Зеҳн

МЕВАВУ САБЗАВОТУ РАСТАНИҲО ДАВОИ ҲАМАИ ДАРДҲО

ВА
Валиев Султон12 ноябри 2024 · 5 дақиқа хондан

Касе, ки ҷоғар дорад, барои беҳдошти саломатӣ  ҷисмашро бояд аз витаминҳо шодоб созад. Гиёҳоби газанда, баргу меваи қарақот, барги марминҷон, меваи настаран (хуч) аз витаминҳо бой ҳастанд. Ҳамарӯза гиёҳҳои номбаршударо ҷӯшонда бинӯшед, ҷисматон аз витаминҳо бой гашта, бемории ҷоғарро метавон фаромӯш намуд.

25 грамм барги хушки чормағзро дар як литр оби ҷӯш як соат дам партофта, ҳар рӯз саҳар, нисфирӯзи ва бегоҳӣ як пиёлагӣ  бинӯшед. Тақрибан як ҳафта ин амалро такрор намоед ва  шумо беҳбудиву нест гардидани  бемории ҷоғаро ҳис мекунед.

Ҷав қанди хунро паст мекунад. 100 грамм тухми ҷавро дар як литр об муддати 2 рӯз дам партофта баъд  рӯзе 3-4 маротиба бинӯшед.

Барги биҳӣ, барги чормағз, барги газна, барги мушхорро ба андозаи гирифта , хушк карда нағзакак омехта намоед ва ба гиёҳҳои махлутшуда 2 қошуқашро дар ним лирт об  2-3 дақиқа ҷӯшонед. Пас аз хунук шудани гиёҳлби ҳосилшуда ҳар рӯз аз ин даво 3 маротиба 50 граммӣ бинӯшед.

Гули ҳамешабаҳор, бӯи модарони маҳинбарг ва гиёҳи говзабонро ба андозаи баробар гирифта хуб омехта намоед.ва 5 чумчаи калон аз ин таркибро дар як литр оби ҷӯш муддати як соат дам партофта пас  соф карда рӯзе 3 маротиба 100 граммӣ ширин карда бинӯшед.

2 чумчаи калон аз гиёҳи бодранҷбоя, ҳамешабаҳор ва як чумчаи калон аз талхявшону карафсро дар як литр оби ҷӯш дам партоед. Пас аз 2-3 соат гиёҳоби ҳосилшударо соф карда дар тӯли рӯз кам -  кам нӯши ҷон намоед.

15 грамм гули устухуддус (лаванд) – ро дар 100 грамм спирти 95% андохта, муддати 15 рӯз дар ҷойи торик нигоҳ доред. Сипас ҳар рӯз 1 бор ин даворо ба решаи мӯйҳоятон молед он сабӯсакро нест ва мӯйи саратонро ғавсу зебову ҷилодор месозад.

Керасин ва сиркои ангуриро ба андозаи баробар гирифта  хуб омехта карда ба он оби танаи ангурро илова намуда бо он  сарро  маҳс намоед. Пас аз он, саратонро бо оби ширгарм бишӯед.

Шираи гули алоэро бо шароби ангури ҳамроҳ намуда  ба сар бимолед. Ва муддате чанд саратонро бо оби ширгарм қатрон намоед.

100 грамм барги газна, 40 грамм решаи аир, 150 мл спирти 95 % ва 100 мл обро гирифта ҳамаи онро омехта менамоем. Баъд аз он муддати 20 рӯз дорувориро дар ҷои торик нигоҳ дошта, пас аз он ҳамарӯза  ин дорувории тайёршударо ба мӯйҳоятон молед.  Пас аз истифодаи ин доруворӣ мӯятон  ғавсу  зебову ҷилодор мегардад.

Чанд давои оддиро тавсия медиҳем, ки камхуниро бартараф менамоянд, вале фарзанди шуморо зарур аст, ки сарчашмаи бемориашро аниқ намояд, зеро камхунӣ паёмади ягон касалии дигар буда метавонад. Сарчашмаи касалиро ёфтаву табобат накунед, беморӣ баъди чанд вақт метавонад аз нав хурӯҷ намояд. Инак, чанд нусха ҷиҳати табобати камхунӣ.

Ааввал. Ним килограмм себ, ним кило лаблабуи сурх ва ҳамин миқдор сабзиро аз мошинаи меваҷабак гузаронида, ба шарбати ҳосилшуда як пиёла асалро илова намоед. Шарбатро нағзакак якҷоя карда, рӯзе 3 маротиба 20 дақиқа пеш аз хӯрок якқошуқӣ нӯши ҷон намудан лозим. Мо инро дар таҷриба санҷида, боварӣ ҳосил намудем, ки дар бадали як моҳ камхуниро пурра бартараф менамояд.

Дуюм. Як пиёла ҷавро нағзакак шуста, дар якуним литр об муддати 10-15 дақиқа биҷӯшонанд ва бо каме асал ширин карда, рӯзе 2-3 маротиба якпиёлагӣ бинӯшанд, камхуниро даво мебахшад.

Сеюм. Настаран (хуч) барои касоне, ки ба камхунӣ мубтало гаштаанд, беҳтарин давост. Одам ҳар бегоҳ 3 қошуқ хучро дар термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯшомада резаду рӯзона кам-кам ин обро бинӯшад, худро бардам эҳсос хоҳад кард.

Мо хучро ба беморони гирифтори иллатҳои ҷигар, талха, гурда, ғадуди сипаршакл (гипертериоз) тавсия медиҳем, аммо мутаассифона аксари мардум мисли шумо хучро ночиз мешуморанд. Дар асл хуч давои бемисл аст, хоса барои касоне, ки мубталои диабети қанд ҳастанд. Саҳлангорӣ накарда ҳамарӯза оби хуч бинӯшед. Хучро дар тибби суннатӣ настаран меноманд. Настаран сатҳи қандро дар хун баланд шудан намемонад. Оби хучро дар бозорҳо ҳам мефурӯшанд, вале ман онро ба шумо тавсия намедиҳам, чунки зиёд ширин аст. Хучро дар хона худатон ҷӯшонда обашро бинӯшеду солим бимонед. Беморони қанд бояд ҳамчунин гречкаро дӯст доранд. Муддати 10 рӯз гречкаро ба намак обпаз карда бихӯред, қандро то андозае поён меорад ва сангинии пойҳоро бартараф намуда, хатари гангренаро пешгирӣ мекунад.

Одам бе ягон сабаб ба камхунӣ гирифтор намешавад. Бештар хунравӣ, норасоии оҳан ва витамину минералҳо дар организм, кирми меъда, саратони хун, сили шуш, иллат доштани мағзи устухон ва бо суръат вайрон шудани эритроситҳо боиси паст шудани сатҳи гемоглабин дар хун ва ба бемории анемия, яъне камхунӣ гирифтор гаштани инсон мешавад. Аз ҳамин хотир, барои халосӣ аз камхунӣ ва пастшавии фишор пеш аз ҳама сабаб ва сарчашмаи бемориро пайдо кардан лозим аст. Ин хоҳари азиз бояд ташхисҳои заруриро анҷом дода, сабаби ба камхунӣ гирифтор гаштани худро аниқ намоянд ва аз паси табобат шаванд. Барои табобати камхунӣ дар тиби халқӣ давоҳои зиёде мавҷуданд, вале ман аз ин миён танҳо се даворо тавсия медиҳам.

Нусхаи аввал

Барои халосӣ аз камхунӣ ҷисмро аз витаминҳои С ва В шодоб гардонидан лозим аст. Дар ин кор меваи настаран-хуч ба шумо кумак мекунад. Ҳар бегоҳ се қошуқ хучро ба термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯшидагӣ резед ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед то саҳар истад. Рӯзона ба ҷойи чой фақат оби хуч нӯшида, бештар меваю сабзавоти тару тоза истеъмол намоед.

Нусхаи дигар

Давои дигаре, ки барои раҳоӣ аз камхунӣ кумак мерасонад, ин ҷав аст. Як пиёла ҷавро тоза шуста, дар якуним литр об муддати 10-15 дақиқа биҷӯшонед. Рӯзе 2-3 маротиба якистаконӣ оби ҷавро бо камтар асал ширин карда нӯшед, дар як муддати кӯтоҳ камхуниро рафъ месозад ва шумо худро бардаму бақувват эҳсос мекунед.

Нусхаи сеюм

Лаблабуи сурх ва себ низ барои табобати камхунӣ ва фишори паст кумак мерасонанд. Тахминан ним килограми себ, ним килограмм сабзӣ ва ним килограмм лаблабуи сурхро аз меваҷаббак (соковижималка) гузаронида, афшурдаашро (сок) бигиред ва ҳамаашро дар як зарф рехта, аз болояш як пиёла асал андозеду нағзакак якҷоя кунед. Ҳамарӯза 20 дақиқа пеш аз хӯрок аз ин даво якқошуқӣ хӯрдан гиред, камхуниро рафъ месозад ва фишоратон низ баланд шуда, худро хеле бардаму солим эҳсос мекунед.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба