷамъоварӣ мегардад. Меваи пухтаи он донаҳое мебошанд, ки ба осонӣ чида шуда, дорои гўштдилаи нарму мулоим мебошанд ва ҳангоми дар оянда пухтани мева туршии он кам шуда, сатҳи моддаҳои хушк зиёд мегардад.
Усулҳои қобили қабули ҳосилғундорӣ.
Тарзи беҳтарини ҷамъоварии меваи зардолу ин усули дастӣ мебошад. Зеро дар ин ҳолат мева хароб намешавад. Ба ғайр аз он, метавон бо истифода аз ин усул ҷамъоварии меваҳои хоми он пешгирӣ карда шавад. Меваҷот набояд зиёд нарму мулоим шуда бошанд.
Ҷамъоварии меваи зардолу субҳи барвақт ва ё бегоҳӣ анҷом дода мешавад. Дар ин давра зардолу беҳтар ҷудо карда мумкин аст. Обёрии хокро ҳафтае пеш аз ҳосилғундорӣ анҷом медиҳанд.
Зеро баъди обёрӣ дар мева миқдори об зиёд шуда сабаби пастшавии қанди он мегардад. Илова бар ин баъди обёрӣ ҷамъоварии ҳосил мушкил мешавад.
Ҷамъоварии дастии ҳосил бо ёрии асбобҳои оддии боғбонӣ
Ҷамъоварии мева бо тарзе звеногӣ (гурўҳ иборат аз 3 - 4 нафар), ки ҳосилро бо ёрии норбон ҷамъоварӣ мекунанд, натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Як нафар дар норбон рост истода ҳосилро аз шохҳои болоии дарахт ҷамъ меорад, дигаре, ҳосилро аз қисми мобайни дарахт ва сеюмин ҳосилро аз замин ҷамъоварӣ мекунад. Як нафар бошад ҳосилро аз дасти онҳо гирифта ба қуттиҳо чой намуда, болои ҳам мегузорад.
Норбонҳо ва харакҳои боғбонӣ бояд мустаҳкам бошанд, то ки кори бовариноки ҷамъоварандаро таъмин намоянд, сабук, қулай ва барои аз як ҷой ба ҷои дигар бурдан мувофиқ бошад.
Норбон – (стремянка) ЛСУ – 3,5 аз норбони чўбин то 1,7 маротиба сабук аст. Истифодабарии норбон ҳосилнокии меҳнатро 1,43 маротиба зиёд намуда 28,6 % хароҷотро нисбат ба норбони чўбӣ паст мегардонад.
Қутиҳои барои гирифтани мева истифодашаванда, бояд ҳаҷман хурд ва сабук бошанд, дар вакти кашонидан аз байни шоххои дарахт озодона гузаранд.
Аз ҳама зиёдтар сабат, сатилхо, халтаҳои ҳосилғундорӣ ва вақтҳои охир сатилҳои пластмассии тагаш кушодашаванда васеъ истифода шуда истодаанд.
Нигоҳдории зардолу дар анборхона ва сардхонаҳо
Барои нигоҳдории дуру дароз танҳо зардолуҳои сатҳашон сахт истифода мегарданд (аз зоҳир онҳо нопӯхта ба назар мерасанд).
Дар сатҳи меваҳо набояд доғҳои пайдоишашон номаълум, захмҳо ва осори зарари зараррасонҳо бошад.
Агар миқдори зардолу бисёр бошад, пас онҳоро дар қуттиҳои чубин нигоҳдорӣ менамоянд, тавсия аст, ки ҳар мева дар қоғаз печонида шавад.
Мумкин аст, қуттиҳое истифода гарданд, ки лоннаҳо доранд ва ҳар мева дар онҳо дар алоҳидагӣ ҷой дода мешавад.
Ба таври тудда нигоҳдории зардолу тавсия дода намешавад, ин мӯҳлати нигоҳдориро хело кам мекунад.
Инчунин метавон зардолуро тариқи хушк кардан, ях кунонидан ё пажмурда кардан нигоҳ дошт.
Дар яхдон танҳо зардолуҳое, ки пурра пухтаан нигоҳ доштан лозим аст.
Борҷҷомакунонии зардолу дар полиэтилен тавсия намешавад (беҳтар аст, ки қоғази сафеди тунук истифода гардад)
Зардолу баъди чидан, метавонанд танҳо дар ҳарорати +10 то +15оС пӯхта расад
Зардолуро дар яхдон метавон дар борҷомаи сарпӯшида нигоҳ дошт.
Ба кадом мӯҳлат ва дар кадом ҳарорат бояд зардолуро нигоҳ дошт
Шарти асосии дар намуди тару тоза нигоҳдории зардолу ин нигоҳдории реҷаи ҳароратӣ ба шумор меравад. Агар ҳарорат аз +10 дараҷа зиёд гардад, пас зардолу метавонад бо шиддат пӯхта расад.
Барои зардолуи пӯхтанарасида ин шароит муқарарист, вале зардолуи пӯхтарасида, дар ин ҳарорат, тез вайрон мешавад. Мӯҳлати муқарарии нигоҳдории зардолу 3 ҳафта мебошад. Пас аз ин муддат, мева метавонад пажмурда шавад ва маззаашро гум кунад. Навъҳои дерпаз дарозтар нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳарорати муқарарии нигоҳдории зардолу 0 дараҷа ва намии ҳаво аз 90 то 95% ҳисобида мешавад. Мӯҳлати нигоҳдории зардолу дар ин ҳолат ба ҳисоби миёна 30-50 рӯзро ташкил медиҳад. Дар яхдон (дар қуттии нигоҳдории мева) зардолу 10 рӯз тару тоза мемонад. Ҳангоми зиёдтар нигоҳдорӣ кардан сохтори дилла вайрон шуда, он мулоим ва нахдор мегардад.
Зардолуи пухтанарасидаро дар яхдон нигоҳ намедоранд. Раванди пухтарасидан дар сармо идома намёбад ва шакли зардолу тез вайрон шуда, ба пӯсидан шуруъ мекунад. Дар зарфҳо зардолуро дар яхдон то 7 рӯз нигоҳ доштан мумкин аст.Зардолуи яхкардашуда бӯй ва маззаи бойи худро гум намекунад, аммо пас аз об кардан онҳо мулоим мешаванд. Дар сармодон, меваҳоро пурра ё бедонаки ду тақсим кардашуда, нигоҳ доштан мумкин аст. Мӯҳлати нигоҳдорӣ дар ин ҳолат зиёда аз 6 моҳро ташкил хоҳад дод.
Бастабандӣ
Қуттиҳои чӯбин зарфҳои хеле маъмул байни фермерон барои борҷомакунонии зардолу мебошанд.
Дар қутти 10-12 кг зардолу ҷой мегирад. Ингуна қуттиҳо дар маҳал тайёр карда мешаванд ё аз кишвари Руссия ва Узбекистон дастрас мегарданд.
Қуттиҳои пластикӣ Сехҳои тайёр намудани ингуна қуттиҳо дар Тоҷикистон (Душанбе, Хуҷанд, Хатлон) мавҷуданд. Нархи ин гуна қутти аз 0,60 то 1,0 долл мебошад.
Интиқоли зардолу
Интиқоли зардолу ҳамчун маҳсулоти зудвайроншавандаи хӯрокӣ қоидаҳои ягонаи ҳамлу нақл дорад.
Аввалан, ҳар чи зудтар мол ба манзил расад, ҳамон қадар беҳтар аст. Сониян маҳсулот бояд дар намуди хунуккардашуда бо истифода аз таҷҳизотҳои махсуси сардкунӣ интиқол дода шавад.
Меваи зардолу асосан бо намудҳои зерини нақлиёт интиқол дода мешавад:
Авиатсионӣ (ҳавоӣ). Афзалияти асосии истифодаи ин намуди нақлиёт дар мӯҳлати кӯтоҳ ба манзил расонидани маҳсулот аст. Ин намуди нақлиёт бештар барои борҳои хурди сабук
(бештар то 100 кг), инчунин барои борҳои гаронбаҳо ва пурарзиш истифода мегардад. Ягона нуқсони истифодаи ин намуди нақлиёт арзиши баланди интиқол барои ҳаҷми калон ва вазни зиёди маҳсулот мебошад.
Баҳрӣ
Автомобилӣ. Таҳвили мол тавассути автомобил нисбати нақлиёти ҳавоӣ талаботи бештар дорад. Афзалияти асосии истифодаи ин намуди нақлиёт қимати на он қадар баланди интиқоли воҳиди маҳслулот мебошад. Вале истифода ин намуди маҳсулот ҳангоми интиқоли ҳаҷми зиёди маҳсулотҳо ҷолиб аст.
Мунтимодалӣ (омехта). Ин чунин маъно дорад, ки мева аввалан тавассути автомобил то фурудгоҳ интиқол дода мешавад, баъдан интиқоли маҳсулот ба воситаи ҳавопаймо ба роҳ монда мешаванд ва боз аз майдони ҳавоӣ ба воситаи автомобил интиқол дода мешавад ва ё дигар комбинатсияҳои интиқол истифода мегарданд.
Рамзи меваи зардолу ҳангоми содирот 0809 10 000 0 буда, тарифи асоси 5% ва андоз аз арзиши иловашуда 20% мебошад.
Талаботҳои стантартӣ ба сифати маҳсулот
Талаботи стандартҳои комиссияи Аврупоии иқтисодии СММ FFV-02, доир ба фурўш ва назорати зардолуҳои тару тоза
Муқаррароти ба сифат тааллуқдошта а) Талаботҳои минималӣ зардолуҳои тару тозаи ҳамаи навъҳо, бо назардошти муқаррароти махсуси барои ҳар як навъ пешбинигардида ва меъёрҳои иҷозатдодашуда бояд чунин бошанд: маҳсулоти осеб надида; сифати хубро соҳиб будан, маҳсулоти ба вайроншавӣ ва дигар намудҳои пўсиш дучоргардида, ки барои истеъмол корношоям аст, иҷозат нест; тоза, бе ягон моддаҳои бегона; амалан бе ҳашароту зараррасонҳо; бе дилаки аз ҳашароту зараррасонҳо осебдида; бе намнокии зиёдатии дар сатҳ; бе бўй ва лаззатҳои бегона.
Дараҷаи ташаккулёбӣ ва ҳолати зардолуҳои тару тоза бояд чунин бошанд, ки он тавонад: интиқолдиҳӣ, боркунӣ ва борфурориро бардошт намояд; ба макони лозима дар ҳолати қаноатбахш расонида шавад. б) талатбот ба пухтарасӣ
Дараҷаи рушд ва пухтарасии зардолуҳо бояд чунин бошанд, ки имкон диҳад раванди пухтарасӣ идома ёбад, ба дараҷаи пурраи камолот расанд. Ранги ба навъи додашуда хос, ки ранги маҳсулоти хомро иваз менамояд ҳадди ақал дар 30% сатҳи мева дида шавад. в) тасниф
Зардолуҳои тару тоза ба 3 навъи молӣ ҷудо мешавад: навъи аъло, 1 ва 2.
Навъи аъло.
Зардолуҳои тару тозаи навъи молии аъло бояд сифати хуб, аломатҳои хоси гуногуннамудӣ бо назардошти хусусияти минтақаи дар он парваришшударо соҳиб бошанд. Дилаки зардолуҳо бояд комилан хуб бошад. Онҳо бояд нуқс надошта бошанд, ғайр аз нуқсҳои на чандон зиёди сатҳӣ, дар мавриде ки онҳо ба намуди умумии зоҳирӣ, сифат ва нигоҳдории намуди молии маҳсулот дар борпеч таъсир намерасонанд.
Навъи 1
Зардолуҳо бояд сифати хуб, аломатҳои хоси гуногуннамудӣ бо назардошти хусусияти минтақаи дар он парваришшударо соҳиб бошанд. Дилакашон низ бояд комилан хуб бошад. Аммо, метаонад чунин нуқсҳои на чандон зиёд, дар мавриде, ки онҳо ба намуди умумии зоҳирӣ, сифат ва нигоҳдории намуди молии маҳсулот дар борпеч таъсир намерасонанд, иҷозат дода шаванд: нуқсҳои на чандон зиёди шакл; нуқсҳои на чандон зиёди рушди мева; маҷақшавии на чандон зиёди мева, дар масоҳати умумии 1 см2; нуқсҳои на чандон зиёди пўст,аз ҷумла тарқишҳои на чандон зиёди баҳамомада, ки бояд аз меъёри зерин зиёд набошад: Дарозии 1 см барои нуқсҳои шаклашон дарозрўя; дар масоҳати умумии 0,5 см2 мавриди дигар нуқсҳо; то 10%-и масоҳати сатҳи мева дар мавриди сиёҳтобавии шахшул.
Навъи 2.
Зардолуҳое, ки ба навъҳои болоӣ дохил карда нашудаанд, аммо ба талаботи минималии дар боло номбурда ҷавобгў мебошанд. Дилакашон на бояд нуқсҳои назаррас дошта бошад. Метавонад чунин нуқсҳо, дар мавриде, ки онҳо ба намуди умумии зоҳирӣ, сифат ва нигоҳдории намуди молии маҳсулот таъсир намерасонанд, иҷозат дода шаванд: нуқсҳо дар шакли мева; нуқсҳо дар рушди мева, аз ҷумла донаҳои кафида, дар мавриде, ки мева маҳкам боқӣ мемонад ва ба дилаку сифати рангаш таъсир намерасонад; захмбинии дар масоҳати умумии на зиёда аз 1 см2; нуқсҳои пўст, аз ҷумла тарқишҳои на чандон зиёди баҳамомада, ки бояд аз меъёри зерин зиёд набошад: Дарозии 2 см барои нуқсҳои шаклашон дарозрўя; дар масоҳати умумии 1 см2 мавриди дигар нуқсҳо; то 15%-и масоҳати сатҳи мева дар мавриди сиёҳтобавии шахшул.
Муқаррароти андозабандӣ
Андозабандии зардолу аз рўйи қутри максималии буриши кўндаланг амалӣ карда мешавад.
Андозабандӣ барои меваҳои навъи аъло ва якум ҳатмӣ мебошад. Қутри минималии зардолуҳо бояд 30 мм-ро новобаста аз навъ ташкил диҳад, фарқиятҳои максималӣ дар андозаи меваҳо дар як борпеч бояд на зиёда аз 5 мм барои навъи аъло ва на зиёда аз 10 мм барои навъи 1 ва 2 т бошад.
Муқаррарот ба меъёрҳои иҷозатдодашуда
Дар ҳамаи марҳилаҳои фурўш, дар тўдаи маҳсулот мавҷудияти маҳсулоти ба навъи додашуда аз рўйи сифат ва андоза ҷавобгў набуда иҷозат аст.
а) Иҷозатҳо дар сифат
Навъи аъло.
Ҷамъулҷамъ мавҷудияти то 5% маҳсулоти аз рўйи миқдор ва вазн зардолуҳои ба талаботи навъи аъло ҷавобгў набуда, аммо ба талаботҳои навъи 1 ҷавобгў буда – иҷозат аст. Дар доираи ин меъёри иҷозатдодашуда метавонад на зиёда аз 0,5% маҳсулоти ба талаботи навъи 2 ҷавобгў буда, метавонад вуҷуд дошта бошад.
Навъи 1.
Ҷамъулҷамъ мавҷудияти то 10% маҳсулоти аз рўйи миқдор ва вазн зардолуҳои ба талаботи навъи молии 1 ҷавобгў набуда, аммо ба талаботҳои навъи 2 ҷавобгў буда – иҷозат аст. Дар доираи ин меъёри иҷозатдодашуда метавонад на зиёда аз 1% маҳсулоти ба талаботи навъи 2 ва ба талаботҳои минималӣ ҷавобгў набуда, инчунин заволёфта вуҷуд дошта бошад.
Навъи 2.
Ҷамъулҷамъ мавҷудияти то 10% маҳсулоти аз рўйи миқдор ва вазн маҳсулоти ба талаботи навъи молии 2 ва талаботҳои минималӣ ҷавобгў набуда - иҷозат аст.
Дар доираи ин меъёр метавонад то 2% маҳсулоти дорои тарқишҳо, донаҳои кафида ва заволёфта низ дохиланд.
б) Меъёрхои иҷозатдодашуда дар андоза
Дар ҳамаи категорияҳои сифат ҷамъулҷамъ мавҷудияти то 10% зардолуҳои аз рўйи вазн ва миқдор ба талаботи додашудаи андозабандӣ то 3 мм аз андозаи муқарраргардидаи дар борпеч нишондодашуда фарқкунанда иҷозат аст.
Муқаррарот оид ба намуди молии маҳсулот
а) якхелагӣ
Таркиби ҳар як борпеч бояд якхела бошад ва танҳо аз як намуд иборат бошад. Зардолуҳои навъи аъло бояд ранги якхела дошта бошанд. Қисми дидашавандаи борпеч бояд ба маълумоти ба борпеч ҷойдодашуда мувофиқат намоянд. б) борпечонӣ
Зардолуҳо бояд тарзе ҷойгир карда шавад, ки нигоҳдории мусоиди он таъмин гардад. Маводҳои дар дохили борпеч истифодашаванда бояд тоза ва дорои сифате бошанд, ки осеббинии беруна ва дохилии маҳсулотро ба вуҷуд наорад. Истифодаи маводҳо, аз ҷумла қоғаз ё тамғаҳо бо хусусиятҳои хоси савдо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки навиштаҷот ё тамғаи часпонида-шаванда дар худ ранг ё ширеши заҳролуд надошта бошад. Тамғақоғази ба меваҳо часпонидашаванда бояд тарзе бошад, ки ҳангоми ҷудо намудани он дар танаи маҳсулот доғҳои ширеш ва нуқсҳо дар пўст пайдо нашавад. Дар борпечҳо/қуттиҳои бояд ягон маводи бегона вуҷуд надошта бошад.
Муқаррарот ба тамғақоғазҳо
Дар ҳар як борпеч бояд возеҳ ва бо ҳарфҳои шустанашаванда маълумоти зерини дар як паҳлу ҷойдодашуда ва аз берун дидашаванда ҷой дода шаванд: а) аломатҳои ишоратӣ: яъне муассисаи борпечкунанда / фиристонанда: номгў ва нишона (масалан, шаҳр, ноҳия, кўча, индекси почта ва мамлакати истеҳсолкунанда) ё ишораи кодии мақомоти расмии миллии эътирофгар-дидаи дар ин самт ҷавобгар.
б) намуди маҳсулот:
“Зардолу”, дар мавриде, ки маҳсулоти дар борпеч мавҷудбуда аз берун дида нашавад; номи гуногуннамудӣ барои навъҳои аъло ва якум; в) баромад (пайдоиш)-и маҳсулот:
Мамлакати пайдоиш, ба таври факултативӣ ноҳияи истеҳсол ё номи маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллии он;
г) тавсифи молӣ: навъ; андоза (мавриди андозабандӣ), бо қутри хурдтарин ва калонтарин.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё