Зеҳн

«Ба инсонҳое, ки тез асабонӣ мешаванд, рӯзадориро тавсия медиҳам»

ЗЕ
Зеҳн13 ноябри 2024 · 6 дақиқа хондан

Олим, невропотолог Зарифбой Ибодуллоев дар кадом ҳолати бемориҳои невропотогӣ надоштани рӯзаро бо такя ба мухбири «Дарё Уз» гуфтааст. Ба гуфтаи ӯ беморони эпилепсия ҳар 4 ё 12 соат доруҳои заруриро истеъмол мекунанд. Дар ин ҳолат саҳарӣ 1 дона ва пас аз ифтор 1 дона истеъмол кунад, дуруст меояд. Як намуди инсулт ҳаст, ки дар ин ҳолат рӯза доштан номумкин. Дар бемороне, ки саршавии инсулт 3-6 ё 1 сол шуда бошад, доруҳои лозимаро саҳарӣ ва пас аз шом истеъмол кунад, мувоқи мақсад мешавад. «Бисёриҳо аз пурхӯрӣ ё хӯрокҳои серравған фишори хунашон баланд мешавад. Дар байни намудҳои фишорбаландӣ -аритмия бемории бемории дилу рагҳои ноаён аст-мегӯяд, неврапотолог. Чуноне, ки ӯ таъкид мекунад рӯзадорӣ барои депрессия ва невроз ниҳоят фоидаи калон дорад. Дар бемориҳои невроз ва депрессия бисёртар ҳолатҳои вайроншавии кайфият, беҷошавӣ афзои инсон ба назар мерасад. Рӯзадорӣ айнан сабр, тартибро шакл медиҳад, майнаи сар бошад тартибро дӯст медорад -мегӯяд, ӯ.

Рӯзадори ахлоқро қавӣ мегардонад. Рӯзадори ёди Аллоҳ Таъолро дар дили мо бедор гардонида, масъулиятшиносиро бештар намуда, дилро аз ҳисиёти разилона ва қабеҳ пок гардонида, аз муносибати бад бо одамон ва рафтори номақбул нигоҳ дошта, билохира, моро тарбият мекунад. Рӯзадори чашми моро аз нигоҳи манъ шуда, забони моро аз дурӯғ ва суханҳои бемаънӣ, гӯшҳои моро аз ғайбат, ишками моро аз ғизои ҳаром, дастони моро амалҳои мазамматкунанда, пойҳои моро аз рафтан ба ҷойҳои манъкардашуда, муҳофизат ва нигоҳ медорад. Ҳикмати ибодат аз ин иборат аст, ки мо аз барои Аллоҳ Таъоло ҳукму фармони Ӯро ба ҷо оварем ва аз гуноҳҳо дар канор бошем.

Рӯзадори меҳру шавқатро зиёд мегардонад. Одаме, ки гуруснаги ва нодориро намедонад, ҳаргиз мушкилии одами наздикашро дарк карда наметавонад. Шахси рӯзадор, ки азоби гуруснагию машаққатро кашида, омодааст, ба одамони камбағал дасти ёрӣ дароз намуда, ба онҳо кумак мерасонад, то ки онҳо аз ин мушкилӣ раҳоӣ ёбанд.

Рӯзадори василаи қадр ва шукргузории неъматҳои ато кардаи Аллоҳ аст. Инсон ба қадри чиз он вақт мерасад, ки аз он маҳрум шуда бошад. Дар ин вақт рӯзадорон да бисёр неъматҳои ато кардаи Парвардигор дар канор мемонанд, ба қадри онҳо мерасанд, боз бештар эҳтиёт кардани онҳоро ёд мегиранд ва боз бештар шукри Аллоҳ Таъолоро барои ин неъматҳои ато намудааш мекунанд.

Рӯза доштан дар моҳи мубораки рамазон фарз буда, дар баробари ин, барои саломатӣ фоидаҳои зиёде дорад. Шахсоне, ки аз вазни зиёдатӣ азият мекашанд, рамазон барояшон шанси беҳтарин аст, то ки бо роҳи рӯза доштан вазни худро партофта, хушқаду қомат ва солим гарданд. Рӯза ҳама гуна ифлосиҳоро бароварда, ҷисми инсонро аз дарун пок месозад, аз ин лиҳоз барои одамони ҷигар ва роҳҳои талхагузарашон иллат дошта фоиданок аст. Ба гирифторони бемориҳои дил низ рӯзадорӣ фоида дорад. Дар моҳи шарифи рамазон бо шарофати рӯза доштан намакҳои дар ҷисми инсон ҷамъшуда низ оҳиста-оҳиста об мешаванд.

Тавре тадқиқотҳо нишон медиҳанд, рӯза гирифтан дар моҳи шарифи рамазон на танҳо барои солимии рӯҳу ҷон, балки барои саломатии дил аз манфиат холӣ нест. Мувофиқи хулосаи муҳаққиқони Донишгоҳи миллии Тунис сатҳи холестерини муфид дар ҷисми нафароне, ки дар моҳи рамазон рӯза мегиранд, 20% афзун мегардад.

Тавре маълум аст, холестерини зарарнок дар девораи рагҳои хунгард таҳшин шуда, хатари сар задани бемориҳои дилу рагҳои хунгардро меафзояд. Истеъмоли равғанҳои серғизо сатҳи холестерини зарарнокро дар ҷисм зиёд мекунад.

Дар бораи фоида доштани рӯзадорӣ зиёд шунидаем, вале тақвияти ин гуфтаҳоро бо факту далелҳои табибон-диетологҳо пешниҳод месозем.

Инак, чанд фоидаи рӯзадорӣ ба узвҳои гуногуни инсон:

Мағзи сар

Ҳангоми рӯзадорӣ ҷисм тамоми захираҳои чарбиро нобуд месозад ва ин боиси кам шудани сатҳи холестерин дар хун мегардад ва дар натиҷа эҳтимолияти гирифторшавӣ ба бемории инсулт камтар мегардад.

Дил

10% миқдори хунеро, ки дил ба ҷисм равона месозад, ба узвҳои ҳозима ворид мегардад. Дар моҳи рамазон ин фоиз паст мешаваду дил бо шиддати камтар кор карда, аз ҳад зиёд фарсуда намешавад. Дар ҷисми шахси рӯзадор чарбҳои ҷамъшуда мунтазам нест шуда, ба сатҳи холестерини хун, ки дар рӯзҳои муқаррарӣ асосан дар девораи рагҳо таҳшин шуда, сабабгори сар задани бемории артериосклероз ва баланд шудани фишори хун мешаванд, таъсири босамар мерасонад.

Хун

Рӯзадорӣ миқдори обро дар хун кам намуда, сабабгори ғафсшавии он мешавад ва ин боиси дар рагҳо кам гаштани хун ва коркарди бештари ҳормони простогландин мегардад. Дар натиҷаи зиёд шудани ҳормони мазкур фаъолияти кори рагҳои хунгард беҳтар, рӯ ба беҳбудӣ овардани бемории захми меъда ва дарди таваллудкунӣ сабук мегардад.

Ҳолати пӯст

Ҳангоми рӯзадорӣ дар таркиби пӯст, амсоли таркиби хун миқдори об кам мешавад ва ин сабабгори табобати бемориҳои зиёди пӯст, баландшавии масунияти бадан, кам шудани бемориҳои пӯст, кам шудани бемориҳои аллергикӣ ва ҳатто пешгирӣ намудани бемориҳои саратонӣ мегардад.

Узвҳои ҳозима

Шарбати меъда ҳангоми рӯзадорӣ кам шуда, туршнокии меъдаро, ки нафарони зиёде аз он азият мекашанд, паст ва дар натиҷа хатари сар задани бемории захми меъдаро пешгирӣ менамояд.

Ғадуди зери меъда

Рӯза имкон медиҳад, ки ғадуди зери меъда дар ин моҳи муқаддас истироҳат намояд. Ғадуди зери меъда аз худ инсулин ҷудо мекунад, инсулин бошад, моддаҳои хушк ва равғандорро ба қанд мубаддал мегардонад. Рафту миқдори инсулини ҷудошуда бо сабаби пурхӯрӣ дар ҷисм зиёдтар бошад, ба ҳолати ғадуди зери меъда таъсири манфӣ расонида, муҷиби хастагии инсон мегардад. Яъне, пурхӯрӣ сабаби халалдор гаштани фаъолияти ғадуди зери меъда ва ҷамъ шудани қанд дар хун ва дар натиҷа сар задани бемории диабети қанд мегардад.

Гурда

Кам шудани миқдори об дар ҷисм дар моҳи Рамазон ба кори гурдаҳо таъсири мусбӣ расонида, дар натиҷа фишори хун паст шуда, барои нафароне, ки аз фишорбаландӣ азият мекашанд, фоида дорад. Ҳамзамон дар моҳи рамазон миқдори намакҳои натрий, оксалат ва фосфат дар ҷисм кам мешавад, ки муҷиби пешгирӣ намудани пайдоиши санги гурда ва омосҳои хатарнок мегардад.

Ҳуҷайраҳо

Ҷисми инсон тавре сохта шудааст, ҳар лаҳза дар он беш аз 2,5 миллион ҳуҷайра нобуд ва аз нав тавлид мешаванд, ҷисми мо пайваста машғули азнавсозии ҳуҷайраҳо қарор дорад.

Чашм

Ҳангоми рӯзадорӣ аз ҷисми инсон миқдори об кам мешавад. Масалан, обравии чашм кам шуда, саломатии чашмро бардавом нигоҳ медорад. Ҳамзамон фишори дохилии себаки чашм паст шуда, ба ҳолати бемор ҳангоми бемориҳои хатарноки глаукома таъсири мусбӣ расонида, пайдоиши бемориҳои иловагиро дар дохили чашм кам месозад.

Буғумҳо

Ҳангоми рӯзадорӣ ҷисми инсон аз моддаҳои заҳрноке, ки сабабгори дарди буғумҳо мегарданд, тоза мешавад. Дар илми тиб ба ғайр аз рӯзадорӣ табобати дигари дарди буғумҳоро пайдо накардаанд. Ҳамзамон шахси рӯзадор аз хатари гирифторшавӣ ба бемории подагра, ки муҷиби таҳшин шудани миқдори зиёди кислотаи уриқ дар буғумҳо мегардад, эмин мемонад. Подагра бо сабаби истеъмоли аз ҳад зиёди гӯшт ва шири бесифат пайдо мешавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба