Боз пул меғундораму ба ободонию некуаҳволии мардум сарф мекунам.
Пиразани 93-сола Ҳангома фикри сари дастархон ба ёдаш расидаро дар дил ғунҷонда натавониста, аз ҷо хесту пешорӯи миёнадевори пастаки аз қадаш як ваҷаб баландтар омад ва бо нӯги по рост истода, гардан ёзонда, ба саҳни ҳавлии ҳамсоя нигарист. Ба назараш касе нанамуд. Дасти чап ба девор такя гузошт ва дасти рост болои чашмон соябон карда, ҷеғ зад:
Бибии Мирзонишот, ҳо бибии Мирзонишот, ҳастӣ?
Баъди чанд лаҳза ҳамсоя шитобон аз хона баромад.
То нисфи рӯз хоб мекунӣ? Ризқат танг мешавад, ин лаб биё, як гапи обнорасид дорам.
Ба хайр аст? Қад паррондед-а! Наход то нисфи рӯз хоб кунам. Ман ҳам медонам, ки рӯзии одам офтоб набаромада тақсим мешудааст. Дида истодаем, касони хоболуду танбал вақти ҷудо кардани насиба хобанд, баъди бедор шудан ба бурдаи нон зор, корашон фақат нолишу нолиш.
Қанд зан, ҳамсоя. Гапҳои ман таъсир кардааст-а, беҳуда нагуфтаанд, ки ангур ангура дида, ранг мегирад, ҳамсоя ҳамсояро дида, панд мегирад.
Лойам тоза, аммо росташро гӯям, аз суханони шумо ҳам ғизои маънавӣ гирифтагӣ.
Шукр, кишварамон ба давлати амну амон табдил ёфт. Рӯз аз рӯз ободу зебо шуда истодааст. Ин тараф гузар, як гапи ҳеҷ кас нашунидаро мегӯям. Наппа-нав, ҳоло ягон газиту ҷурналу интирниту телевизору фесбуку чесбук ва ютубу утубат нагуфтаасту нанавиштааст.
Хуб воҳима мекунед-да, холаи Ҳангома, лекин дар муболиғаҳои шумо ҳақиқат ҳам ҳаст.
Дониста мон: ҳақиқат ҳаргиз гум намешавад…
Ҳамсоязан, модари Мирзонишот, ба девор часпида, худро ба ҳавлии Ҳангома ҳаво дод…
Ҳарду лаби кати зери ҷавондарахти зардолу нишастанд
Омин, қадам расид, бало нарасад, - даст ба дуо бардошт Ҳангома,
- Омин!…
- Ҳозир як гап мегӯям, дилат чун офтоб фурӯзон мегардад.
- Оъ, тезтар гап занед, ки тоқатам тоқ шуд.
- Шунидӣ? Ҳо ҳамун бойи калони дунё, номаш чӣ буд-а? Сукурберг мегун-мӣ? Номи аслиаш шояд Зокирбек бошад. Телевизорба нишон доданд, интирнитро ҳам кушодам, ки ҳамон Сукирберк, бо Зокирбеки худамон як себи дукафон. Ун ҷо рафта Зокирбек Сукирберк шудааст.
[ Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё